МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / ГУНОГУН / КАБӮТАР (КАФТАР) — ФОИДАИ У БА САЛОМАТӢ
Кабутар - кафтар

КАБӮТАР (КАФТАР) — ФОИДАИ У БА САЛОМАТӢ

Кабӯтар (Кафтар) — ин мурғест ба ҳама маълум, навъҳои хонагӣ ва ҳам саҳроӣ дорад. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва дар якум хушк аст. Вале мизоҷи саҳроияш гармгар ва хушктар мебошад.

Хислатҳои шифобахши кабутар: гӯшти онро ба ҳар тариқ, ки бошад, пухта бихӯранд, бемориҳои фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), каҷ шудани рӯй, ларзак, суст ва нотавон шудани узвҳоро шифо мебахшад. Хуни солим аз хӯрдани он ҳосил мешавад; истисқои (водянкаи) обдор ва бодиро дафъ мекунад; баданро фарбеҳ мегардонад; гурда ва боҳро қавӣ месозад, манӣ ҳосил мекунад.

Сангдони нав кушташудаи онро аз олоиши дарунаш пок карда, кӯфта бихӯранд, таъсири заҳри морро аз бадан дур мекунад, агар газида бошад.

Бачаи кабӯтарро бе обу намак дар равғани кунҷид пухта бихӯранд, санги гурда ва хичакро ҳамон соат майда карда мерезонад.

Хунашро ба пешонӣ бимоланд, хуни биниро, ки аз пардаҳои мағзи сар меомада бошад, қатъ мекунад. Аз хуни хушки он ба андозаи боқило бихӯранд, инчунин хуни гармогарми онро ба ҷароҳати сар бимоланд ё бирезанд, агар ҷароҳат ба устухони сар расида бошад, дору мешавад.

Аз бачаи кабӯтари нав пар бароварда парашро бикананд, аз ҷойи парканда хун таровиш мекунад. Ҳамон хунро дар чашм чаконанд, барои ҷароҳатҳои чашм, хун хоб рафтан, пардаеро, ки чашмро торик мегардонад, пардаи дудмонанди чашм ва шабкӯриро дору мебошад.

Мизоҷи саргини кабутар дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст.

Инро аз 3,5 то 10,5 грамм дар як рӯз бихӯранд, барои ҳама навъҳои истисқо (водянка), ки аз сардӣ бошад, ишфо мебахшад. 10,5 грамми онро ба 7 грамм дорчинӣ бихӯранд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад.

Саргинашро сӯхта ба атрофи бинӣ бимоланд, дар манъ кардани хуни бинӣ назир надорад. Чун саргини онро сӯхта, намакашро ҷудо карда бигиранду бо оби турб фурӯ баранд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад.

Ин саргинро бо тухми кӯфтаи индов ва ҳардал (горчица) даромехта гузошта банданд, барои дарди сари кӯҳна, дарди нимсар, дарди паҳлӯ, дарди буғумҳо ва ниқрис дору мешавад; инро бо орди ҷав сиришта банданд, варамҳои сахтро таҳлил медиҳад, бо равғани зайтун хамир карда банданд, барои сӯхтагии оташ даво мебошад; бо сирко сиришта банданд, ханозерро (хукгарданро) таҳлил медиҳад; бо кӯфтаи тухми зарир даромехта барбанданд, пучакро мекафонад ва карахши захмҳоро меканад. Чун саргини кабӯтарро бо орди гандум ва оби гарм, камтар қатрон (дёготь) марҳам сохта се шабонарӯз ба доғи пес гузошта банданд ва баъд бишӯянду аз нав амалро такрор намоянд, яъне марҳами нав сохта, се шабонарӯз гузошта банданд, дар бобати дафъ кардани пес бағоят пуртаъсир аст. Ин саргинро бо сирко хамир карда гузошта банданд, ширинчаҳо, ҳамаи намуди истисқоро шифо мебахшад. Агар ин саргинро дар об ҷӯшонида, дар он об то ноф даромада нишинанд, пешоби бандшударо мекушояд, душвории шошиданро ислоҳ мекунад.

Равғанашро бимоланд, доғи решҳоро дафъ менамояд. Сарашро бо пар ва мӯй сӯхта, ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, пардаеро, ки чашмро торик мекунад, торикии чашм ва шабкӯриро шифо мебахшад.

Чун шиками бачаи кабӯтарро шикофта, гармогарм ба ҷойи каждумгазида бибанданд, заҳри онро кашида берун мекунад.

Мизоҷи тухми кабӯтар бисёр гарм аст. Агар онро хом бихӯранд, шахшӯлӣ ва дуруштии узвҳои даруни синаро ислоҳ мекунад, ранги рухсорро неку мегардонад. Агар инро кӯдакон бо асал бихӯранд, ба зудӣ ба сухан меоянд, яъне зуд забонашон бармеояд. Панҷ донаи ин тухмро бо равғани хук даромехта, ба закар бимоланд, барои ба ҳаракат овардани шаҳвати мардӣ фоида мебахшад.

Заҳраи кабӯтарро чун дар чашм кашанд, зардоби дар гавҳарак фуромада ва гули чашмро дафъ мекунад ва пардаеро, ки чашмро торик мекунад низ дур менамояд.

Устухони соқи пойи кабӯтаррр бисӯзанд ва ос карда духтароне, ки бакораташон (дӯшизагиашон) рафта бошад, аз таг бардоранд, бакорат аз нав барқарор мегардад — ин аз асрор аст.

Аммо агар бачаи кабӯтарро бо мудовамат бихӯранд, иллати песро пайдо мекунад. Ҳамаи кабӯтарҳои саҳроӣ ва аҳлӣ ба одамони гарммизоҷ зарар доранд: дарди сар меоваранд, хунашонро месӯзонанд. Кабоби бачаи кабӯтарро бо давоҳои гарм бардавом бихӯранд, хунро месӯзонад; иллати махавро пайдо мекунад. Дар ин мавридҳо онро бо оби ғӯраи ангур ё сирко, ё кашниз пухта бихӯранд ва бо косниву бодиринги тару тоза истеъмол намоянд, ислоҳи зарар менамояд.

Касе, ки обила бароварда бошад, дар макони кабӯтарон муттасил сокин бошад, аз он беморӣ шифо меёбад. Агар ба кабӯтарон наздик зиндагонӣ ба сар баранд, аз бемориҳои вобаста ба майна, асабонӣ ва уфунӣ (сирояткунанда)-и монанди: фолиҷ, сакта, субот (летаргия), саръи кӯдакон (карахтӣ) ва тоун эмин мемонанд, инчунин иллати тарсончакӣ ва вайронии ҳаворо дафъ мекунад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

арча

Арча

Арча дарахти маълум аст, ки дар кӯҳистонҳо мебошад. Дар тиб аз ҳама бештар самарашро ба …

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован.