МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / КАШФИ ҚАЛЪАИ КӮҲИ МУҒ

КАШФИ ҚАЛЪАИ КӮҲИ МУҒ

Дар тадқиқи давраҳои аввали таърихи асримиёнагии Суғд кашфиёту тадқиқотҳои археологӣ чунон мақому аҳамиятеро соҳиб аст, ки зоҳиран ин гуна мақому аҳамияти онҳо дигар дар ҳеҷ куҷо ба назар намерасад. Мо борҳо ба ин гуна мадракоти археологӣ истинод кардем. Дар болои материалҳое, ки аз Қалъаи кӯҳи Муғ ва аз Панҷакенти қадим ба даст омадаанд, андак муфассал таваққуф мекунем.

Аҳли деҳаи Хайробод (дар ҳудуди райони Айнӣ) аз давраҳои қадим ҷоеро медонистанд, ки онро «Қалъаи Муғ» мегуфтанд ва ин ном дар адабиёти илмӣ ба шакли «Қалъаи кӯҳи Муғ» маъмул шуд. Дар ибтидои солҳои 30-юм аҳли деҳа ба ин ҷо бисёр омадурафт доштанд ва, инак, баҳори соли 1932 Ҷӯраалӣ ном подабон як сабад ва дар он як варақ коғази абрешимӣ ёфт, ки ба кадом як хати аҷоиби ғалатӣ ким-чиҳо навишта шуда буд. Хатро на маҳмадоноҳои деҳа ва на аҳли саводи Ӯротеппа хонда натавонистанд. Тирамоҳ ин хабар ба гӯши котиби райкомпартия Абдулҳамид Пӯлодӣ расид, ки ба таъриху маданияти қадим майлу рағбати зӯр дошт. Вай бо як дидан пай бурд, ки варақ варақи оддӣ не ва онро фавран ба Душанбе фиристод. Айнан дар ҳамон вақт, яъне соли 1932 бо таклифи КМ Партияи коммунистии Тоҷикистон ва ҳукумати республика, бо қарори Президиуми АФ СССР Базаи тоҷикистонии АФ СССР таъсис ёфта буд. Аввалин роҳбари он шарқшиноси оламшумул С.Ф. Олденбург таъин шуд. Мутахассисонн База муқаррар карданд, ки хат ба забони ӯйғурӣ ё суғдӣ навишта шудааст ва баҳори соли 1933 расми дастнависро ба эроншиноси номии советӣ А.А.Фрейман доданд. Вай муқаррар кард, ки хат ба забони суғдӣ ва бо ҳуруфоти суғдӣ навишта шудааст. Бозёфти подабон кашфиёти бузурги илмӣ гардид. Осори катибаи суғдиён хеле пеш ҳам маълум буд (онҳо аз Туркистони шарқӣ ёфт шуда буданд). Соли 1932 катибаи суғдӣ маҳз дар хоки худи Суғд ёфт шуд – оре, хати суғдӣ аз худи Суғд баромад – аз ин хабар дили кадом олим ба тапиш намеомад![1]

А.А. Фрейман ба Душанбе омад, бо нусхаи аслии хат шинос шуд, таърихи ёфта шудани онро ба тафсил пурсида гирифт ва инак, ақидае пайдо шуд, ки дар назари аввал гӯё хаёли хом менамояд — дар ҷои ёфтшудаи хат бояд боз дигар хатҳо ҳам бошад. Бо маслиҳати А.А. Фрейман ба Қалъаи Муғ як гурӯҳ ходимони базаи тоҷикистонии АФ СССР рафтанд. Аҳли республика бо иштиёқи тамом мунтазирии кашфиёти нав гардид. А. Пӯлодӣ дар чунин шароит тобистони соли 1933 ба кофтуков сар кард. Албатта, гуфтан даркор, ки вай археолог набуд ва эҳтимол, дар ин кор саҳву ғалат ҳам карда бошад, вале ҳар чи ҳам набошад, ба ғайрату ҷидду ҷаҳди вай қоил шудан даркор. Моҳи июл зиёда аз бист ҳуҷҷат ва чанд ашёи моддӣ ба даст омад. Совети Комиссарони Халқи РСС Тоҷикистон барои давом додани ҳафриёт қарори махсус қабул карда, маблағу воситаҳои лозимиро дод.

istaravshan-qalai_mug_00

Тирамоҳи ҳамон сол ба сари ҳафриёт котиби илмии Базаи тоҷикистонии АФ СССР А.И.Василйев бо як гурӯҳ олимону мутахассисон омад. Ана ҳамон вақт ба кофтукови қалъа шурӯъ карданд; А.И.Василйев боз 21 дастхат ёфт. Бо қарори идораҳои роҳбарикунандаи Тоҷикистон моҳи октябр як экспедитсияи калону мукаммал таъсис дода шуд, ки роҳбари он А.А.Фрейман буд. Ноябри соли 1933 А.И.Василйев дар ҳайъати ҳамин экспедитсия Қалъаи кӯҳи Муғро кофтуков кард. Сонитар (дар соли 1947) Л.Воронина кори А.И.Василйев сар кардаро анҷом дод.

Кӯҳе, ки дар болои он харобаи қалъа ҷой дорад, як ҳарсанги босалобати яклухти ҳаштодметраест, ки дар соҳили чапи дарёи Зарафшон, дар қарибии бо он ҳамроҳ шудани дарёчаи Қум воқеъ гардидааст. Се тарафи ин харсанг об ва тарафи чорумаш роҳи росту фарози мушкилгузар мебошад. Майдончаи болои кӯҳ замоне девори сангин доштааст ва қалъа ба ин сабаб қариб тамоман фатҳнопазир мешуд. Дар ин майдонча харобаи биное менамояд, ки замоне дуошёна будааст. ҳангоми оғози ҳафриёт фақат харобаҳои ошёнаи якум менамуду бас. Иморат шаклан росткунҷаи нобаробаре буду паҳлуҳои он 18,5–19,5 м буд. Ошёнаи якум чунин биноҳо дошт: чор хонаи дарозу борик, ки ба қадди иморат баробар буданд (бари ҳар як аз ин хонаҳо 1,9-2,25 м) ва дар ши-моли ин хонаҳо долони аз ин ҳам бориктари кӯндаланге буд, ки тамоми он чор хонаро ба ҳам мепайваст. Аз ин долон даре ба берун кушода мешуд. Таҳ-курсии деворҳо аз хишти пухта ва сардевориҳо аз хишти хом буд. Худи бино калон нест. Ягон зебу ороиш надорад ва як қалъаи муқаррарии дидбонӣ аст.

Дар рафти ҳафриёт маълум шуд, ки ҳуҷҷатҳо (шумораи онҳо аз 80 гузашт ва аз ҷумлаи онҳо 74-тоаш суғдӣ буд) дар баландии 50-70 м аз фарш, дар таги шикастапораҳои фурӯрафтаи шифт хобидаанд. А.И.Василйев дуруст тахмин кард, ки бино аслан дуошёна буду ҳуҷҷатҳо дар ошёнаи дувум меистоданд. Дар рафти ҳафриёт на фақат ҳуҷҷат, балки бисёр ашёи маданияти моддӣ низ ба даст омад ва номгӯи онҳо ба 400 расид. Алалхусус, сафолот бисёр аст. Ашёи бофта — сабадҳои гуногун ҷолиби диққатанд. Ин сабадҳо ниҳоят бо ҳавсала бофта шудаанд ва тарзи бофти онҳо бо бофти тоҷикони Помир шабоҳат дорад.

Ашёи чӯбинро махсус қайд кардан даркор – карсону табақ, тугмаву сагак, белу қошуқ барин чизҳо хеле бомаҳорат сохта шудаанд. Сандуқчаи чӯбине кирои зикр аст, ки бо чарми сиёҳи тунук рӯкаш гардидааст ва дар сарпӯши он ба шакли ситораҳои ҳаштгӯшаи сурх нақши аҷоибе ҳаст. Дигар ашёи нодир сипари чӯбин аст, ки низ рӯкаши чармин дорад ва дар рӯи он сурати рангоранги аспу савори мусаллаҳ кашида шудааст. Матоъҳое, ки аз он ҷо ёфт шудаанд, асосан пахтагӣ, абрешимӣ ва пашмӣ мебошанд. Алалхусус, саргиракҳои тӯрӣ ҷолиби диққат аст, ки аз ресмони пахтагӣ бофта шудааст ва осори бағоят аҷоибу олисифатва беҳамтою бесобиқаи санъати тӯрбофии Осиёи Миёна мебошад.[2] Аз ҷумлаи асбоби ҷангӣ ғайр аз сипаре, ки дар боло зикр кардем эҳтимол, ин сипари ҷангӣ не, балки сипари маросимӣ ҳам бошад), боз ғилофи чӯбини ханҷар, пайконҳои оҳанӣ, тирҳои найӣ, чӯбӣ ва чӯбунайиро номбар кардан даркор. Инчунин ашёи шишагин, шаш дона танга ва боқимондаҳои зироат ёфт шуд.

Тамоми ин бозёфти фаровон дар бораи хусусияти маданияти моддии суғдиён бори аввал маълумоти муфассал дод ва кашфиёти ҳуҷҷатҳои хаттӣ, ки бозёфти беамсоли даврон ҳисоб мешуд, дарак медод, ки баъди кушодани рамзи он роҷеъ ба таърих ва маданияти маънавӣ мадракоти гаронбаҳо ба даст хоҳад омад. Ба шарофати меҳнати пурмашаққату шадиди А.А.Фрейман кушодани рамзи дастхатҳои суғдӣ оғоз ёфт ва ин корро шогирдони вай М.Н.Боголюбов, В.А.Лившитс, О.И.Смирнова анҷом доданд, матнҳои арабиро И.Ю.Крачковский ва В.А.Крачковская хонда, шарҳ доданд.

Тадқиқи ин материалҳо имкон дод, ки санаи бунёди Қалъаи Муғ ва давраи истеҳсоли ашёи он аниқ муайян карда шавад. Роҳнамо як ҳуҷҷати арабӣ шуд, ки дар матни он В.А.Крачковская ва И.Ю.Крачковский зуд номи «Дивасти»-ро хонданд (суғдиёнро «Диваштич», «Диваштак» мегуфтанд) ва ин ном дар маъхазҳои роҷеъ ба Осиёи Миёнаро истило кардани арабҳо зикр шудааст. И.Ю.Крачковский баъди 10 соли ин кашфиёт дар китобаш «Над арабскими рукописями» («Дар сари дастнависҳои арабӣ») тафсилоти воқеаро хеле аниқу дақиқ ва бо обуранг тасвир кардааст. Дар хотима вай гуфтааст: «Дар ҳақиқат, номи Диваштич мифтоҳи тамоми кор гардид – яъне на фақат хати арабиро фаҳмонда дод, балки барои тадқиқи ҳуҷҷатҳои суғдӣ заминаи мустаҳкам фароҳам овард. Диваштак ҳокими суғдиён будаасту маҳз боқимондаҳои архиви вай дар Қалъаи Муғ ба дасти экспедитсия афтодааст. Номи дигар волии араб, ки Диваштич мактубро ба вай ирсол карда буд, ба осонӣ муайян шуд ва маҳз ҳамин ном имкон дод санаи мактуб аниқ карда шавад ва он соли садуми  ҳиҷрӣ, яъне тақрибан солҳои 718–719 будааст».

Аллакай феврали соли 1934 дар Ленинград, дар маҷлиси Академияи фанҳо, ки ба экспедитсияи Қалъаи Муғ бахшида шуда буд, натиҷаи он, аз ҷумла, аввалин кӯшиши кушодани рамзи дастнависҳои суғдӣ ва хондани ҳуҷҷатҳои арабӣ арз карда шуд. И.Ю.Крачковский хеле дуруст гуфтааст, ки: «…Ин тантана буд, тантанаи экспедитсия буд, ки илмро бо маълумоти бесобиқа ғанӣ кард, ин тантанаи илм буд, ки қудрати худро равшан нишон дод ва дар пеши назари ҳама дониши моро ба зинаи баландтаре баровард.[3]

Фақат ҳаминро илова кардан даркор, ки ба ин тантана ҳам як подабони оддӣ ва ҳам котиби райкомпартия ва ҳам роҳбарони идораҳои республикавӣ ва ҳам шарқшиносони оламшумули советӣ саҳми худро гузоштанд.

Ҳамаи ин диққати олимонро ба ҳавзаи болооби Зарафшон кашид. Дар он вақтҳо дар Тоҷикистон муассисаҳои археологӣ вуҷуд надоштанд, вале олимоне буданд, ки мехостанд гузаштаи республикаро тадқиқ намоянд. Яке аз ҳамин гуна одамони ташаббускор археологи кишваршинос В.Р.Чейлитко ном шахси кордони боғайрате буд. Вай солҳои 1934-1937 ҳавзаи болооби Зарафшонро тадқиқ карда, аз ҷумла, дар Панҷакенти қадим андак ҳафриёт гузаронд. Аз ахбори мухтасару беробитаи газетаҳо дар бораи ин ҳафриёт маълумоти муфассал гирифтан мумкин не, вале шубҳае нест, ки натиҷаи ин ҳафриёт хеле хуб буд. Вале тавсифи бозёфтҳо бисёр камбудиҳо дорад. Аммо дар айни ҳол бояд иқрор кард, ки В.Р.Чейлитко аҳамияти димнаи Панҷакенти қадимро дуруст муайян намуд ва ояндаи онро низ дуруст пешгӯӣ кард, ки ба туфайли тадқиқоти ин димна як шаҳри калони бутун падид меояд, ки пеш аз истилои арабҳо вуҷуд дошт ва ба ин шаҳр «таъсири асрҳои минбаъда нест, зеро баъди дар ибтидои асри VIII хароб шудан мардум дигар ба ин ҷо манзил накарданд. Ба туфайли ҳафриёт бисёр асарҳои санъат, тамғаҳо ва сафолот ёфт шуд.

Вале тадқиқи илмии Панҷакент фақат пас аз 10 сол оғоз ёфт. Соли 1946 «Экспедитсияи археологии суғдшиносии тоҷик» ном экспедитсияи калони илмӣ ташкил карда шуд. Дар кори экспедитсия се муассиса — Институти таърихи маданияти моддии АФ СССР, Филиали тоҷикистонии АФ СССР ва Эрмитажи давлатӣ ширкат доштанд. Аъзо — корреспонденти АФ СССР, забардасттарин шарқшинос ва археологи советӣ, шогирди В.В.Бартолд-А.Ю.Якубовский роҳбари экспедитсия таъин карда шуд. Вай соли 1946 бо як гурӯҳ олимон ба Панҷакент омад. А.Ю.Якубовский димнаро бодиққат тафтиш кард ва бо маълумоти В.Р.Чейлитко шинос шуда, ба хулосае омад, ки дар ин маҳал ҳафриёти калон ташкил намудан зарур аст. Вай ҳамин нуктаро дар назар дошт, ки «Панҷакенти қадим дар замони ислом вуҷуд надошт». А.Ю.Якубовский мехост маълумоте ҷамъ кунад, ки он имкон диҳад дар бораи шаҳрҳои то истилои араб вуҷуддошта ақидае баён карда шавад. Вай масъалаи тадқиқи Панҷакенти қадимро аз гӯшаву канору тангкӯчаҳои сарбастаи кишваршиносӣ берун бароварда, ба шоҳроҳи илми советӣ ҳидоят намуд. То вопасин дами худ (соли 1953) А.Ю.Якубовский роҳбари ҳафриёти Панҷакент буд. Баъди сари вай ба ҳафриёт М.М.Дяконов роҳбар шуд (вафоташ соли 1954), аз соли 1954 роҳбари ҳафриёт А.М.Беленитский мебошад.

Харобаҳои Панҷакенти қадим 60 км шарқтари Самарқанд, дар канори Панҷакенти имрӯза ҷой гирифтааст. «Дар ҳамин ҷо, дар соҳили баланди Зарафшон димна воқеъ аст. Пеш аз ҳафриёт ин ҷо заминҳои лалмӣ буду дар вусъати майдони лаби дарё тарҳи базӯр аёни девори қалъа ва бурҷҳои он ба назар мерасид. Агар кас ба болои яке аз ин харобаҳои бурҷҳо барояд, сатҳи худи димнаро медид, ки он майдоне буд пур аз теппаю дӯнгию дӯнгичаҳои гуногунсохту гуногуншакл. Ин майдони худи шаҳр буд, ки сонитар ба он истилоҳи шаҳристонро нисбат доданд. Вусъати шаҳристон 19 га ва масофаи гирдогирдаш 1750 м аст. Девори шаҳристон фақат дар шимол ва шарқ рост аст, дар ҷануб ва ғарб бошад, ба пастию баландии маҳал мувофиқ шуда, каҷу килебу пастубаланд мебошад. Дар тарафи ғарбии шаҳристон бошишгоҳи ҳоким – арк ҷой дорад, ки замоне бо деворҳои қалъа як истеҳкоми томро ташкил медод. Арк дар болои теппаи 30-метра воқеъ буда, аз шаҳристон бо сое ҷудо аст. Дар тарафи шарқӣ ва ҷанубу шарқии шаҳристон ҳавлиҳои наздишаҳрӣ ҷой дошт, ки он гӯё ибтидои работҳои шаҳрҳои давраи мутараққии асрҳои миёна буд. Дар ҷануби шаҳристон чанд теппачаҳо ҳаст, баъди ҳафриёт маълум шуд, ки онҳо новусҳои зардуштӣ будаанд. Пас, қабристон ҳам дар ҳамин ҷо будааст.

Шаҳристон кӯчаҳои бисёр дорад. Бари кӯчаҳои шаҳр 3–5 м буда, онҳо гоҳ мутавозӣ мераванд ва гоҳ ба ҳам пайваста мешаванд. Дар ду тарафи кӯча маҳаллаҳои сершумор, дӯкону устохонаҳои бисёр ҷой дошт. Масалан, дар яке аз кӯчаҳое, ки шартан № 3 номида шуду ба тӯли 100м муфассал тадқиқ гардид, дар як тарафаш маҳаллаҳои ХIII ва VI ва дар тарафи дигараш маҳаллаҳои III, ХХ, VII ва ХVI ёфт шуд, ки ҳар яке аз даҳҳо ҳавлиҳо ва зиёда аз 100 бино иборат аст.

Масалан, маҳаллаи истиқоматие, ки шартан «объекти III» ном гирифт, дар гӯшаи шимолу шарқии шаҳр ҷой дорад ва росткунҷаи тақрибан дурусте мебошад, ки аз шимол ба ҷануб тӯл кашида, андозааш 190х35 м аст. Тарафи ғарбии маҳалла дар тӯли 100 м ба шакли девори яклухт аст, ки панҷ дарвоза ва як айвон дорад, вале ҳамин ки ба ҷануб тоб хӯрд, шаклаш дигар мешавад. Тарафи шарқии маҳалла хеле бисёр дарвозаву айвон дорад. Ба ақидаи О.Г.Болшаков, тамоми маҳалла аз ҳашт ҳавлӣ иборат буда, дар ҳар як ҳавлӣ 10–15 иморат ҳаст.[4]

Ҳавлӣ аз бинои болохонадор иборат мебошад, ки аз хонаи поён ба хонаи боло бо роҳи моил ба баландӣ баромадан (пандус) мумкин аст. Маркази ҳавлӣ толори калони чоркунҷа мебошад. Девори ғафсу баланди бедарвоза як ҳавлиро аз дигар ҳавлӣ ҷудо кардааст.

Сохти объекти VI–ХIII назар ба объекти III он қадар ботартиб нест. Биноҳои ин ҳавлӣ ба девори қалъа пайваст буда, дар гардишҳои он ҷойҳои холӣ мондааст, ки мисли рӯйдаричаҳо мебошад. Б.Я.Ставиский дар ин ҷо бисёр ҳавлиҳоро муайян намудааст, ки ошёнаи якуми онҳо аз чор то даҳ хона доранд. Дар якчанд аз ин ҳавлиҳо толори калони ташрифот ҳаст, ки ба он долони шервонисақф мебарад, ғайр аз ин чанд хонаҳои иловагӣ дорад ва барои ба ошёнаи дувум баромадан баромадгоҳи моили зинамонанд сохта шудааст. Ҳамаи ин ҳавлиҳо ба ҳавлии объекти III монандӣ дорад.

В.Л.Воронина муайян кардааст, ки иморати ҳар як ҳавлӣ ба ду тақсим ме-шавад: ба хонаи ташрифот ва хонаи истиқоматӣ. ҳавлиҳои бойтар дарвоза-хонае доштанд, ки ба намуди айвон сохта шуда буд. Хонаҳои поён одатан шервонисақф ва шифти онҳо хеле баланд буд (то 5 м) ва таг-таги девор барои хуфтухоб суфаҳо сохта шуда буд. Хонаҳои поён андак ториктару салқинтар ва хонаҳои боло равшантару сабуктар сохта мешуду, эҳтимол, хонаҳои тобис-тонӣ буданд ва ба он ба воситаи баромадгоҳи моил ё бо зина ба баландӣ баромадан мумкин буд. Чӣ тавре дар боло ҳам қайд кардем, маркази ин ҳавлиҳо толори калони чоркунҷае мебошад (андозаи онҳо ба ҳисоби миёна 50-80 м2). Гирдогирди даруни толор суфа дошт ва суфаи рӯбарӯи дари даромад баланду барҷаста буд. Шифти толор аз чӯби муқаррарӣ буда, ба чор сутун такя мекард ва дар миёнҷо равзан дошт. Саросари деворҳои толорро пур аз нақшу нигор ва танаи сутунҳоро кандакорӣ мекарданд. ҳайкалҳои чӯбин ҳам дар ин толорҳо меистоданд.

ҳар як ин гуна ҳавлӣ бошишгоҳи ашрофе мебошад, ки барои истиқомати худи соҳиби ҳавлӣ ва аҳли хонаводаи вай хонаҳои зиёде дошт, барои хизматгорону анбору ошхонаву ва ғ. низ хонаҳо буданд (баъзан онҳоро аз хонаҳои асосӣ ҷудо месохтанд) ва инчунин толори ташрифот буд, ки он вазифаи меҳ-монхонаи ҳавлии бойи асрҳои ХIХ ва аввали ХХ-уми тоҷикро иҷро мекард.

Дар қатори ин гуна ҳавлиҳои калон дар маҳаллаҳо ҳавлиҳое буданд, ки толори ташрифот надоштанд; хеле хоксорона ва ҳатто фақирона буданд ва, зоҳиран, дар ин ҳавлиҳо шаҳриёни қаторӣ зиндагӣ мекарданд.

Яке аз ҳавлиҳои объекти VI сохти махсус дорад. Дар ин ҳавлӣ чор толори ташрифот ҳаст, аз ҷумла, толори росткунҷаи ташрифот, ки андозааш 12,7Х7,9м мебошад. Дар ин толор 100 қол ёфт шуд, дар байни расмҳои рӯи девор лавҳи нардбозӣ ҳам кашида шудааст. В.Л.Воронина мегӯяд, ки ин толор «толори махсуси бозӣ буд», вале ин гапи ӯро исбот кардан мумкин набошад ҳам, ба ҳар ҳол ҷои шубҳа нест, ки ин ҳавлӣ ҳавлии ҷамоатӣ буд.

Сохти ҳавлиҳо бетағйир намемонд. Онҳоро васеъ мекарданд, борҳо аз нав месохтанд.

Дар солҳои охир муайян шуд, ки хонаҳои алоҳида-алоҳидаи (баъзан иборат аз ду қисми) сари кӯчаҳо, ки бевосита ба кӯча дар доштанд, чӣ гуна хонаҳо будаанд. Дар ҷои тадқиқшудаи чоркӯча зиёда аз чил адад ин гуна хонаҳо баромад. Дар баъзе ин гуна хонаҳо кӯра, пораҳои пахшшудаи оҳани гудохта, дошҳои пури дажғол ва дигар осори касби ҳунармандӣ падид омад. Дар ҳамин хонаҳо нисбат ба дигар навъ хонаҳо танга бисёр ёфт шуд. АМ.Беленитский мегӯяд, ки ин хонаҳо устохона ё дӯкон мебошанд ва ё ҳам устохонаву ҳам дӯкон мебошанд ва ин иддаои ӯро беасос гуфтан мумкин нест.

Як силсила ин гуна хонаҳо пайваста ба як ҳавлии хеле бой сохта шуда, дар пеш майдончае дорад, ки ба кӯча мебарояд ва шумораи он хонаҳо ба 11 мерасад. Пеши тамоми ин 11 хона як айвон дошт. Бозорҷойҳо дар қади кӯчаҳои шаҳр воқеъ буданд. Чунончи, дар давраи мутараққии асрҳои миёна чунин буд, дар он давраҳо низ бозор ҳам ҷои истеҳсол буду ҳам ҷои хариду фурӯш.

Ба қавли А.М.Беленитский, «ҳафриёти солҳои охир тасаввуроти пешинаро роҷеъ ба тартиби кӯчаҳои шаҳр ба куллӣ дигар кард. Маълум шуд, ки кӯчаҳои шаҳр кӯчаҳои росту батартибе мебошанду хонаҳоро ба маҳаллаҳои муайян тақсим мекунанд. Бешак, майдонҳо низ буданду андозаҳои гуногун доштанд.[5]

Дар қисми шимолии димна пастхамии калоне ҳаст, ки замоне майдон буд. Дар ғарби ин майдон ду теппаи калоне ҳаст, ки замоне ду иморати ҷамоатии ба ҳам пайваста буд ва, одатан, алҳол онҳоро маъбад мегӯянд – маъбади ҷанубӣ (№ 1) ва маъбади шимолӣ (№ 2). Маъбадҳо ҳам аз ду қисм иборат – худи бинои маъбад ва ҳавлии маъбад, ки чанд иморатҳои истиқоматӣ ва хоҷагиро дар бар мегирифт. Гуфтан даркор, ки маъбади № 2 дар мобайни ҳавлӣ ҷойгир шудаасту чор тарафи онро хонаҳои гуногун печонида гирифтаанд (тӯли ҳавлӣ аз шарқ ба ғарб 75–80 м ва аз шимол ба ҷануб 60м). Маъбади № 1 бошад, дар як кунҷи ҳавлӣ истодаасту фақат як тарафаш рӯ ба ҳавлӣ мебошад. Маъбад дар болои таҳкурсии баланд сохта шуда, нисбат ба ҳавлӣ болотар аст. Кас, ҳамин ки ба ҳавлӣ даромад, рост рӯбарӯи дарвоза дар пеши маъбад роҳрави болопӯшидаи ду тарафаш кушодаеро медид, ки бомаш бар шаш сутун устувор буд (тӯли ин роҳрав қариб 21м аст).

Дар охири ин роҳрав айвони чорсутунаи чоркунҷае рӯ ба ҳавлӣ, яъне рӯ ба шарқ сохта шуда буд (андозаи ин айвон дар як маъбад 7,58Х8,1 м ва дар маъбади дигар 8,1Х10,3 м). Аз ин айвон ба ибодатгоҳе даромадан мумкин, ки андак дарунтар воқеъ асту тарҳаш чоркунҷа мебошад. Аз ду тараф ва дар қафои маъбад роҳрави болопӯшидаи сутундори ду тарафаш кушодае воқеъ буд, ки бо ҳамин гуна роҳрави пеши маъбад пайваст мешуд. Девори толорҳои марказӣ чорсутундор ва девори айвонҳо пур аз расму сурат мебошанд ва, аз афти кор, замоне дар ин ҷо ҳайкалҳои гилӣ ҳам будаанд. Дарвозахонаи маъбади № 2 бо нақши гилӣ зинат дода шуда буд. А.М.Белинитский исбот кард, ки як қисми ин нақшу нигор аҳамияти маросимӣ дошт ва инчунин таърихи ин иморатҳоро муайян намуд.

Ин иморатҳо алҳол хароб шуда бошанд ҳам, ҳоло ҳам салобати онҳо касро зер мекунад. Меъмор нияти муайяне доштааст ва бо маҳорати тамом ин нияти худро ба амал баровардааст. Аз роҳрави қаторсутуни болопӯшидаи ду тарафаш кушодаи майдон бинои марказии маъбад хеле бошукӯҳ менамояд. «Маъбад дар болои таҳкурсии баланд, болотар аз ҳама ва дар миёнҷои ҳавлӣ ҷо дошт ва баромадгоҳи моили зинамонанди васею бошавкати худ қатори сутунҳои мавзуну нозуки худ ва толорҳои музайяну муқарнасии худро бо ғурури тамом ҷилва медод. Аҷаб намуде дошт қатори назаррабои сутунҳои он, нақши назокатомезу пурлатофати сутуну муҷассамаҳои он ва саҳаргоҳон, вақте анвори заррини офтоб ба даруни айвонҳо фурӯ мерехт, нақшу нигори он ба тобиши рангинкамон партав меафканд».[6]

Ҳамаи ин ҳафриёт қабати болоии шаҳристонро ошкор намуд, ки ба асрҳои VII-VIII нисбат дорад.

Ин давра давраи авҷи тараққиёти шаҳр буд ва онро истилои арабҳо қатъ намуд. Дар баъзе ҷойҳои шаҳр осори сӯхтори азиме менамояд, ки, эҳтимол, соли 722 пеш аз милод ва ё худ андак сонитар (то солҳои 738/39) ба вуқӯъ омадааст.

Тақрибан солҳои 738-740 шаҳр боз барқарор мегардад. Вале баъдтар дар солҳои 70-уми асри VIII, эҳтимол, ба муносибати шӯриши Муқаннаъ арабҳо Панҷакентро боз хароб карданд ва ин дафъа зиндагӣ дар шаҳристону работ дигар эҳё наёфт.[7]

Дар баъзе қитъаҳои шаҳр шабакаҳои поёнтар ҳам тадқиқ карда шуд ва маълум гардид, ки ҳам арк ва ҳам шаҳристони деворпеч, ҳанӯз дар асри V ва ибтидои асри VI пайдо шуда будааст. Маҳз дар ҳамин давра шаҳр тараққӣ мекарду ташаккул меёфт.[8]

«…Панҷакент шаҳри ҳақиқӣ буд. Тамоми вусъати он пур аз иморатҳои ду ва сеошёна буд, ки онҳо маҳаллаҳои калонро ташкил медоданд ва ба ҳамдигар зич ҷой гирифта буданд. Вақти ҳафриёт дар ду тарафи кӯчаҳои танг дӯконҳои сершумори савдогарону косибон ёфт шуд, ки ба масофаи калон тӯл кашидаанд. Алҳол зиёда аз сад иморатҳои серхонаи панҷакентиҳои қадим кашф гардидаанд. Қариб сеяки ин иморатҳо, яъне на фақат хонаи аъёну ашроф, балки қариб ҳамаи хонаҳои шаҳриёни доро толорҳои бошукӯҳе доранд, ки бо нақшунигори муҷассамаҳо зиннат ёфтанд. Ба туфайли ҳафриёт маълум шуд, ки дар Панҷакенти қадим санъати монументалӣ ниҳоят маъмул будааст, ҳол он ки ин ақида ба гӯшаи хаёли касе намеомад. На фақат маъбадҳо, на фақат қасри шоҳ, балки даҳҳо хонаҳои аҳолии оддии шаҳр он қадар осори рассомию ҳайкалтарошӣ доштаанд, ки ҳар яки онҳоро музеи санъат гӯем ҳам, хато намешавад».[9]

Дар айни вақт бо ҳафриёти дигар қисмҳои шаҳр А.И.Тереножкин ба кофтукови арк сар кард. Солҳои охир дар ин қитъаи ҳафриёт археологи ҷавон А.Исҳоқов бомуваффақият кор мекунад.

Онҳо муқаррар карданд, ки арк иборат аз бурҷи марказӣ, ки ба майдончаи пеши арк пайваста мебошад ва, инчунин чанд иморати поёнӣ дорад, ки рӯ ба шаҳристон сохта шудаанд. Маҳз дар ҳамин ҷо якчанд иморатҳои калони ташрифотӣ, аз ҷумла, толорҳои бузург ёфт шуданд, ки суфаҳои бисёр доранд. Миёнҷои иморат толори азимест, ки (10х12,5) нишемангоҳи чуқуре дорад. Инчунин шикастапораҳои чӯбии таҳкурсии тахт ҳам ёфт шуд. Девори тамоми хонаҳо пур аз расму суратҳои олиҷаноб мебошад, вале онҳо аз сӯхтор сахт зарар дидаанд. Аз эҳтимол дур нест, ки ин харобаҳои қасри Диваштич бошад.[10]

Қитъаи наздишаҳрӣ 20–25 га вусъат дорад. Ин ҷо саросар иморат нест, балки ҷо-ҷо ҳавлиҳо алоҳида ба назар мерасад. Солҳои 1951–1953 нӯҳ ҳавлӣ ёфт шуд, ки пеш аз ҳафриёт фақат теппаҳои холӣ буданд. Яке аз ин теппаҳо, ки  алоҳида меистод, 2,5 м баландӣ ва 22Х16 м вусъат дошт.

Дар натиҷаи ҳафриёт тарзи сохти ҳавлиҳо ҳам ошкор шуд. Иморати ҳавлӣ ғайр аз даҳлез боз се хонаи дигар, долон ва баромадгоҳи зинамонанд дорад. Тамоми биноҳо нисбатан дуруст боқӣ мондаанд. Дар хонаи аз ҳама дарунтар чархуште ёфт шуд, ки он далели ҳамин аст, ки аҳли ин ҳавлӣ машғули шаробпазӣ буд. Дар дигар хонаҳо аҳли хонаводаи соҳиби ҳавлӣ зиндагӣ мекарданд. Яке аз биноҳо, эҳтимол, оғилхона буд.

Баъзан чанд метр дуртар аз хонаҳо новусҳо, яъне сағонаҳо низ ёфт шудаанд, ки бошандагони қитъаи атрофи шаҳр мурдаҳои худро дар он ҷо мегӯрониданд.[11]

Гӯристони шаҳр аз девори ҷанубии шаҳристон тақрибан ним километр дуртар воқеъ буд. ҳозир дар ин ҷо 70 хоктеппаро дидан мумкин (пештар дар ин ҷо камаш 2–3 баробар бештар хоктеппа будааст). Сеяки онҳо кофта шуданд ва маълум гардид, ки ин хоктеппаҳо ҳамон новусҳое буданд, ки ба он ҷо устухондонҳоро мегузоштаанд. Ин новусҳо ҳуҷраи равоқдореанд, ки баъди устухони мурдаро ба он гузоштан дари онро лойбанд мекарданд. Вусъати ин ҳуҷраҳо одатан 4-5м2 буда, баъзан то ба 10м2 мерасид. Дар таги девори ҳуҷра суфачаҳо бардошта, ба болои он устухондонҳоро мемонданд.[12]

Дар рафти ҳафриёт дар бораи бинокорӣ, санъати меъморӣ ва дигар намудҳои косибии ҳунармандӣ материали зиёде ба даст омад.[13]

[1] И.Ю. Крачковский ин воrеаро чунин ба rалам додааст: «Соли 1932 эроншиносони Ленинград ҳама сахт ба ҳаяҷон омаданд — овоза паҳн шуд, ки дар Тоҷикистон ким-чи хел дастнависҳои суuдӣ ёфт шудааст. То ба ҳол дар худи Суuд ин хел чизҳо ёфт нашуда буд, фаrат дар мулкҳои туркистонии он ёфт шуда буд. Дар ин мобайн овоза зӯртар шуд, ки дар Rалъаи Муu дар соҳили Зарафшон ким-чи гуна осори архив ёфт шудааст» (Крачковский И.Ю., 1945, с. 94).

[2] Дар маъхазҳои хитоӣ як навъ ашёи бофта зикр шудааст, ки аз Самарrанд меовардаанд ва Э.Шэфер номи онҳоро «hair ӣrocadӯ» тарҷума кардааст (Schafӯr Ӯ.N.,1963, р. 202), вале аниr муайян карда натавонистааст, ки он чӣ бошад. Шояд ин чиз худи ҳамон саргиракҳои тӯрӣ бошад, ки аз Rалъаи Муu ёфт шуд.

[3] Крачковский И. Ю., 1945, с. 97–98

[4] В.Л. Воронина дар ин ҷо 14 биноро муrаррар кардааст.

[5] Беленицкий А.М., 1956, с.179-186, 194-195. Барои ин тавсифу таъвили ҳафриёти шаҳ-ристон асарҳои дигар роҳбарону иштирокчиёни ҳафриёт, ки нашр шудаанд, низ ис-тифода бурда шуд (Беленицкий А.М., 1958; Болшаков О.Г 1964; Воронина В.Л., 1958, 1964; Ставиский Б.Я., 1964, б; Распопова В.И., 1971, Исоrов А. И., 1977 ва дигарон).

[6] Воронина В.Л., 1957, с. 131. Дар бораи тавсифи муфассали ҳафриёти маъбадҳо ва дигар бозёфтҳои он ҷо ниг.: Беленицкий Л.М., 1950 б; 1958, с. 105-113 ва дигарон.

[7] Большаков О.Г., 1964, с. 118-120

[8] Беленицкий А.М., 1967, с. 8-9; Маршак Б.И., 1964.

[9] Беленицкий А.М., Маршак Б.И., 1976, с. 75.

[10] Тереножкин А.И., 1950 а; Ставиский Б., 1950; Исҳоrов А., 1971.

[11] Большаков О.Г. ва Неъматов Н. Н., 1958; Воронина В.Л., 1958, с. 203– 209.

[12] Воронина В.Л., 1957, с. 133-135; Ставиский Б.Я. ва дигарон, 1953.

[13] Тавсифи муфассали рафти ҳафриёт ва таъвили материалҳои бадастомада дар асарҳои А.Ю.Якубовский, М.М.Дяконов, А.М.Беленитский ва дигарон оварда шудааст.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …