МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / Канишка ва равнақи давлати Кушон

Канишка ва равнақи давлати Кушон

Машҳуртарин шоҳи Кушон — Канишка мебошад. Таҳлили номи вай дар илм боиси мубоҳисаву мунозираи дурударозе гардид. Г.Бейли изҳори андеша кард, ки қисми аввали ин ном аз калимаи «kan» («хурд, ҷавон») баромадааст ва маънои тамоми калима «ҷавонтарин» ё «хурдтарин» аст[1]. В.Б.ҳеннинг ҳам ба ин фикр розӣ, вале бар хилофи Г.Бейли, вай ба суффикс маънои дигар дод[2]. В.В.Иванов таклиф кард, ки суффикс тахорӣ ва худи калима калимаи муштараки форсу тахорӣ шумурда шавад[3].

Агар маънои номи Канишка то ба ҳол аниқ муайян нашуда бошад, масъалаи муайян намудани санаи аҳди вай аз он ҳам мушкилтар аст. Зарофати фарзияву тахминҳои сершумор ҷои маълумоти аниқро гирифта наметавонад. Санаҳои ниҳоят мухталиф аз соли 78 сар карда, то соли 278 милодӣ пешниҳод шудаанд. Дар вақтҳои охир нумизматҳои ҳам советӣ ва ҳам хориҷӣ санаҳои сонитари (ё нисбатан сонитари) ибтидои аҳди Канишкаро дурусттар мегӯянд, вале дар омади гап, ин ақидаи онҳо боиси эътирози сахти муқобилони онҳо гардидааст. Аз афти кор, бозёфтҳои нав, алалхусус бозёфтҳои археологӣ ин масъаларо равшан хоҳанд кард, вале алҳол ин масъала ба кӯчаи равшанӣ ё муайянӣ наздик ҳам нашудааст. Инак, баробари санаи Канишка, санаҳои аҳди дигар шоҳони Кушон ҳам аз «асре ба асре чорхез мекунанд».

Мувофиқи маълумоти мавҷуда аҳди Канишка камаш 23 сол давом доштааст. Дар аҳди вай вусъат ва тамаркузи минбаъдаи мулкҳои ҳиндустонии Кушон ба вуқӯъ пайваст: Панҷоб, Кашмир, Синд, Уттор Прадеш (дар шарқ то худи Банорас) дар таҳти ҳокимияти вай буд. Пойтахти давлат шаҳри Пурушапура (Пишовури ҳозира) қарор ёфт[4].

Сарзамини давлати Кушон дар аҳди Канишка бо як худи шимоли ҳиндустон маҳдуд нашуда, қариб тамоми Афғонистон, бисёр ноҳияҳои Осиёи Миёна ва Туркистони шарқиро дар бар мегирифт.

Сюан-Сзан навишта буд: «Пештар, замоне ки Канишка подшоҳӣ мекард, шӯҳрати вай дар давлатҳои ҳамсоя паҳн шуд ва иқтидори ҳарбии ӯро ҳама эътироф менамуданд. Шоҳзодагоне, ки дар кишварҳои ғарбтари Хитой буданд, ба Канишка итоат доштанд ва ба ин подшоҳ гаравиҳои худро мефиристонданд»[5].

Дар катибаи соли 262-уми милодии шоҳи Сосониён — Шопури I дар «Каъбаи Зардушт» гуфта мешавад, ки тӯли Кушоншаҳр то Пишовур (?), Кош (Қошғар ё Кеш – Шаҳрисабз), Суғд ва ҳудуди Чоч буд[6]. Ёдгориҳои археологӣ ва бозёфти тангаҳо имкон медиҳанд бо камоли итминон гӯем, ки ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистони ҳозира (аз ҷумла, Помир) ва Ӯзбекистон, инчунин водии Зарафшон, бешак, дар ҳайъати давлати Канишка буданд. Аз эҳтимол дур нест, ки дар давраи авҷи тараққиёти давлати Кушон Фарғона ҳам дар ҳайъати он, ё худ дар зери таъсири он буд, ин нуктаро дар ҳаққи ноҳияҳои маҷрои мобайни дарёи Сир ҳам гуфтан мумкин аст. Дар ин бобат дар бораи Хоразм ягон гапи аниқ задан мумкин не: иддаои мавҷуд будани «Хоразми кушонӣ», ки дар адабиёт бисёр ба назар мерасад, алҳол асоси мустаҳкам надорад.[7]

rumДар бобати Туркистони шарқӣ бошад, ҳатто сарчашмаҳои ғаразомези хитоӣ эътироф менамоянд, ки ин мамлакат муддате дар ҳайъати давлати йуҷиҳо, яъне Кушониён буд. Аввал Кушониён ва Хитои ханнҳо робитаи дӯстӣ доштаанд. Вале баъдтар дарбори ханнҳо бо роҳи хиёнат ҳайъати сафорати Кушониёнро ба ҳабс мегирад. Дар натиҷа ҷангҳои бисёре мешавад. Дар ниҳояти кор, дар ибтидои асри II эраи нав ба Кушониён муяссар шуд ба тахти Сулэ (Қошғар) волии худро бардоранд[8] ва ҳокимони ин мамлакат аз йуҷиҳо «метарсиданд»[9].

Дар натиҷаи мавҳумии хронологияи Кушониён алҳол маълум не, ки ин ҷангҳои Кушону Хитой дар аҳди Канишка шудаанд ё дар аҳди ниёгони вай.[10] Маъхазҳои ҳиндӣ, ҳам ишғоли Тарим ном вилояти Туркистони шарқӣ ва ҳам ғалаба дар ғарб бар портҳоро бо номи Канишка алоқаманд кардаанд.[11]

Ҳамаи ин далолат ба он дорад, ки Канишка тавонист на фақат хоки давлати худро вусъат диҳад, балки, аз афти кор, ба калонтарин давлатҳои ҳамсоя зарбаҳои сахт занад.

Ривоятҳои буддоӣ номи Канишкаро бо дини буддоӣ сахт вобаста кардаанд. Мувофиқи ин ривоят Канишка ба дини буддоӣ гузашта, пайрави маҳкамэътиқоди ин дин шуд. Вай бинову иншоотҳои сершумори дини буддоӣ – ступаҳо, виҳорҳо ва ғайра сохт. Ривоят ҳаст, ки Анҷумани Севуми буддоӣ маҳз бо ташаббуси ӯ ҷамъ шудааст.

Албатта, дар ин ривоятҳои буддоӣ иғроқу муҳобот бисёр аст, вале баъзе нуктаҳои он дар маъхазҳо ҳам зикр шудааст. Масалан, Берунӣ хабар медиҳад, ки Канишка дар Пишовур Каникчайтя ном маъбаде сохта будааст.[12]

Бешак, асоси ҳама ривоят ягон ҳодисаву воқеаи реалӣ аст. Дар ин бобат, чунин факт ҷолиби диққат мебошад; яке аз ниёгони Канишка шоҳи Кушон Вима Кадфиз дар тангаҳои худ фақат як худои ҳиндуҳо–Шиваро тасвир мекард. Вале дар тангаҳои Канишка ва вориси вай Хувишка расми ин худо бошад ҳам, дар байни расмҳои сӣ худои дигар ҷои назарногире доранд.[13] Дар байни ин худоҳо расми Буддо ва катибаи «Буддо» ва «Буддо Шакямуни» ҳастанд.

Дар тангаҳои Канишка дигар худоҳо, масалан, худоҳои антиқӣ ҳам тасвир шудаанд. Дар байни ин худоҳо худоҳои кеши зардуштия – худои ғалаба ва бод Вэрэтрагна, Анаҳитои машҳур, худои офтоб ва ғалаба Митра, рамзи сарват ва ҳукми подшоҳӣ Фарро барин худоҳо ба назар мерасанд. Вале олимон ба як ақида наомадаанд, ки ин серхудоӣ инъикоси авзои ҳақиқии дини Кушониён аст ё сабаби он мақсади сиёсӣ мебошад, яъне бо ҳамин роҳ табақаҳои гуногуни давлати беканори Кушонро дилгарм карданӣ буданд. Маҳз дар аҳди Канишка бори аввал дар тангаҳо ба забони бохтарӣ (на юнонӣ) навиштаҷоте пайдо шуд, ки бо намуди кушонии хатти юнонӣ иҷро шуда буд. Ин навигарии Канишка хеле бамаврид баромад, ки минбаъд ҳам дар тангаҳои кушонӣ истифода мешуд.

Хулоса, дар аҳди Канишка дар соҳаи маданияти маънавӣ дигаргуниҳои калон ба вуқӯъ омад, дар баробари хеле озод будани дигар динҳо дини буддоӣ эътибори бештаре пайдо карда, ба он худи подшоҳ ҳам мӯътақид мешавад, забони бохтарӣ аҳамияти бештаре пайдо карда, аз афти кор, ба забони расмӣ (ё худ ба яке аз забонҳои расмӣ) мубаддал мегардад.

Дар аҳди Канишка танга бисёр бароварда мешуд. ҳунармандӣ ва тиҷорат равнақ меёбад. Давлати Кушон ба авҷи иқтидори худ мерасад. Вале дар айни ҳол, таъсири дигар қувваҳои марказгурез зӯр мешавад, яъне бениҳоят гуногун будани мулкҳои ҳайъати давлати Кушон, муқобилати баъзе ҳокимон ва сиёсати таҷовузкоронаи давлати Сосониён, ки дар рӯи харобаҳои давлати Порт дар Эрон ба вуҷуд омада (соли 226 эраи мо), акнун қувват мегирифт, амнияти давлати Кушонро халалдор мекарданд.

Таназзули давлати Кушон. Кушониён ва Сосониён

Мувофиқи катибаҳои ҳиндӣ баъди Канишка ба тахт Васишка нишаст, вале тангае бо номи ӯ нест, тангаҳое ҳастанд, ки дар онњо Хоэрко (аслан Хоэшко, зеро дар хатти бохтарӣ овози «ш» бо «р» ифода мешуд) зикр шудааст ва ӯро аз рӯи дар катиба чи гуна талаффуз шуданаш Хувишка[14] мегӯянд. Вай зиёда аз сӣ сол ҳукмронӣ кардааст. Аз ҷумлаи дигар шахсоне, ки тӯлонӣ дар сари идораи давлат нишаста буданд, Васудеваро ном бурдан лозим. Дар аҳди Васудева аз расмҳои худоҳои бисёри рӯи тангаҳо боз фақат расми Шива мемонад. Зимнан, чи тавре Е.В.Зеймал ҳам ба ин ишорат кардааст, дар тангаҳои Васудева (чунончи, дар тангаҳои Вима Кадфиз) расми Шива чунон кашида шудааст, ки ба навъҳои сонитари тасвироти вай хос буда, ба ҳамон фирқаи шиваизм мансуб аст, ки дигар хел динҳоро бо таассуби тамом мутлақо эътироф намекард.[15]

Дар боло хотирнишон намудем, ки давлати Сосониёни Эрон қувват мегирифт. Шоҳи Сосониён Шопури I (солҳои 242-272 э. н.) солҳои 40-уми асри III э. н. ба шарқ лашкар мекашад. Дар катибаи худ Шопур ва ворисони ӯ худро «шоҳони Сакистон, Туристон ва ҳиндустон то каронаи дарё» номидаанд.[16]

Ба фикри В.Г.Луконин, ба Шопури I, дарвоқеъ, муяссар шудааст, ки аз афти кор, танҳо ноҳияҳои дурдасти собиқ давлати Порт, аз ҷумлаи Марв ва Сиистонро ба худ тобеъ намояд.

Дар боло катибаи соли 262-уми «Каъбаи Зардушт»-ро роҷеъ ба Кушоншаҳр зикр карда будем. Дар ин катиба пеш аз рӯйхати ноҳияҳо (аз ҷумлаи онҳо Кушоншаҳр) Шопури I мегӯяд, ки «ҳукмам равост» ва баъди рӯйхат бошад, илова мекунад: «ҳамаи онҳо боҷ медоданд ва итоат доштанд». Ақидае ҳаст, ки эҳтимол Кушоншаҳр худаш дар ҳайъати давлати Сосониён набошаду фақат боҷдеҳи он бошад[17], вале одатан, чунин мешуморанд, ки Кушоншаҳр дар ҳайъати давлати Сосониён буд[18]. Кушоншаҳр чӣ қадар дар ҳайъати давлати Сосониён буд?

Ин алҳол муаммои ҳалношуданӣ мебошад (шояд, ки ин ба шоҳони сосонӣ итоат доштани ҳокимони Кушон бошад). Хабари сарчашмаҳо ба якдигар мувофиқат надоранд ва ҳатто хилофи ҳамдигаранд. Аз як тараф, муаррихи араб Табарӣ менависад, ки нахуст аз Сосониён Ардашери I Марв, Балх, Хоразмро «то ҳудуди ақсои Хуросон»[19] забт кардааст. Одатан ин хабарро дуруст мешуморанд ва танҳо баъзе олимон ба он шак доранд[20]. Агар фарз кунем, ки хабари Табарӣ дуруст аст ва асли маънои навиштаҷоти «Каъбаи Зардушт» ҳамон мебошад, пас ба ин нуктаҳо як шаҳодате, ки аз маъхазҳои монавия бармеояд, хилоф мешавад.

Асосгузори мазҳаби монавия Монӣ дар миёнаҳои солҳои 70-уми асри III ба шарқ Маар Уммо ном воизеро фиристода буд. Ин воиз аз Хуросон гузашта, ба ҳудуди Кушон расид, баъдтар ривоят ҳаст, ки ба Замба (Замм–шаҳр ва убургоҳест дар Амударё дар қарибии Каркии ҳозира) омадааст. Аз афти кор, охирин маҳалли саёҳати Маар Уммо–шаҳри Варучан (дар қарибии Балх) дар зери ҳокимияти шоҳони Кушон ё худ шояд дар зери ҳокимияти олии давлати Сосониён буд ё ба он итоат дошт.[21]

Хулоса, ба Сосониён ба ҳар ҳол муяссар шудааст, ки ба Кушониён зарбаи сахт зананд ва қисми бисёри мулкҳои онҳоро кашида гиранд. Вале кай?

Масъалаи санаи аз давлати Сосониён шикаст хӯрдани давлати Кушон бе ҳалли масъалаи муайян намудани санаи сосонукушонӣ ва кушонусосонӣ ном тангаҳо ҳал карда намешавад. Ба тадқиқи ин масъала А.Каннингэм, Э.ҳерсфелд, А.Бивар, В.Г.Луконин, Р.Гёбл барин муаррихон ва нумизматҳо машғул шудаанд. Як қисми ин тангаҳо мисли тангаҳои сосонӣ сикка зада мешуданд. Дар ин тангаҳо бо забони форсии миёна хат ҳаст. Ин тангаҳоро зарробхонаҳои Марв ва ҳирот мебароварданд. Дигар хел тангаҳо мисли тангаҳои давраҳои охири давлатии Кушон бароварда мешуду дар онҳо номи Васудева буд. Хати ин тангаҳо ҳам ба забони форсии миёна, вале он бо ҳуруфоти кушонӣ навишта шудааст ва зимнан, дар баъзеи онҳо калимаи «Бахло» (яъне Балх) ҳаст. Ба тахмини Э.ҳерсфелд, ҳамаи тангаҳое, ки ба тангаҳои Кушониён шабоҳат доранд, дар Балх[22] сикка зада мешуданд, ҳатто ҳамон тангаҳо, ки дар онҳо номи шаҳр нест, низ аз Балх мебаромаданд. Вале Бивар ин иддаоро ҳаққонӣ зери шак монда, ақидае изҳор намуд, ки зарробхонаи асосӣ дар қарибиҳои Кобул воқеъ буд[23].

Дар яке аз тангаҳо чунин катибае ҳаст: «Мӯъмини Маздак, подшоҳи ҳурмузд, шаҳаншоҳи аъзам» ва илова бар ин номи зарробхонаи Марв зикр шудааст. Дар дигар тангаҳо номҳои Ардашер, Пирӯз, Вароҳран ба назар мерасад. Пештар баъзе олимон, аз ҷумла, Э.ҳерсфелд тахмин доштанд, ки фарз кардем ҳурмузди тангаҳои кушонусосонӣ ин ҳамон шаҳаншоҳи Эрон ҳурмузди II (солҳои 302–309) аст ва ғайраву ва ҳоказо. Дар натиҷаи таҳлили муфассали таърихӣ В.Г.Луконин ба чунин хулоса омад, ки ин тавр бевосита айният додан ғалат аст. Вай исбот мекунад, ки тангаҳои кушонусосонӣ (ва ҳам сосонукушонӣ)-ро шоҳзодагони Эрон (ки баъзе аз онҳо умуман шаҳаншоҳи Эрон нашудаанд) аз миёнаҳои асри IV то миёнаи асри У-уми милодӣ мебароварданд.[24]

Қабули ин нукта ба андозае тақвияти ақидаи санаҳои сонитари аҳди шоҳони Кушон ва заволи давлати Кушон аст, яъне ин сана на асри III, балки асри IV мешавад. Вале далелҳое ҳастанд, ки фарзияи В.Г.Луконинро рад мекунанд. Алҳол хулосаи қатъӣ баровардан мумкин нест. Заволи давлати Кушон кори якбора набуд, балки амале буд, ки дар муддати тӯлонӣ, бо таъсири сабабҳои берунӣ ва дохилӣ ба вуқӯъ мепайваст.

Мо муносибати Кушониён ва давлати Сосониёнро дида баромадем. Вале давлати Кушон маҷбур буд, ки зидди чандин самт мубориза барад ва дар дохили худи Кушониён ҳам ким-чи хел ҷойивазкунии қувваҳо ба амал меомадааст. Аз ҷумла, дар ин бора солномаи хитоӣ далолат мекунад: «…Шоҳи диловари йуҷиҳо Сидоло бо лашкари худ аз кӯҳҳои баланд гузашта, ба ҳиндустони шимолӣ ҳамла кард ва панҷ давлатро, ки шимолтари Гантоло (яъне Қандаҳор) воқеъ буданд, забт намуд».[25] «Шоҳ Сидоло» номи хитоии Кидара ном ҳокими Кушониён аст, ки дар нимаи дувум ё аниқтараш дар охири асри IV дар қисми зиёди давлати пештараи Кушон ҳукми худро ҷорӣ карда буд. Дар айни ҳол, як қисми Осиёи Миёнаро қабилаҳои навомадаи хиёниҳо забт карданд. Ниҳоят ҳокимият ба дасти ҳайтолиён гузашт. Ҷангҳои доимии асрҳои IV–V аҳволи Осиёи Миёнаро ниҳоят табоҳ карданд.

[1] Ӣailӯy Н. W.,1968.

[2] Hӯnning W. В., 1965, s. 83–84.

[3]Иванов В. В., 1965.

[4] Синха Н.К., Банорҷӣ А.Ҷ., 1954, с.81; Sircar D.С., 1953, р.141. Баъзе олимон дар асоси таҳлили катибаи Канишка баъзе марҳалаҳои тасхири {индустон ва вусъати хоки давлати ӯро муайян карданианд (Puri В. N.. 1965, р. 37 ва харита).

[5] Si-Yu-Ki, p. 173.

[6] Sprӯngling M., 1953, Р. 7, 14; Луконин В. Г., 1967, с. 16, 1964 а, с. 30-31.

[7] Дар бораи мубоњиса оид ба ин масъала ниг.: Толстов С. П.,1948 б, с. 151; Ставиский Б.Я., 1961, с. 111-112; Массон В. М., 1966 в ва дигарон.

[8] Тафсилоти ин масъаларо ниг.: Васильев Л.С., 1955.

[9] Бичурин II, с. 232; Chavannӯs Е., 1907, р. 205.

[10] Pullӯyӣlank Е., 1906-1968, р. 117-121.

[11] Ghirshman R., 1946, р. 145-146.

[12] Берунӣ, 1963, с.360.

[13] Зеймаль Е. В., с. 40-41.

[14] Дар бораи давраи ҳукмронии Хувишка маълумот кам аст, бинобар ин даъвои Б.Н.Пурӣ – «аҳди Хувишка, эҳтимол, давраи аз ҳама мутараrrии таърихи Кушон мебошад» (Puri В. N., 1965, р. 16), ягон асоси реалӣ надорад.

[15] Зеймаль Е.В., 1965, с. 14. Дар бораи авзои шиваизм дар давраи Кушониён ниг.: Puri В. N., 1965, р. 138–139.

[16] Луконин В. Г., 1969, с. 34–37.

[17] Дар ҳамон ҷо, с. 31.

[18] ИТН, I, с. 367; Лившиц В. А., 1969, с. 56.

[19] Nöldӯkӯ Th., 1879, s. 17–18.

[20] Луконин В. Г., 1969 а, сањ. 22–27.

[21] Матнҳои Монӣ роҷеъ ба ин саёҳат аз тарафи В.В.{еннинг (1944, р. 85–90, 1950, р.94) тадrиr шудаанд.

[22] Нӯrzfӯld Е., 1931, р. 11.

[23] Ӣivar А. Д. Н, 1956, р. 17.

[24] Луконин В. Г., 1967.

[25] Бичурин, II, сањ.264.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …