МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / ИСТИЛОИ МУҒУЛ — ҲУҶУМИ ЧИНГИЗХОН БА ОСИЁИ МИЁНА
chingishan

ИСТИЛОИ МУҒУЛ — ҲУҶУМИ ЧИНГИЗХОН БА ОСИЁИ МИЁНА

Давлати хоразмшоҳӣ дар солҳои бистуми асри ХIII боз ҳам бештар сабзида, ғайр аз Хоразм ва Мовароуннаҳр Афғонистони кунунӣ ва қисмати бузурги Эронро низ дар бар мегирифт. Вале ҷанбаи марказият ёфтани ин давлат хеле суст буд. Иддае аз ҳокимони маҳаллӣ фақат зоҳиран тобеияти худро нисбат ба Хоразмшоҳиён эътироф намуда, дар амал вилоятҳои зеридасти худро қариб мустақилона идора мекарданд.

ҳокимияти Муҳаммади Хоразмшоҳ устувор набуд: давлати ӯро на фақат оммаи заҳматкаш ва халқҳои мутеъ, ки ҳам аз тарафи ҳокимони маҳаллӣ ва ҳам аз тарафи Хоразмшоҳ ба ҷабру зулм дучор буданд, пуштибонӣ намекарданд, балки ҳатто ашрофи феодалони ҳарбӣ ва рӯҳониёни бонуфуз низ нисбат ба он ошкоро равияи душманона доштанд. Илова бар ин, дар дохили хонаводаи Муҳаммади Хоразмшоҳ низову нифоқ сар шуда, вазъиятро боз ҳам мураккабтар намуд: модари Муҳаммади Хоразмшоҳ — Турконхотун, ки зани ғаюр ва омире буд, низ бо ӯ мухолифат меварзид. Вай як гурӯҳ сарлашкарони дарбории қипчоқро, ки дорои қувваи бузурги ҳарбӣ буданд, ба муқобили ӯ барангехт.[1]

Давлати Хоразмшоҳӣ дар чунин вазъияти душвори мухолифатҳои дохилӣ ба ҳуҷуми ӯрдуҳои Чингизхон дучор гардид.

Машғулияти асосии бодиянишинони муғул чорводорӣ буд. Онҳо ғайр аз парвариши ҳайвонот ба шикор низ машғул мешуданд. Дар байни онҳо ва қабилаҳои ирқан наздики ҳамсоя доду гирифти молӣ давом менамуд.

Бар тибқи шаҳодати муаррих Ҷувайнӣ, қӯшуни муғул ба даҳҳо, садҳо, ҳазорҳо ва даҳҳо ҳазор тақсим шуда, хеле боинтизом ва чусту чолок буданд. ҳамаи қабилаҳои муғул муваззаф буданд, ки ҳама вақт ба амалиёти ҷангӣ омода бошанд.

Дар аввалҳои асри ХIII дар сохти ҷамъиятии муғулҳо ҷанинҳои муносибати феодалӣ пайдо мешаванд. К.Маркс ин протсессро чунин тавсиф намудааст:

«Дар Ёсо (маҷмӯи қонунҳои муғулҳои қадим.–Б.Ғ.) дар бораи табақаи баландмақом, тарханҳо зикр шудааст, ки онҳо аз ҳар навъ андоз озод карда шуда буданд, ғанимати худро бояд бо дигарон тақсим намекарданд, ба назди хони кабир ҳамеша бемалол даромада метавонистанд, аз ҷазо то нӯҳ маротиба озод карда мешуданд. (Ин навъи ҳуқуқҳои феодалӣ дар байни ҳамаи халқҳои ниммаданӣ дар натиҷаи тарзи зиндагии ҷанговаронаи онҳо ба миён меояд)[2].

Лашкаркашиҳои азими истилокоронаи Чингизхон иқтидори ҳукмфармоии феодали бодиянишинро на фақат бар халқҳои мутеъ, балки бар ҳамқабилаҳои он низ меафзуд. Хони бузург ва ашрофи феодалӣ ба дараҷаи афсонавӣ сарватманд мешуданд.

Аммо аратҳо – оммаи заҳматкаши муғул охируламр ба ҳолати қашшоқӣ ва хонахаробӣ афтода, беш аз пеш мутеъ ва дастнигари табақаи ҳукмрон мегардиданд.

Дастаҳои ҷангии муғул бо сардории «Ҷуҷӣ» ном писари калони Чингизхон «халқҳои ҷангалнишини» соҳили дарёи Енисейро ба худ тобеъ намуданд. Халқи уйғур бо ихтиёри худ ҳукмронии Чингизхонро қабул кард. «ҳубилой» ном сарлашкари Чингизхон қисми шимолии ҳафтрудро ишғол намуд. Худи Чингизхон ба Чини шимолӣ лашкар кашида, шаҳри Чжунду (Пекин)-ро, ки дар он замон пойтахти давлати Тсзин буд, забт кард.[3]

Пас аз ин, дар солҳои 1218-1219 қӯшуни муғул бо роҳбарии «Ҷебе» ном лашкаркаши Чингизхон, тақрибан бидуни муқовимат, сарзамини Қарахитоиҳо – ҳафтруд ва Туркистони шарқиро тасарруф намуд ва ба ҳудуди давлати Хоразмшоҳиён наздик шуд. Дар бобати тадриҷан шиддат ёфта, ба худ ранги душманӣ гирифтани муносибати ин ду давлат – давлати Чингизхон ва давлати хоразмшоҳӣ роли тоҷирони Осиёи Миёна кам набуд. Бисёр тоҷирони сарватманд, ки бозургонии Муғулистон ва Осиёи Миёнаро дар дасти худ нигоҳ медоштанд, ҳанӯз пеш аз ҳамсарҳад гардидани ин ду давлат бо ҳамроҳии уйғурҳо дар умури ташкилот ва сохти идораи дохилии Муғулистон аз мушовирони асосии Чингизхон ҳисоб мешуданд. Чингизхон дар бораи вазъияти дохилии давлати хоразмшоҳӣ муттасилан ба воситаи ин тоҷирон маълумот ба даст меовард.

Муҳаммади Хоразмшоҳ, ки дар он вақт назар ба Чингизхон бештар қувват дошт, равияи ҷангталабонаеро пеш гирифт. Дар соли 1218 ҷанговарони Хоразм бо иҷозати ӯ дар қалъаи сарҳаддии Утрор, ки дар канори дарёи Сир воқеъ гардида буд, як корвони аз тарафи Чингизхон фиристодашударо, ба гумони ин ки мақсади ҷосусӣ дорад, тороҷ намуданд. Бори корвон аз 500 шутури тилло, нуқра, маснуоти абрешими чинӣ, пӯстҳои қиматбаҳо ва амсоли ин иборат буд ва 450 нафар тоҷир, аъёну ашроф ва ашхоси мӯътамади хони муғул маъмури овардани онҳо буданд. Гумоштагони Хоразмшоҳ ҳамаи ин одамонро ба қатл расонида, тамоми молҳоро фурӯхта, пули онро ба маркази давлати хоразмшоҳӣ фиристоданд.

Чингизхон аз воқеаи Утрор (ба истилоҳ «Фалокати Утрор») хабардор шуда, аз Хоразмшоҳ талаб кард, ки мусаббиби ин фоҷиа, яъне ҳокими Утрорро ба ӯ супорад ва товони хасоратҳои воридшударо бидиҳад. Лекин сафири Чингизхон, ки бо ин талабот ба пойтахти давлати хоразмшоҳӣ омада буд, бо амри Муҳаммади Хоразмшоҳ ба қатл расид ва ҳамроҳони ӯ бо ришу мӯйлаби бурида пас гардонида шуданд (аз рӯи баъзе маълумот онҳоро низ қатл карданд). Ин рафтори ҷангталабонаи Муҳаммад ҳуҷуми Чингизхонро ба Осиёи Миёна тезонид.

Чингизхон ба масъалаи лашкар кашидан ба Осиёи Миёна аҳамияти калоне дода, ба ин кор бо тамоми ҷиддият тайёрӣ медид. Вай ҳанӯз то оғози амалиёти ҷангӣ ба воситаи тоҷирони Осиёи Миёна дар бораи дараҷаи омодагӣ ва нафароти қувваҳои ҳарбии душман маълумот ба даст овард. Аз ин ҷост, ки ҳуҷуми Чингизхон ба Осиёи Миёна, чи навъе ки як қатор муаррихони буржуазӣ тасвир мекунанд, ҳаракати бетартиб ва худсаронаи бодиянишинони муғул набуда, балки ҳуҷуме буд, ки бар асоси мулоҳизаҳои амиқ ва нақшаҳои муайян қарор дошт.[4] Тоҷирони маҳаллӣ вазифаи роҳбалади ӯрдуҳои чингизиро адо намуданд.

Чунон ки дар боло қайд гардид, Хоразм дар аснои ҳамлаи чингизиён омодаи мудофиа набуд. Муҳаммади Хоразмшоҳ бо вуҷуди иқтидори зоҳирии худ ба андозаи зиёде вобаста ба ашрофи ҳарбии феодалӣ буд. Вай ба сардорони ҳарбии худ ва ба аҳолии маҳаллӣ он қадар ҳам бовар надошт. Ба ҳамин ҷиҳат аз тарс қӯшуни худро ба як ҷо ҷамъ накарда, онро ба гурӯҳҳои хурд тақсим намуд ва дар маҳалҳои гуногун гузошт. Ин парокандагии қувваҳои ҳарбии давлати хоразмшоҳӣ барои ғалабаи лашкари муғул бештар заминаи мусоид ҳозир намуд. Ғайр аз ин, Муҳаммади Хоразмшоҳ ҳангоми тадорукоти ҷангӣ дар зарфи як сол аз аҳолӣ се мартаба молиёт гирифта, ба ин васила эътироз ва норизогии халқро ба вуҷуд овард.

Дар моҳи сентябри соли 1219 Чингизхон ба Утрор расида, қувваҳои ҳарбии худро ба се қисмат тақсим кард: як қисмати қӯшуни худро ба писаронаш — Ӯқтой (Угедей) ва Чағатой супорид, ки Утрорро муҳосира кунанд; қисмати дигари онро бо роҳбарии Ҷуҷӣ барои забт намудани шаҳрҳои соҳили дарёи Сир ба тарафи шаҳри Ҷанд равона кард.

Худи ӯ бо ҳамроҳии писараш Тулуй қувваҳои асосиро гирифта, ба тарафи Бухоро ҳаракат намуд.

Аскарони муғул бо ҳамлаи қатъӣ шаҳри Утрорро ишғол карданд, лекин қалъаи Утрор муддати як моҳ (бар тибқи баъзе ҳуҷҷатҳо –6 моҳ) муқовимат намуд. Муғулҳо пас аз тасхири шаҳри Утрор ҳамаи мудофиакунандагони шаҳру қалъаро ба қатл расониданд.

Он қисмати лашкари муғул, ки бо сардории Ҷуҷӣ барои забт кардани шаҳрҳои соҳили дарёи Сир рафта буд, аввалин мартаба Сиғноқро ғасб намуда, аҳолии онро тамоман аз дами теғ гузаронид. Сипас, муғулҳо дар муддати кӯтоҳе шаҳрҳои поёноби дарёи Сирро ишғол карда, онҳоро низ ғорат ва хароб намуданд. Дигар дастаи қӯшуни муғул, ки дар имтидоди дарёи Сир ҳаракат мекард, дар резишгоҳи Ангрен шаҳри Бинокатро забт намуда, тамоми аскарони мудофеи ин шаҳрро кушт.

Дар соли 1220 Чингизхон бо қувваҳои асосии лашкари худ ба Бухоро ҳамла овард. Вале ӯ дар ин маврид ба муқобилати шадиди муҳофизат-кунандагони шаҳр дучор гардид. ҳарчанд қувваи аскароне, ки шаҳри Бухороро мудофиа мекарданд, назар ба лашкари муғул хеле кам буд, ба вуҷуди ин, онҳо устуворона муқовимат менамуданд. Лекин ин муқобилат бисёр давом накард. Дар рӯзи севуми ҷанг мудофиакунандагони шаҳри Бухоро, ки робитаи онҳо аз ҳама тараф бурида шуда буд, ночор аз муқовимат даст кашиданд. Аксарияти онҳо сафи қувваҳои муҳосиракунандаи душманро рахна карда, аз дарёи Аму гузаштанд. Аммо, бо ин ҳама, муқобилат комилан барҳам нахӯрд. Чандсад нафар аз ватанпарастони далер, ки тарк кардани шаҳри худро намехостанд, ба даруни қалъа паноҳ бурда, то дами марг бар зидди истилогарон мубориза намуданд. Фақат вақте ки хандақи атрофи қалъа аз ҷасади одамон ва мурдаи аспҳо пур шуд, тасарруфи қалъа ба муғулҳо муяссар гардид. Ғосибони муғул пас аз забт кардани Бухоро ҳазорон сокинони бегуноҳи шаҳрро куштанд ва боқимондагонро ҳамчун ғулом ва каниз ба асорат бурданд.

Пас аз ин лашкари Чингизхон ба тарафи Самарқанд раҳсипор гардид. Муҳаммади Хоразмшоҳ барои мудофиаи Самарқанд аҳамияти махсусе дода, дар ин ҷо қувваи бузурге ҷамъ оварда буд. Истеҳкомоти шаҳр аз нав таъмир карда шуд. Гарнизони калони қӯшун фароҳам гардид, ки, ба қавли Рашидаддин, 110 ҳазор ва, аз рӯи маълумоти дигар манбаъҳо, 50-60 ҳазор нафар сарбоз дошт. Тамоми мамлакат чашми умед ба сӯи Самарқанд дӯхта буд. Ба ақидаи шоҳидони давр, ин шаҳр метавонист ба муҳосираи чандинсола тоб оварад. Рӯзи севуми муҳосира мудофиакунандагони шаҳр аз қароргоҳи худ баромада, ба душман ҳамлавар шуданд. Дар ин ҳуҷуми ногаҳонӣ дастаи сершумори аскар иштирок намуд. Онҳо як миқдор аскарони муғулро нобуд карданд. Вале худ ба иҳотаи душман афтода, ба зарбаи сахт дучор шуданд, аксари онҳо дар майдони набард ҳалок гардид. Ин ҳуҷуми бебарор ба рӯҳияи мудофиакунандагон таъсири ногуворе расонд. Аъёну ашроф ва рӯҳониёни риёкор аз ин ҳолат истифода карда, қозӣ ва шайхулисломро ба назди Чингизхон фиристоданд, то дар роҳи таслим гуфтугузор ба амал оваранд. Субҳдам онҳо хоинона дарвозаи шаҳрро ба рӯи муғулҳо кушоданд. Қӯшуни чингизӣ ба шаҳр зада даромада, ба қатли ом ва ғоратгарӣ шурӯъ намуд. Фақат хиёнаткорон ва онҳое, ки ба паноҳи муғулҳо омада буданд, ҷон ба саломат бурданд. Аммо мудофиакунандагони қалъа ҳамоно сари таслим фуруд наоварда, ба душман муқобилати сахт нишон медоданд. Бо вуҷуди ин ҳама шуҷоат ва мардонагӣ онҳо низ дар муқобили қӯшуни чун мӯру малахи истилогарон дурудароз истодагӣ карда натавонистанд. Пас аз афтодани истеҳкомоти қалъаи Самарқанд ҳазорон диловарон ба масҷиди ҷомеъ паноҳ бурда, душманро ба наздик шудан намонданд. Муғулҳо бо роҳе масҷидро оташ заданд. Вале мудофиакунандагон аз ин наҳаросида, дар ҷои худ нишастанд ва сӯхта мурданро аз таслим шудан ба душман авлотар донистанд.

Бештар аз нисфи аҳолии Самарқанд талаф шуд. 30 ҳазор нафар косибону ҳунармандон ба писарон ва хешу табори Чингизхон ва боз ҳамон қадар аз заҳматкашони шаҳр ба хидмати қӯшуни муғул бахшида шуданд.

Шаҳри Самарқанд ба харобазор табдил ёфта, аз одам холӣ гардид. ҳатто пас аз якуним сол ҳам, қисме аз аҳолии он ба ҷойҳои худ баргаштанд, нуфуси шаҳр фақат чоряки сокинони пештараи онро ташкил менамуд.[5]

ҳангоми муҳосираи Самарқанд Муҳаммади Хоразмшоҳ ба анҷоми муҳорибаҳои соҳили дарёи Аму нигарон буд. Вақте ки қӯшуни муғул шаҳрро ишғол намуд, ӯ ба ҳудуди Эрон – ба Табаристон фирор карда, дар яке аз ҷазираҳои ҷануби баҳри Хазар паноҳ бурд ва дигар барои ташкили муборизаи зидди истилои муғул чорае наандешид.

[1] Хоразмшоҳиён одатан духтари ягон саркардаи намоёни ҳарбиро аз байни пешвоёни аҷдоди rипчоr (аз rабилаи канглӣ) ба занӣ мегирифтанд. Одатан, як фирrаи дарборӣ, ки ба ҳамrавмони ҷангҷӯи худ такя мекард, ба атрофи малика (хотун) ҷамъ мешуд. Аз ин ҷост, ки баъзе аз маликаҳо, ба монанди Турконхотун, дар умури давлат роли муайяне бозидаанд.

[2] «Архиви Маркс ва Энгельс», ҷилди V; с. 220.

[3] Владимирцов Б. Я., 1922; 1934; Groussӯt R., 1944; d’Ohsson C., 1834.

[4]Манбаъҳои оид ба мавриди истилои муuул rарор гирифтани Осиёи Миёна аз тарафи В.В.Бартолд бо диrrати тамоми омӯхта шуда, воrеаҳои марбут ба он бо тамоми ҷузъиёташ баён ёфтаанд (Бартольд В. В., 1963 б). Доир ба ин манбаъҳо низ ниг.: Spulеr В., 1955, s. 463-502.

[5] Чан-чунь, 1966 с. 311.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …