МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / ГУНОГУН / Кай фарзанди дуюмро таваллуд намоям?

Кай фарзанди дуюмро таваллуд намоям?

На ҳамаи волидон омодаанд бо як  ҳавас ва нерӯи созанда фарзанди дуввумро ба дунё оваранд. Зеро тифли аввал, фарзанди нахусте, ки ҳоло 3 сола нашудааст вақт ва тарбияту таваҷҷӯҳи махсусро талаб менамояд. Бештаре аз модарон талош меварзанд,  касби хешро сайқал дода, аз хонашин буданашон парҳез намоянд. Маҳз ҳамин сабаб аст, ки дар бархе  аз оилаҳо фарзандон бо 5 сол ва зиёда аз ҳам бартарият доранд.

Кудаки дуюм

Таҳлилҳо зиёданд. Нафароне ҳастанд, ки баьд аз издивоҷи барҳамхӯрда намехоҳанд боз як фарзанди дигаро бе падар ба воя расонанд. Аммо хушбахтона шумораи волидоне, ки озодона ва бо як меҳру завқи беинтиҳо мехоҳанд фарзандор шаванд,  кам нест. Занони бештар фарзандро баъд аз 2-3 сол пайи ҳам тавваллуд карда, сипас касби хешро шурӯъ ё давом медиҳанд.

Аксарияти оилаҳои ҷавон тасмим мегиранд фарзанди дуввумро пас аз фарзанди аввал, ки синнаш  ба дабистон рафтан мерасад  ба дунё оранд. Чунки тифли 7 сола аллакай соҳиби ақл мешавад ва бар замми ин ба модари хеш боз як ёрдамчии дигар. Дар оянда ҳам вақти ба донишгоҳ рафтани фарзандон ва ё оиладору хонадор кардани онҳо ба мушкилии иқтисоди вазнин дучор намешавад.  Ба ҳар ҳол тавллиди фарзанди дуввум дар оила масьулияти беандозаро тақозо мекунад. Таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки занони бештар нимашаб хестан, ба тифл ғизо додан ва ӯро ниёиш кардан ба ҳангоми хастагиву камқувватӣ ба душвориҳо дучор мегарданд.

Хотири ҷамь, болидагӣ, хоби дуруст — ин кафолати ҳаёти солим, ҳаёти солими модар аст, ки дар бисёр маврид ба ӯ намерасад. Агар зан  аз он дур бошад, наметавонад  тифлро саломат ба воя расонад, зеро худ ниёз дорад ба истироҳату руҳболидагиянд.

Бо мурури замон пас аз тавллиди фарзанди нахустин зан боз эътиқод мегирад ҳамон тифли кӯчаки бегуноҳро канор гирад. Дар ӯ боз ҳиссиёти ишқи модарона ҷӯш мезанад, ки он хоҳищи тавллиди фарзанди дуввумро меорад.

Аз эҳтимол дур нест, ки ин ҳиссиёт муддати 3 ё 5 сол баъди тавллиди фарзанди якум пайдо шавад. Ҳама аз он вобаста аст, ки ин механизм чӣ тавр сипарӣ шуд ва оё ӯ омода аст аз нав онро паси сар кунад? Тавллиди фарзанди дуввум бо хоҳишу маслиҳатҳои шавҳар низ вобаста  аст ва занон ба андешаи сутуни хонадон низ таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд.

Тавофути хуби синну солӣ миёни фарзандон бояд 3 ё 5 сол бошад. Дар ин ҳангом кӯдакон  бо ҳам муносибати хуб пайдо карда, дӯстиро ба роҳ мемонанд. Иловатан дар ин муддат  организми модар низ пурра барқарор ва мустаҳкам мегардад. Мутахассисони низ иброз медоранд, ки занон пас аз тавваллуд бояд лоақал 3 сол танаффус кунанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки як марҳилаи тавваллуд дандону, мӯй, нохун ва ба дигар узвҳои зан таьсири манфӣ мерасонад. Аз ин лиҳоз табибон тавсия медиханд, ки дар давраи ҳомиладорӣ бояд аз витаминҳо истифода бурд.

Муҳим ин аст, ки ҳаёти солимро бояд нигоҳ дошт ва онро мебояд пас аз ҳомиладорӣ низ мустаҳкам намуд.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Обшорон Аквапрки Душанбе

Шахри Душанбе дар сурату расм