МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / ТАВСИФИ ҶАМЪИЯТИ ПАЛЕОЛИТ

ТАВСИФИ ҶАМЪИЯТИ ПАЛЕОЛИТ

Мо дар асоси материалҳои археологӣ инкишофи тадриҷии қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъияти давраи палеолити Осиёи Миёнаро мавриди тадқиқ қарор додем. Аммо масъалаи такомули тадриҷии иҷтимоии ин ҷамъият ниҳоятдараҷа мураккаб аст. ҳатто қонуниятҳои асосии тараққиёти он дар асарҳои мутахассисони сотсиология низ ба таври мукаммал омӯхта нашудааст, мулоҳиза ва хулосаҳои пешниҳодшуда мавзӯи баҳсу мунозираҳои тундутез гардидаанд[1]. Масъалаи оид ба хусусиятҳои инкишофи ҷамъияти аҳди палеолити Осиёи Миёна умуман ба миён гузошта нашудааст.

Агар гӯем, ки ҷамъияти инсонӣ бисёртарин қисмати вақти худро дар марҳилаи асри санг гузаронидааст – ин сухани умумӣ хоҳад шуд. Дар ин маврид ҷоиз аст, ки барои возеҳтар ифода ёфтани матлаб қиёси борҳо истифодашударо биёварем. Инак, шартан фарз кунем, ки тамоми ҳаёти ҷамъияти инсонӣ то Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ҳамагӣ як сол давом кардааст. Дар он сурат ба одам табдил шудани маймун дар аввали моҳи январ ба вуқӯъ пайваста, давраи ҳукмронии палеолит қариб тамоми солро то 25-уми моҳи декабр фаро мегирад ва тамоми таърихи ҷамъияти синфии Осиёи Миёна баҳузур дар ним соати охири пеш аз соли нав «ғунҷоиш» меёбад!

Ташкилоти иҷтимоӣ дар палеолити поин хеле сода ва ибтидоӣ буд. Коллективҳои аз ҳама қадим ва нав ташаккулёфтаи одамонро Ф.Энгелс «гала» номидааст[2]. В.И.Ленин паи ҳам «галаи ибтидоӣ» ва «коммунаи ибтидоӣ»-ро номбар мекунад[3].

aleolit

Давраи галаи ибтидоӣ давраест, ки ҷамъияти инсонӣ ташаккул ёфта, асоси асосҳои он фароҳам меояд. Дар охири палеолити миёна ва боло ташкилоти қабилавии ҷамъият – коммунаҳои ибтидоӣ бо тартиби қавмию насабӣ пайдо мешавад. Ин сохти қавмии модарӣ буд, ки зан дар он мавқеи хеле баландро ишғол мекард[4]. Муносибати оилавӣ дар доираи никоҳи гурӯҳӣ сурат мегирифт.

Истеҳсолот коллективӣ бошад ҳам, вале дараҷаи қувваҳои истеҳ-солкунанда ниҳоят паст буд. «Ин навъи ибтидоии истеҳсолоти кооперативӣ ё коллективӣ, албатта, на оқибати умумӣ кардани воситаҳои истеҳсолот, балки натиҷаи заифии шахсияти ҷудогона буд»[5]. Қувваҳои истеҳсолкунанда дар як ҷо намонда, ба оҳистагӣ такмил меёфт. Тараққиёти беш аз пеши қувваҳои истеҳсолкунанда ва ташкилоти ҷамъиятӣ боиси мураккабшавии шаклҳои маданияти инсонӣ мегардид. Бояд гуфт, ки ёд гирифтани тариқи ҳосил кардани оташ, сохтани манзилҳои оддӣ, ривоҷи шикори ҳайвоноти калон ва ба ин васила гузаштан ба зиндагонии муқимӣ – ҳамаи ин қадамҳои муҳими тараққиёти прогрессивии ҷамъияти инсониро нишон медиҳад. Чунон ки аз мадфани писарбачаи тешиктошӣ аён мегардад, дар ҳамон вақтҳо аввалин аломатҳои русуми дафн, нахустин падидаҳои дин ба зуҳур омада будаанд.

[1] Ниг.: масалан: Семёнов Ю.И., 1966; Семёнов Ю.И., 1968; Тер-Акопян Н.Б., 1968; Бутинов Н.А., 1968; Кабо В.Р., 1968 (дар ин асарҳо феҳрасти муфассал ва нигориши таърихи масъала мавҷуд аст).

[2] К.Маркс ва Ф.Энгельс. Асарҳо, ҷилди 34, с. 138.

[3] Ниг.: В.И.Ленин. Асарҳо, ҷилди 35, с. 111.

[4] Дар таърихнигории советӣ нуrтаи назари дигар низ мавҷуд аст (ниг.: Кабо В.Р., 1968, с. 258–265).

[5] К.Маркс ва Ф.Энгельс. Асарҳо, ҷилди 19, с. 404.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …