АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Кашниз (Гашнич) ва хусусияти табобатии он

Кашниз (Гашнич) ва хусусияти табобатии он

Кашниз (ба русс. Кинза) ва онро инчунин «Гашнич» меноманд.  Ин растании машҳур аст, ки онро дар боғҳо ва ҳавлиҳо зироат мекунанд, инчунин намуди саҳроӣ ҳам мерӯядаш, вале инаш барои давогӣ заифтар аст.

Гашнич Кашниз

  Мизоҷаш мураккаб-ул-қувват аст, вале ба қавли Буқрот, сард ва хушк мебошад дар дараҷаи дувум, инчунин сард то охири дараҷаи аввал ва то севум, аммо хушк дар дараҷаи дувум, гуфтаанд. Ба қавли Абӯҷариҳ, дар дараҷаи севум хушк ва ба қавли Шайхурраис, хушкии он моил ба андак гармӣ ва ба қавли Ҷолинус, ҳамаи он моил ба гармӣ бо ҷавҳари гарми сабук, ки ба зудӣ ба таҳлил меравад ва то ба меъда намерасад, ки гармии он зоҳир гардад.

  Хислатҳои шифобахши он: кашнизи тару тозаашро бихӯранд, каме тезӣ дорад. 35 грамм оби кашнизи тарро бинӯшанд, хоб меоварад ва бухорҳои бадро, ки аз қисми поёни бадан боло мехеста бошанд, намегузорад, ки онҳо ба майна бароянд ва дохили он гарданд. Агар ба он сирко пошида бихӯранд, ин хислаташ қавитар мегардад. Оби инро дар чашм чаконанд, намегузорад, ки дар он обила дамад ё сурхакон барояд, инчунин зардии чашмро дафъ мекунад. Кашнизро кӯфта, бо шири ҷавонзанон сиришта, яъне хамир карда, ба чашм гузошта банданд, дарди луққосии онро рафъ месозад; ва агар бо нони хушк якҷо кӯфта,ба чашм гузошта банданд, шилпуқии чашмро, ки аз он чашм обрав гашта, моддаҳои тези он мижаҳоро бирезонанд, низ дармон мешавад ва инчунин дарди чашмро ҳам сиҳат мекунад.

  Оби кашнизро дар даҳан гардонанд, дард ва ҷӯшишҳои (пухтани) гуногуни даруни даҳанро дур мекунад ва дарди дандони кирмхӯрдаро таскин медиҳад. Кашнизро бихоянд, бӯйи шаробро аз нафас ва аз даҳан нест мегардонад ва суръати мастшавиро аз нӯшидани шароб паст менамояд.

  Кашнизро нимкӯфта, ба дандон ва милкҳои он бимоланд, онҳоро мустаҳкам мекунад ва аз милки дандон рафтани хунро манъ менамояд.

  Аз кашниз шароб тартиб дода, яъне оби онро бо шакар ё бо асал ширин карда бинӯшанд, ё онро дар об ҷӯш дода, он обро бо қанд ширин сохта бинӯшанд, хоб меоварад, барои иллатҳои сиёҳ задани чашм ва чарх задани сар, инчунин барои маст нашудан аз шаробнушӣ даво мебошад; барои бемориҳои сурфа, зиқ-ун-нафас, ки ҳама аз гармиву тарӣ бошанд, инчунин барои иллати дилбозӣ (дилтапак) фоида дорад.

  35 грамм оби онро бо шакар ширин карда биёшоманд, иштиҳоро мекушояд, хоб меоварад, иллати тухама, яъне бемории ҳазм нашуда фуромадани ғизоро аз меъда, инчунин бо ҳамон ҳолат ба қай дафъ шудани онро шифо мебахшад.

  Худи кашнизро хоҳ тар ва хоҳ хушк бихӯранд, хурӯши моддаи сафроро дар бадан, ки даҳанро талх ва касро беҳол мегардонад, таҳ менишинонад, тафси меъдаро таскин медиҳад, шиддати ташнагиро мешиканад, иллати қайкуниро катъ мекунад, вале қуввати боҳ, яъне иқтидори пушти камарро суст мегардонад ва агар бардавом бихӯранд, он қувватро ҳатго барҳам медиҳад.

  Кашнизро кӯфта гузошта банданд, ба он ҷо аз мавзеъи дигари бадан рехта шудан ва фуромадани моддаҳои гарммизоҷи зарарнокро манъ мекунад; ба варамҳои гуногун гузошта банданд, онҳоро ба зудӣ таҳлил медиҳад; ба сурхбод гузошта банданд, онро аз пӯсти бадан дар ҳар ҷое, ки бошад, дафъ менамояд. Агар инро бо нони қоқ якҷо кӯфта, ба решҳои даванда ва паҳншаванда, ба қӯтури пӯст ва хоришҳои бадан гузошта банданд, ҳамаи ин иллатҳоро шифо мебахшад. Кашнизи тарро кӯфта, бо орди ҷав хамир карда, ба ханозер (хукгардан) гузошта банданд, даво мешавад ва ҳамчунин варамҳои сахти бадфиолро низ таҳлил медиҳад. Агар ин кашнизи тари кӯфтаро бо орди боқило хамир карда гузошта банданд, низ ханозер ва ҳамин гуна варамҳоро дафъ мекунад.

  Ду пора сурб (қӯргошим)-ро бо оби кашниз ва равғани гули сурх ба якдигар бисоянд ва моддаеро, ки аз ин соиш ҳосил гардад, ба саратони решгашта ва ғайри решгашта батакрори амал бимоланд, онро дафъ мегардонанд, ки ин озмуда шудааст.

  Миқдори як бор нӯшидан аз оби кашниз дар як рӯз то 25 грамм аст ва аз худи кашниз миқдори хӯрданаш то 50 грамм мебошад.

  Ба ҷойи кашниз барги кӯкнор ва коҳуро истеъмол намоянд, равост.

  Мизоҷи тухмаш то дараҷаи дувум сард ва хушк аст.

  Тухми кашнизро кӯфта бихӯранд, ба дил фараҳ мебахшад, яъне табъро чоқ мекунад: дил ва мағзи сарро қавӣ мегардонад ва намегузорад, ки бухорҳои зарарнок аз поёни бадан ба майна бароянд; дилтапак (дилбозӣ) ва васвосро, ки сабабашон афзудани моддаҳои гарммизоҷ дар бадан бошад, рафъ мекунад, меъдаро қувват мебахшад, исҳолро мебандад, беихтиёр равон гаштани маниро ислоҳ мекунад ва захмҳои роҳҳои пешобро, ки сӯзок низ меноманд, шифо мебахшад.

  Аз тухми кашниз шира кашида, он шира ё онро як шабонарӯз дар об тар карда, он обро соф намуда биёшоманд, исҳоли хунин ва дигар намуд исҳолҳоро даво мешавад. Инчунин тухми кашнизро то бӯяш баромадан битафсонанду баъд бихӯранд, аз гармӣ тапидани дилро дафъ мекунад. Агар инро бо майи пухтагӣ бихӯранд, маниро пайдо мекунад, кирмҳои меъдаро мерезонад ва намегузорад, ки дигар бор дар меъда кирм пайдо шавад.

  Тухми инро бихоянд, бӯйи шаробро аз даҳан дафъ мегардонад ва намегузорад, ки аз шароб нӯшидан ба зудӣ маст шаванд.

  Аз тухми кашниз шарбат тайёр карда биёшоманд, иллатҳои сиёҳ задани чашм ва чарх задани сарро дафъ мекунад ва нӯшандаи ин шарбат аз майнӯшӣ маст намегардад. Ва агар ин тухмро як шабонарӯз дар сирко тар карда, баъд кӯфта, каф зада бихӯранд, низ хислатҳои боло номбаршударо дорад.

  Агар ин тухмро кӯфта гузошта банданд, дарди сарро, ки аз гармӣ бошад, зуд таскин медиҳад. Инро кӯфта, бо майи пухтагӣ бихӯранд, манӣ тавлид мекунад, кирмҳои меъдаро мерезонад ва намегузорад, ки онҳо дигар пайдо шаванд. Агар инро бо асал ва равғани зайтун даромехта бихӯранд, ҷӯшишҳои дар пӯсти бадан ба амаломадаро шифо мебахшад, реши бадтаринро, ки нори форсӣ меноманд, инчунин монанди ин решҳоро дафъ менамояд.

  Дар омади гап бифаҳмонем, ки майи пухтагӣ он аст, ки оби ангурро ҷӯшонида, баъд дар зарфе нигоҳ медоранд, то он ки худ ба худ ба ҷӯш ояд, яъне май гардад ҳамин майи пухтагӣ ном дорад.

  Тухми кашнизро кӯфта бипошанд, хуни ҷароҳатро, ки равон бошад, мебандад, яъне манъ мекунад.

  Микдори як бор хӯрдан аз тухми кашниз дар як рӯз аз 12,5 то 25 грамм аст. Агар ин ёфт нашавад, ба ҷояш тухми коҳуро метавон истифода намуд. Агар аз ин зиёд то 100 грамм аз худи кашниз ва оби онро ин микдор биёшоманд, зарар дорад, яъне фаромӯшхотир мекунад, зеҳнро кунд мегардонад, иллатҳои хоболудӣ ва сиёҳзании чашмро пабдо мекунад, овозро мегирад, маниро кам мегардонад, пушти камарро суст месозад, олати мардиро аз ҳаракат бозмедорад, ҳайзи занҳоро низ кам мегардонад ва аз бадани ошоманда бӯйи кашниз меояд. Илоҷи ҳамаи ин зарарҳояш: баъди он ки қай мекунанд ва дарунро меронанд, зардии тухми мурғи нимпухтаро бо мурчу намак ва шӯрбои мурғи фарбеҳ, ки бо нахӯду лӯбиё пухта бошанд, хӯрдан аст.

  Инчунин кашниз ба одамони иллати дамкӯтаҳӣ ва зиқ-ун-нафас дошта зиён мекунад. Инро бо хӯрдани тухми мурғи нимпухта, шарбатҳо ва сиркои биҳиро бо асал ё бо шакар ширин карда биёшоманд, ислоҳ мекунад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

bouna

Бобуна чиро табобат мекунад?

Бобуна (русс. ромашка) —   Гули ин дар сохт ба гули бобунаи говчашм монанд аст, вале …