МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / ҶАВЗИ БАВО (БӮЁ) дар Канзи Шифо (Китоб)
Чавзи баво

ҶАВЗИ БАВО (БӮЁ) дар Канзи Шифо (Китоб)

Калимаи «ҷавзи бӯё»-и тоҷикӣ дар таъсири забони арабӣ монда, «ҷавзи бавво» гаштааст, инро ба русӣ мускатный орех меноманд. Ин самари пӯстдори дарахти азимест. Баъди расидан ҷавзашро ҷудо карда мегиранд ва аз маконаш, ки мамлакатҳои гарм аст, ба ҷоҳои дигар мебаранд. Миқдори ин ба бузургӣ баробари олуболу, вале сахти хушбӯ, тундтаъм мебошад, дар рӯяш чунин ҳолатҳо дорад. Ин самар то се сол қуввати худро нигоҳ медорад.

Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва дар севум хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: хӯрданаш ба дил фараҳ меоварад, баданро сабук месозад, андак кайф ҳам мекунад; ҳарорати табиӣ, яъне ҳарорати аслии баданро нигоҳ медорад; даҳан, арақи бадан ва пешобро хушбӯй мегардонад, бодҳоро аз бадан пароканда мекунад, доғҳои кунҷидак ва нуқтаҳои сафедро аз пӯст пок мекунад, беҳузур (беҷо) шудани дил ва қайро манъ месозад; рутубати зиёдатии меъдаро хушк менамояд; рафтани дарунро хоҳ аз рӯдаҳо ва хоҳ аз меъда ва узвҳои дигари дарун равон гардад, бозмедорад; рутубати бадбӯгаштаи меъдаро дур менамояд; барои истисқои лаҳмӣ (водянкаи гӯштӣ) ва душвории шошидан даво мешавад.

Агар онро бирён карда кӯфта бихӯранд, исҳоли обдорро манъ мекунад. Агар онро кӯфта гузошта банданд, барои дарди сари аз сардӣ, фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), каҷ шудани рӯй, суст ва нотавон гаштани аъзо, варамҳои сарди ҷигар ва дардҳои аз сардӣ ва тарӣ ба амал омада дору мешавад. Агар кӯфтаи инро бо талхшувоқ ва асал хамир карда гузошта банданд, доғҳои кунҷидак, нуқтаҳои сафеди дар пӯст афшон гашта ва доғҳои аз зарба пайдошударо нест мекунад. Агар инро бо равғани савсани кӯҳӣ ва равғани зайтун даромехта, дар гӯш чаконанд, карии гӯш ва дард кардани онро аз хунукӣ бошад, ба ибро меоварад.

Ҷавзи бавворо маҳин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, чашмро қавӣ мегардонад, сурхӣ ва ҷӯшишҳои хоришноки онро дафъ мекунад. Аммо хӯрдани ин ба одамони гарммизоҷ зарар мекунад; дарди сар меоварад, ин зарараш бо кашниз хӯрдан ислоҳ меёбад; инчунин, ба ҷигар ва шуши онҳо ҳам зиёнкор аст, дар ин маврид бунафша ва асал бихӯранд, зиёнаш дафъ мегардад. Миқдори як бор дар як рӯз хӯрдан аз ҷавзи бавво аз4,5 то 9 грамм аст. Барои он ки ҷаази бавворо кирм нахурад, дар даруни оҳак нигоҳ медоранд.

Сурат — расми ҷавзи бӯё

chormagzi_bavo

Назди admin

Инчунин хонед инро

Мухаллас

Мухаллас дар Канзи Шифо (Китоб)

Мухаллас (лотинӣ: Dianthus tetralepis), (русӣ: гвоздика четырёхгранная ) —  Ин гиёҳ аз як реша то 15-20 соқ бармеоварад, гиреҳдор, …