АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Кучула — ин дарахти фоиданоки ҳиндӣ!

Кучула — ин дарахти фоиданоки ҳиндӣ!

Кучула (русс. Чилибуха ва англиси Kuchla) — Ин тухми дарахти ҳиндӣ аст, ки самараш ба андозаи норанҷ мешавад. Дар даруни он донаҳои паҳни гирдак ҷой гирифтаанд, ки бисёр сахт ва талх мебошанд. Ҳамин донаҳои дар самараш буда кучулаанд. Онро дар шир тар карда, аз пӯсташ ҷудо сохта, баъд барои истеъмол бо сӯҳон реза мекунанд.

Кучала

Мизоҷаш дар дараҷаи севум гарм ва дар ҳамон дараҷа хушк аст.

 Хислатҳои шифобахши он: инро бояд хотиррасон намоем, ки кучула барои ҳамаи ҳайвоноти думдор заҳри қотил аст. Вале онро агар одамон дар миқдори муайян бихӯранд, мизоҷи вайронгаштаи бисёр сардро ба сӯйи мизоҷи сараи гарм табдил медиҳад. Инро фақат дар вақти сахт ҳоҷат афтодан ҷоиз аст бихӯранд, дар дигар мавридҳо набояд истеъмол намуд. Масалан, барои бемориҳои фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), нотавон шудани узве ё аъзо ва дигар иллатҳои асабонӣ, пайвандҳо  бо шакар, ки ислоҳкунандаи зарари он аст, бихӯранд.

  Агар инро кӯфта гузошта банданд, барои доғҳои кунҷидак, қӯтур, шукуфаи пӯст, ирқуннасо (радикулит), бемориҳои пайвандҳо, иллатҳои аз сардӣ баамаломада, қӯтури тар ва рихинак даво мешавад.

  Зарарҳояш: мастӣ меоварад, зеҳнро кунд мекунад. Ва агар 4,5 грамм аз он бихӯранд, кушанда мебошад.

  Ахар ин зарар кунад, шакар ва чизҳои хушбӯй бояд бихӯранд ё ин ки шири навдӯшидаро нӯшида, қай намоянд.

  Табибони Ҳинд дар бобати шифобахшии кучула чизҳои бисёреро зикр кардаанд.

Назди admin

Инчунин хонед инро

bouna

Бобуна чиро табобат мекунад?

Бобуна (русс. ромашка) —   Гули ин дар сохт ба гули бобунаи говчашм монанд аст, вале …