АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Исфанох барои чи манфиат дорад

Исфанох барои чи манфиат дорад

Исфанох — Ин гиёҳро дар як қатор маҳалҳои тоҷикон испаноғ,  исфаноҷ ё испаноқ низ меноманд. Ин расгании баҳорӣ мебошад, бисёр нозук аст. Ба руссӣ онро Шпинат меноманд.

Ин растанӣ ҳам навъи бӯстонӣ дорад ва ҳам саҳроӣ. Дар тиб қисми бӯстонии он истифода мешавад, ки мехӯранд. Беҳтарини он тару тоза ва боронрасидаи он аст.  Мизоҷаш дар дараҷаи дувум сард ва тар аст.

isfanoq

  Хислатҳои шифобахши он: бинобар қуввати поккунанда ва шустушӯдиҳандагӣ доштанаш, агар инро бихӯранд, дарунро мулоим мекунад. Хусусияти ғизогиаш: хушҳазм, бодаш камтар аст назар ба сабзаҳои дигар. Агар инро бо мудовамат бихӯранд, барои тафси меъда, ташнагӣ, табҳои гарм, бемориҳои узвҳои даруни сина ва дарди шуш, ки аз гармӣ бошад,  сил ва барои дарди миён, ки аз бисёрии хун бошад, даво мешавад. Агар инро бо боқило пухта бихӯранд, назлаҳои гармӣ аз сар фурояндаро қатъ мекунад. (Назлаи гарм он аст, ки ҳангоми дар бинӣ фуромаданаш сӯзиш дар сурохи бинӣ ба амал меоварад).

  Бо оби гиёҳи тару тозаи он ғаргара кунанд, дарди гулӯ ва забончаи ҳалқумро шифо мебахшад.

  Оби гиёҳи тари онро бо шакар ширин карда бинӯшанд, дарди гулӯ ва забончаи ҳалқум, зардпарвин, душвор шошидан, инчунин сӯзиши пешобро, ки сӯзок меноманд, шифо мебахшад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад.

  Агар инро пухта гузошта банданд, дарди буғумҳо ва варамҳоро , ки аз гармӣ бошанд, инчунин банд шудани пешобро, ки сабабаш зиёд гаштани моддаҳои гарммизоҷ бошад, дафъ менамояд. Ва агар нопухта гузошта банданд, варамҳои гарми хунӣ ва газидани занбӯрро даво мешавад, пучак ва чиртакҳоро мекафонад.

  Вале ин гиёҳро аз ҳад бисёр бихӯранд, ба одамони хунукмизоҷ зарар дорад, дарди сар меоварад. Дар ин маврид онро бо равғани бодоми ширин ё бо маскаи нави гов пухта, бо дорчинӣ ва мурч бихӯранд, зиёнаш ислоҳ меёбад.

  Миқдори як бор нӯшидан аз оби исфанохи тару тоза дар як рӯз то 9 грамм аст. Ба ҷойи ин чилмангӯштак (семизут)-ро истеъмол намоянд, раво мебошад.

  Тухмашро бихӯранд, барои дарди дил, дарди узвҳои даруни сина ва шикам, табҳои гарм; шираи тухмаш барои табҳои диқ (лоғаркунанда) ва сил давои хубест.

  Ин тухмашро пухта ба варамҳои гарм гузошта банданд, дарди онҳоро таскин медиҳад ва инчунин варамҳои сахтро таҳлил медиҳад — дар ин бобат давои бисёр хубест.

  Миқдори як бор хӯрдан аз тухмаш дар як рӯз то 7 грамм аст,

  Ногуфта намонад, ки исфанохро пухта, бо равғани бодоми ширин ё бо маскаи нави гов хӯриш дода бихӯранд, барои дарди сар, ҷингак шудани узвҳо аз хушкӣ, варамҳои шадиди сар ва агар бо гӯштҳои сара пухта бихӯранд, барои молихулиё, девонагӣ, девонаи беқарор, ки ин бемориҳо аз бисёр шудани модцаи савдо омехта бо сафро ҳодис шуда бошанд; бо почаи барра ё бо почаи бузғола пухта бихӯранд, барои чарх задани сар ва сиёҳ задани чашм, ки аз гармӣ ҳодис гашта бошанд; инчунин барои гулӯгиршавӣ, бемориҳои узвҳои даруни сина ва шуш, сил ва сурфа дору мешавад. Инро бо оши ҷав ё моши кӯфтагӣ пухта бихӯранд, барои варам ва дарди пардаҳои даруни сина, банд шудани пешоб, сӯзок, табҳои гарм ва иллати хӯра доруи хубе мебошад.

  Хӯра ин реш ва захмест, ки дар ҳар узве пайдо шавад, атрофи худро хӯрда, ба рим табдил медиҳад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

bouna

Бобуна чиро табобат мекунад?

Бобуна (русс. ромашка) —   Гули ин дар сохт ба гули бобунаи говчашм монанд аст, вале …