МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
Ғофат

Ғофат

Ғофат  — ин гиёҳро ғофис ҳам меноманд ва ба русӣ репейник аст, вале ҳаргиз мушхор нест. Растаниаш хорнок, баргаш сербару дароз ва пашмакдор аст. Аз миёнаҷойи баргҳои он шохи миёнхолии дағал мерӯяд. Гулаш кабуди бунафш ва дарозак. Таъми тамоми қисмҳои гиёҳи он бисёр талх, ҳатто аз сабир ҳам талхтар аст, тунҷӣ ва каме гирандагӣ дорад, гармие чандон надорад. Дар тиб гулаш ва усораи он истеъмол мешавад.

Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дувум хушк аст. Вале муаллифи «Иршод» гарм ва хушк дар дараҷаи дувум бо каме гирандагӣ донистааст.

Хислатҳои шифобахши Ғофат: хусусиятҳои нарм ва рақиқкунандагии ахлоти ғафс дорад, моддаҳои часпакро аз ҷояшон канда берун мекунад, маҷроҳои баданро аз олоишҳо пок мегардонад, гиреҳҳои ҷигар ва сипурзро мекушояд ва маҷроҳои ин ҳар ду узвро пок месозад, барои табҳои мураккаб даво мешавад, моддаҳои сӯхтаи зарарнокро бо исҳол дафъ мекунад; пешоб, шир ва ҳайзро равон мегардонад.

Агар гиёҳи хушк ё усораи Ғофатро биёшоманд, дарди ҷигарро таскин медиҳад, гиреҳҳои ҷигар ва сипурзро мекушояд; ҷигарро қувват  мебахшад ва варами онро таҳлил медиҳад, ҳамаи навъҳои варами сипурзро мегардонад, инчунин, сахтии сипурз ва сахтии меъдаро ба ибро меоварад; суулқиняро, ки сустии ҷигар аст ва аз он дасту поҳо варам меоваранд, дафъ мекунад; барои истисқо (водянка) даво мебошад, пешоб ва ҳайзро меронад. Агар инро бо шароб бихӯранд, захми рӯдаҳоро дафъ менамояд. Занҳое, ки аз дидани ҳайз маҳрум гашта бошанд, ин растаниро аз таг бардоранд, ҳайзашон равон мегардад.

2,25 грамм гиёҳи хушки Ғофатро кӯфта, бо оби шоҳитара биёшоманд ва инчунин гул ва усораашро бо ин чизҳо ва сиканҷабин бихӯранд ё гиёҳи онро кӯфта, бо равғани кӯҳнаи хук ё ҳайвоноти дигар сиришта гузошта банданд, решҳои беҳношавро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад.

Усораи Ғофат, яъне оби гиёҳи тари онро дар офтоб ғафс гардонида бимоланд, кӯтур ва хоришро дармон мешавад. Усораашро хушконида, кӯфта бипошанд, захм ва решҳоро ба ибро меоварад.

Барои табҳои кӯҳна ва мураккаб, ки аз афзудани савдо ва сафро мегирифта бошанд ва тарсончак бошанд, усораи ин растаниро бо усораи талхшувоқ даромехта бихӯранд, давои хубест. Инчунин ба гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад.

Вале хӯрдани ғофат ба сипурз зарар дорад. Дар ин маврид бодёни ситорашакл бихӯранд, зарараш ислох меёбад. Миқдори як бор хӯрдан аз гиёҳи хушки он дар як рӯз то10,5 грамм аст ва агар инро дар об ҷӯшониданӣ бошанд, 24 граммашро андозанд.

ҒофатБа ҷойи ғофат баробари ним вазни он талхшувоқро истифода баранд, раво мебошад. Тариқи гирифтани усораи ғофат ба таври мушаххас чунин аст. Оби гиёҳи тару тозаи онро гирифта, то ғафс гаштан дар офтоб бигузоранд. Баъд қурсҳо сохта хушк намоянд.

Мизоҷи усорааш сард ва хушк аст ва сабуктар аз гиёҳаш мебошад ҳамчун даво, яъне латифтар. Хислатҳои шифобахши он: ин низ хусусиятҳои нармкунандагӣ ва канандагии моддаҳои ғафс ва часпаки нодаркор дорад, қӯтур ва хоришҳоро дафъ мекунад, табҳои кӯҳна ва дарди ҷигарро шифо мебахшад, агар бо оби шоҳитара ва сиканҷабин бихӯранд, хубтар аст.

Миқдори як бор хӯрдан аз ин усора дар як рӯз аз 2,25 то 4,5 грамм аст. Вале ошомидани ин ба хояҳо зарар мерасонад. Ба ҷойи ин се вазни он ғофат ва ба қавле се вазни он татумрю истеъмол намоянд, равост. Тухми ин гиёҳро чун бо шароб биёшоманд, захмҳои сатҳи даруни рӯдаҳо ва барои дафъ кардани заҳри ҷонварон аз бадан фоида дорад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Бемории простата

Табобати Аденома простата, дору барои бемории мардон!

Аденомаи простата ё худ онро гиперплазияи ғадуди простатаи безарар мебошад, ки яке аз маъмултарин бемориҳои …