МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / ИЛМУ АДАБИ ТОҶИК ДАР АСРИ ХI– АВВАЛИ АСРИ ХIII

ИЛМУ АДАБИ ТОҶИК ДАР АСРИ ХI– АВВАЛИ АСРИ ХIII

Тағйироти сиёсии охирҳои асри Х, яъне аз байн рафтани давлати сомонӣ, ба Мовароуннаҳр соҳиб шудани Қарохониҳо ва ба дасти Ғазнавиён гузаштани Хуросон ба ҳаёти фаннӣ ва адабии халқи тоҷик таъсир накарда натавонист. Тараққиёти илм ва маданияти халқҳои Осиёи Миёна, пешрафти забони дарӣ ва адабиёти тоҷик дар натиҷаи ҷангҳои пай дар пай ва задухӯрдҳои дохилӣ то як дараҷа боздошта шуд.

Ба вуҷуд омадани давлати бузурги Маҳмуди Ғазнавӣ ва ба як марказ муттаҳид гардидани тамоми хоки Хуросон, Чағониён, Хатлон, Тахористон, қисми асосии Эрон ва шимоли ҳиндустон барои равнақи илму фан ва адабиёт аз нав баъзе шароит ва имкониятҳо фароҳам овард.

Дар ин давра муносибати Осиёи Миёна, махсусан Хуросон ва Тахористон бо Бағдод тақвият ёфта, нуфузи Бағдод дар давлати ғазнавӣ, дар Мовароуннаҳр ва Хуросон хеле афзуд. Ин муносибат, дар навбати худ, боиси он шуд, ки дар айёми Ғазнавиён забони арабӣ ниҳоятдараҷа паҳн гардид. Агар дар аввалҳо корҳои девон (идораи роҷеъ ба мукотибаҳои давлатӣ) бо забони дарӣ анҷом меёфта бошад, акнун комилан ба забони арабӣ гузашт. Дар девон бештар одамони арабидон ба кор кашида шуданд. Аз ин ҷост, ки аз давраи Ғазнавиён сар карда калима ва ибораҳои арабӣ беш аз пеш ба забони тоҷикӣ дохил шудан гирифтанд.

Дар он замон адабиёти тоҷик асосан дар пойтахти давлати ғазнавӣ марказият пайдо намуд. Чи навъе ки сарчашмаҳои адабӣ қайд кардаанд, ба дарбори султон Маҳмуд чандин даҳҳо шоирон гирд омада буданд. Султон Маҳмуд маҳз барои шӯҳрат ёфтан ва мавриди мадҳу ситоиш қарор додани корнамоиҳои худ ҳомии адабиёт гардид. Аз ҳамин сабаб ҳам, жанри қасидаи мадҳия дар ин давра хеле ривоҷ гирифт.

Яке аз шоирони бузурги қасидасаро, ки дар дарбори султон Маҳмуд ба унвони «Маликушшуаро» мушарраф гардида буд, Абулқосим ҳасан ибни Аҳмад Унсурии Балхӣ мебошад, ки дар солҳои 60-уми асри Х таваллуд ёфта, соли 1039 вафот намудааст. Ў пас аз таҳсили илму ҳунар, ба воситаи бародари султон Маҳмуд амир Наср ба дарбори давлати ғазнавӣ роҳ ёфт. Унсурӣ дар аксарияти лашкаркашиҳои султон Маҳмуд иштирок намуда, қисми асосии қасидаҳои худро ба васфи ғалабаҳои султон бахшидааст. Муосиронаш ӯро чун устоди забардасти сухан бисёр таъриф ва таҳсин кардаанд. Ба қалами ӯ чанд маснавии ошиқона, ки порчаҳои парокандаи онҳо то замони мо расидаанд, аз ҷумла, маснавии «Вомиқ ва Узро» тааллуқ доранд. Унсурӣ сабки баёни мураккаб ва пуристиораи қасидаи мадҳияро ба адабиёти форсу тоҷик татбиқ намуд.

ilmuAdabАбулҳасан Алии Фаррухӣ (вафоташ соли 1038) ва Абӯнаҷм Аҳмади Манучеҳрӣ (вафоташ соли 1041) низ аз намоёнтарин шоирони дарбори ғазнавӣ буданд.

Умуман мавзӯъҳои мадеҳавӣ ва айшӣ ба назми доираи Ғазна хос аст. Шоирони ин давра жанрҳои адабии аҳди Сомониёнро инкишоф медоданд. Онҳо махзани воситаҳои тасвири бадеии адабиёти форсу тоҷикро ғанитар гардонида, сабку санъатҳои нави шеъриро низ ба миён гузоштанд.

Нашъунамои илму фани асри Х, ки дар шароити истиқлолияти давлатӣ ба амал меомад, дар асри ХI низ давом намуд. Намояндаи барҷастаи илм ва донишманди бузурги ин давра Абӯалӣ ибни Сино буд, ки тавсифи ӯ дар фасли гузашта оварда шуд.

Дигар аз олимони маъруфи ин давра Абӯрайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Берунӣ (973–1051) мебошад. Берунӣ дар яке аз деҳоти атрофи шаҳри Хоразм таваллуд ёфтааст. Аз рӯи нақлу ривоятҳо, ӯ тамоми умри худро барои азхуд кардани дониш сарф намуда, ғайр аз ҷашнҳои Наврӯз (иди соли нав, 21 март) ва Меҳргон (иди ҳосилғундорӣ, 21 сентябр) дигар ҳама вақт машғули корҳои илмӣ будааст.

Берунӣ ба саёҳат шавқи зиёде дошт ва асосан бо мақсадҳои илмӣ мусофират менамуд. Яке аз маҳалҳое, ки ӯ то як андоза бештар истиқомат кардааст, Ҷурҷон (Гургон) ном вилояти канори баҳри Хазар мебошад. Дар вақти ба Ҷурҷон омадани ӯ Қобус ибни Вушмгир (976-1012) ҳукмрони он ҷо буд. Қобус яке аз одамони фозил, донишманди адабиёт ва ҳомии илм ҳисоб мешуд. Худи ӯ низ якчанд асар таълиф намудааст. Берунӣ дар солҳои 999– 1000 «ал-Осор-ул-боқия ан ал-қурун-ил-ҳолия» ном асари худро ба поён расонд. Ў дар ин асар тақвим ва санаҳо, инчунин ҷашнҳои суғдиён, хоразмиёни қадим, форсҳо, юнониён, яҳудиён, исавиён ва мусулмононро тасвир намудааст. Ин асар муҳимтарин сарчашмаи таърихи халқҳои Осиёи Миёна ва тамоми Шарқ мебошад.

Берунӣ дар соли 1010 аз саёҳат баргашта ба Хоразм омад. Дар ин ҷо ӯ бо бисёр олимоне, ки дар натиҷаи табаддулоти сиёсии охирҳои асри Х аз Бухоро ва соири шаҳрҳои Мовароуннаҳр ва Хуросон гурехта, ба Хоразм ҷамъ шуда буданд, мулоқот кард. Сарчашмаҳо хотирнишон мекунанд, ки хоразмшоҳ -Маъмуни Сонӣ аҳли илму фан, аз ҷумла, Беруниро ба таҳти ҳимояи худ гирифт. Вале дар соли 1017 султон Маҳмуди Ғазнавӣ пас аз забт кардани Хоразм Беруниро ҳамроҳи худ ба Ғазнин бурд. Ба ин тариқа, фаъолияти минбаъдаи илмии Берунӣ дар Ғазнин давом кард.

Берунӣ дар лашкаркашиҳои султон Маҳмуд иштирок намуд ва ҳангоми дар ҳиндустон буданаш забони санскритӣ, урфу одат ва хулқу атвори халқҳои ин мамлакатро омӯхта, пас аз бозгаштан аз мусофират «Таҳрири моли-л-ҳинд мин мақала мақбула фи-л-ақлаҳу марзула» ном асаре навишт, ки яке аз муҳимтарин сарчашмаҳои доир ба таърихи ҳиндустон ба шумор меравад.

Берунӣ доир ба масъалаҳои илми ҳайат, ҳандаса ва нуҷум ду асари машҳур дорад. Яке аз ин асарҳо дар соли 1024 дар Ғазнин ба забони арабӣ таълиф ёфта, ба Райҳона ном духтари ал-ҳасан (аз хонадони хоразмшоҳӣ) бахшида шудааст. Дигарӣ «ал-Қонун-ул-Масъудӣ фи-л-ҳайъа ва-н-нуҷум» мебошад, ки муаллиф онро дар байни солҳои 1030–1036 ба номи султон Масъуд навиштааст. Ин асар дар олами шарқ оид ба ин соҳа аввалин асари илмӣ буд, ки барои тартиб додани харитаҳои ҷуғрофӣ ҳамчун дастуре хидмат намуд.

Ғайр аз таълифоти номбаршуда Берунӣ боз чандин асари илмӣ ба вуҷуд овардааст, лекин, мутаассифона, аксарияти онҳо то давраи мо омада нарасидаанд. Олими сайёҳи асримиёнагии араб Ёқут менависад, ки ӯ дар яке аз масҷидҳои Марв дар байни вақфномаҳо рӯйхати аз 60 саҳифа фароҳамомадаи асарҳои Беруниро пайдо намудааст. «Номаи донишварон», ки дар миёнаҳои асри ХIХ дар Эрон тартиб дода шудааст, шумораи асарҳои боқимондаи ӯро 27 адад нишон медиҳад. Дар солҳои охир аз баъзе китобхонаҳои ҷаҳон асарҳои ҳанӯз номаълуми Берунӣ ёфт шудаанд.

Аҳамияти асарҳои Берунӣ бағоят бузург мебошад. Ў ба воситаи як қатор тадқиқот ва кашфиёти худ на фақат ба пешрафти илму фанни замонааш мусоидат кард, дар айни замон аз савияи дониши ондавра чунон пеш гузашт, ки аксар вақт дар асарҳои худ ба баъзе далел ва мадракҳои фанни имрӯза наздик мешавад. Чунончи, назарияи ӯ доир ба таърихи намуди сатҳи замини (ландшафти) пастии шимоли ҳиндустон ва оид ба сайри тағйироти ҷараёни дарёи Аму ба ин иддао шаҳодат медиҳад.84а

Берунӣ аз таассуби динӣ ва муносибати душманона нисбат ба маданияти мардуми ғайримусулмон тамоман дур буд. Масалан, ҳамаи асарҳои ба ҳиндустон бахшидаи ӯ аз рӯҳ ва эҳсосоти олии эҳтиром ба маданияти бузурги ҳинд саршоранд. Аз ҳамин сабаб ҳам Берунӣ дар ҳиндустон ва Покистон шӯҳрат ва маҳбубияти зиёде пайдо кардааст.

Дар нимаи аввали асри ХI таърихнависӣ ҳам тараққӣ кард. Абӯнасри Утбӣ (яке аз дарбориёни Маҳмуди Ғазнавӣ) ба номи султон «Таърихи Яминӣ»[1] ном асаре ба забони арабӣ таълиф намуд, ки он дар бораи давраи ҳукмронии Сабуктегин ва Маҳмуд бисёр маълумоти муҳимеро дар бар гирифтааст.

Яке аз муаррихони машҳури давраи Ғазнавиён Абӯсаиди Гардезӣ[2] буд. Ӯ дар байни солҳои 1048–1052 ба забони тоҷикӣ китобе бо унвони «Зайн-ул-ахбор» навиштааст.

Ниҳоят, бузургтарин муаррихи давраи Ғазнавиён — Абулфазли Байҳақӣ (995–1077) мебошад. Абулфазл муддати нуздаҳ сол дар девони расоили Ғазнавиён вазифаи мунширо адо намуда, тақрибан тамоми воқеаҳои муҳими он давраро бо чашми худ дид, пас иборат аз 30 ҷилд китобе ба забони тоҷикӣ таълиф намуд.[3] Вале аз ин китоби муҳими таърихӣ фақат якчанд ҷилди ноқис ва парокандае боқӣ мондааст, ки дар шарҳи аҳволот, салтанат ва воқеаҳои давраи султон Масъуд буда, бо номи «Таърихи Масъудӣ» ё худ «Таърихи Байҳақӣ»[4] машҳур аст. Ин ҷилдҳо танҳо камтарин қисмате аз он асари бузурги таърихии ин муаллиф ҳисоб мешаванд.

Дар давлати Қарохониҳо илму фан ва адабиёт дар ин давра хеле ақиб меравад. Чи навъе ки Муҳаммади Авфӣ дар тазкираи асри ХIII менависад, аз хонҳои қарохонӣ фақат як Қилич Тамғочхон ба тараққиёти илм ва адабиёт андаке аҳамият додааст. Бо вуҷуди ин, якчанд асарҳоеро, ки дар асри ХI дар Мовароуннаҳр ба майдон омадаанд, ном бурдан мумкин аст. Чунончи, «Таърихи мулки Туркистон»-и Маҷдуддин Муҳаммад ибни Аднон ва ғайра, ки аз онҳо ба ҷуз баъзе порчаҳои ҷудогона то давраи мо чизе омада нарасидааст.

Ба ҳар ҳол, дар ин давра адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳр ҳам баъзе шоирони боистеъдод, монанди Амъақи Бухороӣ (вафоташ соли 1149), Сӯзании Самарқандӣ (вафоташ соли 1173), Рашидии Самарқандӣ ва ғайраро ба камол расонид. Вале ин шоирон аз ҷиҳати аҳамияти эҷодиёти худ бо гузаштагонашон баробар шуда наметавонистанд.

Амъақ ва Сӯзанӣ дар сабк ва тафаккури бадеӣ аз якдигар хеле тафовут доранд. Эҷодиёти Амъақ, ки шоири дарбор аст, пур аз зарофат буда, шакли шеъриро ба авҷи такомул расонидааст. Бесабаб нест, ки донишмандони адаб ашъори ӯро дар дастурномаҳои илми баён, ҳамчун намунаи тақлид ва пайравӣ зикр кардаанд. Сӯзанӣ, баръакс, шоири берун аз дарбор, намояндаи назми доираи ҳунармандони шаҳр аст. Албатта, гоҳо ба ӯ ҳам лозим меомад, ки барои дарёфти маош қасидаҳои мадҳия гӯяд, вале ӯ беш аз ҳама бо ҳаҷвияҳои худ, ки бо забони соддаи ба сабки гуфтугӯ наздик навишта шудаанд, машҳур аст. Маром ва оҳангҳои демократии эҷодиёти ӯро шоирони давраҳои баъдина давом додаанд.

Нимаи дувуми асри ХI ва ибтидои асри ХIII дар таърихи тамаддуни халқҳои Осиёи Миёна мавқеи бузурге ишғол менамояд. Ба атрофи як марказ муттаҳид гардидани Мовароуннаҳр, Хуросон ва Тахористон, ки дар замони Салҷуқиён ба амал омад, дар шаҳрҳои Нишопур, Марв, Балх ва қисман ҳирот фаъолияти фикриро эҳё намуда, барои дар ин марказҳои нави маданӣ ҷамъ шудани аҳли илму адаб имкониятҳои фаровон муҳайё сохт.

ҳаёт ва фаъолияти адабии чунин намояндагони маъруфи адабиёти тоҷик, монанди Асадии Тӯсӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём, Фахриддини Гургонӣ, Авҳадиддини Анварӣ, Масъуди Саъди Салмон, Муиззӣ, Собири Тирмизӣ ва ғайра дар ҳамин давра ҷараён ёфтааст. Албатта, эҷодиёти ин адибон аз ҷиҳати мазмуни ғоявӣ ба як дараҷа набуда, балки дорои тафриқаҳои куллӣ мебошанд. Дар байни шоирони номбурда хусусан Носири Хисрав, Умари Хайём ва Фахриддини Гургонӣ, ки дар осори онҳо тамоили халқӣ ва тараққихоҳӣ бартарӣ пайдо кардааст, мақоми барҷастае доранд.

Носири Хусрав (1004–1080) баргузидатарини шоирони ин давра мебошад. Ў дар ноҳияи Қабодиён, воқеъ дар Тоҷикистони кунунӣ, таваллуд ёфта, баъд аз гузаронидани давраи кӯдакӣ ба таҳсили илм, хусусан ба омӯхтани адабиёт ва масъалаҳои диниву фалсафӣ шуғл варзид.

Носири Хусрав дар айёми ҷавонӣ дарбори султон Маҳмуд ва Масъуди Ғазнавиро дид ва чанд вақт дар дарбори Салҷуқиён ба сифати дабир хидмат намуда, сипас, ба мусофират баромад. Ў ҳанӯз ҳангоми ҷавонӣ ҳиндустон, навоҳии Туркистон ва Афғонистони кунуниро саёҳат намуд. Носири Хусрав бо ҳамин ният мусофират мекард, ки аҳвол ва ақидаҳои мазҳабии халқҳои гуногунро таҳқиқ намояд. Вай дар зарфи ҳафт соли мусофирати худ ҳиҷоз, Осиёи Сағир, Сурия ва Мисрро дида, бо зиндагонии мардумони он ҷо ва урфу одати онҳо шиносоӣ пайдо кард. Ниҳоят, дар Миср бо тарафдорони халифаҳои фотимӣ, сарварони тариқати исмоилӣ вохӯрда, худаш низ пайрави боғайрати ақидаи исмоилӣ гардид.[5]

Носири Хусрав пас аз бозгаштан ба Хуросон ва таваққуф кардан дар Балх ошкоро таълимоти исмоилиро таблиғ ва мардумро ба ин мазҳаб даъват намуд. Дар натиҷаи чунин фаъолияти худ ӯ ба таъқиби уламои исломӣ ва умарои салҷуқӣ дучор гардид. Вай ғайр аз ба тарзи пинҳонӣ зиндагонӣ кардан ва ба ҳолати гурезагӣ гаштан чораи дигар наёфт, аз шаҳре ба шаҳре рафта, дар ғурбат умр ба сар бурд.[6]

Чи навъе ки худи Носири Хусрав хотирнишон мекунад, ин давраи зиндагӣ барои ӯ хеле ба сахтӣ мегузашт.

Озурда кард каждуми ғурбат ҷигар маро,

Гӯӣ забун наёфт зи гетӣ магар маро.

Дар ҳоли хештан чу ҳаме жарф бингарам,

Сафро ҳамебарояд з-андӯҳ ба сар маро.

Гӯям: чаро нишонаи тири замона кард,

Чархи баланди ҷоҳили бедодгар маро?

Гар ба қиёси фазл бигаштӣ мадори даҳр,

Ҷуз бар мақарри моҳ набудӣ мақар маро.

Дониш беҳ аз зиёу беҳ аз ҷону молу мулк,

Ин хотири хатир чунин гуфт мар-маро.

Бо лашкари замонаву бо теғи тези даҳр

Дину хирад бас аст сипоҳу сипар маро.

Носири Хусрав пас аз мусофират асари машҳури таърихию ҷуғрофии худ «Сафарнома»-ро навишт[7] ва ҳам роҷеъ ба масъалаҳои ақидаи исмоилӣ рисолаҳои фалсафии «Зод-ул-мусофирин», «Ваҷҳи дин», «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн» ва соири асарҳоро таълиф намуд. Алалхусус девони шеър ва маснавиҳои «Рӯшноинома», «Саодатнома» ва ғайра қимати бузурге доранд.[8] Ў дар ашъори худ ғайр аз масъалаҳои динӣ ва фалсафӣ бисёр фикрҳои пешқадами тарбиявӣ ва ахлоқиро ҷой додааст. Дар шеърҳои ӯ, инчунин афкори инсонпарварӣ ва даҳриёна низ дида мешаванд. Носири Хусрав дар яке аз шеърҳои худ ба Худо рӯ оварда, мегӯяд:

Касе гар тухми ҷав дар кор дорад,

Зи ҷав гандум наёбад бидравидан.

Ту дар рӯзи азал оғоз кардӣ,

Уқубат дар абад боист дидан.

Ту гар хилқат намудӣ  баҳри тоат,

Чаро боист шайтон офаридан?

Сухан бисёр бошад, ҷуръатам нест,

Нафас аз тарс натвонам кашидан…

Агар мехостӣ, к-инҳо напурсам,

Маро боист ҳайвон офаридан.

Агар дар ҳашр созам бо ту даъво,

Забонро бояд аз комам кашидан…

Бифармо, то сӯи дӯзах барандам

Чӣ масриф дорад ин гуфту шунидан?..

Ту додӣ рахна дар қалби башарҳо

Фани иблисро баҳри макидан…

Агар реге ба кафши худ надорӣ

Чаро боист шайтон офаридан?…

Ба мо фармон диҳӣ андар ибодат,

Ба шайтон дар рагу ҷонҳо давидан…

Агар некам ва гар бад хилқат аз туст,

Халиқе хуб бояд офаридан.[9]

Шоир дар хусуси мардуми заҳматкаш бо ҳарорат ва самимияти тамом сухан ронда, подшоҳон, амалдорон, шайхони риёкор, хусусан шоирони маддоҳи ҳарисро сахт маломат кардааст.

Носири Хусрав то охири умри худ аз таъқиб халос нашуд. Пас аз он ки ӯ ба тарзи пинҳонӣ чанд гоҳ дар Хуросон, Табаристон ва Мозандарон иқомат кард, ба Бадахшон азимат намуда, дар Юмгон ном деҳаи кӯҳистонии он ҷо паноҳ бурд ва бақияи ҳаёти худро дар гӯшанишинӣ гузаронид.

Умари Хайём (1048–1131) дар Нишопур таваллуд ёфта, дар ҳамон ҷо таҳсили худро ба итмом расонид ва яке аз бузургтарин олимони асри ХI гардид. Ў дар аксари илмҳои замони худ, махсусан дар ҳайъат, риёзиёт ва фалсафа маҳорати зиёд пайдо кард ва доир ба ин соҳаҳо як қатор асарҳои илмӣ аз худ боқӣ гузошт. Вай дар аҳди Маликшоҳи Салҷуқӣ ҳамроҳи мунаҷҷимони вақт ба кори ислоҳоти тақвим сардорӣ намуд.

Шоири барҷастаи Шарқ Умари Хайём, алалхусус бо рубоиёти худ шӯҳрат пайдо кардааст. Миқдори рубоиҳои ӯ зиёд нест, аммо аҳамияти онҳо, чи аз нуқтаи назари адабӣ ва чи аз ҷиҳати мазмуни фалсафӣ, хеле бузург аст. Маҳорати адабӣ, муҳокимаи файласуфона ва майли ба ҳақиқати ҳаёт материалистона наздик шудани Хайём натиҷае дод, ки рубоиёти ӯ то кунун аз гаронбаҳотарин дурдонаҳои адабиёти ҷаҳонӣ ба шумор мераванд.

Ин аст яке аз рубоиёте, ки зодаи табъи ин шоири заковатманд мебошад:

Гар бар фалакам даст будӣ чун Яздон,

Бардоштаме ман ин фалакро зи миён.

В-аз нав фалаке дигар чунон сохтаме,

К-озода ба коми дил расидӣ осон.[10]

Дар рубоиёти Умари Хайём одами сарбаланди озодманише тасвир ёфтааст, ки на аз эътибори ҳукмдорони замон ва на аз ҳарзаҳои динӣ дар бораи охират андеша надорад.

Дар байни шоирони асри ХI аз ҷиҳати қувваи ифодаи кайфияти доираҳои шаҳр ва танқиди феодалон мавқеи махсусро Фахриддини Гургонӣ ишғол менамояд. Дар достони романтикии «Вис ва Ромин», ки дар қарибиҳои соли 1055 таълиф ёфта, ривояти қадимаи ошиқонаи паҳлавии портҳоро нақл менамояд, ҳаҷву тамасхури тундутези хулқу атвори подшоҳон ва дарбориёни онҳо нуҳуфтааст.[11] Дар интиҳои достон манзараи утопияи сотсиалӣ аз лиҳози тасаввуроти шаҳриёни онвақта тасвир карда мешавад.[12]

Абӯнаср Асадии Тӯсӣ (ваф. 1070) ба назираи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ «Гаршоспнома»-ро таълиф кард. «Гаршоспнома» яке аз достонҳои қадимаи халқҳои эронинажод аст.

Асадӣ дар адабиёти тоҷику форс аввалин касест, ки шакли мунозираро эҷод кардааст. Ў дар ин бобат панҷ асар навишта, дар онҳо замину осмон, шабу рӯз, найзаву камон, муғу мусулмон, арабу форсро бо ҳамдигар мунозира кунонидааст. Илова бар ин, Асадӣ луғате ҳам тартиб додааст, ки аз осори тақрибан ҳаштод нафар шоирони он замон намунаҳо оварда шудаанд. ҳоло аҳамияти таърихии ин луғат хеле бузург аст: вай намунаи бисёр асарҳои азбайнрафтаи шоирони он замон ва гузашта, аз ҷумла, порчаҳои «Калила ва Димна»-и манзуми Рӯдакиро дар бар дорад.

Масъуди Саъди Салмон (1046–1121) шоири дарбори Ғазнавиёни охир буд. Ў қисми зиёди умри худро дар Лоҳур, шимоли ҳиндустон, гузаронид. Ба ин тариқа, вай яке аз аввалин намояндагони адабиёти форсу тоҷик дар ҳиндус-тон ба шумор меравад, ки баъдтар дар ин ҷо назм ба забони форсӣ хеле ривоҷ ва интишор ёфт. Ў дар натиҷаи бӯҳтони душманони худ чандин мартаба ба зиндони султонҳо афтода, умуман, бештар аз 18 соли умраш дар маҳбусӣ гузаштааст.

Масъуди Саъди Салмон дар эҷодиёти худ ба эҳё кардани анъанаи мадҳу ситоиши иқтидори Ғазнавиён саъй намуда, ҳатто дар шеърҳояш аз Унсурӣ – маликушшуарои султон Маҳмуд иқтибосҳо меовард. Вале ӯ мадҳияҳои худро ба забони соддаву фасеҳ офарида, онҳоро бо панду ҳикмат, андешаҳои фалсафӣ ва тасвири лавҳаҳои зебои зиндагӣ оро медиҳад.

Шоир дар солҳои маҳбусӣ марсияҳои пурсӯзу гудози «ҳабсия» эҷод намуда, аҳволи тоқатшикани худро баён менамояд ва аз беадолатиҳои замона забони шикоят мекушояд. Тақдири ин шоири боистеъдод хеле фоҷиаангез аст. ҳам ҳаёт ва ҳам эҷодиёташ таҳти фишори шиканҷаҳои истибдоди феодалӣ қарор гирифтаанд.

Амир Муҳаммади Муиззӣ (ваф. қарибиҳои соли 1140) аслан аз Нишопур мебошад. Аксари асарҳои ӯро қасидаҳои мадҳия ташкил мекунанд, ки ба Маликшоҳ ва султон Санҷари Салҷуқӣ бахшида шудаанд. Ў дар вақти ҳукмронии султон Санҷар ба мартабаи баланди шоири дарбор расида, ба унвони «Маликушшуаро» сарфароз гардид.

Адиб Собири Тирмизӣ шоири ғазалсарои хуштабъе буд. Вай иҷборан ба хизмати султон Санҷари Салҷуқӣ кашида шуда, ҳаргуна супоришоти ӯро адо мекард. Рӯзе султон Санҷар бо коре ӯро ба Хоразм фиристод. Дар он ҷо бо фармони Отсизи Хоразмшоҳ вайро дастгир карда, ба ҷосусии Салҷуқиён айбдор намуданд ва дар соли 1151 ба дарёи Аму ғарқ кунониданд.

Адиб Собири Тирмизӣ девони қасоид ва ғазалиёт дорад.

Авҳадиддини Анварӣ (1126–1190) дар деҳаи Бадна, наздикии Майхона, воқеъ дар шимоли Хуросон, таваллуд ёфтааст. Ў ҳам монанди бисёр шоирони пешина дар овони ҷавонӣ тамоми илмҳои замонашро азхуд менамояд ва дар  шоирӣ ном бароварда, ба дарбори султон Санҷари Салҷуқӣ даъват мешавад. Анварӣ қасидаҳои зиёде офаридааст, ки қариб ҳамаи онҳо ба султони Салҷуқӣ бахшида шудаанд. Бар тибқи ақидаи аксари адабиётшиносон жанри қасида тавассути эҷодиёти Анварӣ ба дараҷаи баланди камолоти худ мерасад. Қасидаҳои бо маҳорати фавқулодда эҷодкардаи ӯ аз тағаззулоти ишқӣ, тафаккуроти фалсафӣ, тавсифоти олӣ ва дар баробари ин аз мадҳу санои султон Санҷар фароҳам омадаанд. Яке аз қасидаҳои машҳури ӯ, ки аз тарафи ғузҳо хароб гардидани Хоразмро тасвир мекунад, бо эҳсосоти самимонаи ватанпарварӣ фаро гирифта шудааст. Ғазалҳои Анварӣ ба лирикаи халқӣ ҳамоҳанг аст.

Анварӣ дар солҳои охири ҳаёти худ бемазмунӣ ва фасодии назми дарбориро фаҳмида, аз ин муҳит худро канор мекашад ва шеърҳое меофарад, ки ба муқобили мадҳиясароӣ нигаронида шудаанд.

Дар баробари пешрафти назм дар адабиёти классикии форсу тоҷик беҳтарин намунаҳои асарҳои насрӣ низ ба вуҷуд меоянд. Чунончи, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ, «ҳадоиқ-ус-сеҳр»-и Рашидаддини Ватвот, «Синдбоднома»-и Заҳирии Самарқандӣ ва «Мақомоти ҳамидӣ»-и ҳамидаддини Балхӣ аз ҳамин қабил асарҳо ба шумор мераванд.

«Сиёсатнома» сарчашмаи хеле муҳими таърихист, ки муаллифи он тартиби идораи давраи Салҷуқиёнро аз мавқеи тарафдори давлати марказиятноки феодалӣ танқид кардааст. Пас аз фавти Низомулмулк «Сиёсатнома» аз нав таҳрир ёфта, ба матни он иловаҳо дохил шуда буд. Бо вуҷуди ин, асари мазкур дар ҳамон шакле, ки то замони мо расидааст, осори хеле пурарзиши насри охири асри ХI ба шумор меравад. Забони он содда ва равон аст.

«Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзӣ дар таҳқиқи ҳаёти маданӣ ва адабии асри муаллиф ва давраҳои пеш аз он сарчашмаи гаронбаҳоест. Фаслҳои асосии «мусоҳиботи» он ба тавсифи пешаҳои табиб, мунаҷҷим, шоир ва муншии дарбор бахшида шудаанд. Дар ҳар фасл яке аз ин пешаҳоро тавсиф намуда, доир ба намояндагони баргузидаи ин пеша даҳ ҳикоя ба тариқи мисол нақл карда мешавад. Ин китоб бештар аз ҳар гуна сарчашмаҳои дигар дар бораи шароити зиндагии ходимони маданияти он замон маълумот медиҳад. Хусусан ҳамон фасле, ки ба шоирон ва аҳволи бади онҳо дар давлати феодалӣ бахшида шудааст, қимати зиёде дорад.

«ҳадоиқ-ус-сеҳр»-и Рашидаддини Ватвот асарест, ки шаклҳои шеъри онвақта, алалхусус образҳо ва санъатҳои шеъриро дақиқона тадқиқ ва тавзеҳ намуда, фикру мулоҳизаҳои хеле муҳими эстетикиро дар бар гирифтааст.

«Синбоднома»[13]Заҳирии Самарқандӣ дар яке мавзӯъҳои маъмули қиссаҳои ахлоқии адабиёти Шарқ, ки аз макри зан баҳс мекунад, навишта шудааст. Тариқи нақли қисса дар қисса ба муаллиф имконият додааст, ки бисёр ҳикоятҳои тамсилиро ба сюжети асар дохил намояд. Дар ин ҳикоятҳо ба шакли ҷолибе моҳияти «илми идораи мамлакат» баён карда мешавад. Дар аксари онҳо сарзаниши ҳокимон ва истеҳзои нешдори хулқу атвори онон ба тариқи пардапӯш баён ёфтааст.

Китоби «Мақомоти ҳамидӣ» ба шакли насри мусаҷҷаъ навишта шуда, аз 24 мақоми шавқангез иборат мебошад, ки ин мақомҳо аз маҷмӯи масал, муаммо, ҳикам ва ҳикоятҳои ибратомӯз фароҳам омадаанд.

Дар ин давра дар қатори адибони бузург хеле намояндагони барҷастаи илму фан ҳам ба камол расида, ҳар яке дар тараққиёти фикрӣ хидматҳои муайяне ба ҷо оварданд.

Имом Фахриддин Муҳаммад ибни Умари Розӣ (1148–1210) дар ҳирот иқомат намуда, ба фаъолияти мударрисӣ ва воизӣ машғул будааст. Ў доир ба тиб, ҳайъат ва риёзиёт асарҳои зиёде таълиф намудааст.

Абулқосим Маҳмуд Замахшарии Хоразмӣ (1074–1143) яке аз муҳаққиқони маъруфи соҳаи луғат ва сарфу наҳви арабӣ буда, фарҳанги арабӣ-форсӣ ба қалами ӯ тааллуқ дорад.

Абӯбакр Абдулқоҳир ибни Абдурраҳмони Ҷурҷонӣ (ваф. соли 1108) аз донишмандони сарфу наҳв буда, дар ин соҳа «Китоби авомил»-ро таълиф кардааст.

Зайниддин Исмоили Ҷурҷонӣ (вафоташ дар байни солҳои 1135 ва 1137) бо даъвати Қутбиддин Муҳаммад Ибни Ануштегин ба Хоразм омад ва соли 1110 дар он ҷо ба забони тоҷикӣ «Захираи Хоразмшоҳӣ» ном асаре навишт. Ин асар ба «Қонун»-и Ибни Сино асос ёфта, аз даҳ китоб иборат аст, ки дар бобати татбиқи тиб, анатомия, сабаб ва аломатҳои касалӣ, ҳифзуссиҳа, ташхиси беморӣ ва пешбинии ҷараёни он, усулҳои табобат, заҳру подзаҳр ва дорушиносӣ баҳс мекунад. «Захираи Хоразмшоҳӣ» ба забонҳои яҳудии қадим, туркӣ  ва урду тарҷума шудааст.

84а Ниг.: Берунӣ, 1950; Берунӣ, 1957; 1963

[1] Маънои луuавии калимаи «ямин» дасти рост аст. Яке аз лаrабҳои султон Маҳмуд «ямин-уд-давла» буд. Маънои «ямин-уд-давла» rудрат ва rуввати давлат ё «дасти рости давлат» мешавад

[2] Гардез – номи ҷоест, ки дар масофати якрӯза роҳ дуртар аз Uазна, дар rадди роҳи {индустон воrеъ шудааст.

[3] Дар сарчашмаҳо бо номҳои гуногун зикр мешавад.

[4] Тарҷумаи русии он: Абулфазл Бейҳаrӣ, 1962, 1969

[5] Фарзе ҳаст, ки гӯё Носир то ба Миср рафтани худ ба таври махфӣ пайравии исмоилиҳоро rабул карда будааст.

[6] Дар бораи ҳаёти Носири Хисрав ниг.: Бертельс А.Е., 1959. Инчунин ниг. Носир Хисроу, 1954; Носири Хисрав, 1957; Насир-и Хусрау, 1935; Насир-и Хусрау, Сафар-наме; Ашуров U., 1965

[7] Ниг.: Насир-и Хусрау. Сафар-наме;

[8] Тахмин мекунанд, ки «Саодатнома» ба rалами ӯ тааллуr надорад, балки моли муаллифи дигар аст, ки вай ҳам Носири Хисрав ном дошта, дар асри ХIV дар Исфаҳон умр ба сар бурдааст.

[9] Хисрав Н., 1957, с. 40-45.

[10] Умари Хайём, 1963.

[11] Бертельс Е. Э., 1960, с. 284–285.

[12] Фахриддини Гургонӣ, 1963. Муrаддима.

[13] Заҳирии Самарrандӣ, 1960

Назди admin

Инчунин хонед инро

saforiyon

ШӮРИШИ САНҶАР

Шӯриши Санҷар. Истилои давлати қарохонӣ аз тарафи Муҳаммади Хоразмшоҳ Чунон ки қайд карда шуд, ҳанӯз …

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован.