Кавар (Камар)

Кавар (Камар) — ин растаниест, ки хорҳо дорад, шохҳояш аксар ба рӯйи замин паҳн гаштаанд ва ба русси Каперс мегуянд; баргаш сабзи гирдактар ва монанди фулус ғафс, гулаш дар ғилофи сабз, бузургиаш қариб ба андозаи нахӯд, сабз, баъд калон шуда, ғунча мегардаду гул мекунад ва дар миёнаи гулаш монанди мӯйҳо торҳое дорад. Самараш ба ранги тарбузчаи сабз, вале дар ҳаҷм ба андозаи зардолуи миёна аст инро ба тоҷикӣ хиёри кавар меноманд. Ин баъди расидан пухта, чун пахта мешукуфад, мағзаш сурхранг; тухмаш зард, андак рутубати часпак дорад; таъмаш каме ширини тахирак, яъне ба талхӣ моил мебошад ва агар инро бихоянд, пӯсти даҳанро андак мекашад, тунҷӣ дорад, яъне узвҳои даҳанро каме дарҳам мекунад. Меваи ин ҳарчанд расидатар шавад, тунҷиаш камгар ва ширниаш зиёда мегардад. Решааш сафед, дароз, пӯсти решааш ғафс. Агар ин решаро хушк кунанд, дар аксар вақт пӯсташ ҷудо мешавад. Таъми ҳамаи қисмҳои кавар, яъне баргаш ҳам, шохаш ҳам, пӯстлохаш ҳам, решааш ҳам ҳама талханд.

Кавар камар

Ғунчаи гул ва самари майдаи норасидаи онро дар намакоб ширин карда ё дар сирко парварда, яъне як шабонарӯз дар он тар карда, барои хӯрдан тайёр низ менамоянд. Қуввати решаи ин барои давогӣ аз қисмҳои дигари ин зиёдтар аст.

Кавар дар заминҳои сахт, харобаҳо, даштҳо ва дар сантлохҳо мерӯяд. Агар дар заминҳои намнок ва дар наздики об рӯйида бошад, барои давогӣ намешояд, зеро қувваташ суст ва худаш боднок аст.

Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст, инак, барои одамони мизоҷи сард ва тар допгга, инчунин барои касоне, ки мизоҷи мӯътадил доранд, бисёр форам мебошад. Агар ин гиёҳ дар сарзаминҳои гарм рӯйида бошад, мизоҷаш дар дараҷаи севум гарм ва хушк мебошад.

Хислатхои шифобахши он: ҳар як қисми онро бихӯранд ё дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, гиреҳҳо, рагҳои хун ва дар ҷоҳои дигари бадан бударо мекушояд, узвҳоро аз моддаҳои зарарнок ва нодаркор пок мекунад; моддаҳоеро, ки дар ҳар як ҷойи бадан ғафс ва шах шуда бошанд, таҳлил медиҳад, нарм ва рақиқ мегардонад; балғам ва моддаи савдоро аз дохили бадан ҷудо мекунад ва инчунин ахлоти часпакро аз ҳама ҷоҳои бадан меронад. Барои бемориҳои аз хунукӣ пайдошаванда, ки вобаста ба майна бошанд, монанди: фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), истирхо (нотавон гаштани узвҳои бадан), карахтӣ, дарди пайвандҳо, ирқуннасо (радикулит), ниқрис (подагра) — барои ҳамааш нафъ мебахшад.

Ҳар як қисми каварро кӯфта гузошта банданд, мушакҳои аз кор мондаро ислоҳ ва сиҳат мекунад. Агар пӯсти меваашро бихоянд, рутубати майнаро кашида берун мекунад ва дарди дандонро таскин медиҳад. Агар пӯсти нав ва тозаи он ё барги тарашро бардавом бихоянд ё бо сиркои ангурӣ, ки дар он пӯсти самар ва тухми он ҷӯшонида шуда бошад, даҳанро чайқонанд, гиреҳҳои мағзи сарро мекушояд ва майнаро аз моддаҳои бегона, ки барои саломатии ин узв зарар мерасонанд, пок менамояд. Оби барг, пӯст, самар ва решаи тари онро нимгарм дар гӯш чаконанд, кирми даруни онро, ки ҳамеша дарди гӯш меоварад, мекушад. Агар ҳар як қисми каварро дар об ҷӯшонида, бо он об сарро бишӯянд, реши сарро, ки сарро баъди муддате кал мекунад, сиҳат мебахшад.

Хоҳ самараш, хоҳ дигар қисми ин растаниро дар об ҷӯшонида, он обро бо асал даромехта биёшоманд, балғамҳои гуногуни узвҳои даруни синаро таҳлил медиҳад ва аз бадан хориҷ мекунад, инчунин дардҳои даруни синаро таскин медиҳад. Агар самари инро дар намак парварда, яъне намак хӯронида бихӯранд, иллати дамкӯтаҳиро шифо мебахшад.

Ҳар як қисми каварро дар об ҷӯшонида, бо он об гарғара кунанд, яъне гулӯро чайқонанд, балғамро аз узвҳои нафас дафъ мекунад.

Ҳар як қисми растании мазкурро кӯфта бихӯранд ё дар об ҷӯш дода, он обро бинӯшанд, узвҳои дохили сина ва шикамро қувват мебахшад, бодҳоро таҳлил дода, аз бадан дур мекунад, гиреҳҳои дар рагҳои ҷигар ва сипурз бударо мекушояд; моддаи бегонаи нопухтаро бо исҳол, яъне аз дарун хориҷ мекунад ва савдоро аз бадан меронад, кирмҳои меъда ва рӯдаҳоро мекушад, пешоб ва ҳайзро равон мекунад, қуввати боҳ (пушти камар)-ро зиёда мегардонад. Самари намакхӯрдаи онро пеш аз таом бихӯранду баъд хӯрок истеъмол намоянд, дарунро мулоим мекунад ва ин беҳтарин давое мебошад барои сипурз, хусусан дар сирко ва асал як шабонарӯз андохта монда бошанду баъд бихӯранд; моддаи ғафси савдовиро бо қуввати тамом аз сипурз бо исҳол ва ба воситаи пешоб хориҷ мекунад, баъд сипурз комилан сиҳат мегардад. Агар ба меваи кавар мурчи кӯфтагӣ пошида бихӯранд, гиреҳҳои ҷигари хунукмизоҷро мекушояд. Чил рӯз пайдарҳам самари дар сирко парвардаи онро бихӯранд, даруни сипурзро тамоман пок мекунад, ба дараҷае ки ин узвро аз бадан ёфтан амри муҳол мегардад. Оби баргашро бинӯшанд, ҳамаи хелҳои кирми меъда ва рӯдаҳоро мекушад.

Баргашро кӯфта, бо орди ҷав хамир карда, аз рӯ ба сипурз гузошта банданд, варами сипурзро таҳлил медиҳад; хусусан бо сирко хамир сохта, аз рӯ гузошта банданд, пешоб ва ҳайзро равон мекунад, барои бавосир нафъ мебахшад. Агар инро ширин нокарда, дар вақти талхияш бихӯранд, қуввати боҳро меафзояд.

Ҳар як қисми каварро сӯхта, ба дудаш бидоранд, барои бавосир фоида дорад.

Пӯсти тар ё хушки онро кӯфта гузошта банданд ё баргашро кӯфта, бо сирко ва асал хамир карда гузошта банданд, иллати ханозерро (хукгарданро) таҳлил медиҳад, инчунин варамҳои калон ва сахт, варамҳои зери бағал ва каши ронро мегардонад. Агар кӯфтаи инро бо сирко хамир карда, ба доги сафеди пӯст гузошта банданд, он доғро дафъ мекунад ва ба шукуфаҳои пӯст низ гузошта банданд, шифо мебахшад. Барги тарашро кӯфта, ба решҳои хабиса ва римнок гузошта банданд, онҳоро хушк намуда сиҳат мебахшад.

Оби барги тари онро хоҳ бинӯшанд ва хоҳ бо он ҳуқна (клизма) кунанд, бемориҳои ирқуннасо ва дардҳоеро, ки дар сурин (кафал) пайдо шуда бошанд, дафъ мекунад.

Ҳар як қисми ин гиёҳро бихӯранд ё гузошта банданд, бар зидди аксари заҳрҳо тарёқ мегардад ва агар инро бо шароби ангурӣ истеьмол кунанд, қавитар мегардад.

Мизоҷи гули кавар пеш аз шукуфтан, яъне дар вақти ғунчагиаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст.

Гули каварро истеъмол кунанд, моддаҳои баданро нарм мекунад ва дар ҳама хислатҳо монанди решааш, вале каме аз он заифтар мебошад. Инро хушк карда чун орд соида, ба носурҳои чашм бипошанд, онҳоро хушк месозад ва сиҳат мебахшад. (Носури чашм ин реши кӯҳнаи беҳнашавандаи чашм аст, ки гоҳ аз он рим равон мешавад ва гоҳ римаш хушк мегардаду баъди муддате аз нав равон мешавад).

Самари расидаи ин растаниро дар сирко парварда, баъд бихӯранд, лазиз мегардад, иштиҳоро мекушояд, сипурзро ба дараҷае пок мегардонад, ки гӯё он нест шуда бошад, баданро аз балғам пок месозад, гиреҳи ҷигар ва силурзро мекушояд, вале дар одамони гарммизоҷ дарди сар меоварад.

Хиёри кавар, яъне самари ношукуфтаи он дар мизоҷ гарм ва тар аст, мизоҷи тухмаш дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст, яъне барои касони мизоҷи хунук ва тар дошта мувофиқ мебошад.

Хиёри расидаи он, яъне гӯшти самари шукуфтаи онро нахоида фурӯ баранд ва тухмашро ба дили наҳор бихӯранд, дарунро мулоим мекунад, вале феъли меъдаро вайрон месозад. Барои ҳамин худашро хоида ва тухмашро кӯфта хӯрдан даркор аст.

Мизоҷи шохаш аз баргаш дар дараҷаи якум гарм ва хушк аст, вале дар манфиат заифтар аз гули он мебошад. Бо вуҷуди ин агар кӯфта гузошта банданд, ханозери гулӯро таҳлил медиҳад ва дигар варамҳои балғамиро мегардонад, инчунин носури чашмро дафъ мекунад. Оби барг ва оби шохи тари онро бинӯшанд, ҳамаи навъҳои кирми меъдаро, ки кирмҳои сурхи дароз мебошанд, мекушад. Шох, барги тар ё хушки онро кӯфта, бо зифт даромехта гузошта банданд, решҳои раддӣ ва беҳнашавандаеро, ки рутубаташон ба асал монанд аст, шифо мебахшад, захмҳои хабиса (злокачественные язвы)-ро низ дафъ мекунад, варамҳои ханозер (хукгардан) ва дигар варамҳои балғамиро зуд таҳлил медиҳад. Шохаш, яъне пояаш дар хислатҳои тиббӣ аз барги он қавитар аст.

Ҳамаи қисмҳои каварро дар об ҷӯшонида, бо он об ғаргара кунанд, майнаро аз олоишҳо пок мегардонад, гиреҳҳои дар мағзи сар ва дар узвҳои даруни сина пайдошударо мекушояд.

Миқдори як бор нӯшидан аз оби барги он дар як рӯз ё аз оби пояаш то 25 грамм аст, ки бояд бо сирко ва бо шакар ё бо асал ширин карда бинӯшанд, Миқдори як бор хӯрдан аз кӯфтаи решаи хушки он дар як рӯз то 10,5 грамм аст ва агар дар об ҷӯшонида, он обро нӯшиданӣ бошанд, то 25 — 30 граммашро биҷӯшонанд.

Бояд огоҳ кунем, ки истеъмоли ин ба дарун барои меъдаҳои одамони гарммизоҷ ва меъдаҳои табиатан гарм зарар дорад. Дар ин ҳолат асалро бо сирко турш карда бихӯранд, ин зиёнаш ислоҳ меёбад. Ба гурдаи гарммизоҷон низ зарарнок аст, агар ба ин узв зарар расонад, асал бихӯранд, зарараш ислоҳ меёбад. Инчунин ба майнаи гарммизоҷон зарарнок аст дар ин маврид бо оби хунук ғарғара кунанд ё оби хунук бинӯшанд, зиёни мазкурро ислоҳ мекунад.

Дар оқибат як хислати наҷиби каварро бигӯем, ки агар бар бухори решаи ин бидоранд, бемори замингирро, яъне одами барҷомондаро сиҳат мекунад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

миробалан- халила

Ҳалила ва фоидаи у

Ҳалила (ба русс. Миробалан) — Ин самари дарахти ҳиндист, дар ҳаҷм ва намуд гуногун мебошад, ки …