АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Каллакарам ва Канзи Шифо

Каллакарам ва Канзи Шифо

Каллакарам —  Ин ба ҳама маълум аст, ки инро дар китобҳои тибби қадим карами румӣ низ меноманд. Гиёҳи расидаи ин монанди кала кулӯла мешавад. Беҳтарини он хуб печида ва ранги сафедтобандаи он аст.

Калакарам

Мизоҷаш мураккаб-ул-қувват, яъне дар гармӣ ва сардӣ мӯътадил мебошад, вале рутубат дар он мавҷуд аст.

Хислатҳои шифобахши он: ин карамро ҳатман бо равғанҳо ё бо гӯшти фарбеҳ муҳарро пухта бихӯранд, баъд безарар мегардад ва ин тавраш гиреҳҳоро мекушояд, моддаҳои ғализро дар бадан мулоим мекунад, боднок аст, пешобро меронад, аз хӯрдани он хуни савдовӣ пайдо мешавад, майнаро суст мегардонад, дар бадан бухор ҳосил мешавад, ҳамчун ғизо носара, боднок, дар  узвҳо гиреҳҳо пайдо мекунад. Яке аз хосиятҳояш онаст, ки хуморро пароканда месозад ва онро сокин мекунад, моддаҳои савдовӣ ва бемориҳои савдовиро ба амал меоварад, ба фикрҳои носара мебарад, хиёлҳои нописандро ба амал меоваад, хобҳои мушавваш мебинонад, мағзи сарро заиф мегардонад, чашмро хира мекунад ин хосияташ бинобар бухор доштани таркиби он аст.

Оби ин карамро бинӯшанд, мастиро манъ мекунад. Каллакарамро дар об ҷӯшонида, он обро кам-кам ва бардавом бирезанд, дарди пайвандҳои баданро таскин медиҳад.

Вале агар онро дар об бо гӯшти фарбеҳ муҳарро пухта, бо чизҳои гарммизоҷ бихӯранд, ҳамаи зарарҳояш дафъ мегарданд.

Каллакарами сафед боднок, оруғ меоварад, вале маниро зиёд мекунад, шаҳвати ҷимоъро бармеангезад, хусусан агар онро бо равған бирён карда бихӯранд, ин хислаташ зиёда зоҳир мегардад.

Мизоҷи тухмаш гарм ва хушк аст.

Агар инро бо шароб ё пеш аз шароб нӯшидан истеъмол намоянд, мастиро манъ мекунад, хуморро пароканда месозад ва маниро зиёда мегадонад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

shoxi-daraxti-gor-lavr

Дарахти Ғор

Ғор —  Ин дарахтест, ки баргашро ҳамчун хӯриши хушбӯйи таом ва ҳазмовар дар вақти пухтан ба …