МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / ДАВЛАТИ КУШОНИЁН ВА ОСИЁИ МИЁНА

ДАВЛАТИ КУШОНИЁН ВА ОСИЁИ МИЁНА

Кӯчманчиён ва Порт

Соли 138/7 ба тахти Порт Фарҳоди II нишаст. Худи Фарҳод ҳанӯз хурд буд ва давлатро модараш идора мекард. Амнияти мамлакат талаб мекард, ки подшоҳ дар шарқ бошад. Вале кор якбора ранги дигар гирифт – ба портҳо Селевкиён боз ҳуҷум карданд. Кори лашкари Селевкиён омад карду қисмҳои асосии ноҳияҳои ғарбии Порт, аз ҷумла, Бобулистонро тасхир намуданд, вале тантанаи Селевкиён тӯл накашид. Аҳолии шаҳрҳо аз ғорату истисмори бераҳмонаи душман ба дод омада, шӯриш бардоштанду ба гарнизони Селевкиён дарафтоданд. Фарҳод душманро торумор кард, подшоҳи Селевкиён ҳалок шуд (ё худашро кушт), духтари ӯро Фарҳод ба ҳарами худ овард. Ин охирин кӯшиши Селевкиён буд барои баргардонидани ноҳияҳои шарқӣ, ки замоне ба онҳо тааллуқ доштанд. Лашкари портҳо боз ба Бобулистон дохил шуда, барои юриш ба Сурия тайёриро сар карданд[1].

Аз паси ин комёбиҳои гуворо ба сари подшоҳони Порт рӯзҳои сахт омаданд. Дар ин бора Юстин батафсил ривоят мекунад (ХLII, 1, 1-3): «…Дар ҳамин вақт исёни скифҳо (қабилаҳои кӯчманчии Осиёи Миёна – сакоиҳоро Юстин чунин меномад) ӯро (яъне Фарҳоди II-ро.– Б.Ғ.) маҷбур кард, ки барои ҳимояи давлати худ аз роҳаш баргардад. Гап дар ин ки скифҳо дар ивази музди муайян бояд ба портҳо ёрӣ расонда, зидди подшоҳи Сурия — Антиох меҷангиданд, вале фақат баъди тамом шудани ҷанг расида омаданд. Онҳоро сахт таъна заданд, ки вақти даркорӣ ёрӣ нарасонданд ва муздеро, ки бояд онҳо мегирифтанд, надоданд. Скифҳо ниҳоят дар ғазаб шуданд, ки ин қадар роҳро беҳуда тай намуданд ва талаб карданд, ки ё музди онҳоро диҳанд ё бар зидди ягон душмани дигар фиристанд. Вале Фарҳоди II талаби онҳоро ҳавобаландона рад кард ва скифҳо ҷавоби радро барои худ таҳқир дониста, ба ғорати мулки Порт сар карданд. Бинобар ҳамин Фарҳод ба ҷанги зидди онҳо баромад…».

KushanEmpireMapАмалиётҳои ҷангӣ (дар соли 130 пеш аз милод) чунин сурат гирифт (Юстин, ХLII, 1, 4-5): «…Фарҳод ба ҷанг ҳамон лашкари юнониёнро бурд, ки дар муҳорибаи зидди Антиох асир гирифта буд ва то ба ҳол нисбат ба онҳо ҳавобаландона ва бераҳмона муомила мекард… Бинобар ин вақте юнониён диданд, ки сафи портҳо андак суст шуд, зуд ба тарафи душман гузаштанд ва кине, ки барои асирии худ кайҳо дар дил мепарвариданд, ба амал бароварданду ҳам лашкари портҳо ва ҳам худи Фарҳодро аз дами теғ гузаронда, ғарқи хун сохтанд».

Ба тахт амаки подшоҳи пештара — Ардавони II нишаст. «Скифҳо» бошанд, Портро батамом ғорат карда, ба даштҳои худ баргаштанд (Юстин, ХLII, 2, 1). Порти замоне ғаюру сарбаланд маҷбур шуд, ки ба онҳо боҷ диҳад (Иоанни Антиохӣ, порчаи 66). Вале Ардавон як бор кӯшид, ки аз ин тобеият раҳо ёбад. Вай зидди яке аз қабилаҳо, ки Юстин онҳоро тахорӣ меномад, ба ҷанг баромад, вале аз дасташ тир хӯрду дере нагузашта мурд.

Ин воқеа тақрибан соли 123 пеш аз милод ба вуқӯъ омад. Ба тахти Порт писари Ардавон — Меҳрдоди II нишаста, унвони Кабирро гирифт. Фақат дар аҳди вай ба портҳо муяссар шуд, ки пеши роҳи қабилаҳои сакоиро гиранд ва ҳатто (ҳамааш набошад ҳам) ноҳияҳои скифҳо ишғолкардаро баргардонанд. Юстин мегӯяд (ХLII, 1,5): «Вай чанд бор зидди скифҳо бомуваффақият муҳориба кард ва қасоси он озореро гирифт, ки ба аҷдоди вай расонда буданд». Дар аҳди Меҳрдоди II (123-87 пеш аз милод) Порт чунон тавоно шуд, ки пеш аз ин ҳеҷ вақт ба чунин дараҷаи иқтидор нарасида буд.

[1] Dӯӣӯvoisӯ N.C., 1938, p.27-37.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …