АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / Ҳайтолиён (Эфталиты)

Ҳайтолиён (Эфталиты)

Инак, дар ахбори муаррихи арман, ки ба соли 450 нисбат дорад, «кишвари ҳайтолиён» номбар шудааст. Егише Вардапет хабар медиҳад, ки солҳои 453–454 Яздгурди II боз ба шоҳи Кушониён дарафтоданӣ шуд, вале шоҳи Кушониён ин нияти ӯро пешакӣ фаҳмиду ба форсҳо зарбаи мудҳише зад ва бисёр ҷойҳои Эронро ба хок яксон намуду ба ғорат бурд[1].

Е.Е.Неразик дар асоси таҳлили матн чунин ақидаи ба фикри мо ҳам қобили қабулро изҳор намуд, ки юриши Яздгурди II нисбат ба юришҳои пештараи вай ба ноҳияҳои шарқтар нигаронида шуда буд, эҳтимол, муҳориба на бо хиёниён, балки акнун бо ҳайтолиён рӯй дода бошад.[2] Гуфтан мумкин, ки ин аввалин задухӯрди ҳарбии Эрони сосонӣ бо ҳайтолиён буд ва сосониён аз ҳамин задухӯрдҳо бояд фаҳмида бошанд, ки душмани нав – душмани ниҳоят пурзӯри тавоно пеш омада истодааст. Вале ҳамаи ин ҳоло аввали кор буд.

Иттиҳодияи нав дар солҳои 50-уми асри V ба дараҷае қувват гирифт, ки ба дигар мамлакатҳо ҳайъатҳои сафорат мефиристодагӣ шуд; соли 456 ба Хитой ҳайъати сафорати ҳайтолиён меояд[3]. Агар ба ин дараҷа тез қувват гирифтани иттиҳодияи ҳайтолиёнро дар назар дошта бошем, равшан мешавад, ки «гунну кидориён» дар охири солҳои 50- 60-уми асри V беҳуда ба ҳайтолиён тазъйиқ наоварда будаанд.

Дар аҳди Пирӯз (солҳои 459–484) муборизаи зидди ҳайтолиён ба авҷи худ расид. Аз хабари муаррихони араб маълум мешавад, ки Пирӯз бо дастгирии аҳолии «Тахористон ва атрофи он» ҷулус кардааст. Вай «иқтидори ҳайтолиёнро афзуд ва ба мукофоти мадади онҳо ваъда дод, ки ба сарҳади онҳо дахл нахоҳад кард». Вале Табарӣ ривоят мекунад, ки «сипас, Пирӯз ба сари тоифае лашкар кашид, ки Тахористонро соҳиб буданд ва худро ҳайтолӣ мехонданд». Пирӯз бо лашкари худ то ба таги ҳамон бурҷе расид, ки Баҳроми Гӯр сохта буд. Баъди ин Табарӣ як ривояти афсонамонандеро меоварад, ки Пирӯз чӣ илоҷе ёфта, ваъдахилоф набудани худро нишон доданӣ шудааст (гап аз он ваъдае меравад, ки Пирӯз ба шоҳи ҳайтолиён Хушнавоз дода буд ва мувофиқи он бояд аз сарҳадди ҳайтолиён намегузашт: Маълум, ки сарҳади ҳайтолиён ҳамон бурҷ буд ва инак, «Пирӯз ба таги он бурҷ расиду фармуд, ки 50 фил ва 300 паҳлавонро бар он илҳоқ созанд ва филону паҳлавонон бурҷро пеш мекашиданду Пирӯз аз паси он меомад ва бо ҳамин илоҷ ваъдаеро, ки ба Хушнавоз дода буд, гӯё вайрон намекард». Дар ин муҳорибаи зидди ҳайтолиён Пирӯз ва бисёре аз лашкари вай ба хандақҳое, ки махсус дар сари роҳ канда шуда, рӯи онҳоро номаълум пӯшонда, ноаён карда буданд, афтиданду кушта шуданд. ҳайтолиён тамоми Хуросонро тасхир намуданд[4]. Диноварӣ менависад, ки номи шоҳи «туркҳо» яъне ҳайтолиён Хушнавоз буд. Вай ҳам мисли Табарӣ менависад, ки хандақҳои чуқур канда, рӯи онҳоро ноаён пӯшида монда буданд. Худи подшоҳ ва бисёр аскарони вай ба ин хандақ афтиданд ва ба қавли муаррих, «ба адам рафтанд». Вақте Пирӯз ба ин хандақ афтида банд мешавад, ӯро бо санг зада мекушанд ва тамоми қароргоҳи вай, духтараш, мӯбади пираш, занҳояш ва сарваташ ба дасти ҳайтолиён меафтад[5]. Дар бораи ин хандақи рӯпӯши пуроб дар маъхази византӣ ҳам маълумоте ҳаст (Прокопий Кесарский, I, 4).

haytoliyon_eftalit

Ин воқеа на фақат дар сарчашмаҳои арабӣ, балки инчунин дар сарчашмаҳои суриёнӣ, византӣ ва арманӣ ҳам тасвир шудаанд. Баъзе ҷиҳатҳои масъаларо хотирнишон мекунем. Пирӯз зидди ҳайтолиён се бор ҷангидааст. Ҷанги якум бо ҳамин анҷом ёфт, ки вай асир афтоду вале шоҳи Византия пули бисёре дода, ҷони вайро харида, аз асорат озод кард. Пас аз муддате боз ҷангро сар мекунаду боз асир меафтад. Аз афти кор, маҳз дар вақти бори дувум асир шуданаш ваъда додааст, ки дигар аз сарҳади ҳайтолиён нахоҳад гузашт ва ба замми ин бояд товони ниҳоят калон – 30 хачир танга медод. Пирӯз дар асорат истода фармуд, ки товонро ба ҳайтолиён биёваранд, аммо хазинаи дар ҷангҳо холишуда ин миқдор пул надошту фақат як қисми онро дод. Вале Пирӯз писарашро ба гарав монда, ба ҳар ҳол, аз асорат раҳо ёфт. Агар ба хабари Приски Понӣ бовар кунем (1,27), Пируз ҳайтолиёнро фиреб додааст ва ин ба ҷанги севум баҳона шудааст. Гап дар ин, ки Пирӯз ба «гуннҳо» таклиф кардааст, ки муоҳидаи сулҳ банданд ва чун гарави софу покии нияти худ ба подшоҳи «гуннҳо» духтареро ба занӣ додаасту гуфтааст, ки ин духтар ба вай хоҳар мешавад. Духтар ба дарбори шоҳи «гуннҳо» меояду қаллобии Пирӯзро фош мекунад ва мегӯяд, ки вай хоҳари Пирӯз не, балки канизи вай аст. Шоҳи «гуннҳо» Кунҳо аз ин найранги Пирӯз бениҳоят музтар шуда, ба нияти қасос аз Пирӯз илтимос мекунад, ки ба ихтиёри вай муаллимони илми ҳарб фирис-тонад, зеро вай лашкари калон дораду аммо сарлашкарони пуртаҷриба надорад. Вақте ин муаллимон ба ихтиёри подшоҳи ҳайтолиён омаданд (Пирӯз 300 эронии наҷибро фиристода буд), ҳайтолиён як қисми онҳоро гӯшу биниву забон бурида, сар доданду боқимондаро куштанд.[6] Инак, боз ҷанг сар шуд, ки ин ҷанги севум буд ва дар ин ҷанг Пирӯз бешарафона ҳалок шуд[7].

Ин шикасти мудҳиш аҳолии Эронро ба воҳима андохт. Ба қавли сарчашмае дар Эрон, «ҳатто дар айёми амонӣ касе набуд, ки ҷасурона ва нотарсона ба ҳайтолӣ нигарад ва агар номи ҳайтолиро шунавад, ҳатто ба ларза меомад».

Зиёда аз ин, як форси наҷиб ба шароите, ки дар Эрон баъди Пирӯзро торумор кардани ҳайтолиён ба вуҷуд омада буд, чунин баҳо додааст: «Пирӯз меҳани ин қадар аъзаму ин қадар мустақили моро чунон бандаи ҳайтолиён сохт, ки то мулки ориён (Эрон –Б.Ғ.) вуҷуд дорад, аз ин бандагии пурғусса раҳоӣ намеёбад»[8]

Дар «Баҳман-Яшт», ки ба забони форсии давраҳои миёна таълиф шудааст, порчае ба назар мерасад, ки зотан бо воқеаҳои солҳои 80-уми асри IV иртибот дорад. Г. Бейли ин фиқраро ба тариқи зайл овардааст: «Бад-ин минвол, ин тоифа, ки худ зодаи Ғазаб ҳастанд, садҳо, ҳазорон ва ҳазорон ҳазор мардумро тӯъмаи теғ сохтанд. Ин девҳои фатиламӯй ялаву алами бешумори худро бардошта, ҳамла оварданд. Онҳо Эрони маро поймол карданд, ки он маҳсули дастранҷи ҳурмуз аст, онҳо саросар ҳуҷум карданд, онҳо, ки туркону хиёниёни сурхи адӯ ҳастанд ва алами онҳо сарозер аст».[9]

Эрони сосонӣ, ки борҳо ба таги пои вай императорҳои мағрури Рим сар мондаанд, дар охирҳои асри V фақат аз номи кӯчманчиёни бадҳайбати Осиёи Миёна ҳайтолиён ба ларза меомаду ба онҳо боҷ медод[10].

Мо хотирнишон карда будем, ки (дар байни солҳои 467–470 ва 480) ҳайтолиён Суғдро ишғол карданд. Баъди ин онҳо ба тасхири мулкҳои Туркистони шарқӣ шурӯъ намуданд. Онҳо соли 479 ноҳияи Турфон, солҳои 490–497 Урумчӣ, байни солҳои 497 ва 509 Қарошараро[11] забт карданд. Аз қувват ва нуфузи ҳайтолиён дар Туркистони шарқӣ чунин воқеа шаҳодат медиҳад. Соли 522 волии яке аз мавзеъҳои ноҳияи Хара-Хото, ки аслан худаш аз жожҳо будааст, зидди хитоиҳо исён мекунаду баъд ба назди ҳайтолиён гурехта меояд ва аз онҳо барои рафъи душманони худ мадад мепурсад.[12]

Агар ба назар гирем, ки Хутану Кошғар ҳам ба ҳайъати давлати ҳайтолиён даромадаанд (эҳтимол, дар охири асри V), пас гуфтан мумкин, ки дар ибтидои асри VI ҳайтолиён ба тамоми Туркистони шарқӣ соҳибӣ мекарданд.

Солномаҳои хитоӣ номгӯи мулкҳоеро додаанд, ки ба ҳайъати давлати ҳайтолиён дохил шуданд. Муқоисаи ин ахбор бо сарчашмаҳои давраҳои сонитари арабу форс имкон медиҳад, ба хулосае оем, ки давлати ҳайтолиён қисми асосии Осиёи Миёнаро дар бар мегирифт ва зоҳиран (инро ҳанӯз И. Маркварт ҳам қайд карда буд) қисми муҳимтарини мулки онҳо Тахористон буд. Ғайр аз ин, ҳайтолиён дар ҷануб ҳам чанд ҷойҳоро забт карданд. Масалан, онҳо дар нимаи дувуми асри V Қандаҳор[13] ва андаке баъдтар баъзе мавзеъҳои шимоли ҳиндустонро тасхир намуданд.

Афсӯс, ки таърихи осиёимиёнагии ҳайтолиён чӣ қадар мавҳуму пардапӯш аст. Дар маъхазҳои ҳиндӣ ҳайтолиёнро «хуно» (hūna) гуфтаанд. Мувофиқи мадраке охирин волии аъзами оли гуптҳо Скандагупта (санаи аҳдаш тақрибан солҳои 435–467[14], мувофиқи маъхази дигар аз солҳои 455–456 тахминан то соли 470[15]) маҷбур шудааст, ки аз онҳо худро дифоъ кунад ва тавонистааст онҳоро мағлуб созад.[16] Гумон меравад, ки ин аввалин тохтутозҳои ҳайтолиён буд ва онҳо то ин дам аллакай Қандаҳорро дар итоати худ доштанд.

Барои тавзеҳи давраҳои минбаъда дар дасти мо мадракоти сарчашмаҳои гуногун, аз ҷумла, солномаву навиштаҷоти ҳиндӣ, ривояти сайёҳони Хитой ва дигар мамлакатҳо ҳаст, ки маълумоти онҳо аксаран ба якдигар хилоф мебошад, ба ин сабаб тафсири онҳо низ чандин тобиш дораду ҳар олиме ақидаи худро роҷеъ ба онҳо ба тарзи худ баён кардааст. Дар солҳои охирини асри V ва даҳсолаи аввали асри VI дар сари хуноёни ҳинд Тарумана ном шоҳе меис-тод, ки дар яке аз катибаҳои ҳиндӣ дар ҳаққи вай гуфта шудааст: «Номдор Тарумана, подшоҳи беандоза машҳури олам». Валиаҳди ӯ писараш Миҳи-рақул шуд, ки дар бораи вай хеле баъдтар Сюан-сзан навишта буд, ки вай ба тамоми ҳиндустон ҳукмронӣ мекард ва «бе истисно тамоми музофотҳои ҳамсояро ба худ тобеъ намуд». Аз афти кор, дар аҳди Миҳирақул мулки ҳайтолиён дар шимоли ҳиндустон, ҳақиқатан, ҳаддалимкон васеъ буд. Вале бисёр иқдомоти вай, алалхусус, буддоиёнро таъқиб кардани вай тамоми аҳолии ҳиндустонро бар зидди вай хезонд. Миҳирақул дар ҷанги зидди волии гуптҳо Яшодҳарман шикаст хӯрд ва сонитар дар Кашмир ҳокимиятро ба даст гирифт.

haytoliyon_eftalitiДар миёнаҳои асри VI қисми асосии шимоли ҳиндустон аз ҳукми «хуно» – ҳайтолиён раҳоӣ ёфт. Сабаби ин (дар ин бобат ақидаи олими ҳинд Р. Маҷумдар мутлақо дуруст аст) на шикастҳое мебошанд, ки сарварони «хуноён»-и ҳинд ба онҳо дучор омаданд, балки дар ибтидои солҳои 60-уми асри VI ҳалокатбор торумор шудани ҳайтолиёни Осиёи Миёна мебошад[17]. Дар натиҷаи ин қадар зарбаи мудҳиш хӯрдани ҳайтолиёни Осиёи Миёна ҳайтолиёни ҳинд аз ақибгоҳе, ки дар Осиёи Миёна доштанд, маҳрум шуданд ва дигар на қувваи нав гирифта тавонистанду на имдоди тоза ва маҳз ба туфайли ҳамин ба суқут расиданд, ки ин боз як мисоли робитаи зичи байниҳамдигарии таърихи ҳиндустон ва Осиёи Миёна мебошад. Гарчанде дар ҳиндустон ҷамоатҳои ҳайтолиён ва ҳатто вилоятҳои ҳайтолиён боз хеле вақт вуҷуд доштанд, вале акнун «хуно» – ҳайтолиён дар таърихи ҳиндустон дигар мақоми намоёнро соҳиб набуданд.[18]

Дар баёни таърихи сиёсӣ материали нумизматӣ дидаву дониста амалан истифода бурда нашуд. Асари чорҷилдаи Р.Гёбл «ҳуҷҷатҳо оид ба таърихи хуноёни эронӣ дар Бохтару ҳиндустон»[19] муфассалтарин тадқиқотест дар бораи тангаҳои кидориёну ҳайтолиён. Ин асар, ки таҳкурсии мукаммали ҳуҷҷатӣ дорад, ба тадқиқи илмии нумизматикаи ҳайтолиён асос мегузорад. Р. Гёбл тамоми он материали беандоза фаровонро ба 297 эмиссия, яъне сиккаи тангаҳо тақсим кардааст. Вай инчунин тартиби таснифи тангаҳоро ҳам тағйир додааст. Бисёр хатҳои рӯи тангаҳо ба тарзи нав хонда шудаанд, хулосаҳои ниҳоят пурмасъулу муҳими таърихӣ изҳор гардидаанд. Мо меҳнати пурмашаққату дурударози муфиди ин олимро ба қадри лозима тақдир намуда, дар айни ҳол бояд гӯем, ки муҳимтарин асарҳои таърихӣ-нумизматии олимони советӣ аз доираи назари вай берун мондааст ва мо алҳол аз истифодаи хулосаҳои умумитаърихии вай худдорӣ менамоем, зеро асоси ин хулосаҳо ғолибан тарзи нави хондани хатти рӯи танга мебошад, ки бисёр ҷиҳатҳои он баҳснок буда, ба тафтиши лингвистони эроншинос эҳтиёҷ дорад. Мутаассифона, пас аз нашри асари Р. Гёбл (ва инчунин асари қабл аз ин чопшудаи Р. Гиршман ва диг.) ҳам масъалаи ҳамчун мадраки мукаммали таърихӣ истифода бурдани тангаҳои ҳайтолиён ҳал нашуда монд; ҳалли ин масъала кори оянда аст.

Хуллас, ҳайтолиён давлати ниҳоят калоне ба вуҷуд оварданд, ки андозаи он аз андозаи давлати Кушониён ҳам калонтар буду вале чӣ қадар калон бошад, ҳамон қадар сусту ноустувор буд. Аммо сарфи назар ба ин ҳайтолиён дар таърихи Осиёи Миёна ва бисёр мамлакатҳои Шарқ роли муҳим бозиданд. Маҳз онҳо тавонистанд дар Шарқ на фақат пеши роҳи урдуи Сосониёни Эронро гиранд, балки ба шоҳони кушонӣ зарбаи ҳалокатбор зананд. Парчами дастаҳои ҳайтолиён дар дашту саҳрои Эрон ҷавлон мезад, ба шоҳони ҳайтолиён вобаста буд, ки ин ё он одам дар Эрон шаҳаншоҳ мешавад ё не ва дар вақташ бурда супурдани боҷ яке аз вазифаҳои муҳими бисёр ҳукуматҳои Эрон буд.

Халқҳои Моварои Кавказ, ки дар зери асорати Сосониён буданд, низ қо-мат афрохтанду зидди зулми Сосониён алангаи муборизаро боло хезонданд.

Дар солҳои 483–484 дар Иберия, Арманистон ва Албанияи Кавказ шӯълаи шӯриш ба осмон мепечад. Шӯришгарон аз ҳайтолиён шикаст хӯрдани Пирӯз ва суст шудани иқтидори Сосониёнро истифода бурданд.[20] Ана ҳамин тавр, муборизаи халқҳои мазлуми Моварои Кавказ бо равнақи халқи Осиёи Миёна– ҳайтолиён ба ҳам печида рафт. Ниҳоят, ҳайтолиён дар этногенези ҳиндустон, Афғонистон ва, алалхусус, Осиёи Миёна роли муҳим бозиданд.

[1] Егише Вардапет, 1953, с. 256–257.

[2] ИТН, I, с. 410.

[3] Ӯnoki К., 1955 б, р. 234.

[4] Шмидт А. Э, 1958, с. 448–449; Nöldӯkӯ Th., 1879. s. 115–132.

[5] Althӯim U., 1960, с. 51-52; муаллифони арабу форсзабон номи ин подшоҳро Хушнавоз (Фирдавсӣ) ё Ахушунвор (Табарӣ) гуфтаанд (Marquart J., 1901, s.60; Лившиц В.А., 1969, с.67). Аrидае ҳаст, ки ин ном аз забони эронӣ бармеояд ва аслан *ахsоndаr «ҳукмдор» ё *ахsоnwаr («ҳоким») аст. (Maӯnchӯn-Hӯlfӯn O. J., 1959, р. 230). Мумкин аст, ки ин ном не, балки унвон бошад.

[6] Дар бораи ин воrеаҳо ниг.: Пигулевская Н.В, 1941, с. 56-59. Приски Понӣ Кунҳоро шоҳи гуннукидориён меномад. Дар катибае номи ин шоҳ Гунҳоз аст (Althӯim U., 1959, I, s.32). Ин маъхазро ҳар гуна тавзеҳ додан мумкин. Эҳтимол, хабари Приски Понӣ ба худи кидориён дахл дошта бошад, ки онҳо якҷоя бо ҳайтолиён ба Эрон ҳу-ҷум мекарданд. Соли 468 аз Византия хабар расид, ки «форсҳо бар гунну кидориён uолиб омадаанд ва шаҳри онҳо Валаамро муҳосира намудаанд» (Приски Понӣ, 35) ва ин хабарро ба Византия ҳайъати сафорати форсҳо бурда будааст. Гумон меравад, ки Валаам rароргоҳи кӯчиест дар ким-куҷои ҷанубу uарби Туркманистон. Аммо инро дигар хел тавзеҳ додан ҳам мумкин – масалан, Приски Понӣ ҳамаи гуннҳои Осиёи Миёнаро «кидориён» ва Балхро Валаам меномиду дар ривояте, ки роҷеъ ба кидориён дошт, мадракоти оид ба кӯчманчиёни гуногуни Осиёи Миёна ба ҳам омезиш ёфта буд.

[7] Феофани Византӣ менависад: «Шоҳи ҳайтолиён {айтол, ки номи тоифа аз ӯст, Пирӯзро маuлуб сохту форсҳо ин ҷойҳоро аз даст доданд (тарҷумаи русии пурраи ин матнро ниг.: «Византийские историки», 1960, с. 493). Эҳтимол, номе, ки Феофан меорад, маҳсули этимологияи халrӣ бошад.

[8] Тревер К. В., 1954, с. 138.

[9] Ӣailӯy Н. W., 1954, s. 13–14.

[10] Мувофиrи  мадракоти  нумизматӣ  (Массон  В.  М.,  Ромодин  В.  А.,  1964 .с. 204).

[11] Ӯnoki К., 1955 в, р. 235.

[12] Ӯnoki К., 1959, р. 25–26.

[13] Ба аrидаи Еноки К., ин воrеа дар байни солҳои 477 ва 520 ба вуrӯъ омадааст (Ӯnoki К., 1959, р. 27), вале дар оuози ин фосила рӯй додани воrеаи мазкур бояд ба ҳаrиrат наздик бошад.

[14] Синха Н.R., Банерҷӣ А.Ч., 1957, с. 89.

[15] «Thӯ Yâkâtako-Gupta agӯ», 1954, р. 161–169; Majumdar R.С, 1957, р. 25, 28.

[16] «Thӯ Yâkâtako-Gupta agӯ».  1954, р. 163–164; Majumdar R.С, 1954, р. 26.

[17] Majumdar R.С, 1954, р. 39.

[18] «Thӯ Yâkâtako-Gupta agӯ». 1954, р.  174–175; Majumdar R.С, 1954, р. 26; МсGovӯrn W. М., 1939, р. 414–417.

[19] Göӣl R., 1967.

[20] Дьяконов М.М., 1961, с. 227.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …