МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / ҲАНЗАЛ — Тарбузи Абӯҷаҳл
ханзал - коловинт

ҲАНЗАЛ — Тарбузи Абӯҷаҳл

Ҳанзал — ин самари гиёҳест ба андозаи тарбузчае ба миқдори норанҷи миёнаҳаҷм, кулӯла низ, бағоят талх аст. Навъҳои нар ва мода дорад: навъи нараш сахттар ва майдатар; модааш калонтар, нармтар ва беҳтар аст. Дар тиб аксар шаҳми (гӯшти) модааш ба кор меравад. Намудаш аз берун зард ва дарунаш ҳам моил ба зардӣ, ковокдор. Гиёҳаш самари бисёр мебандад, биёрадор, баргаш монанди барги тарбуз, вале аз он реза мешавад. Тухмаш сиёҳ ва даруни он зард аст, вале агар сабз бошад, бекора мебошад. Агар дар як буттааш як адад самар бандад, он самар заҳри қотил аст.

Ин растаниро ба тоҷикӣ тарбузи абӯҷаҳл меноманд ва ба русӣ колоквинт мегӯянд. Дар сарзаминҳои Осиёи Марказӣ низ вомехӯрад, яъне мекоранд. Қуввати самари ин растанӣ, модоме ки дар пӯсташ бошад, то чор сол барқарор меистад ва агар аз пӯсташ ҷудо кунанд, қуввати он то ду сол боқӣ мемонад. Одатан барои даво даруни онро, ки шаҳмаш мебошад, бароварда истеъмол мекунанд. Бояд таъкид намоем, ки ҳанӯз аз нораси он шаҳмашро берун кунанд, зуд вайрон мешавад.

Мизоҷаш дар дараҷаи чорум гарм (дар севум низ гарм гуфтаанд) ва дар дувум хушк аст. Хислатҳои шифобахшии он: агар инро ба дарун истеъмол кунанд, ҳамаи навъҳои балғамро канда дафъ мекунад, ахлоти балғамиро аз чуқуриҳои бадан кашида берун меоварад. Инро бихӯранд, ҳамаи бемориҳои аз хунукӣ баамаломадаи вобаста ба сарро шифо мебахшад, аз ҷумла: дарди сар, дарди нимсар, фолиҷ, каҷ шудани рӯй, саръ (припадка), фаромӯшхотирӣ ва фуромадани назлаҳои куҳнаро ба чашм манъ мекунад.

Шаҳми ҳанзалро дар равғани зайтун ҷӯшонида, он равғанро дар бинӣ кашанд, гиреҳҳои мағзи сарро мекушояд ва агар ин равғанро нимгарм бичаконанд, дарди гӯшро таскин медиҳад. Самари ҳанзалро ба дандон бимоланд, канданаш осон мегардад. Оби самари тару тозаи онро дар бинӣ кашанд, зардии чашмро нест мекунад.

Барги хушкашро кӯфта, 7 грамми онро бо нишоиста ва шилми бодомҳо бихӯранд, исҳоли савдовиро мебандад. Агар бо зарпечак, арпабодиён ва иёриҷи файқаро бихӯранд, иллати молихулиё, саръ, гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш, махав ва дигар бемориҳои савдовиро шифо мебахшад. Решаашро дар об чӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад.

Ханзал

Чун даруни самари онро холӣ карда, дар он сирко бирезанду баъд ҷӯшонида, онро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро дафъ мекунад ва милкҳои онро мустаҳкам месозад. Аз самари ҳанзал равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Ду миқдор оби тозаи онро дар зарфе карда, аз болояш як миқдор равғани кунҷиди нав ё равғани зайтун рехта, бо оташи мулоим то обаш бухор шуда рафтан меҷӯшонанд. Вақте ки ҷӯшишаш басанда гашт — ин аломати тамоман бухор шуда рафтани об аст, вале эҳтиёт кунанд, ки равған доғ нагардад. Ин равғанро бихӯранд, барои бемориҳо ва дардҳои аз сардӣ рӯйдода ва ҷӯшишҳои дар пӯсти сар пайдошуда даво мебошад. Инро нимгарм дар гӯш чаконанд, ҷаранг ва садоҳои гуногуни даруни гӯшро дафъ мекунад, кирми гӯшро мекушад ва агар инро ба дандон бимоланд, дарди онро таскин медиҳад.

Тарбузи абӯҷаҳлро сӯхта, хокистарашро чун сурма ба чашм кашанд, чашми кабуд ва гӯсфандиро сиёҳ мекунад. Самари онро ба танҳоӣ бихӯранд, барои иллатҳои меъда, рӯдаҳо, ҷигар, гурда, хичак, бачадон, буғумҳо, истисқо, махав, гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш, филпо (слоновая болезнъ) ва дигар иллатҳои савдовӣ инчунин ба бавосир даво мешавад. Барои ин бемориҳо ҳанзалро бо давоҳои муносиба бихӯранд ҳам равост.

Чун шаҳми тарбузи абӯҷаҳлро дар шаҳдоб (асалоб) чӯшонида бихӯранд, моддаҳои ғафсеро, ки дар ҷигар банд шуда бошанд, бо исҳол дафъ менамояд. Чун самари яклухти онро дар об ҷӯшонида, бо он об нимгарм ҳуқна (клизма) кунанд, барои фолиҷ даво мебошад; қулинҷи балғамӣ ва бодӣ, ирқуннасо (радикулит), дарди суринҳо, дарди пушт ва монанди инҳоро дафъ мекунад. Агар самари инро монанди шамъча сохта дар мақъад бардоранд, башиддат исҳол меоварад ва агар ин шамъчаро занҳои ҳомила аз таг бардоранд, бачаи онҳоро дар шикам мекушад.

hanzal

3,5 грамм равғанашро, ки тарзи тайёр карданашро дар боло зикр кардем, биёшоманд, балғам ва ҳамаи навъҳои кирмҳои меъда ва рӯдаҳоро аз шикам хориҷ мекунад. Ва агар ин равғанро бо заҳраи гов даромехта, ба ноф бимоланд, ҳамаи кирмҳоро аз шикам мерезонад. Бо ин равған ҳуқна кунанд, қулинҷро дафъ мекунад. Агар барои тайёр кардани равғани ҳанзал самари тару тозаи он ба даст наояд, 75 грамм шаҳми хушки онро дар об ҷӯшонида, он обро соф карда, аз болояш 300 грамм равған рехта, то бухор шудани обаш бо оташи мулоим биҷӯшонанд ва аз ҷӯш, ки монд, равған тайёр мебошад. Эҳтиёт кунанд, ки равған доғ нагардад.

Чун сари самари ҳанзалро бурида, дар дарунаш мурч пур карда, он сарашро аз нав ба ҷояш часпонида, ба гили ҳикмат ё гили бӯта бигиранду наздики оташдон як ҳафта дафн намоянд, ба тавре ки насӯзад, ҳамон ҷо бигузоранд. Баъд мурчҳоро берун оварда соида бихӯранд, ҳамаи бодҳоро дафъ мекунад ва агар таом намефорида бошад, барои ҳазм шуданаш мададгор хоҳад гашт.

Самари сабзи ҳанзалро кӯфта бимоланд, ирқуннасо ва дардҳои аз сардӣ баамаломадаро шифо мебахшад. Як адад сабзи он ва пӯсти тухми онро кӯфта бихӯранд ва ё аз шаҳми (гӯшти) дарунаш зиёдтар тановул намоянд, ҳамаи кирмҳои даруни шикамро ихроҷ мекунад. Самари ҳанзалро якчанд мартаба бихӯранд ва ҳамон миқдор бар кафи по низ бимоланд, барои иллати махав дору мешавад ва авҷ гирифтани онро манъ мегардонад.

Решаи ин тарбузи абӯҷаҳлро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, хуни шахшударо дар ҳар ҷойи бадан, ки бошад, таҳлил медиҳад ва инчунин заҳри каждумро аз бадан дафъ мекунад. Нақл мекунанд, ки араберо аз чанд ҷойи баданаш мори заҳрнок газид. У зуд 7 грамм ҳанзалро бихӯрд ва безарар монд — сиҳат ёфт. Баргашро кӯфта, бо об ва нишоиста сиришта гузошта банданд, хунеро, ки аз кафидан, даридаи ё чок шудани раг равон бошад, манъ мекунад, инчунин варамҳоро таҳлил медиҳад.

Мегӯянд, ки чун сари самари ҳанзалро бурида чанд порча решаи рӯянро ба даруни он фурӯ бурда, сарашро аз нав ба ҷояш часпонида, ба гили ҳикмат ё гили бӯта бигиранду наздики оташдон то як ҳафта гӯр кунанд, ба шарте ки насӯзад. Баъд аз даруни он решаҳои рӯянро берун намуда, хушк кунанду вақти ҳоҷат дар оби лимӯ соида, ба кафи даст гузошта банданд ва то се навбат инро такрор намоянд, иллати махав дафъ мегардад.

Барги ин растаниро дар об ҷӯшонида, он обро дар хона бипошанд, кайкро мекушад ва намегузорад, ки дигар пайдо шавад. Агар инро сӯхта, ба дудаш занҳо миёни пойҳои худр бидоранд, беҷо ва бевақт равон шудани ҳайзро ислоҳ мекунад. Решаашро бар камар бибанданд, фуромадани обро дар хояҳо шифо мебахшад.

Тухмашро бихӯранд, исҳол ва қай меоварад, сарро чарх мезанонад. Вале агар инро такрор батакрор шуста, то талхиаш рафтан дар намакоб тар намоянд, баъд кӯфта, бо сир (саримсоқ) ва хурмо ҷӯшонида бихӯранд, барои сиҳати бадан фоида дорад. Чун ҳанзалро сӯрох карда, тухмҳои онро берун оварда, равғани занбақ ё равғани савсани кӯҳӣ дар он пур намуда, сӯрохи онро бо порчаи ҳанзал маҳкам кунанду ба хамир печонида, ба рӯйи оташ гузошта, чанд ҷӯше бихӯронанду бо он ранг кунанд ва дар ҳаммом онро биёшоманд, мӯйро сиёҳ мекунад ва зуд сафед гаштани онро манъ месозад.

colokvint-5
Сolocynth

Равғани он, ки дар боло зикр кардем, рехтани мӯйро низ манъ мегардонад. Ҳанзалро ду пора намуда, бар бадани аспе, ки канаи бисёр дошта бошад, ду-се дафъа бимоланд, ҳамаашро дафъ мекунад.

Миқдори як бор хӯрдан аз шаҳми (гӯшти) самари ҳанзал дар як рӯз аз 1,75 то 3,5 грамм аст, вале зиёда набояд истеъмол намуд. Инро дар хунук будани ҳаво ва зимистон ҳам истеъмол кардан мумкин нест. Инчунин дар фасли гармо одамони гарммизоҷ набояд истеъмол фармоянд. Зеро ки дар он вақтҳо ба истеъмолкунандааш ғамгинӣ меоварад ва дар рӯдаҳо дард пайдо мекунад, инчунин басост, ки дар ин мавсимҳо таъсир намебахшад, балки боиси бемориҳои гуногун мегардад, аз ҷумла: дарди сар ва иллатҳои меъдаро ба амал меоварад; дар сардмизоҷон, балғамимизоҷон ва тармизоҷон рагҳои хунгардро кушода, хуни софи онҳоро мерезонад. Инчунин касе хоҳад, ки онро истеъмол намояд, бояд ки бо чизҳои ислоҳкунандаи он, масалан, шилми бодомҳо, нишоиста, катиро бо ҳар яке биёшоманд, равост. Шилми бодомҳо сусткунандаи қуввати он аст ва катиро ёридиҳандаи таъсири он мебошад. Ва бояд ки ҳанзалро бисёр маҳин бисоянд, агар нимкӯфта бошад, дар рӯдаҳо дард пайдо мекунад ва сатҳи даруни онҳоро мехарошад, ҳатто рӯдаҳоро меканад.

Ба ҷойи ҳанзал тухми беданҷирро аз пӯст ҷудо карда истеъмол кардан мумкин аст; инчунин ба вазни он ҳардал (горчица) хӯрдан ҳам раво мебошад; илова бар ин 2 грамм харбузаи сагакро бихӯранд, ҷоиз мебошад. Ва баробари вазни ҳанзал испандро бихӯранд ҳам мешояд.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Пойи зоғ

Пойи зоғ —  ин гиёҳро дар баъзе маҳалҳо панҷаи зоғам ҳам меноманд. Тухмашро ба забони …