АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / ИНДОВ (ИНДАВ) дар Канзи Шифо (Китоб)
Индов (индав)

ИНДОВ (ИНДАВ) дар Канзи Шифо (Китоб)

Индав ё худ Индов — ин растанӣ навъҳои саҳроӣ ва бӯстонӣ дорад. Инро пештар тоҷикон дар аксар ноҳияҳо кишт мекарданд ва аз тухмаш равғани қиматбаҳо мекашиданд. Алҳол фақат дар баъзе ҷойҳо мекоранд ва аз он равған ҳосил мекунанд. Мнзоҷи индови саҳроӣ дар дараҷаи севум гарм ва дар дувум хушк аст; мизоҷи бӯстониаш дар дараҷаи дувум гарм ва дар якум хушқ аст.

Хислатҳои шифобахши гиёҳи он: хӯрдани гиёҳи индов гиреҳи ҷигар ва сипурзро мекушояд, дарунро пок мекунад, пешобро меронад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, манӣ ҳосил мекунад, барои мубошарат қуввати ҳаракат мебахшад, бодҳои баданро таҳлил медиҳад, таомро ҳазм мегардонад. Агар инро кӯфта, бо заҳраи гов хамир карда гузошта банданд, доғи захмро аз пӯст пок мекуиад. Агар онро ба дили наҳор бихӯранд, бадбӯии зери бағалро дафъ мекунад.

Яке аз хислатҳои он чунин аст, ки оби гиёҳи тари инро гирифта, бо он дарахти анори туршро об диҳанд, минбаъд анораш ширин мегардад. Агар нахӯди хушкро як шабонарӯз дар он тар карда, баъд бихӯранд, оби маниро тавлид мекунад. Вале хӯрдани индови саҳроӣ бинобар гарм будани мизоҷаш дарди сар мекунад, сарро чарх мезанонад, чашмро мекашад ва торик мекунад. Дар ин ҳолат коснӣ, сирко, чилмангӯштак (семизут) бихӯранд, зарараш ислоҳ мегардад.

Индови саҳроӣ дар равон кардани пешоб ва барангехтани боҳ, инчунин дар боби ба ҳаракат овардани олати мардӣ назар ба индови бӯстонӣ қавитар аст. Инчунин шифоияти тухмаш аз барги он зиёдтар ва қавитар аст. Агар тухмашро бо оби гарм биёшоманд, балғамро бо қай дафъ мекунад; бо зардии тухми мурғи нимпухта бихӯранд, боҳ ва олати мардиро ба ҳаракат меоварад ва баданро фарбеҳ мекунад.

Онро кӯфта, ба доғҳои кунҷидак гузошта банданд, онҳоро аз пӯсти рӯй пок месозад; бо асал хамир карда гузошта банданд, доғи сафеди пӯст ва нуқтаҳои сафеди пӯстро дафъ мекунад; бо заҳраи гов хамир карда гузошта банданд, нохуни тарқидаро ислоҳ менамояд. Вале агар инро бисёр хӯранд, хунро ба ҷӯш меоварад ва моддаҳои нодаркорро ба узвҳои заифшуда мерезонад. Дар ин ҳолат шири тоза дӯшидаро биёшоманд, безарар мегардад.

Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз индови бӯстонӣ то 17-18 грамм ва аз саҳроии он то 10-11 грамм аст. Ранги тухми индови бӯстонӣ, ки зироат мекунанд, зарди тиратоб, яъне ҷигарӣ аст, бинобар ин онро индови сиёҳ меноманд. Таъмаш талх. Мизоҷи тухми индови бӯстонӣ дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши тухми индов: 10,5 грамм тухми онро кӯфта, бо оби гарм биёшоманд, қулинҷ (колит)-ро дафь мекунад, бодҳоро пароканда мегардонад, узвҳои даруни сина ва шушро аз моддаҳои нодаркори зарарнок пок месозад; барои дамкӯтаҳӣ, равон намудани ҳайз, газидани ҷонварони заҳрнок, гарм гардонидани меъда ва ҷигари сард, барангехтани иштиҳои таом ва қуввати пушти камар, хориҷ гардонидани ҳамаи кирмҳои шикам, берун  овардани ҳамроҳаки (ёраки) тифл ҳангоми зоидани занҳо аз шиками ҳомила даво мешавад; бачаро дар шиками ҳомила мекушад ва берун меоварад.

Ҳар рӯз 18 грамм тухми онро бо оби гарм, набот ва равғани кунҷид биёшоманд, қулинҷро ба зудӣ дафъ мекунад. Тухми индовро кӯфта, бо асал сиришта лесида бихӯранд, иллатҳои дамкӯтаҳӣ, сурфа ва дарди паҳлуро, ки аз ҷамъ шудани моддаи ғализ (ғафс) ба амал омада бошад, шифо мебахшад; агар инро бо зардии тухми мурғи нимпухта ва асал даромехта бихӯранд, барои дарди узвҳои даруни сина, даридан ва чок шудани мушакҳо даво мешавад; инчунин моддаҳоеро, ки аз зарба расидан ба даруни сина рехта бошанд, пок месозад, яъне дафъ мекунад: бо тухми мурғи нимпухта бихӯранд, боҳро бағоят қувват мебахшад, ҳоли бади даруни синаро ба ислоҳ меоварад ва узвҳои шикастаро пайваст мегардонад. Агар ҳар рӯз 7 грамм тухми индовро бо шири буз то даҳ рӯз биёшоманд, ба шарте ки ғизоро бағоят кам хӯранд, доғи песро аз пӯсти бадан дафъ мекунад.

Тухми индовро дар зарфе то бӯяш баромадан битафсонанду баъд бихӯранд, исҳоли балғамӣ ва харошида шудани рӯдаҳоро ба ибро меоварад. Вале хӯрдани тухми индови зироатӣ ба гурда зарар дорад. Дар ин маврид шакар, набот ва бодиринг бихӯранд, зарараш ислоҳ меёбад. Миқдори як бор дар як рӯз хӯрдан аз тухми индови зироатӣ то 15 грамм аст.

Агар ин тухми индовро кӯфта, бо асал хамир карда гузошта банданд, варами сипурзро ба зудӣ таҳлил медиҳад; решҳои рутубаташон асалмонанди сар, шукуфаи пӯст, кӯтури решгашта ва газидани ҷонварони заҳрнокро даво мешавад; намегузорад, ки мӯй бирезад; дардҳои сар ва суринро дафъ мекунад. Тухми онро кӯфта, бо орди ҷав даромехта, бо сирко хамир сохта гузошта банданд, ирқуннасо (радикулит), варамҳои гарм ва сӯхтагии оташро ба ибро меоварад; бо об ва намак хамир карда гузошта банданд, пучакҳоро мепазонад.

Баргашро кӯфта муттасил гузошта банданд ҳам, пучакҳоро мепазонад, вале ин назар ба андозаи тухмаш заифтар аст. Шустани сар бо оби барги он чирк ва рутубати часпаки сарро дафъ мекунад, инчунин рехтани мӯйро манъ менамояд. Агар онро бимоланд, доғи сафеди пӯст ва песро нафъ дорад. Кӯфтаи барги онро бо хуни фароштурук сиришта бимоланд, доғи сафеди пӯст ва дигар доғҳоро нест мегардонад; бо асал хамир карда бимоланд, нуқтаҳои сафедро аз пӯсти бадан дафъ менамояд; бо собун хамир карда бимоланд, низ нуқтаҳои сафедро аз пӯст пок мекунад; бо зифт (қатрон) сиришта бимоланд, дарди сари кӯҳнаро шифо мебахшад; бо кӯфтаи барги ғор (лавровый лист) сиришта бимоланд, дарди қисмҳои поёнии бадан ва дарди камарро ба ибро меоварад, дубайларо (кӯряраро) мекафонад. Агар инро дар об ҷӯшонида, бо он об нимгарм ҳуқна (клизма) кунанд, захми рӯдаҳоро сиҳат мебахшад, дарди суринро таскин медиҳад, исҳолро мебандад, сустии мақъадро дафъ месозад. Инро сӯхта, ба дудаш бавосирро бидоранд, нафъ дорад. Аз дуди ин ҷонварони зарарнок мегурезанд.

Назди admin

Инчунин хонед инро

siresh-daraxt

Сиреши саҳроӣ чист ва барои чи лозим?

Сиреши саҳроӣ —   Ин гиёҳ монанди сиреши кӯҳӣ, вале баргаш аз барги он хурдтар, пояаш …