МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / ГУНОГУН / Кори дил

Кори дил

Хосияти автоматикии дил. Дил дар ҳолати нисбатан ором дар як шабонарўз тахминан 100000 маротиба кашиш мехўрад. Дар айни ҳол вай қариб 10 тонна хунро чун насос ба ҳаракат медарорад. Кашишхўрии дилро мушакҳои дил ба ҷо меоранд.

Он ба мушаки кўндаланграхи скелетӣ монанд аст. Мушакҳои дил аз нахҳои махсус иборат буда, дар онҳо ангезиш ба амал меояд ва ин ангезиш аз даҳлези рости дил сар шуда, баъд ба даҳлези чап ва меъдачаҳои росту чап паҳн мешавад ва бо навбат (ритмикӣ) кашишхўрии даҳлезҳо ва меъдачаҳоро таъмин менамояд. Дар дил системаҳои махсус мавҷудаст, ки импулсҳоро аз як қисми дил ба дигараш паҳн намуда, барои берун аз организм кашишхўрии дил имконият фароҳам меоварад. Ин тавр худ аз худ кашишхўрии дилро автоматияи дил меноманд.

dili-odam

Фаъолияти дил. Дил кашиш хўрда, ҳаракати хунро дар рагҳо таъмин менамояд. Дар ҳолати оромӣ дил дар як дақиқа 70-75 маротиба кашиш мехўрад. Се даври кори дилро фарқ кардан мумкин аст, ки 0,8 сонияро дар бар мегирад. Кашишхўрии даҳлезҳо 0,1 сония, меъдачаҳо 0,3 сония, давраи оромии умумӣ 0,4 сония аст.

Танзими кори дил. Суръати кашишхўрии дил аз муҳитиберуна, дохилӣ, системаи марказии асаб, системаи вегетативии асаб ва системаи ҳуморалӣ вобаста аст. Вақте ки суръат ва қувваи кашишхўрии дил зиёд мешавад, вай ба системаи рагҳо дар воҳиди вақт бештар хун медиҳад. Баръакс, суст ва заиф шудани фаъолияти дил, боиси кам омадани миқдори хун ба рагҳои хунгарди организм мегардад.

Ба кори дил асабҳои вегетативӣ таъсири гуногун мерасонанд.Масалан, асабҳои симпатикӣ кори дилро метезонад, рагҳои хунро хурд ва фишорро баланд мекунанд. Асаби гумроҳ кори дилро суст, рагҳои хунро васеъ ва фишорро паст мекунад. Ҳормонҳои адреналин, ки дар қабати мағзи ғадудҳои болои гурда ҳосил мешаванд, кори дилро фаъол мегардонад. Намаки калсий ҳам кори дилро метезонад, моддаи атсетилхолин ва намаки калий, баръакс, кори дилро суст мекунад.

Танзими асабию ҳуморалӣ кори дилро ба шароити муҳит мутобиқ менамояд. 

Саволҳо:

  1. Автоматизми дил чист?
  2. Фаъолияти дил аз кадом давраҳо иборат аст?
  3. Системаи асаб ва системаи ҳуморалӣ ба кори дил чӣ тавр таъсир мерасонанд?

 

Назди admin

Инчунин хонед инро

xirs

ҲИКОЯИ ХИРС ВА ОН АБЛАҲ, КИ БАР ВАФОИ Ў ЭЪТИМОД КАРДА БУД

Хирс ҳам аз аждаҳо чун вораҳид Во-н карам з-он мард мардона бидид. Чун саги асҳоби …