АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / ГУРГ дар Канзи Шифо (Китоб)
Гург
Сурати гург

ГУРГ дар Канзи Шифо (Китоб)

Ин ҳайвони ваҳшии маълум аст, ду навъ мебошад: навъе бисёр далер, ҷонварони ваҳширо дошта мехӯрад, инчунин аз хӯрдани чорпоёни мардум ҳам сар намепечад; навъи дигаре гурги дӯлта ном дорад, ки ин намудаш ҷонварони мурда ва кушташударо тӯъмаи худ мегардонад. Қисми дувумаш барои даво шоям нест.

Мизоҷи гург дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: ҷигарашро бихӯранд, барои бемориҳои ҷигар бағоят фоидабахш аст. Миқдори ним грамми онро соида, агар табнок бошад, бо об ва агар таб надошта бошад, бо шароб бихӯрад, барои истисқо (водянка) ва табҳои сардмизоҷ дору мешавад; бо сиканҷабин (сиркоасал) бихӯрад, зардпарвинро шифо мебахшад ва бо оби барф биёшомад, барои бемориҳои сипурз нафъ дорад.

Миқдори як бор хӯрдан аз ҷигари он дар як рӯз 0,5 грамм аст. 0,5 грамм заҳраи онро бо шароби мусаллас ё бо асал биошоманд, таби дурӯздармиёни кӯҳна, қулинҷ ва истисқоро дафъ месозад. Миқдори як нахӯди онро бо обе, ки дар он нахӯд ҷӯшонида шуда бошад, бихӯранд, дар бобати қавӣ гардонидани боҳ (қуввати пушти камар) давои бемисл аст ва агар инро молида истанд, низ ҳамин асарро дорад.

Хоҳ инро бихӯранд ва хоҳ бимоланд, дар бобати дафъ кардани ҷингакшавии узвҳо, саръ (припадка), кузоз (сголбняк), кашида шудани асаб, хусусан, ки аз сардӣ бошад, давои аҷибест. Агар инро ос карда, дар бинӣ бирезанд, назлаҳои шадидро дафъ мекунад; бо оби лаблабу даромехта дар бинӣ бирезанд, сурхии чашмро ҳамон дам ба ислоҳ меоварад; бо сиканҷабин даромехта, дар бинӣ андозанд, саръро ба ибро меоварад.

Заҳраи хушкашро ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, торикии чашм, фуромадани об дар гавҳарак ва пардаи ба чашм афтодаро, ки онро торик мегардонад, дар як рӯз шифо мебахшад. Инро бо гиёҳи испарак якҷо кӯфта, гузошта банданд, доғи сафеди пӯст ва песро дафъ мекунад; бо оби пиёз ё оби барги лаблабу даромехта банданд, иллати пӯстпартоиро ба ибро меоварад, гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва ришро мерӯёнад; барои дарди буғумҳо дору мешавад.

Мегӯянд, ки чун заҳраи онро ба закар (кер) молида, бо зан муҷомаат кунанд, марди дигар ба он зан қодир намегардад. Агар ин заҳраро занҳо аэ таг (кус) бардоранд, ҳомила шуданро манъ мекунад.  Дандони озахи онро хушк карда, кӯфта, ним грамми онро бо шири навдӯшида бихӯранд, барои таби дурӯздармиён ва бемориҳои шуш бағоят доруи хуб мебошад.

Чарбиашро бимоланд ё гузошта банданд, мӯйи гирдак-гирдак рехтаи сар ва ришро мерӯёнад; варамҳои кӯҳнаро мегардонад.

Мағзи сарашро ба миқдори 0,19 грамм бо шири навдӯшида бихӯранд, саръро манъ месозад. Инро дар оби судоб ва равғани зайтун гудохта, бар бадан бимоланд, ҳамаи бемориҳои аз хунукӣ ба амаломадаи беруни бадан ва дохили онро шифо мебахшад.

Мӯяшро сӯхта дуд кунанд, ҷонварони зиёнкор аз он ҷо мегурезанд. Агар инро дар навшодир малул карда бимоланд, варами ҷигарро таҳлил медиҳад ва дигар ранҷҳои ҷигарро дафъ мекунад. Устухони соқи пояшро бо закари он якҷо сӯхта, кӯфта, гузошта банданд, барои бавосир дору мебошад.

Чун думи гургро дар зироат, алафзор ва чарогоҳи гов биёвезанд, ҳарчанд ки гов гурусна бошад, аз он ҷо алаф намехӯрад, ҳатто ба он майдон дохил намегардад. Агар пешоб ё хуни онро занҳо бихӯранд, ҳомила шудани онҳоро қатъ мегардонад. Агар инро аз таг бардоранд ҳам, ҳамин асарро дорад.

Хояашро бирён карда бихӯранд, қуввати боҳро афзун мегардонад. Чун хояи рости онро кӯфта, бо равғани зайтун бирён карда, ба порчаи пашмин олуда, зан ба худ бардорад, шаҳваташ нест мегардад.

Арасту фармудааст, ки 4,5 грамм аз хояи хушки он бо оби индов биёшоманд, дарди узвҳои даруни сина, дарди паҳлӯ ва бо кокутӣ бихӯранд, дарди тиҳигоҳ (холияки паҳлу)-ро дафъ мекунад. Агар зан бар болои пешоби он бишошад, ҳаргиз ҳомила намешавад.

Мизоҷи саргинаш бисёр гарм ва башиддат таҳдилдиҳанда аст. Беҳтарин саргинаш он аст, ки гург устухон хӯрда бошад. Аломати он бисёр сафед будани саргин аст, ки шахшӯл мебошад. 4,5 грамми инро бо оби гарм ё бо шароби сафед ва ё бардавом бо мурч ва намак бихӯранд, иллати қулинҷро ба зудӣ шифо мебахшад.

Саргинашро бо асал даромехта, дар об ҳал карда, бо ин таркиб ғаргара кунанд, дарди гулӯи балғамиро шифо мебахшад. Агар инро сӯхта дуд кунанд, ба он мавзеъ мушон ҷамъ мешаванд. Устухони буҷулаки пои онро ба зону бибанданд, дарди зонуро, ки сабабаш ҷамъ шудани бод дар он ҷо бошад, инчунин аз заҳмати ҳаракат ва нотавон гаштан аз бисёр рафтан бошад, дафъ менамояд. Бар пӯсти он бихобанд, қулинҷро (колитро) дафъ мекунад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

siresh-daraxt

Сиреши саҳроӣ чист ва барои чи лозим?

Сиреши саҳроӣ —   Ин гиёҳ монанди сиреши кӯҳӣ, вале баргаш аз барги он хурдтар, пояаш …