АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Маҳсар барои чи лозим?

Маҳсар барои чи лозим?

Маҳсар — Ин гули гиёҳи маълум аст, ки гулаш пӯпакшакли риштавор аз миёни қуббаҳои хорнок, монанди риштаҳои заъфарон беруномада мебошад. Ин ҳам боғӣ мешавад ва ҳам саҳроӣ.

Мизоҷи гули даштиаш дар дараҷаи севум гарм ва дар дувум хушк аст, вале мизоҷи бӯстониаш дар дараҷаи дувум гарм ва дар якум хушк асг. Қувваташ то се сол боқӣ мемонад.

Махсар

Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, моддаҳои ғализи даруни баданро пазонида, барои дафъ шудан тайёр месозад ва агар гузошта банданд, решҳоро мепазонад ва ё агар ба варам гузошта банданд, онро пас мегардонад. Хӯрданаш хоб меоварад, ба ҷигар қувват мебахшад, хуни шахшударо якбора мегудозад.

Инро кӯфта, бар кафи дасту поҳо гузошта банданд, дамидани обила (нағзак)-ро дар онҳо кам мегардонад ва агар пеш аз баромадани обила гузошта банданд, ҷараёни бемории онро сабук мегузаронад. Агар инро бо асал сиришта бимоланд, доғҳои сафеди пӯст ва песро дафъ мекунад ва агар инро ба даруни даҳан бимоланд, пухтан ва ҷӯшиши даҳани тифлонро ба ибро меоварад. Бо асал сиришта гузошта банданд, шукуфаҳои пӯстро дафъ менамояд; бо чурғот хамир карда, ба зери шикам гузошта банданд, пешоби бандшударо мекушояд. Бо сирко сиришта бимоланд, хориши бадан, варамҳои гарм ва сурхбодро нест мекунад, аз рӯ бар ҷигар бимоланд, варами ин узвро таҳлил медиҳад.

Вале агар инро аз ҳад зиёд бихӯранд, ба меъда зарар мекунад. Дар ин ҳолат асал бояд хӯрд ё ҳангоми истеъмолаш бо асал якҷо бихӯранд, онро безиён мегардонад.

Миқдори як бор хӯрдан аз гули маҳсар дар як рӯз 4,5 грамм аст. Агар гули маҳсарро бо гӯшт бипазанд, барои зуд пухтан ва муҳарро гаштани он мадад мерасонад, инчунин гӯштро лазиз мегардонад.

Мизоҷи тухмаш дар дараҷаи дувум гарм ва дар якум хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, ахлоти сӯхта ва балғами рақиқ (суюқ)-ро бо исҳол дафъ менамояд, бодҳоро пароканда мекунад.

Чун 17,5 грамми онро кӯфта, аз он шира кашида, он шираро бо қанди сафед ё бо асал биёшоманд ва низ чун 7 граммашро кӯфта, дар 150 грамм об ҷӯшонида ва молида соф карда, 35 грамм шакари сурх дар он дохил намуда, дар вақти хоб бинӯшанд, пиронро бисёр мувофиқ аст.

Аз ин панироб низ тайёр мекунанд. Зарпечакро дар халтача баста, дар шираи он андозанд ва ё ба ҳадде дар он бимоланд, ки қувваташ ба он барояд — ҳамин об панироби он аст. Панироби инро бинӯшанд ва аз болояш ширинии муносиб биёшоманд, барои иллатҳои молихулиё (меланхолия), тарсончакӣ, яъне ваҳшат, дилтапак (дилбозӣ), махав, кӯтур, хориш ва аксари бемориҳои савдовӣ доруи хубе мебошад.

Шираи онро бо обе, ки анҷир як шабонарӯз тар карда шуда бошад, бо қанди сафед ё бо асал бихӯранд, узвҳои даруни синаро аз моддаҳои зарарнок пок мегардонад, овозро соф мекунад, назлаҳоро пазонида, барои хориҷ шудан муҳайё месозад ва аксари иллатҳои сардмизоҷи даруни синаро дафъ мекунад, боҳро қувват мебахшад, маниро зиёда мегардонад, ранги рухсорро некӯ мекунад ва бодҳои дарунро дафъ менамояд. Агар ба ошҳои аз мош ва нахӯд пухташаванда инро дохил намоянду пухта бихӯранд, балғами хом ва ахлоти сӯхтаро мепазонад ва ба воситаи исҳол дафъ мегардонад.

35 грамм шираи онро бо қанди сафед ё бо асал бинӯшанд. истисқои (водянкаи) обӣ ва гӯштиро даво мешавад.

Мағзи бепӯсти тухмашро низ бо қанди сафед ё бо асал бихӯранд, қулинҷро, ки варам ва дарди рӯдаҳои ғафс аст, дафъ мекунад.

Тухми маҳсар хислате дорад, ки шири рақиқро шах мегардонад ва шири шахшударо мегудозад. Бинобар ин тухми инро аз болои шир хӯрдан ҷоиз нест.

Хӯрдани тухми маҳсар ба меъда зарар дорад. Дар ҳолати зарар карданаш чизҳои ширин бояд хӯрд, ки ислоҳи зарар намояд.

Миқдори як бор хӯрдан аз тухми маҳсар дар як рӯз аз 17,5 то 35 грамм аст. Аз ин зиёдаш зарарнок аст ва хӯрданаш ҷоиз нест.

Агар инро бо шир хӯрданӣ шаванд, дар таносуби 300 грамм шир 35 грамм тухми маҳсар дохил намоянду 150 грамми онро дар як рӯз биёшоманд, ки амал мекунад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

bouna

Бобуна чиро табобат мекунад?

Бобуна (русс. ромашка) —   Гули ин дар сохт ба гули бобунаи говчашм монанд аст, вале …