МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
Косни

Коснӣ

Коснӣ (русс. цикорий) — ин гиёҳи маълум аст, баргаш қариб ба барги коҳу монанд аст, гулаш кабуди хушманзар ва таъми ин талх мебошад. Мизоҷи тару тозаи он дар охири дараҷаи аввал хунук ва тар аст. Агар дар ҷоҳои гарм ва дар ҳавои гарм расида бошад, мизоҷаш гарми ба хушкӣ моил мегардад. Ва мизоҷи коснии хушк ба хушкӣ моил аст.

Хислатҳои шифобахши Коснӣ: оби баргашро батанҳоӣ ё бо сирко даромехта бимоланд, дарди сареро, ки аз гармӣ ва аз ҷамъ шудани сафро бошад, таскин медиҳад, бо сирко ва гулоб даромехта бимоланд, шаро (аллергия)-ро шифо мебахшад; бо шароби мусаллас даромехта бимоланд, варамҳои гармро таҳлил медиҳад ва дарди чашмро шифо мебахшад.

Баргашро кӯфта гузошта банданд, дарди чашмро, ки сабабаш гармӣ бошад, ба ибро меоварад. Решааш ё тухмашро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад. Ҳамин обро бо шароби шоҳтут даромехта, бо он ғарғара кунанд, варами ҳалқ ва дарди гулӯро, ки дар давраи ибтидо бошанд, шифо мебахшад; инчунин инро бо оби кашнизи тар даромехта, ғарғара кунанд низ, ҳамин таъсирро дорад.

Барги инро кӯфта, бо орди ҷав хамир сохта гузошта банданд, дилтапак (дилбозӣ)-ро, ки аз гармӣ бошад, шифо мебахшад, дили гарммизоҷонро қавӣ мегардонад, варамҳои сахтро таҳлил медиҳад.

Косниро бихӯранд, гиреҳи ҷигарро мекушояд, зардпарвин ва истисқои гармро шифо мебахшад, гиреҳҳои узвҳои даруни шикам, сина ва рагҳоро мекушояд, ҷигарро қувват медиҳад, тафси хун ва ташнагиро таскин медиҳад; беҳузур (беҷо) шудани дил, ҷӯшиши сафро ва тафсидани меъда, қайи сафровӣ, шаро (аллергия), ҷӯшиши хуни сафровӣ, нағзак (гулак), сурхича (қизомуқ) ва исҳоли сафровиро дафъ мекунад.

Оби баргашро ҷӯшонида, кафкашро дур карда бошанд, инро оби мураввақи коснӣ меноманд. Ин оби мураввақи косниро бо сиканҷабин (сиркоасал) биёшоманд, меъдаи гарммизоҷро қувват мебахшад, истисқо (водянка)-ро дафъ менамояд: гиреҳҳои узвҳои баданро мекушояд, бӯйи бади рутубатҳои баданиро дафъ мекунад.

Баргашро бо сирко бихӯранд, ҷӯшиши сафроро зер мекунад ва барои банд кардани исҳоли сафровӣ даво мешавад. Оби мураввақи онро бо сиканҷабин биёшоманд, табҳои кӯҳна, таби дурӯздармиён ва табҳои хунукмизоҷро шифо мебахшад.

Барги тар, тухм, гул ва решаи инро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, табҳои мураккаби кӯҳна, табҳои вабоӣ, истисқо ва иллатҳои сипурзро шифо мебахшад ва инчунин варамидани дасту поро ба ибро меоварад.

Баргашро кӯфта гузошта банданд, инчунин оби онро бимоланд ё оби онро бо равғани зайтун бинӯшанд, тарёқи давоҳои заҳрнок мегардад.

Барг ва решаашро якҷо кӯфта гузошта банданд, заҳрҳои каждум, занбӯр, калтакалос ва дигар ҷонваронро аз бадан дафъ мекунад. Косниро кӯфта, бо орди ҷав ва сирко хамир сохта гузошта банданд, дарди буғумҳоро, ки аз гармӣ бошад, таскин медиҳад, ниқриси гармро шифо мебахшад; варамҳои гармро таҳлил медиҳад.

Оби баргашро бо сафедоб (белила) ва сирко даромехта бимоланд, он узвҳоро сард мегардонад, агар ин тавраш мурод бошад. Оби барги инро ба сурб (қӯрғошим) соида ва бо равғани гулисурх даромехта бимоланд, барои саратони решгашта давои бемисл аст. Миқдори як бор ошомидан аз оби коснӣ дар як рӯз то 150 грамм аст.

Ошомидани коснӣ ба одамони сурфадошта, ки сурфа аз сабаби варами тарафи барҷастаи ҷигар бошад, зарар дорад ва коснӣ ин қабил варамро ба ҳаракат меоварад, вале дар дигар ҳолат чандон зиён надорад.

Агар коснӣ зарар кунад, давояш шакар, шарбати бунафша ва монанди инҳо ошомидан аст. Мизоҷи тухми коснӣ дар дараҷаи дувум сард ва хушк аст, вале муаллифи китоби «Шифо-ул-асқом» дар гармиву сардӣ мӯътадил ва хушк дар дараҷаи дувум донистааст.

Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани ин барои дарди сар ва дилтапак (дилбозӣ) дору мешавад, гиреҳҳои узвҳои баданро мекушояд; истисқо, зардпарвин, табҳои сафровӣ ва табҳои аз гиреҳҳо баамаломадаро шифо мебахшад; инро бо обе, ки дар он арпабодиён ҷӯшонида шуда бошад, биёшоманд, заҳрро аз бадан, сустии гурда ва сипурзро дафъ мекунад, хун қай карданро манъ месозад, иштиҳо меоварад ва дар дигар ҷиҳатҳо хислатҳои баргашро дорад.

Миқдори як бор хӯрдан аз тухми он дар як рӯз аз 7 то 18 грамм аст. Вале таъми ин ногувор ва дилро беҳузур мекунад — давояш давоҳои хушбӯ ва сиканҷабин хӯрдан мебошад. Мизоҷи решааш дар дараҷаи якум гарм ва дар дувум хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, гиреҳҳои узвҳои баданро башиддат мекушояд, ахлоти баданро рақиқ (суюқ) мегардонад, роҳҳои ғизоро пок месозад, пешобро меронад; барои соф гардонидани хун, варами узвҳои даруни шикам ва сина, истисқо даво мебошад; моддаҳои зарарнокро дар бадан пазонида, барои дафъ шудан муҳайё менамояд ва онҳоро пароканда месозад, табҳои мураккаби кӯҳнаро шифо мебахшад, дардҳои буғумҳоро таскин медиҳад. Миқдори як бор хӯрдан аз решаи кӯфтаи ин дар як рӯз аз 3,5 то 14 грамм аст ва агар инро дар об ҷӯшонида, он обро нӯшидан хоҳанд, аз 18 то 53 грамми инро андозанд.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Бемории простата

Табобати Аденома простата, дору барои бемории мардон!

Аденомаи простата ё худ онро гиперплазияи ғадуди простатаи безарар мебошад, ки яке аз маъмултарин бемориҳои …