МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
Ҷав

Ҷав

Ҷав — ин дон ва зироати маълум аст. Беҳтарини он сафеди пурраи наваш мебошад. Агар аз як сол гузарад, барои даво қобили истифода нест. Мизоҷаш дар дараҷаи якум сард ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: ҳамчун ғизо ин назар ба гандум камтар аст дар қувват. Хӯрдани ҷав ҷӯшиши хун ва сафроро паст мекунад, ташнагиро таскин медиҳад: тезии табҳои гарм ва тундро мешиканад, барои сил ва иллати диқ (лоғаркунандан бадан) даво мебошад, вале дар айни ҳол худаш баданро лоғар мегардонад, ба хичак низ зиён мекунад. Давои ин зарараш бо равғанҳо ва бо камтар арпабодиён хӯрдан аст.

Ҷавро муқашшар карда, яъне кӯфта, аз пӯсташ ҷудо сохта, дар об ба дараҷае ҷӯшонанд, ки ҷавҳо шукуфта ва муҳарро гарданд. Баъд он обро соф карда, хунук намоянд, ки инро оби ҷав меноманд.

Мизоҷи оби ҷав сард ва тар аст. Агар инро биёшоманд, фишори баланд ва ҷӯшиши хунро паст мекунад, инчунин ҷӯшиши сафроро низ сокин месозад, ахлоти сӯхтаро ба ислоҳ меоварад; табҳои гарм ва тез, инчунин ҳамаи бемориҳои аз гармӣ содиршударо шифо мебахшад; тафс ва ҳарорати ботинӣ, тафси ҷигар ва ташнагии шадидро сокин мекунад, иллатҳои диқ, сил (захми шуш), варами пардаҳои паҳлӯи даруни сина, сурфаи хушк, дарди сари аз гармӣ ва монанди инҳоро шифо мебахшад; сиёҳ задани чашмро дафъ мекунад, дар бадан хуни солим пайдо менамояд. Вале истеъмоли ин меъдаи тармизоҷро суст мегардонад ва ба узвҳои даруни шикам, ки мизоҷи хунук дошта бошанд, зарар дорад, бодангез аст. Давои ҳамаи ин зарарҳояш гулқанд хӯрдан мебошад.

Аммо оби ҷавро ҳангоми рафтани дарун истеъмол намекунанд. Агар ҷави кӯфтаро бо челон ва сагпистон, анҷир ва сунбул пухта бихӯранд, барои дарди узвҳои даруни сина ва сурфа доруи хубест.

Шираи ҷавро, ки кашки ҷав низ меноманд, қивомаш ғафстар аз оби ҷав аст, мизоҷаш сард ва моил ба хушкист. Хӯрдани ин барои исҳоли сафровӣ ва ба одамони гарммизоҷ дору мебошад. Агар бо он ғарғара кунанд, варами гулӯ ва дарди онро дафъ мекунад. Орди ҷавро гузошта банданд, варамҳои сахтро мегардонад ва таҳлил медиҳад, пучакҳои гармро мекафонад. Орди ҷавро ба танҳоӣ ё бо кӯфтаи тухми тугмачагул даромехта, гузошта банданд, барои сил, зот-ул-ҷанб (варами пардаҳои даруни сина), варамҳои зери бағал, сина, пистон, баногӯш ва дигар ҷойҳои аъзо даво мебошад; бо камтар решаи чукрӣ (ревоҷ) даромехта гузошта пай дар пай бибанданд, варамҳоеро, ки гармии баланд надошта бошанд, таҳлил медиҳад, агар бо сирко хамир сохта гузошта банданд, варамҳои сафровӣ, яъне варамҳои гарми шадид, инчунин шаро (аллергия)-ро дафъ мекунад. Агар орди ҷав ёфт нашавад, ҷавро кӯфта, аз пӯсташ ҷудо сохта, бо оби гиёҳҳои сардмизоҷ, масалан, бо оби барги  зуф, барги коснӣ ва ғайра соида, истеъмол фармоянд, ҷоиз аст.

ҶавОрди ҷавро ё ҷавро соида, бо оби биҳӣ хамир сохта гузошта банданд, ниқрис (подагра)-и гармро шифо мебахшад; агар бо оби кашнизи тар хамир карда гузошта банданд, ханозер, варамҳои сахти гарм ва инчунин варами гулӯро таҳлил медиҳад; бо арпабодиён, тухми зағир, зифт (қатрон) ва пешоби кӯдакон сиришта гузошта банданд, варамҳои сахтро мегардонад, инчунин пучакҳоро мекафонад. Ва агар пухтаи онро бо сирко сиришта гузошта банданд, қутур ва хоришро дафъ мекунад. Пухтаи онро бо барги коҳу ва ғайра баргҳои хунукмизоҷ кӯфта гузошта банданд, барои дарди сар, варами чашм, назлаҳо ва сурхбод дору мешавад, инчунин узви шикастаро мустаҳкам менамояд.

Онро бо анҷир ва шаҳдоб пухта, ба варамҳои балғамӣ, яъне ба варамҳои сарди нарм ва варамҳои гарм бимоланд, хеле пуртаъсир аст. Ҷавро сӯхта, бо сирко сиришта гузошта банданд доғҳои кунҷидак ва сабӯсаки сарро дафъ мекунад. Орди ҷавро то бӯяш баромадан битафсонанд, ин ҳамчун ғизо аз орди тафсонидашудаи гандум қавитар мебошад. Агар инро бо камтар шакар бихӯронанд беҳтарин ғизоест барои кӯдакон, инчунин ташнагӣ ва сӯзиши ботиниро таскин медиҳад.

Нони аз орди ҷав пухташуда гаронхӯр, дерҳазм ва боднок аст. Чун хамири орди онро то турш шуданаш бимонанд, баъд онро дар дӯғ ҳал кунанду ҳамон тавр муддате гузошта, баъд бинӯшанд, фишори баланди хуни сафровӣ, сӯзиши дарун, ташнагии шадид, қайи сафровӣ, табҳои гарм, исҳоли сафровӣ ва хориши баданро дафъ мекунад, ки дар ин бобат давои бемисл аст.

Ошомидани ҷав барои одамони сардмизоҷ зарар дорад, бодангез аст. Давои ин зарараш бо шакар ё бо набот хӯрдан аст. Орди тафсонидааш агар зиён кунад, давояш онро шустан ва бо ширинӣ хӯрдан аст.

Назди admin

Инчунин хонед инро

tarkibi-xun

Таркиб ва вазифаҳои хун ва плазмаи он

Аҳамият ва вазифаҳои хун. Хун ҳамчун моеъи дохилии организм дар системаи махсуси худ ҳаракат карда, …