МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
Кадуи талх

Кадуи талх

Кадуи талх — Инро дар як катор маҳалҳо тоҷикон чӯбкаду низ меноманд. Кадуи талх монанди кадуи хӯрокӣ гӯшт надорад, балки фақат аз пӯсти дарунхолӣ  иборат буда, дар даруни он аз қисми поёнаш тухмҳо дорад. Намудаш гуногун аст: монанди кафлези кулулаи дастадор, ба шакли мурӯд, вале хеле азим ва ғайра. Растаниаш монанди кадуи ширин биёрадор аст. Фарқ дар он, ки пашмакҳои барги кадуи талх монанди баргҳои кадуи хӯрокӣ шахшӯл нест, балки нарм ва суфта мебошад.

Мизоҷаш бисёр гарм ва хушк аст.Хислатҳои шифобахши он: одатан инро намехӯранд. Ва агар камтареро аз он бихӯранд, қайи башиддат меоварад. Агар ҳамин тавр қай намоянд, зиқ-ун-нафасро, ки сабабаш сардӣ ва тарӣ бошад ва ҳатто кӯҳна шуда бошад ва инчунин сурфаи тари қадимаро шифо мебахшад.

Оби гулашро дар бинӣ чаконанд ё бирезанд, зардпарвин, бемориҳои тармизоҷ ва иллатҳои майнаро сиҳат мекунад. Мизоҷи решааш ҳам гарм ва хушк аст. Агар решаи инро кӯфта гузошта банданд, варамҳои хунукро таҳлил ва дардҳои аз сардӣ баамаломадаро таскин медиҳад.

Кадуи талхи хушкшударо бикафонанд, дар миёни сари гардани он пардае монанди пардаи тортанак мавҷуд аст. Онро бароварда, маҳин ос карда, андакеро аз он дар бинӣ бирезанд, зардпарвинро, ки чашму рухсораҳо — ҳама зард гашта бошанд ва аксари бемориҳои майна ва рутубиро ба воситаи ихроҷ кардани рутубат ва балғамҳои зарди бисёр аз бинӣ ва аз чашм шифо мебахшад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

tarkibi-xun

Таркиб ва вазифаҳои хун ва плазмаи он

Аҳамият ва вазифаҳои хун. Хун ҳамчун моеъи дохилии организм дар системаи махсуси худ ҳаракат карда, …