МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / ҲАРАКАТҲОИ ХАЛҚӢ — ТОҶИКОН

ҲАРАКАТҲОИ ХАЛҚӢ — ТОҶИКОН

Дар хоки генерал-губернатории Туркистон ва ҳамчунин дар қаламрави аморати Бухоро муттасил шӯру ошӯбҳои халқӣ ба амал меомаданд. Дар ин ҳаракатҳо тоҷикон низ баробари дигар халқҳои Осиёи Миёна фаъолона иштирок доштанд. Шӯришгарон участкаҳои политсияро хароб мекарданд, ба работу ҳавлиҳои феодалҳо ҳамла меоварданд, амалдоронро мекуштанд. Хусусан дар доираи аморати Бухоро, ки ғоратгарӣ ва зулму тааддӣ нисбат ба мардум ҳадду ҳисоб надошт, зуд-зуд шӯришҳои халқӣ ба вуқӯъ меомаданд.

Сабаби асосии шӯришҳое, ки тамоми бекигариҳои Бухороро фаро гирифтанд, ҳамин буд, ки андозу хироҷҳо бо усулҳои ваҳшиёна ситонда мешуданд, миқдори бе ин ҳам зиёди онҳо рӯз ба рӯз меафзуд, ба андозҳои пештара андозҳои нав зам мегардиданд, ба замми андозҳои умумии аморат боз андозҳои маҳаллӣ илова мешуд, як андозро чанд бор меситонданд, амлокдорон барои фоидаи худ бисёр сӯиистеъмол мекарданд ва ғайраву ва ҳоказо. Дар як ҳуҷҷате, ки амалдорони амир тартиб додаанд, гуфта мешавад, ки амлокдорон худсарӣ карда, аз деҳқонон андозро дуболо ситондаанд. Аз кишти шабдор ба ҷои 6 танга 12 танга ва аз боғ ба ҷои 26 танга 52 танга гирифтаанд.[1]

Агар ҳаминро ба назар гирем, ки андози сершумори мавҷудаи аморати Бухоро аҳли меҳнатро ба дами ҳалокат расонда буд, ба осонӣ тасаввур кардан мумкин, ки ин найрангҳои амлокдорон мардумро то ба кадом дараҷаи қаҳру ғазаб оварда метавонистанд. Бедодию худсарии амлокдорон дар аксари ҷойҳо охирин қатрае мегардид, ки косаи сабри мардумро лабрез менамуд. Баъзан чунон худсарию бедодиҳои ҷиддӣ содир мешуд, ки дар шӯриш табақаҳои гуногуни аҳолӣ ва ҳатто баъзе ходимони пешқадами маъмурияти русҳо ҳам иштирок мекарданд.

Мо дар назди худ чунин вазифае гузошта наметавонем, ки тамоми шӯришҳои халқии охири асри ХIХ ва аввали асри ХХ-ро муфассал таҳлил намоем, ба ин сабаб фақат баъзеи онҳоро мавриди назар қарор медиҳем.

Вале баъзан чунин ҳодисае ҳам мешуд, ки рӯҳониён ва феодалони аз имтиёзҳои пештараи худ маҳрумгардида ошӯбҳои халқии бар зидди ҳукумати подшоҳӣ ва дигар золимон равоншударо ба мақсадҳои тамаъкоронаи худ истифода мекарданд. Бинобар ин, ҳаракатҳои прогрессивии халқиро, ки манфиатҳои оммаи меҳнаткашро ифода мекард, аз ҳаракатҳои дорои хусусияти миллатчигии феодалӣ, ки умуман ба муқобили «русҳо» нигаронида шуда буд, фарқ кардан лозим аст.

Шӯриши соли 1898-и Андиҷон маҳз ҳамин гуна шӯриши иртиҷоӣ буд. Аксари муаррихони республикаҳои Осиёи Миёна шӯриши соли 1898-ро ба шӯриши халқӣ мансуб кардаанд.[2] ҳол он ки тадқиқи муфассали шароиту муҳити ин шӯриш касро ба чунин хулосае меоварад, ки ин шӯриш шӯриши иртиҷоӣ, шӯриши зиддихалқӣ буд.

18 майи соли 1898 (бо усули кӯҳна) «халифа Муҳаммадалӣ» ном пешвои тасаввуф, ки бо номи «Дукчӣ Эшон» низ машҳур буд, бо як даста пайравони худ, ки шумораашон қариб 1500 нафар буд, дар шаҳри Андиҷон ба гарнизони русҳо ҳамла кард. Балвогарон соати 3-и шаб овозу садое набароварда, тамоми аскаронро дар ғафлат мононда, ҳуҷум карданду зуд як баракро печонида гирифтанд. Дар ин мобайн дар дигар баракҳо солдатҳо бедор шуда берун ҷастанд ва ҳамлаваронро дур партофтанд. Дар ин шабохун 2 унтер-офитсцеру 19 солдати қаторӣ кушта шуда, 14 кас сахт ва 5 кас сабук маҷрӯҳ гардиданд. Худи ҳамон рӯз муайян шуд, ки пайравони Дукчӣ Эшон шаҳрҳои Ӯш, Марғелон ва баъзе дигар ҷойҳоро гирифта будаанд. Вале дар ин шаҳрҳо шӯриш нашуд, яъне мардум ба сардорони ин сӯиқасд пайравӣ накарданд. Иштирокчиёни асосии ин балво муридҳо – пайравони ашаддии тасаввуф буданд. Мувофиқи тақозои тасаввуф, мурид бояд аслиҳаи мутею гапдарои пири худ бошад ва бояд бечунучаро супоришу гуфтаҳои ӯро ба иҷро расонад. Ана барои ҳамин ба Дукчӣ Эшон ба ин осонӣ муяссар гардид, ки пайравони худро аз роҳ занаду ба ҳамлаи зидди қӯшунҳои рус, ки кори ниҳоят хавфноку таваккалӣ буд, таҳрик намояд.

Пас аз ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна пешвоёни тасаввуф он нуфузе, ки дар идораи мамлакат ва муридони худ пештар, масалан, дар аҳди хонҳои Хӯқанд доштанд, аз даст доданд. Сабаби дар ҳаракати соли 1898 қувваи асосӣ будани пешвоёни тасаввуф ҳам дар ҳамин аст. Баробари пешвоёни дин дар ҳаракати Дукчӣ Эшон 2 додхо, 2 бек (собиқ амалдорони хон) низ ширкат доштанд. Баъзе маълумотҳое ҳастанд, ки Дукчӣ Эшон бо султони Туркия алоқа доштааст ва ҷосусони султон бевосита дар балво иштирок ҳам кардаанд. Айнан дар ҳамон вақт дар Осиёи Миёна пайдо шудани бисёр ҷосусони амири Афғонистон касро ба ақидае водор мекунад, ки нӯги риштаи ин дасиса дар дасти империализми Англия буд. Шиори балвогарон – «ғазовот» шиори иртиҷоӣ буд ва на танҳо зидди амалдорони подшоҳ, балки умуман бар зидди русҳо нигаронида шуда буд.

Баъзе таърихчиён гӯё прогрессивӣ будани ҳаракати соли 1898-ро нишон доданӣ шуда чашм мепӯшанд, ки Дукчӣ Эшон ва ақрабои вай пайравони худро доимо фиреб медоданд. Яқин аст, ки Дукчӣ Эшон бо ҳилаву найранги бис-ёр «валӣ» ва «хизрназаркарда» будани худро нишон доданӣ мешуд.

ҳукумати подшоҳӣ дар Осиёи Миёна таассуби диниро ҳарҷониба дастгирӣ менамуд, то бо ин роҳ ҳам мардумро дар итоат ва ҷаҳолат нигоҳ дорад. Дар бисёр деҳаҳо раисоне кор мекарданд, ки онҳоро худи Дукчӣ Эшон таъин мекард ва онҳо бояд ба риояи қонуну қоидаҳои дин назорат менамуданд. Аксар вақт раисҳо мардумро барои андак вайрон кардани талаботи дин бераҳмона калтаккорӣ мекарданд. Маъмурияти подшоҳӣ ба ин худсариҳои Дукчӣ Эшон аҳамият намедод ва гумон надошт, ки фаъолияти Дукчӣ Эшон зидди худаш низ нигаронида шудааст. Пиру шайхҳо дар байни мардум тарғибот бурда мегуфтанд, ки сабаби бад шудани аҳволи онҳо на фақат пурра риоя накардани шариат, балки ҳамин ҳам мебошад, ки ба Осиёи Миёна «кофирҳо», яъне русҳо омадаанд. Ин тарғиботи зиддирусӣ барои ҳамин ҳам каме асар дошт, ки водии Фарғона ҳамчун ноҳияи асосии пахтакорӣ аз таъсири бозори ҷаҳонии пахта берун монда наметавонист. Дар бозори ҷаҳонӣ паст шудани нархи пахта бошад, аҳволи Фарғонаро бад кард, яъне дар ин ҷо ҳам бозори пахта касод шуд. Азбаски бисёр деҳқонони Осиёи Миёна аз банкҳо қарз доштанд, якбора паст шудани нархи пахта онҳоро хонахароб кард. Хушк омадани солҳои 1897-98 ва нашудани ғалла аҳволи деҳқононро тамоман табоҳ намуд.

Аммо оммаи васеи меҳнаткашони водии Фарғона Дукчӣ Эшонро дастгирӣ накарданд. Дар аксар шаҳру деҳот, ки он ҷо пешвоёни тасаввуф нуфуз доштанд, деҳқонон ба Дукчӣ Эшон лаънат мехонданд, ки чунин дасиса кардааст. Мақсади балвои Дукчӣ Эшон барқарор кардани ҳокимияти хон буд. ҳатто эълон карданд, ки хоҳарзодаи ноболиғи Дукчӣ Эшон хон хоҳад шуд.

Балвои Дукчӣ Эшонро дар соли 1898 ҳаргиз ҳаракати халқӣ, ҳаракати миллии озодихоҳӣ гуфтан мумкин нест. Ин балво, ки мақсад аз он барқарор кардани ҳукумати хон, барқарор кардани имтиёзи аркони дину феодалҳо буд, кишварро ба қафо мекашид, ба вартаи асрҳои миёна мепартофт ва аз ин рӯ ҳаракати сирф иртиҷоӣ буд.

Ошӯбҳои халқӣ дар бекии Балҷувон

Дар солҳои 70-уми асри ХIХ дар бекии Балҷувон ошӯбҳои пурзӯри халқӣ ба амал омаданд. Соли 1870 ду ҳазор деҳқонон аз худсарию зиёд шудани миқдори хироҷу закот ба шӯр омада, қалъаи Балҷувонро муҳосира карданд. Яке аз косалесони амир «Абдулкаримбек» ном одаме, ки писари собиқ беки самарқандӣ — Шералии иноқ буд, дар ҳамин қалъа менишаст ва сабабгори зиёд шудани хироҷу закот ҳам худаш буд. Ба ҳар ҳол, бек аз ғазаби халқ тарсида ба ҳисор гурехт. Ин баромади мардум мутлақо номуташаккил буд, барои ҳамин ҳам деҳқонон қалъаро гирифтанду молу мулки онро байни худ тақсим карда, ҳамон дам хона ба хона пароканда шуданд.

Чӣ ҷои ҳайрат аст, ки ин ошӯбро ҳамон дам дастаи аскарони ҳокими ҳисор — Яъқуб қушбегӣ пахш кард. Чанд ошӯбгарро ба дор кашиданд, бисёриҳо ба Дарвоз гурехтанд. Абдулкарим боз ба Балҷувон баргашта, мисли пештара худсарӣ кардан гирифт.[3] Маъмурияти маҳаллӣ бошад, аз нияти деҳқонон воқиф буд ва ҳатто яке аз мингбошиҳо ба деҳқонон сарварӣ ҳам кард. Сардори округи Зарафшон ба генерал-губернатори Туркистон ахбор дода, диққати ӯро ба мавқеи феодалони маҳаллӣ ҷалб карда буд, ки онҳо ният доштанд ошӯбҳои халқиро ба фоидаи худ ба кор баранду аз Бухоро ҷудо шаванд ва истиқлоли «сиёсӣ» ба даст оваранд.[4]

Моҳи декабри соли 1874 дар Балҷувон боз ошӯб шуду сабабаш боз ҳамон худсарии амлокдорон дар бобати хироҷу андоз буд. Ин дафъа лақайҳои ӯзбек шӯриданд. Аз нодонии сиёсии шӯришгарон истифода бурда, онҳоро фиреб доданд, ки ба амир арз намоянд ва ҷавоби аризаро маътал бошанд. Дар ин мобайн сардори дастаи қӯшунҳои Бухоро 7 нафар сардори шӯришро дастгир намуда, ба зиндон партофт[5] ва бо ҳамин шӯриш анҷом ёфт.

Моҳи марти соли 1871 дар Ғузор шӯриши стихиявӣ шуд. Сардори округи Зарафшон ин воқеаро ба генерал-губернатори Туркистон арз карда навишта буд, ки сабаби ошӯб гуруснагӣ аст.[6] 11 марти соли 1871 деҳқонони гуруснаи атрофи Қаршӣ қалъаи шаҳрро гирифта, бозорро тороҷ карданд. Ин ошӯб ҳам стихиявӣ буд.

Ошӯбҳо дар дигар маҳалҳои Осиёи Миёна

Соли 1872 дар Хуҷанд, соли 1873 дар Пашӣ ном деҳаи Ӯротеппа ошӯбҳои калон шуданду барои қатъи онҳо ҳатто аскар даъват карданд. Соли 1875 дар Ӯротеппа ҳам мардум сахт ошӯб бардоштанд, ки сабабаш ҳамон зиёдии хироҷу андоз буд. Ошӯбгаронро баъзе коркунони маъмурияти русҳо ҳам тарафгирӣ карданд ва далолат намуданд, ки ситондани андозҳои нав хилофи қонун аст.[7] Моҳи ноябри соли 1880 дар Хуҷанду Ӯротеппа боз мардум ба шӯр омаданд ва сабаб боз ҳамон нодуруст ситондани андоз буд, ки дар ин кор маъмурияти подшоҳии уезди Хуҷанд ҳам ширкат дошт. Сарварони ошӯб — Раҳмонқулҳоҷӣ, Тиллоҳоҷӣ, Миркомилбой ва баъзе дигарон ҳабс карда шуданд.

Дар солҳои 1885-86 мавҷи тавонои шӯришҳои халқӣ қариб тамоми маҳалҳои тоҷиконро фаро гирифт. Деҳқонони вилояти Шӯробод, Мӯъминобод, Кӯлоб, ҳисор, Балҷувон ва Деҳнав ба шӯриш хестанд. Вазъияти вилояти Шӯробод ниҳоят шадид буд. Ба сабаби худсарона зиёд кардани андозҳо деҳқонон тамоман хонахаробу хонабардӯш шуданд. Амалдорони поёнии маъмурияти вилоят ниҳоят пуртаҳлука будани вазъиятро дониста фаҳмиданд, ки хоҷагии вилоят ба ростӣ ҳам хароб шудааст ва ба ин сабаб ошӯбгаронро тарафгирӣ карданд.

Кӯҳистониёни Деҳпаркент охири октябри соли 1885 ба амлокдорон андоз надоданд ва аз номи худ ба амир одам фиристоданд. Дар ҷавоби шикояти деҳқонон андозро бори дигар ҳисобу китоб карданду вале чунон карданд, ки талаботи мардум қонеъ нашуд, бинобар ин ошӯбгарон аз додани андоз боз сар кашиданд. Барои тафтиши ҷанҷол аз Бухоро «ясовул Бобоҷон ҷебачӣ» ном амалдори амир омад. Дар натиҷаи тафтише, ки бо ғарази тамом қозию ҳоким гузаронданд, намояндагони ошӯбгарон ба дурӯғгӯӣ муттаҳам гардида, ба зиндон партофта шуданд. Пас аз як сол 10 октябри соли 1886 боз ошӯб такрор шуд, ки ин дафъа ба ошӯбгарон баъзе намояндагони синфҳои доро – хоҷаҳо, бойҳо, оқсаққолҳо[8] ҳам ҳамроҳ шуданд, ки ин ҳаракатро ба манфиати худ истифода бурданӣ буданд. Боз ба амир ариза доданд, ки аз деҳқонон 50–60 фоизи ҳосил ба тариқи андоз гирифта мешавад.

Ин ошӯб ба дараҷае воҳима андохт, ки маъмурияти Бухоро маҷбур шуд роҳи ҳилаву найрангро пеш гирад. Барои тафтиши ариза аз Бухоро Муллошароф мирохур омада фармуд, ба дасти деҳқонон маншуре диҳанд, ки миқдори андозро аниқ муқаррар менамуд ва ҳамин тариқ, анъанаҳои дар ин маҳал мавҷударо гӯё ба расмият даровард. Ин иқдоми маъмурияти Бухоро танҳо муваққатан гузашт кардан буд. Зулму асорати андоз бошад, аз пеш беш мешуд, бинобар ин мардум умеди худро канда ҳавлию заминҳои худро партофта, баромада рафтан гирифтанд, зеро замин дигар ба онҳо қути лоямут ҳам дода наметавонист.

Дар Мӯъминобод ҳам вазъият аз ин бадтар буд. Соли 1884 ва чанд соли аз ин пеш барои мардуми вилояти Кӯлоб ниҳоят вазнин омад, зеро аксари зироат аз хушкӣ сӯхта рафту боқимондаи онро малах нобуд кард. Соли 1885 пас аз чанд соли беҳосилӣ бори аввал андак ҳосил шуда буд, ки амлокдорон қарзҳои солҳои пештараро ҳам талаб карданд. Ғайр аз ин миқдори андоз ҳам зиёд карда шуд. Одамонеро, ки барои шикоят ба Кӯлоб фиристода буданд, ба зиндон партофтанд. Амалдорони ҳокими Кӯлоб — Муҳаммадназирбекро, ки ба Мӯъминобод барои андозғундорӣ омаданд, деҳқонон дошта заданд. Пас аз ин деҳқонон хонаву замини худро партофта, ба Балҷувон рафтанд ва умед доштанд, ки беки Балҷувон онҳоро паноҳгоҳ медиҳаду муҳофизат мекунад. Вале ҳокими Балҷувон нахост, ки ба кори ҳамсояаш дахолат кунад ва ба деҳқонон маслиҳат дод, ки ба манзили худ баргарданд. Моҳи декабри соли 1885 ошӯб ба авҷи аълои худ расид. Деҳқонон аз касе напурсида, аз хирманҳо ғалларо ба хонаҳои худ бурданд, аз додани андоз сар кашиданд ва ба амир одам фирис-тоданду содалавҳона гумон доштанд, ки решаи ин касофат дар худи ҳамин ҷойҳо мебошад. ҳокими Кӯлоб дар навбати худ аз амир илтимос кард, ки барои қатъи ошӯб аскар диҳад. Ошӯб пахш гардид, вале ҳокими Кӯлоб — Муҳаммадназирбекро худи амир аз кор гирифт. Аммо ин аҳволи мардумро беҳ накард.

Дар миёнаҳои соли 1880 дар ҳисор ҳам вазъият ниҳоят тезу тунд шуд. Мубориза барои замину об, муборизаи зидди асорати андозу хироҷ бо муборизаи шадиди косибон, ки барои андак беҳ шудани зиндагии қашшоқонаи худ мебурданд, зич пайваст мегардид. Соли 1886 дар Қаротоғ косибони бофанда, ки кироя кор мекарданд, шӯриш бардоштанд. Шӯришро косибони муздури Солеҳ Олимбой[9] сар карданд, вале дере нагузашта шӯриш косибон ва дӯконҳои дигарро ҳам фаро гирифт. Ошӯби бофандагон тез паҳн мешуд, шумораи онҳо қариб ба ҳазор нафар расид. Косибон зидди муомилаю муносибати ваҳшиёнаи соҳибкорон, зидди беҳад дароз будани рӯзи кор мубориза мебурданду бар замми ин музди кор ниҳоят кам ва шароити меҳнат ниҳоят вазнин буд. Яке аз «бобоён»-и ҷамъияти бофандагон миёнравӣ карду вале натиҷае надод. Вазъият торафт бадтар мешуд. Ба якчанд соҳибкорони беҳад золиму ҳарис рӯйрост гуфтанд, ки кушта мешаванд. «Саид мингбошӣ» ном амалдори ҳукуматӣ ҳам ба миён даромада, тарафҳоро оштӣ доданӣ шуд, вале ин ҳаракат ҳам бенатиҷа монд. Дар ниҳояти кор соҳибони дӯконҳо маҷбур шуданд, ки гузашт карда, баъзе талабҳои ошубгаронро иҷро намоянд. Масалан, маоши онҳо, ки 2 танга (30 тин) буд, 6 танга (90 тин) карда шуд.[10]

Айнан дар ҳамин вақтҳо, июли соли 1886 мардуми ҳисор на фақат аз додани андозу закот саркашӣ карданд, балки ба замми ин яке аз амлокдорони ҳарису бераҳмтарини амир – Абдурраҳмон мирохурро дошта заданд.

Тирамоҳи соли 1886 баромадҳои деҳқонон, ки соли 1885 сар шуда буд, алалхусус, дар ноҳияҳои соҳили дарёи Яхсу якбора авҷ гирифт. Кӯҳистониён ҳам аз додани андозҳои беҳад сар печида, ба назди амир одам фиристоданд. Мардум умед доштанд, ки ин ҷаллоди бераҳм лаҷоми нӯкарони зархариди худро кашида мемонад, вале ин умеди мардум барабас рафт. Ба сари деҳқонон дастаи ҷазодиҳандае фиристода шуд, ки аксари аҳолиро қир карда партофт. Чандин деҳаҳо оташ зада шуд. Ононеро, ки роҳбари ошӯб дониста шуданд, ба Бухоро оварданд ва дар ҳамин ҷо сар заданд.

Кӯҳистониёнро барои ҳамин ин қадар ваҳшиёна ҷазо доданд, ки ба ҳисориён ибрат шавад, чашми дигар ошӯбгарон тарсаду ба тақдирашон тан диҳанд. Вале кӯҳистониёни диловар ба тақдири шуми худ тан надоданд ва яроқ ба даст гирифтанд. Соли 1887 деҳқонони ноҳияи Ромит шӯриш бардоштанд. Онҳо ҳам ба дод омаданд, ки андозу хироҷи чорво, мӯйина ва ғ. бар хилофи қонун (агар тартиботи ваҳшиёнаи аморати Бухоро умуман «қонун» ном чизе дорад гуфтан раво бошад) зиёд карда шудааст.[11] Аҳолии Ромит яроқ дар даст зидди зулми феодалӣ бархоста бо як андоза содадилӣ ба ҳукумати подшоҳӣ аз ин зулму асорат шикоят карданд. Масалан, капитани Штаби генералии Россия Лилиентал, ки дар охирҳои асри ХIХ ба ҳисор омада рафта буд, менависад, ки мардуми Ромит аз худсарии амалдорони амир чанд бор ба вай шикоят карда буданд.

Соли 1894 Лилиентал дар бораи сафари худ ба ҳисору Қабодиён асаре навишта, онро ба табъ расонд. Вай дар ин асараш менависад: «ҳанӯз соли севуми корам мерафт, ки он кӯҳистониён ба назди ман омада, аз ҳукуматдорони Бухоро рӯйрост арзу дод карданд ва маро илтиҷо доштанд, ки ҳимоят кунам… Дар кӯҳистон муносибати мардум ба ҳукуматдорони Бухоро… он қадар ҳам дӯстона не»– мегӯяд ин афсари армияи подшоҳӣ.[12]

ҳоҷати баён нест, ки аз капитан имдод пурсидани аҳли Ромит боиси касофат нашуда бошад ҳам, якпула фоида ҳам нарасонд. ҳукуматдорони подшоҳӣ ҳам ба майли тамом бо амири Бухоро ва калоншавандаҳои табақаи феодалҳову хонҳо ҳамкорӣ мекарданд.

Дар солҳои 80-ум зидди андозҳои миёншикан деҳқонони Деҳнав шӯриш бардоштанд. Аз мардум назар ба миқдори маъмулии андоз бист маротиба зиёдтар гирифтаанд. Ба Бухоро аризае фиристонданд, ки онро баробари деҳқонон намояндагони маъмурияти маҳал, арбобҳо ва оқсаққолҳо ҳам имзо карда буданд. Амир ин аризаро гирифта, пас аз тадқиқ фармуд, ки амлокдорон аз кор гирифта шаванд, зеро маълум шуд, ки қисми зиёди маблағи андозҳоро худи амлокдорон ба киса задаанду бо ҳамин хеле бой шуда рафтаанд. Аммо дигар кардани амлокдорон зиндагии деҳқононро дигар накард, зеро иллат дар худи ниҳоди тартиботи андозгирӣ буд.

Дар Деҳнав боз шӯриш шуд, ки ин дафъа Эрназар-паҳлавон ном деҳқоне ба он сарварӣ мекард. Шӯришро беки Деҳнав — Абдурраҳмон пахш карда, 48 кас ба дор кашида шуд, ки худи ҳамин аз миқёси шӯриш далолат медиҳад.

ҳамаи ин шӯришу ошӯбҳо барои ҳаракати азиме, ки соли 1885 тамоми бекиҳои Балҷувону Кӯлобро фаро гирифт, гӯё замина тайёр карданд[13] ва ин шӯриш дар адабиёти таърихӣ аз номи пешвои он Восеъ – чун «шӯриши Восеъ» маълум аст. Ин шӯриши ҳақиқатан халқӣ ин тавр ҷараён дошт.

Бо сардории Восеъ деҳқонони атрофи Ховалинг ба ҳавлии амлокдори Ховалинг дарафтоданд, ҳавлиҳои дигар бою муллоҳоро  ҳам  ба хок  яксон  сохтанду пас аз ин Восеъ ба деҳаҳои Балҷувону Кӯлоб одамони худро фирис-тод, ки мардум дар ҷанги зидди амир ба вай ҳамроҳ шаванд. Ҷавобан ба ин даъвати Восеъ ҳазорон деҳқонон, ки аз зулму асорати ҳукумати амир ба танг омада буданд, дар атрофи Восеъ гирд омаданд. Мардум бо сарварии Восеъ роҳи Балҷувонро пеш гирифт. Шӯришгарон аввал ният доштанд, ки ба назди ҳоким одам фиристанду бо маслиҳат миқдори андозро андаке кам кунанд. Аммо кор ранги дигар гирифт. Чанд нафар намояндагони шӯришгаронро ба даруни қалъаи Балҷувон роҳ  доданду аз паси онҳо  дарвозаро бастанд.  Ба  назди деҳқонон бошад, чанд муллоро фиристоданд, ки дар байни шӯришгарон низоъ андозанд ва онҳоро аз роҳ зананд. Муллоҳо ба панду насиҳат даромаданд, ки мардум бояд ба умеди «илтифот»-и ҳоким бошанду аз паи зиндагии худ шаванд. Вале деҳқонон ба ин панду насиҳат гӯш накарданд ва маътали бозгашти намояндагони худ шуданд.

Дар ҳамин лаҳза якбора дарвозаи қалъа во шуду ба сари шӯришгарон сарбозони ҳокими Балҷувон фурӯ рехтанд ва бо ин ҳамлаи ногаҳонӣ шӯришро ба якборагӣ пахш карданӣ шуданд. Вале Восеъ фавран деҳқононро саф ороста, ба мудофиа омода сохт ва онҳо худ ба ҳуҷум гузашта, сарбозонро гурезонданд ва қалъаро гирифтанд. ҳокими Балҷувон ғайри пой ба каф гирифта гурехтан дигар илоҷе надошт.

Шӯришгарон қалъаро фатҳ намуда, намояндагони худро, ки нӯкарони ҳоким онҳоро ваҳшиёна калтаккорӣ карда, ба зиндон андохтаанд, раҳоӣ доданд. Баъд қӯрхонаи қалъаро кушода, аслиҳаро байни худ тақсим намуданд. Се шабонарӯз қалъаи Балҷувон дар дасти шӯришгарон буд. Хатои калони шӯришгарон ҳамин шуд, ки барои паҳн гардидани шӯриш ба дигар маҳалҳои водии Кӯлоб, ҳамчунин ба ҳисору Қӯрғонтеппа ҳеҷ тадбире наандешиданд. Аз ғалабаи худ мамнун шуда, қадаме аз Балҷувон берун намонданд.

Дар ин мобайн ҳокими Балҷувон ба Кангурт расида, аз он ҷо ба ҳокимони Кӯлобу ҳисор чопар фиристод, ки фавран ба имдод оянд, худаш бошад, сарбозони худро ҷамъ кард, савдогарон, хизматгузорони маъмурияти маҳаллӣ, рӯҳониён ва дигар душманони шӯришгаронро ҷамъ овард. Бо ин лашкар ҳоким боз ба сари Балҷувон тохт ва қалъаи Балҷувонро гирифт.

Восеъ бо ҳамсафони худ аз қалъаи Балҷувон ақиб гашта, деҳаи Кангуртро гирифт ва дар ин ҷо деҳқонони атрофи Кангурту Қизилмазорро ҷамъ карда, бори дувум қалъаи Балҷувонро ишғол намуд. Ин дафъа ҳокими Балҷувон ва амалдорони амир ба кӯҳҳои Қизилмазор гурехта рафтанд. Шӯришгарон на фақат ба Балҷувон, балки ба Ховалингу Кангурт ҳам соҳиб шуданд.

Дар ин мобайн сарбозони аз ҳисор омада дар қарибиҳои Кангурт бо сарбозони парокандаи ҳокими Балҷувон муттаҳид шуданд. Восеъ инро шунида ақиб гашт ва дар «Сарипул» ном қишлоқи кӯҳии шимолу шарқтари Ховалинг, ки барои мудофиа мавқеи басо қулай буд, камин гирифт. Вале ин тадбир шӯришгаронро аз шикаст эмин дошта наметавонист.

Сарбозони амир ва амалдорон шӯришро ба хун ғарқ карданд. Восеъ дар кӯҳҳо пинҳон шуда чанд маротиба ба қӯшунҳои ҳокими Балҷувон ҳамла кард, вале тамоми дӯстони вай паси ҳам дар ҷангҳо ҳалок шуданд; ниҳоят, худи Восеъ бо роҳи хиёнату фиреб дастгир карда шуд. Восеъро ишкелбанд карданд ва ҳокими Балҷувон ӯро ба ихтиёри амир фиристод, ки таъзир кунад.

Амир Музаффар, ки андаке пеш бо мадади қӯшунҳои Россияи подшоҳӣ аҳолии Шаҳрисабзу Китобро тасхир карда буд, барои тарсондани чашми мардум фармуд, ки Восеъ дар Шаҳрисабз дар тоқи нимвайронаи Оқсарой ба дор кашида шавад.

Қатли пешвои шӯриш Восеъ деҳқонони тоҷикро рӯҳафтода накард. Муваффақиятҳои рӯзҳои аввали шӯриши соли 1885, қалъаи Балҷувонро фатҳ кардани шӯришгарон мардумро мутмаин сохт, ки муборизаи зидди амир беоқибат нахоҳад монд. Ва халқ гаштаву баргашта зидди тартиботи феодалии аморат ба по мехест.

Дар ноҳияи Калиф ҳам вазъият нотинҷ буд. Дар ин ҷо ҳам мардум маъмурияти аморатро, ки ба қӯшунҳои Россияи подшоҳӣ такя менамуд, чашми дидан надоштанд. Беҳуда нест, ки сардори бригадаи корпуси махсуси посбонони сарҳаддии Амударё «…ба сабаби муносибати ниҳоят пуркинаи мардуми қишлоқҳои кӯҳистон нисбат ба русҳо ва ҳатто нисбат ба йигитҳои мусулмон…»[14] метарсид, ки солдатҳои худро барои хошокҷамъкунӣ ба қишлоқҳои атроф фиристад.

Д.Н.Логофет, ки авзои «Бухорои шариф»-ро нағз мефаҳмид ва чанд асар навишта, дар онҳо ҷаҳолату таассуби асримиёнагии феодалии он ва ҷазову кушокушиҳои синфҳои ҳукмрони онро мазаммат карда буд,  оқибати  дар понздаҳ соли аввал дар Бухорои шарқӣ ҳукмронӣ кардани амирро ба андозае ҷамъбаст намуда, навишта буд: «Чандин шӯришҳое, ки дар кишвари ҳисор ва дар бекиҳои нав ба он мулҳақ аз соли 1875 то соли 1890 ба вуқӯъ пайвастанд, ҳукумати Бухороро бағоят ба ташвиш андохтанд, ки он ҳукумат мардумро ба шиканҷаи оҳанин дароварда буд, ба дӯши мардум бор кардани андозҳои беҳад баъдҳо ҳам боиси ошӯбҳои нав мегардиданд, ки ҳамаи он ошӯбҳо пахш мегардиданд, ошӯбгарон ва тарафдорони ошӯбҳо қатл карда мешуданд».[15]

Дар калонтарин шаҳру деҳаҳои аморат, аз ҷумла, дар Балҷувону Қалъаихумб, алалхусус, дар Кӯлоб гарнизонҳои сершумори аскарони подшоҳӣ меистоданд. Барои чӣ лозим будани онҳоро муаллифи «Таҷрибае дар боби тавсифи бекии Кӯлоб» М.А.Варигин хеле равшану аниқ гуфтааст: «…агар авзои дохилии мамлакат нотинҷ шуда монад, ба кор мераванд».[16] Вале мо борҳо дидем, ки амири Бухоро танҳо бо қувваи лашкари худ аз ӯҳдаи коре набаромад. Агар нӯкарони зархариди ҳукумати подшоҳӣ дар Туркистон доимо омодаи мадад намебуданду лозим шавад, филҳол қӯшунҳои империяи Россияро ба имдоди амир намефиристониданд, маълум, ки кор чӣ ранге мегирифт.

Ба генерал-губернатор бо илтиҷо муроҷиат карда, ёрии ҳарбӣ талабидани амир (то ки онро дар муборизаи зидди деҳқонон истифода барад) дар муносибати тарафайни аморат ва Россияи подшоҳӣ як лаҳзаи мустасно набуд. Гумоштаи сиёсии Россияи подшоҳӣ дар Бухоро Н.В.Чариков ҳанӯз соли 1886 ба генерал-губернатор чунин телеграф ирсол карда буд: «Агар илтимоси амирро иҷро кунему ақаллан ҳеҷ набошад, ягон ҳазорто берданка диҳем, дилаш анча бардошта мешавад, рафъи бӯҳрони дохилӣ ҳам осонтар мегардад, ки дар ин роҳ эҳтимом дорем».[17] Одами тамоман ҳафтафаҳм будан даркор, то гумон равад, ки генерал-губернатори Туркистон ба амири Бухоро фақат барои ҳамин лашкару аслиҳа медод, ки «дили амир бардошта шавад».

Соли 1898 мардуми Деҳнав ба шӯр омад. Сабаби ошӯб гирифтани харитаи маҳал буд, ки барои таъмини мақсадҳои ҳарбӣ ва иқтисодӣ ин корро дар ҳама ҷо харитагирҳои округи ҳарбии Туркистон анҷом медоданд. Мардум бо кинаву адоват ба кори харитагирҳо муносибат мекарданд ва ҳаққонӣ чунин мепиндоштанд, ки ин кор ҳам барои «кулли явмин бадтар» шудани зиндагии деҳқонон боз як омиле мешавад. Мардум харитагирҳоро калтаккорӣ мекарданд ва аз деҳаҳо меронданд, намемонданд, ки онҳо кор кунанд. Моҳи майи соли 1898 вазъият якбора шиддат гирифт. 18-уми май аҳолии деҳаи Қатчоғлик, 20-уми май аҳолии Шайтон ба по хестанд, 21 май харитагирҳоро аз деҳаи Толеъ (?) пеш карданд. Аз Патта ҳисор аскар ҷеғ зада шуд. Ошӯбгаронро сахт ҷазо доданд, бисёр одамонро парронданд.

Моҳи августи 1898 дар Нурато мардум ба ошӯб омаданд. Ошӯб дар бозор сар зад ва баҳона гӯё ҳамин шуд, ки миқдори тарозупулӣ беҳад зиёд аст, вале сабаби ҳақиқӣ ин буд, ки кирдори маъмурияти амир косаи сабри ҳамаро лабрез гардонд. Дар ошӯб қариб 250 нафар деҳқонон ширкат доштанд.

Аҳволи мардуми бекиҳои Помир – Шуғнон, Рӯшон ва Вахон ниҳоят вазнин буд. Дар маълумотномаҳои гумоштаҳои сиёсӣ ба номи генерал-губернатори Туркистон ва дар арзу шикоятҳои бешумори тоҷикони Помир аз андозҳои беҳадду бешуморе сухан меравад, ки маъмурияти Бухоро ба василаи онҳо ин сарзаминро хароб мекард. Оқибати ин гуна сиёсат ҳамин шуд, ки «… обрӯи ҳукумати Бухоро дар пеши чашми мардум рехт. Агар бухориён ба ин ё он дараҷа расмиятчигӣ кунанд, фавран боиси ошӯб мегардад. Бухориён ҳаргиз парвои беҳбудии табааи худро надоранд, бисёр худсариҳо мекунанд ва дилашон пур аст, ки барои ин худсариҳо ҷазое нахоҳанд дид».[18]

Аз дигар тараф, помириҳоро ҳукумати подшоҳӣ тазъиқ медод, ки отрядҳои ҳарбии он дар пойгоҳҳои сарҳад ҷой гирифта буданд. Онҳо аз аҳолӣ хӯрокворӣ талаб мекарданду нархи онро бо ихтиёри худ муайян менамуданд, аҳолиро маҷбур мекарданд, ки дар таъмири роҳ, боркашонӣ ва ғайра бемузд кор кунанд, аспҳоро кашида мегирифтанд. Барои таъмини маъмурияти сарҳадбонҳо ва амалдорони подшоҳии вулус ба гардани аҳолӣ андозҳои иловагӣ меандохтанд. Ин кирдори ҳукуматдорон доимо боиси шӯру ошӯбҳои мардуми бекиҳои Помир мешуд.

Материалҳои шӯру ошӯбҳои нимаи дувуми асри ХIХ деҳқонони тоҷикро таҳлил намуда, баъзе нуктаҳои асосии онро таъкид кардан лозим. Дар Бухорои шарқӣ — дар ин кишвари соф аграрӣ қувваи асосии истеҳсолкунанда деҳқон буд. Ба ин сабаб тадқиқи шӯру ошӯбҳои деҳқонон муҳимтарин масъалаест дар тадқиқи таърихи халқи тоҷик дар давраи мустамликадорӣ.

Аморати Бухоро протекторати Россияи подшоҳӣ бошад ҳам, дар айни ҳол, ҳамон давлати пешинаи феодалӣ буд: деҳқонон дар зери асорати феодалҳо монда, тамоми қаҳру ғазаби худро маҳз ба сари феодалҳо фурӯ мерехтанд. Бевосита набошад ҳам, тамоми ин шӯру ошӯбҳо нафақат муқобили аморати Бухоро, балки муқобили Россияи подшоҳӣ ҳам буданд.

Неҳзатҳои деҳқонон хусусияти зиддифеодалӣ доштанд. Онҳо ба решаи итоати феодалӣ теша мезаданд, вале дар айни ҳол аз тамоми нуқсу иллатҳои ҷанги деҳқонон – стихиявӣ будан, номуташаккилӣ, аз ҷиҳати сиёсӣ пухта набудан, набудани роҳбарияти пуртаҷрибаву пухтакор озод набуд.

Ба Бухоро ҳамроҳ карда шудани ноҳияҳои ҷануби шарқии Осиёи Миёна ба шӯру ошӯбҳои деҳқонон ранги дигар дод. Шӯришгарон содадилона бовар мекарданд, ки ин худсарию бедодиҳоро амир намедонад. Бинобар ин рӯйрост мусаллаҳона зидди феодалони маҳаллӣ шӯриш мекарданду дар айни ҳол ба амир аризаҳо менавиштанд ва ба наздаш одам мефиристоданд. Маъмурияти амир дар баъзе мавридҳо гӯё манфиати деҳқононро ҳимоя мекард, ба доди баъзеҳо ҳатто мерасиду ҳокимони ниҳоят бенӯхташудаву обрӯрехта, амлокдорони беҳад ҳарису носерамро аз кор ҳам мегирифт. Вале ин кирдори камшумори амир ҳам фақат дар сурате воқеъ мешуд, ки ба манфиати худи амир андак зиён расида бошад ё неҳзати халқ ба бунёди ҳокимияти худи амир таҳдид намояд ё хавф бошад, ки асоси иқтисодии ин ё он маҳал тамоман нобуд мешавад.[19] Вагарна аризаву шикояти деҳқонон нафақат фоидае намедод, балки боиси ваҳшиёна ҷазо додани онҳо мегардид.

Созиши сиёсии ҳукуматдорони Бухоро ва генерал-губернатории Туркистон боз як омиле буд, ки истисмори аҳолии маҳаллиро гаронтар мекард. Амалдорони Россияи подшоҳӣ ва маъмурияти аморати Бухоро дар бобати мақоми деҳқонон ва роҳҳои истисмори онҳо як забон доштанд. Бинобар ин, бедодию худсариҳое, ки дар маълумотномаҳои гумоштаҳои сиёсӣ ба назар мерасанд, ҳаргиз далели он нестанд, ки онҳо ғами мардумро мехӯрда бошанд. Амалдорони Россияи подшоҳӣ таҷрибаву оқибати дигар маҳалҳои Туркистонро дар назар дошта, фақат аз ҳамин метарсиданд, ки корд ба устухон расида, ғазаби халқ тартиботи мавҷударо барбод доданаш мумкин. Генерал-губернатори Туркистон ноябри соли 1898 ба номи император чунин маълумотномае ирсол карда буд: «Аз Туркистон бениҳоят даромад гирифтан хавф дорад, ин ба кор зарар меоварад ва кор аллакай зарар ҳам дидааст».[20] Аммо ҳукумати подшоҳӣ ҳамоно амирро дастгир мекарду бо қувваи аслиҳаи худ неҳзати халқро фурӯ менишонд.

Вале сарфи назар ба ҷазоҳои ваҳшиёна, ки ба сари шӯришгарон фурӯ мерехт, ошӯбу шӯриши деҳқонон беш аз пеш авҷ мегирифт. Мувофиқи далолати ҳуҷҷатҳо, дар зарфи солҳои 1896–99 дар Туркистон 647 шӯру ошӯбҳои халқӣ қайд шудааст ва зимнан аз ҳама зиёдтар шӯришҳо дар зарфи солҳои 1898–99 ба вуқӯъ омадаанд.[21] Алҳол мо дар бораи тамоми шӯру ошӯбҳои халқ маълумоти муфассал дар даст надорем, вале манзараи умумии таърихии он давра равшану возеҳ аст.

Дар ибтидои солҳои 70-уми асри ХIХ шӯру ошӯбҳои деҳқонон гӯё тасодуфӣ буданд, кам воқеъ мешуданд, гӯё худ аз худ аланга мезаданд, номуташаккил буданд ва аксаран тез ба охир мерасиданд. Ин шӯру ошӯбҳои хурди зиддифеодалие буданд, ки асосан муқобили ҳукуматдорони маҳаллӣ карда мешуданд.

Дар миёнаҳои солҳои 80-уми асри ХIХ баъзе шӯру ошӯбҳои зиддифеодалӣ ба худ ранги ҷангҳои деҳқононро гирифтанд. Шӯришгарон аз ҷумлаи худ роҳбар интихоб мекарданд, маҷлису машваратҳо меоростанд, талаботи худро ба шакли муайяну расмият дароварда, ба сурати шикоят ба амир мефиристонданд ва бедодию худсариҳои ҳукуматдорони маҳаллӣ ва амлокдоронро фош менамуданд. Ба деҳқонони шӯришгар табақаҳои дорои аҳолӣ, намояндагони маъмурияти маҳаллӣ низ ҳамроҳ шуда, онро ба манфиати худ истифода карданӣ мешуданд. Маҳз онҳо аввалин шуда, ба шӯришгарон хиёнат мекарданд, байни шӯришгарон низоъ меандохтанд ва ба тезтар шикаст ёфтани шӯриш ҷаҳд мекарданд. Мисоли равшани ин нуктаҳо шӯриши Восеъ (1885) мебошад. Ин неҳзатҳои зиддифеодалие буданд, ки ба вуҷуди худи аморат ҳамчун як давлати калони феодалӣ таҳдид мекарданд, бинобар ин онҳоро ба ин ваҳшоният ғарқи хун месохтанд, деҳаҳоро ба тӯъмаи оташ медоданд, роҳбарону иштирокчиёни шӯришро ба зиндон мепартофтанд ва дар майдонҳои Бухоро сар мезаданд. ҳукуматдорони Россияи подшоҳӣ ба амир мадад мерасонданд, ки шӯришгаронро ба зиндон партояду ба дор кашаду сар занад.

Дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ шӯру ошӯбҳои зиддифеодалии деҳқонон аллакай хосияти зиддимустамликадориро ба худ касб карданд ва дар солҳои 1905–07 ба ҷараёни револютсионӣ ҳамроҳ гардиданд.

[1] Мӯҳсинова R. З., 1965, с. 12.

[2] Дар нашри аввали «Таърихи мухтасари халrи тоҷик» (1947) мо ҳам ин шӯришро нодуруст тафсир дода будем. Дар нашри дувуми китоб ва дар маrолае, ки дар журнали «Вопросы истории» (№ 2, 1953) чоп шуда буд, ин хатои худро ислоҳ кардем.

[3] ИТН, т. И-2, 1964, с. 175–176. {амроев М., 1959, с. 80–81. Стеценко И.А., 1963, с. 103-104.

[4] ЦГ ВИА, д. 1396, оп. 1, д. 1571, л. 51–52.

[5] ЦГА Уз. ССР, ф. И. Л. 1, оп. 34, д. 236, л. 22–270 б. Рапорти И. Маев ба генерал-губернатор дар санаи 1 июли соли 1875.

[6] ЦГА Уз. ССР, ф. И-Л. 1, оп. 34, д. 109, л. 17.

[7] ЦГА Уз. ССР, ф. и. 1, оп. 22, д. 147 лл. 1-2, Х-13, 17; Мухторов А., 1964, с. 147–150.

[8] ЦГА Уз. ССР, ф. 4-126. оп. 1, д. 1267, л. 72, 76.

[9] Маҷлисов А. номи ин одамро ҳамин хел зикр кардааст, 1967, с. 294; {амроев М. мегӯяд, ки номи ин одам Солеҳ Одинабоев буд, 1959, с. 81–82.

[10] {амроев М., 1959, с. 82.

[11] Маҷлисов А., 1967, с. 294.

[12] Лилиенталь, 1894, с. 314.

[13] Болдырев А., 1936; Шодиншоев А., 1936; Uафуров Б.U. ва Прохоров Н.И., 1944, с. 154–156; Искандаров Б.И., 1954; Стеценко И.А., 1963; с. 105–111.

[14] ЦГА Уз. ССР, ф. И-3, д. 228, л. 30, 1898, иrтибос аз китоби Раҷабов 3., с. 199.

[15] Логофет Д.Н., 1911, с. 263.

[16] Варыгин М.А., 1916, с. 800.

[17] ЦГ ВИА ф. 1396, оп. 2, д. 213, л. 24; телеграмма дар санаи 18 ноябри 1886, иrтибос аз китоби Раҷабов 3., 1957, с. 100.

[18] ЦГА Уз. ССР И. З, д. 50, л. 112, иrтибос аз китоби Раҷабов 3., 1957, с. 103.

[19] Муrоиса шавад: Мӯҳсинова R.3., 1959, с. 94–99.

[20] ЦГ ВИА ф. 1396, оп. 2, в. м. 1767, л. 57, 57 об.

[21] ЦГ ВИА ф. 400, оп. 261/911, в. м. 87/605, л. 37.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …