МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / ИСКАНДАРИ МАҚДУНӢ ДАР ОСИЁИ МИЁНА

ИСКАНДАРИ МАҚДУНӢ ДАР ОСИЁИ МИЁНА

Тараққии Мақдуния

Дар аҳди салтанати Файлақуси II (359–336 пеш аз милод) иқтидори Мақдуния афзуда, марказиятнокӣ ва иттиҳоди он устувор мегардад, ки дар ин бобат барҳам додани майлҳои ҷудоихоҳии аъёну ашрофи мақдунӣ роли муҳим бозид. Файлақус дар ташкили қӯшун ҳам дигаргунӣ ба амал овард. Аз ҷумла, дар қӯшуни пиёдагард воҳидҳои ҷудогона – сафҳои зичро ҷорӣ кард. Хусусан кор карда баромадани усулҳои нави тактикӣ, ба ҳам алоқаманд намудани амалиёти навъҳои гуногуни қӯшун аҳамияти калон дошт. Ба Файлақус муяссар гардид, ки қисмати муҳими Юнонро ба таҳти тасарруфи худ дароварад. Соли 337 дар конгресси Коринф мавқеи ҳукмронии Мақдуния бар Юнон эътибори расмӣ пайдо намуд. ҳамон вақт ҷанги муқобили Форс эълон карда шуд. Соли 336 қӯшуни даҳҳазорнафараи Файлақус дар Осиёи Хурд ба муҳорибаи зидди форсҳо шурӯъ кард. Вале дар ҳамин вақт Файлақус аз дасти посбони шахсии худ кушта шуд.

Писари бистсолаи ӯ Искандар ба сари ҳокимият омад, ки дар таърих бо номи Искандари Мақдунӣ ва дар ривоятҳои мардуми шарқ Искандари Зулқарнайн шӯҳрат ёфтааст. Пас аз ҳалокати Файлақус шаҳрҳои юнонӣ хостанд дубора истиқлолияти худро соҳиб шаванд. Аммо Искандар ба зудӣ ин фикру хаёлро аз сари онҳо дур андохт. Маълум шуд, ки вай дар ҳокимият аз падараш ҳам бераҳмтар будааст. Дере нагузашта Искандар тамоми душманони худро ба сари итоат овард. Энгелс қайд мекунад, ки «Файлақус ва Искандар ба нимҷазираи Эллин ваҳдати сиёсӣ бахшиданд»…[1]

iskandari_zulqarnay

Искандар ба ҷанги зидди давлати ҳахоманишӣ тайёрии зӯр медид. Вай ҳам мисли падараш ба ташкил ва такмили қӯшун, хусусан аскарони савора бисёр аҳамият медод. Қӯшуни пиёдагарди зичсафи машҳури юнонӣ-мақдунӣ ҳам бо найзаҳои тезпайкон ва сипарҳои тирногузари худ мисли сангпушти зиреҳпӯши теғдор қувваи ҳамлаовари даҳшатангезе ба шумор мерафт. Ҷиҳати заифи он сустҳаракатӣ буд. Дар муҳорибаҳои Осиё қӯшунҳои пиёдагарди сабукбор ва тезрафтор роли калон мебозид. Ин қӯшун дорои манҷаниқҳои мукаммал, василаҳои хуби алоқа ва таъминот буд.

Шикасти давлати ҳахоманишӣ

Искандар ба тавассути хабарҳое, ки аз Форс мерасид, аз вазъияти ноустувори давлати ҳахоманишӣ ба хубӣ огоҳ гардида буд.[2]

Подшоҳи ҳахоманишӣ Ардашери II Мнемон 115 писар дошт. Пас аз фавти ӯ дар соли 358[3] пеш аз милод яке аз писаронаш, ки бо номи Ардашери III Ох машҳур аст, ба тахт нишаст. Ох, ки ҳанӯз дар вақти зиндагии падараш бо макру фиреб бародаронашро нобуд сохта буд, баробари нишастан ба тахти салтанат тамоми хешовандони худро сарфи назар аз синну ҷинс ба қатл расонид ва бо ҳамин дар таърих ҳамчун хунхортарин подшоҳи ҳахоманишӣ ном баровард.

Солҳои аввали ҳукмронии ӯ бо ҷангҳои муттасили Осиёи Хурд гузашт. Сипас, ҷанги тӯлонӣ ва хунрезонаи Миср, ки аз итоати давлати ҳахоманишӣ сар кашида буд, оғоз ёфт. Агарчанде ин ҷанг дар соли 341 пеш аз милод тамом шуд, Мисри Поён (ҳамчунин Финиқия ва Кипр) ба тасарруфи империяи ҳахоманишӣ даромад, дар натиҷаи ҷангҳои пурдавом худи империя хеле заиф ва хароб гардид. Ардашери III ба мақсади як дараҷа таъмин кардани саботи давлат ба сатрапҳои Осиёи Хурд нигоҳ доштани қӯшуни кирояро манъ намуд. Ин тадбири муҳим буд, вале дар сари вақт ба амал наомад. Соли 338 Ардашери III Ох бо амри хоҷасарой Боҳуй, ки он вақтҳо нуфузи хеле калон дошт, аз тарафи табиби худ заҳр дода кушта шуд[4].

Бесарусомоние, ки пас аз марги Ардашери III дар хонадони подшоҳӣ ҳукмфармо гардид, умеди душманони юнонии ҳахоманишиҳоро қавитар намуд. Подшоҳи нави ҳахоманишӣ Арсас бозичаи дасти дарбориён гардида буд, ки ба онҳо Боҳуй сардорӣ мекард. Вақте ки Арсас раъйи худро гузарониданӣ шуд, хоҷасарои тавоно фармуд, ки ӯро низ заҳр дода нобуд созанд (Арсас камтар аз ду сол ҳукмронӣ кард); писарони ӯро ҳам ба қатл расониданд. Чун аз хонадони аслии ҳахоманишиҳо касе ҷон ба саломат набурда буд, хоҷасарои «подшоҳнишон» яке аз хешовандони дури Арсасро, ки ба таърих бо номи Дорои III Кудумон дохил шудааст, ба сари салтанат овард. Дере нагузашта Боҳуй хост ин дастнишондаи худро ҳам ба ҳалокат расонад, вале подшоҳ аз қасди ӯ пай бурда, бо зӯр косаи заҳрро ба худаш нӯшонид.

Scythia-Parthia_100_BCНизоъҳои дохили салтанатӣ ва табаддулотҳои дарборӣ ҳокимияти марказии давлати ҳахоманиширо бениҳоят суст карда, кӯшишҳои ҷудоихоҳии табақаи ҳукмрони музофотҳоро беш аз пеш қувват дод. Тараққии иқтисодии вилоятҳои ҷудогона, ки ба ҳайъати давлати ҳахоманишӣ дохил карда шуда буданд, ба чунин майлҳои истиқлолхоҳӣ мусоидат менамуд. ҳарчанд ки дар бораи сиёсати иҷтимоии давраҳои охири мавҷудияти ҳахоманишиҳо маълумоти бевосита мавҷуд нест, нуфузи мутлақи аъёну ашрофи онвақтаро метавон яқинан тасаввур намуд. Сиёсати мувозанаи иҷтимоӣ, ки Дорои I эълон карда ва наздиктарин ворисони ӯ идома медоданд, дар вақтҳои охир дур партофта шуд. Базаи иҷтимоии ин сулола ниҳоятдараҷа маҳдуд гардид. Оммаи халқ бар зидди зулму тааддии ҳахоманишиҳо беист мубориза мебурданд; муттасил шӯру ошӯбҳо ба амал меомаданд.

Мана дар чунин як вазъият байни давлатҳои Юнони мақдунӣ ва ҳахоманишиҳо ҷанг сар шуд. Аз сар шудани амалиёти ҷанг дере нагузашта дар муҳорибаҳои назди наҳри Граник (маи с.334 пеш аз милод) ва шаҳри Иеса (тирамоҳи с.333 пеш аз милод) қӯшуни ҳахоманишиҳо ба зарбаи сахт дучор гардид ва Искандари Мақдунӣ Осиёи Хурд, Сурия, Фаластин, Финиқия ва Мисрро забт кард. Баҳори соли 331 лашкари юнону мақдунӣ ба қисмати марказии империяи ҳахоманишӣ ҳаракат намуд.

1 октябри соли 331 пеш аз милод дар назди Гавгамела ном деҳаи шимоли шарқии Байнаннаҳрайн муҳорибаи шадиде рӯй дода, қӯшуни ҳахоманишӣ тамоман торумор гардид. Дорои III гурехт. Лашкари юнону мақдунӣ дар маркази давлати ҳахоманишӣ ғолибона роҳпаймоӣ карда, сипас, тақрибан бе ҳеҷ муқобилат Бобул, Шуш, Истахр ва Экботанро ишғол намуд ва ғанимати беҳадду ҳисобе ба даст даровард.

Ҷанг бо ғалабаи комили Искандар анҷом ёфт, вале ӯ ба ин қаноат накарда, аз паи дастгир кардани Дорои III афтод. Лашкари юнону мақдунӣ подшоҳи ҳахоманиширо, ки ба самти шимолу шарқ фирор мекард, таъқиб намуд. Дар ҳамин вақт аъёну ашрофи бо Дорои III ҳамроҳикунанда бар зидди ӯ сӯиқасд ташкил карданд. Тарсуӣ ва беҷуръатии Дорои III ва аз истеъдоди ҷангӣ маҳрум будани ӯ ба ғалабаи душман хеле мусоидат намуд. Вай на он симое буд, ки дар гирди ӯ қувваҳои зиддимақдунӣ ҷамъ оянд. Дар ҳамин лаҳза сатрапи Бохтар Бесс, ки аз хешовандони худи Доро буд (Арриан, III, 21, 5), чун шахси муҷоҳид зуҳур карда, дар сари сӯиқасдкунандагон қарор гирифт. Дар натиҷаи исёни сардорони лашкар Дорои III ба зиндон партофта шуда, сипас ба қатл расид. Бесс худро бо номи салтанатии Ардашер подшоҳи ҳахоманишиҳо эълон кард ва барои муқовимати зидди қӯшуни юнону мақдунӣ ба ҷамъ кардани қувва пардохт.

Муҳорибаҳо дар дамгаҳи Осиёи Миёна

Дар сарчашмаҳои хаттӣ роҷеъ ба чораҷӯиҳои Бесс баъзе маълумот мавҷуд аст. Аввалан, ӯ кӯшиш кард, ки ҷиҳати қонунии ҳокимияти худро таъмин намояд. Зуҳуроти чунин кӯшишҳои Бессро дар ахбори Диодор (ХVII, 74, 1-2) роҷеъ ба Бохтар метавон пай бурд: «Бесс ваъда дод, ки ба ҷанг сардорӣ мекунад ва мардум бовар карда, ӯро подшоҳ хостанд». Дар ин сарчашма ҳамчунин хотирнишон мешавад, ки Бесс «аскар ҷамъ кард ва аслиҳаи бисёр омода намуд».

Бесс муваффақ гардид, ки аз сатрапиҳои ҳамсоя, пеш аз ҳама Ориё (вилояти имрӯзаи ҳирот) ва инчунин аз мардумони бодиянишин барои тарафдорӣ ризоият гирад. Як навъ «Иттифоқи сатрапиҳо» ташкил ёфт. Аммо ба ӯ таъмини пуштибонии табақаҳои васеи аҳолӣ муяссар нагардид. Яке аз сабабҳои асосии ин ба худ ном ва унвони подшоҳи ҳахоманиширо гирифтани Бесс буд. Илова бар ин, ба ӯ фурсат кифоя намекард: аз тарафи ғарб лашкари юнону мақдунӣ бо суръат наздик меомад.

Аввалин дафъа лашкари юнону мақдунӣ дар Ориё ба муқовамати сахт дучор гардид. Ба Искандари Мақдунӣ бештар аз як моҳ лозим омад, то муқовамати ориёиҳоро фурӯ нишонад. Дастаи сершумори савораи ориёӣ бо сардории Сатибарзан аз дасти Искандар раҳоӣ ёфта, ба қӯшуни Бесс ҳамроҳ шуд.

iskandar_xarita

Искандари Мақдунӣ вилоятҳои ҷанубии Афғонистонро, ки дар он ҷойҳо низ, зоҳиран, тарафдорони Бесс мавҷуд буданд, забт намуда, ба воситаи ағбаи ҳиндукуш роҳи шимолро пеш гирифт. ҳангоми ба даштҳои шимоли Афғонистон баромадани лашкари юнону мақдунӣ дар ихтиёри Бесс 7 ё 8 ҳа-зор бохтариҳои мусаллаҳ ва боз чанд даста сарбозони дигар буданд (Арриан, III, 28, 5; Квинт Куртсий, VII, 4, 20). Дуруст аст, ки Бесс ба мақсади нигоҳ доштани як қисми лашкари Искандар Сатибарзанро бо ду ҳазор аскари савора ба Ориё фиристод ва дар он ҷо шӯриш сар зад, ки Искандарро маҷбур сохт барои фурӯ нишондани он қисмате аз қувваҳои ёрирасони худро равона кунад. Бо вуҷуди ин нирӯи Искандар аз нирӯи Бесс хеле зиёд буд. Аз ин рӯ, Бесс ба тарафи шимол, ба Бохтари ин сӯи Амударё, яъне ба Осиёи Миёна ақиб нишаст.

Дар таълифоти илмӣ роҷеъ ба моҳият ва оқибати амалҳои Бесс фикру андешаҳои мухталиф баён ёфтаанд. Ба назари мо, ин амалиёт, сарфи назар аз кӯшишу ҳаракатҳои шахсии салтанатталабонаи худи Бесс, объективона аҳамияти прогрессивӣ дошт. Ба тавассути муборизае, ки бо сардории Бесс вусъат пайдо намуд, ҳамлаи лашкари юнону мақдунӣ ба Осиёи Миёна якчанд моҳ (ва шояд ним сол ҳам бошад) ба таъхир афтод, зеро аскарони Искандар дар натиҷаи муқовиматҳои сари роҳи ин сарзамин заифу беҳол гардида буданд. Муборизаи «иттифоқи сатрапиҳо» бар зидди лашкари истилокори юнону мақдунӣ муқаддимаи он муборизаи ҳақиқатан ҳам халқиест, ки баъдтар дар сарзамини Осиёи Миёна бо вусъати тамом ба амал омад.[5]

[1] К.Маркс и Ф.Энгельс. Асарҳо, ҷилди 22, с. 483.

[2] Наrли батафсил: Olmstӯad А.U., 1959, р. 427 ff.

[3] Санаи дигар, соли 359 ҳам, оварда мешавад.

[4] Ба аrидаи Олмстеад Ардашери III Ох бо вуҷуди хунхориаш ҳукмрони rобилиятноке буд. Вале хулосаи ӯ дар бораи ин ки Боҳуй вайро кушта, давлати {ахоманиширо вайрон кард (Olmstӯad А.U., 1959, р. 48), тамоман идеалистӣ ва аз ҳаrиrат дур аст.

[5] ИТН, I, с. 241-242.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …