МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / ХУЛБА дар Канзи Шифо (Китоб)
Хулба - Шанбалила

ХУЛБА дар Канзи Шифо (Китоб)

Хулба (Шанбалила) — ин растании бӯстонӣ аст, қадаш вобаста ба шароити замин то 65 сантиметр мехезад. Баргаш чун барги юнучқа, вале каме дарозтар аз он. Тухмаш сурхи моил ба зардӣ, чоргӯшаи паҳн, аз наск майдатар ва чун тухми турб дар ғилоф мебошад. Баъди хушк шудан бӯйи латиф ва форами атрӣ аз он шамида мешавад. Баргҳояш ҳам баъди хушк шудан муаттар мегарданд. Таъмаш моил ба талхӣ. Онро зироат мекунанд ва номи тоҷикиаш шанбалила аст. Ба руси номашро «Хельба» мегуянд.

Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: баргашро бихӯранд, моддаҳои бегонаро дар дохили бадан мепазонад ва барои хориҷ шудан муҳайё месозад; дарунро мулоим мекунад, моддаҳои шахшуда ва варамҳои дохилиро таҳлил медиҳад, пешоб ва ҳайзро равон менамояд, барои бемориҳои аз хунукӣ сарзада ва чакмезак даво мешавад; суулқиняро, ки сустӣ ва заифии ҷигар аст, ба ибро меоварад, истисқоро шифо мебахшад: сурфаеро, ки сабабаш сардӣ бошад, таскин медиҳад; варами сипурз, дардҳои камар, ҷигар ва бачадонро дафъ мекунад, сардии хичак ва чакмезакро ба ислоҳ меоварад.

Барги онро кӯфта гузошта банданд, мӯйро мустаҳкам мекунад. Тухмашро кӯфта бихӯранд, дарунро мулоим мегардонад; моддаҳои зарарнокро пазонида, ба хориҷ шудан тайёр месозад; қуввати пушти камарро меафзояд, ҳайзро равон мекунад, шушро қувват мебахшад.

Ин тухмашро дар об ҷӯшонида, он обро бо асал биёшоманд, исҳол меоварад, моддаҳои нодаркори дар узвҳои даруни сина бандшударо дафъ мекунад, сурфаро сокин месозад, дамкӯтаҳиро шифо мебахшад, душвории нафасро ислоҳ мекунад, бавосир ва варамҳои ботиниро дафъ менамояд, бодҳоро мешиканад, балғами часпакро аз даруни сина хориҷ месозад, рӯдаҳоро пок мегардонад.

Тухмашро дар об ҷӯш дода, он обро соф намуда, бо асал қивом карда, бо оби сунбул биёшоманд, барои зиқ-ун-нафас дору мешавад, овозро мекушояд, решаҳои, узвҳои даруни сина ва дарди кӯҳнаи ин аъзоро ба ибро меоварад. Тухми хулбаро давомнок бихӯранд, дарунро меронад ва ахлоти бадфиолро дафъ мекунад. Тухмашро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, зоиданро осон мекунад, пешоб ва ҳайзро равон мегардонад. Агар инро кӯфта, бо орди гандум, шакар ва асал сиришта бихӯранд, баданро фарбеҳ мекунад ва ҳоли бади гурдаро ислоҳ менамояд. Инро дар об ҷӯш дода, он обро бо 17,5 грамм рӯян бихӯранд, бӯйи саргинро хуш ва дарунро мулоим мекунад, сустии узвҳоро ба ислоҳ меоварад, устухонҳои шикастаро ба ҳамдигар мечаспонад, ҳайзро равон месозад, вале бӯйи арақи бадан ва пешобро нохуш мекунад.

Агар инро кӯфта гузошта банданд, варамҳои сахти зоҳирӣ ва дохилиро таҳлил медиҳад; захмҳои тар ва хушки ширинчаро шифо мебахшад; сабӯсаки сар, доғҳои кунҷидак, сӯхтагии оташ, аз сардӣ кафидани пӯсти бадан, каҷии нохун, варами сипурз ва бачадонро ба ибро меоварад, намегузорад, ки мӯйи сар бирезад ва доғҳои пӯсти баданро дафъ мекунад.

Тухми Хулба
Тухми Хулба дар сурат-расм

Тухми хулбаро чун орд маҳин кӯфта, бо танакори сурх даромехта гузошта банданд, сипурзро ба дараҷае таҳлил медиҳад, ки ёфтани он амри муҳол мегардад — ин хуб аст, ки аломати покии сипурз мебошад; орди онро бо анҷир хамир карда гузошта банданд, пучак ва чиртакро мекафонад; инро бо орди ҷав, равғани гули сурх ва сирко хамир карда гузошта банданд, варамҳои гармро мегардонад ва агар бо асал хамир карда гузошта банданд, варамҳои хунукро таҳлил медиҳад. Агар кӯфтаи тухми ин растаниро бо об хамир карда бимоланд, ранги рӯйро тару тоза мегардонад. Инро як шабонарӯз дар об тар карда, он обро дар чашм чаконанд, обравӣ, шилпуқӣ ва нуқтаҳои хунини сурхи чашмро дафъ мегардонад ва боқимондаи варами чашмро таҳлил медиҳад.

Ҳулбаро дар об ҷӯшонида, занҳо дар вақти наздик омадани таваллуд кардан дар се об то ноф даромада нишинанд, зоиданро осон мекунад, ҳамроҳаки (ёраки) тифлро зуд меафтонад, бачадонро пок менамояд. Тухми ҳулбаро кӯфта, бо равғани ғоз сиришта, занҳо аз таг бардоранд, сахтии бачадонро, ки дар тибби ҳозира ноболигии бачадон меноманд, шифо мебахшад ва даҳани онро кушода, барои ҳомила шудан тайёр мегардонад.

Гиёҳи ҳулбаро дар об ҷӯш дода, бо он об сарро бишӯянд, мӯйро сара мегардонад, решаҳои сар ва сабӯсаки сарро дафъ мекунад. Ҳулбаро ба дарун аз ҳад зиёд истеъмол намоянд, дарди сар медиҳад, дилро беҷо (беҳузур) мекунад, ба хояҳо низ зарар мерасонад. Дар ин мавридҳо сиканҷабини турш истеъмол кардан даркор аст, ки ислоҳи зарар бахшад ё анори майхуш (туршу ширин) бимаканд.

Бояд огоҳ кунем, ки одамони гарммизоҷ хулбаро ба дарун фақат ҳамроҳи коснӣ бояд истифода баранд. Ва агар баргашро дар об ҷӯшонида он обро истеъмол карданӣ бошанд, ҳатман бояд бо барги исфаноҳ ё бо барги чилмангӯштак (семизут) бихӯранд. Аз тухми ҳулба равған кашидан ҳам мумкин аст. Хоҳ рӯйи об барояд ва ё аз кӯфтаи он ба воситаи фишурдан равғани онро биситонанд.

Мизоҷи равғани хулба гарм аст ва таъми тунд дорад. Истеъмоли ин варам ва моддаҳои ғафсро дар даруни бадан таҳлил медиҳад, сахтиҳоро дар узвҳо мулоим мегардонад, дубайла (кӯряра)-ро мепазонад; барои банд кардани исҳол ва дафъ намудани сабӯсаки сар, ки аз мурдор щудани хун ба зуҳур пайваста бошад, дору мешавад. Ва инро бимоланд, захмҳои рухсораро пок мегардонад. Ин равғанро бо муми занбӯри асал даромехта бимоланд, кафидани пӯстро сиҳат мекунад; ва агар бо кӯфтаи тухми харбуза даромехта бимоланд, башара, яъне пӯсти баданро аз ҳар гуна доғҳо пок месозад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Мухаллас

Мухаллас дар Канзи Шифо (Китоб)

Мухаллас (лотинӣ: Dianthus tetralepis), (русӣ: гвоздика четырёхгранная ) —  Ин гиёҳ аз як реша то 15-20 соқ бармеоварад, гиреҳдор, …