АСОСӢ / ГУНОГУН / Куртаҳои нави тоҷикӣ

Куртаҳои нави тоҷикӣ

Либоси занон (тоҷикӣ) — аз курта, эзор, пойафзол, сарбанд, ороиши сару гардан, саргирак ва фаранҷию чашмбанд (асосан дар Шимоли Тоҷикистон) иборат буд.

Ду намуди курта маълум буд: якқад (тунико), ки ҳоло фақат дар деҳоти дурдаст пиразанҳо мепӯшанд ва камзулчадор, ки ҳоло ҳам мепӯшанд. Куртаи якқадро ду хел медӯхтанд: камартангу доманвасеъ ва дарозу доманаш каме васеъ, ки аз ду паҳлуяш тирез меандохтанд. Поёни куртаҳои дароз то ба буҷулакн по мерасид. Дар қисми Шимоли Тоҷикистон як намуди куртаи расмй медӯхтанд, кн он чуртча ном дошт. Пуштн ин хел куртаҳо янқад буда, камзӯлчаи пешаш чличин дӯхта мешуд.

Куртаҳои нави тоҷикӣ

Дар Тоҷикистон куртаҳои кӯтоҳ расм буд. кн ван куртам таг ном дошт ва онро аз зери курта мепӯшиданд. Гиребоин куртаҳои занонаро ду хел медӯхтанд: пешкушод ё буғак. Куртаи гиребонаш пешкушодро асосак закҳои солхӯрда мепӯшиданд, ки он камарча ё тугма дошт. Куртаи гиребонаш буғакро духтарону арӯсону ҷавонзанон мепушиданд. Куртаҳои занона аз духтарона фақат бо дӯхти гиребон фарқ мекар данд.

Куртаи Хинди сари

Гиребони чунин куртаҳо уфуқӣ бурида шуда, бо мағзи, зеҳгулу гулдӯзй оро дода мешуд. Дар Ҷануби Тоҷикистон куртаҳои идона, туёна ва рӯзмарраро гул мепартофтанд ва юрмадӯзӣ мекарданд. Дар Шимол гиребони курта ва баъзан домани онро юрмадӯзӣ ё гулдӯзӣ мекарданд.

Назди admin

Инчунин хонед инро

karami-tojiki

Карами тоҷикӣ ва канзи шифо

Карами тоҷикӣ — ин намудҳои гуногун: бӯстонӣ, даштӣ ва баҳрӣ низ дорад. Инчунин навъҳои бӯстониаш …