МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН

Кидориён

kidara_kashmir
Сурати Кидара дар танга

Мадраки асосӣ роҷеъ ба Кидориён (Кашмириён) дар ахбори маъхазҳои зерин ҳастанд. Дар солномаи Бэй-ши ривоят мешавад, ки ҳокими йуҷиҳо аз ҳамлаи жожҳо хавф бурда, дарбори худро ба шаҳри Боло кӯчонд. «Пас аз ин подшоҳи диловари йуҷиҳо Сидоло аз кӯҳҳои баланд убур карду ба шимоли ҳиндустон ҳамлавар шуд ва шимолтар аз Гантоло панҷ давлатро зери даст овард». Баъди ин солнома воқеаҳои соли 424-ро нақл мекунад. Аз дигар ривояти Бэй-ши маълум мешавад, ки Сидоло ба ноҳияҳои йуҷиҳои сағир ҳам ҳукмфармо будааст, вале сонӣ «хуннҳо ӯро пеш кардаанд ва ӯ ба ғарб рафтаасту» ҳукуматро ба дасти писараш додааст.[1]

Чанд навъ тангаҳо ҳастанд, ки дар рӯи онҳо ба браҳмӣ «Кидара Кушона ша» навишта шудааст. Ҳуруфоти танга далолат мекунад, ки он дар ким-кадом ноҳияи ҷануб, дар паси ҳиндукуш бароварда шудааст ва мувофиқи маълумоти нумизматӣ ба давраи солҳои 390–430 нисбат дорад. А.Бивар ин тангаҳоро таҳлил намуда, ба хулосае омад, ки ин гуна тангаҳоро паси ҳам камаш ду ҳоким сикка мезаданд.[2] К.Еноки исбот мекунад, ки Кидориён тақрибан дар солҳои 412–437 Тахористон ва Қандаҳорро тасарруф карда буданд.[3]

Дар маъхазҳои ғарб (Приски Понӣ) гуфта мешавад, ки «гуннҳое, ки онҳоро кидориён меноманд», солҳои 456 ва дар солҳои минбаъда зидди Эрони сосонӣ мубориза бурдаанд. Дар зери санаи соли 456 Приски Понӣ (19) хабар медиҳад, ки шоҳи «портӣ» (яъне сосонӣ) зидди гунну кидориён меҷангид. Худи ҳамон маъхаз зери санаи соли 464 менависад, ки ҳукумати Сосониён чунин иддаое дошт: «Римиён (Византия–Б.Ғ.) ӯҳдадор шуданд, ки агар форсҳо зидди гунну кидориён ном тоифае ба ҷанг дароянд, ёрии пулӣ хоҳанд расонд, зеро агар дасти форсҳо боло шавад, барои римиён суд ҳамин мешуд, ки гуннҳоро (кидориёнро) рухсат намешуд ба сарзамини Рим дароянд» (Приски Понӣ, 25).

kidoriyon-01
Маълум, ки Сидолои маъхазҳои Хитой (талаффузи қадимиаш (kiwo-tâ-lâ)[4] ва Кидораи рӯи тангаҳо худи ҳамон як ном аст. Ба ҳар ҳол, дар бораи дигар ҷиҳатҳои масъала алҳол бо итминон ягон гапи муайян зада намешавад. Агар ба маъхази Хитой бовар кунем, мо ҳам гуфта метавонем, ки кидориён хеши кушониён ва ҳатто як ҷузъи кушониён буданд, вале ин иддаоро дигар маъхазҳо тасдиқ намекунанд. Масъалаи муносибати кидориёни ба ҳиндустон рафта ва он кидориёне, ки ба қавли Приск, зидди Сосониён ҷангидаанд, мутлақо норавшан аст. Чанд фарзияи зарифона пешниҳод шудааст, мувофиқи яке аз ин фарзияҳо кидориёну хиёниён қариб як тоифаанд ва азбаски хиёниён ба ном тобеи шоҳи кидориён буданд, бинобар ин онҳоро ҳам «кидориён»[5] меномиданд. Маълумоте ҳаст, ки Кидориён ҳанӯз соли 477 аз Гандҳара ба Хитой ҳайъати сафорат фиристодаанд.[6]

[1] Бичурин, II, с. 264–266.

[2] Ghirshman R., 1948, р. 78–79; Ӣivar А.Д.Н., 1956, 26–27; Луконин В.Г, 1967, с. 32–33.

[3] Ӯnoki K., 1959, р. 11.

[4] Pӯlliot Р., 1934, р. 43.

[5] Манделштам А. М., 1958.

[6] Ӯnoki К., 1959, р. 27. Ба rавли вай, дар байни солҳои 477–520 {айтолиён дар Гандҳара Кидориёнро торумор кардаанд (Ӯnoki К.,  1955  б, р. 236; 1958, р. 1).

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …