АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Гулсанг (Гули санг) дар Канзи Шифо (Китоб)
Гулсанг

Гулсанг (Гули санг) дар Канзи Шифо (Китоб)

Гулсанг (Гули санг) — он чизест, ки дар рӯйи сангҳои намнок пайдо мешавад. Ба руси онро (Гулсанг)-ро лишайник меноманд. Рангаш сабзи моил ба сафедӣ ё сурхи моил ба пуштӣ. Агар онро дар каф бимоланд, рангаш ба даст бармеояд. Мизоҷаш сард ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: ин хосияти поккунандагӣ дорад. Агар ос карда гузошта банданд, ҳамаи навьҳои шукуфаи пӯстро шифо мебахшад, хуни равонро банд мекунад, тафси узвҳоро таскин медиҳад, варамҳои гармро ба таҳлил мебарад ва агар бипошанд варами забонро мегардонад. Навъи сурхи гули сангро дар об ҷӯшонида, он обро соф карда бинӯшанд, дарди зонуро дафъ мекунад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

siresh-daraxt

Сиреши саҳроӣ чист ва барои чи лозим?

Сиреши саҳроӣ —   Ин гиёҳ монанди сиреши кӯҳӣ, вале баргаш аз барги он хурдтар, пояаш …