МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / ҶАМОАТҲОИ ИБТИДОӢ ДАР ОСИЁИ МИЁНА

ҶАМОАТҲОИ ИБТИДОӢ ДАР ОСИЁИ МИЁНА

Осори палеолити поин.

Замони пайдоиши нахустин одамонро дар сарзамини Осиёи Миёна ба таври яқин муайян кардан хеле душвор аст, зеро осори аз ҳама қадимаи ҳаёти онҳо боқӣ намондааст. Ба гумони баъзе олимон, гӯё Осиёи Миёна дар дохили минтақаи одамшавии маймун воқеъ гардида будааст[1]. ҳарчанд ин ақида маъмул ва мақбули умум маҳсуб ёфта наметавонад, бо вуҷуди ин кашфи қадимтарин ёдгориҳои ҳаёти одамиро дар ин сарзамин набояд берун аз имкон донист.

Соли 1953 А.П. Окладников дар рӯди Унарчаи наздики дарёи Норини Қирғизистон аз девораи регии суфаи қадимаи плейстотсени миёна қайроқи калони дасти инсон расидаро, ки як тарафи он ба теғи дарози барҷастаи камонӣ монанд аст, пайдо намуд. Чунин олат дар илми бостоншиносӣ бо номи чоппер – олати қайроқсанг машҳур аст[2]. Пас аз чанд соли бозёфти ин олати қадима дар маҳалҳои мухталифи Осиёи Миёна боз даҳ макони он кашф гардид[3]. Ин гуна олат дар бисёр ноҳияҳои Олами Куҳан ба хубӣ маълум буда, қадимтарин маданияти инсонӣ – маданияти қайроқсангро тавсиф менамояд[4].

NeolitТаҳлили типологӣ нишон медиҳад, ки олати қайроқсанги Осиёи Миёна бо маданияти ба истилоҳ суонии давраи палеолити ҳиндустон хеле шабоҳат дорад[5]. Аз ин чунин бармеояд, ки ин ду кишвар дар давраи палеолити поин як роҳи умумии таърихиро тай кардааст. Чунон ки аз мадракҳои геологӣ маълум мешавад, аҳли маданияти қайроқсанг дар давраи пиряхҳои нахуст ва яхбандии рис, яъне дар давраи плейстотсени миёна, беш аз 200 ҳазор сол қабл аз ин зиндагӣ ба сар бурдаанд. Он вақтҳо чунин ҳайвонот, аз қабили ҷинсҳои қадимаи фил, асп, мамонт ва бизонҳои шохдароз, намудҳои гуногуни каркадан вуҷуд доштаанд. Аз рӯи баъзе далелҳо, одам дар он замон хеле кам будааст.

Олати навъи дигар дастколаҳои сангӣ, ки барои палеолити поини Европа бисёр характернок аст, фақат дар қисмати ғарби мамлакат – дар Туркманистон пайдо гардид.

Баъзе олимон изҳори шубҳа мекарданд, ки Осиёи Миёна ин қадар барвақт маскани одам шуда будааст, зеро нишонаҳои зиндагии инсон дар ин маҳал аввало, ки хеле кам, дар баъзе ҷойҳо, алоҳида-алоҳида ёфт мешуданд ва сонӣ, аслан дар қабатҳои аз ҳама болоии заминҳои соҳили дарёҳо ба назар мерасиданд. Вале инак соли 1973 дар мағзи зардхоки Қаротоғи Ёвон ва сипас, дар ҳафт ҷои ҷануби Тоҷикистон дар мағзи хокҳое, ки дар чуқурии 50–65 метр воқеъ мебошанд, олоти сангӣ ба даст омад. ҳафриёти ду бошишгоҳ – бошишгоҳи Қаротоғи 1 ва Лоҳутӣ-1 нишон дод, ки дар ин ҷо нишонаҳои бошишгоҳи нав, осори маданияти то ба ҳол номаълуме ҳастанд, ки он «маданияти Қаротоғ» ном гирифт. Таърихи ин қабати археологӣ 200–150 ҳазор сол аст, ки инро бо мадракоти геологӣ муайян карда, баъд бо усули термолюминистсенсия аниқ намуданд. Маданияти Қаротоғ аз ҷиҳати тавсифоти худ ба маданияти қайроқсанг мансуб аст ва аз маданияти суонии нимҷазираи ҳиндустон, ки дар боло номбар шуда буд, ягон фарқи казоӣ надорад. Баъди ин кашфиёт ҷои шубҳа нест, ки дар Тоҷикистон ва Осиёи Миёна сараввал тоифаҳое маскун шуданд, ки ба давраҳои маданияти қайроқсанг тааллуқ доштанд[6]

[1] Нестурх М.Ф., 1964.

[2] Окладников А.П., 1966 б, с. 19.

[3] Ранов В.А., 1966.

[4] Ниг.: масалан, Movius H.L. 1944; Lӯadӯy L. S.В., 1951 ва u.

[5] Ранов В.А., 1964 а.

[6] Ranov V.A.., 1976.

Назди admin

Инчунин хонед инро

saforiyon

ШӮРИШИ САНҶАР

Шӯриши Санҷар. Истилои давлати қарохонӣ аз тарафи Муҳаммади Хоразмшоҳ Чунон ки қайд карда шуд, ҳанӯз …