МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / КАЛЛА — (ПОЧА) дар Канзи Шифо (Китоб)
Каллаи Гусфанд

КАЛЛА — (ПОЧА) дар Канзи Шифо (Китоб)

Ин калла ва мағзи сари ҳайвонот аст. Беҳтарини он калла ва мағзи сари гӯсфанди ҷавон ва фарбеҳ мебошад. Мизоҷи каллаҳои ҳайвонот нисбат ба дигар қисмҳои бадани онҳо хунуктар ва тариаш зиёдтар аст. Ин вобаста ба кадом ҳайвон тааллуқ буданаш дар кайфият (гармӣ, сарди, тарӣ, хушкӣ) гуногун мебошад.

Хислатҳои шифобахши он: гӯшти калла, агарчи ғизоияташ бисёр аст, вале дерҳазм мебошад. Инро одамони заифмизоҷи маҳалҳои серрутубат ва гармозор набояд хӯранд, ки аз фоидаи он зарараш зиёдтар мегардад. Аз болои гӯшти калла асло ангур нахӯранд, ки зарар дорад.

Агар сар ё почаи барра ё почаи гӯсфандро дар об ҷӯшонида, он обро ба сар кам-кам ва бардавом бирезанд, дарди сареро, ки аз хушкӣ бошад, таскин медиҳад; барои намнок кардани майна ва ҳангоми вайрон шудани мизоҷи он дору мешавад, девонагӣ ва бехобиро ба ибро меоварад. Агар бо оби шӯрбои ин ҳуқна (клизма) кунанд, рӯдаҳо, гурдаҳо ва асабҳоро аз рутубат таъмин мекунад, қуввати боҳ мебахшад, варамҳои сахти ботиниро мулоим мегардонад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Гули офтобпараст

Гули офтобпараст дар Канзи Шифо (Китоб)

Ин растании машҳур аст, ки бӯстонї мебошад ва даштї низ дорад. Баргаш гӯё ғуборолуд бошад, …