МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
Марвак

Мармарак

Мармарак ё худ Марвак ва ё Кампиргулак (русс. Шалфей) — ин гиёҳи яксола ва ё бисёрсолаи намудҳои гуногун дорад, беҳтарини ҳамааш навъи хушбӯйи он аст. Тухмаш монанди тухми зағир, бинобар ин инро дар баъзе маҳалҳо тоҷикон зиғирак (зағирак) ҳам мегӯянд. Мизоҷи навъи хушбӯяш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Мизоҷи навъҳои дигараш ба гиёҳ ва хоси онҳо вобаста мебошад.

Дар шаҳри Душанбе ин марвакро дар кучаву хиёбонҳо мекоранд ва бахусус дар боғи А. Рӯдакӣ —  назди Қасри Миллат.

Хислатҳои шифобахши он. Хусусиятҳои умумии он: рақиқкунандаи моддаҳои ғафс, таҳлилдиҳандаи бод ва балғам аст, инчунин парокандакунандаи бодҳо ва кушояндаи гиреҳҳои бадан мебошад. Оби барги онро бо шири занон даромехта, дар гӯш чаконанд, дардашро таскин медиҳад ва агар дар бинӣ чаконанд, дардҳои сарро хоҳ аз гармӣ бошанд ё аз сардӣ, шифо мебахшад.

Мармараки хушбӯйро бибӯянд, дарди сар меоварад, хусусан шароб нӯшида, бӯй кашанд, ин хислаташ зиёдтар зоҳир мегардад. Ошомидани ин рӯдаҳоро қавӣ мегардонад ва меъдаро қувват мебахшад, истисқо ва бодҳои дарунро дафъ месозад, пешобро меронад, арақ меоварад, балғами меъдаро таҳлил медиҳад ва дардҳои онро сокин мегардонад.

Чун касони гирифтори иллати истисқо барг ва тухми онро, ки монанди тухми зағир аст, ҳар рӯз 7 грамм аз он бо ҳамин миқдор шакар ба дили наҳор бихӯранд, оби ин бемориро хушк мекунад ва ба воситаи пешоб ва арақ доимо дафъ менамояд.

Чун тухми онро бирён карда, бо равғани бодоми ширин чарб намуда бихӯранд, харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳоро шифо мебахшад, инчунин исҳоли хунинро мебандад, вале агар бирённокардаи онро бихӯранд, балғамро ба воситаи исҳол дафъ мекунад. Низ бирёнкардаи онро бо тухми туршак (щавель) бихӯранд, исҳоли хунин, захм ва харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳоро дармон мешавад.

Инро кӯфта гузошта банданд, варамҳои сахт, пучак ва чиртакҳоро мепазонад. Табиби машҳури бостонӣ Муҳаммад Закариё мизоҷи тухми мармаракро дар дараҷаи дувум гарм ва дар якум тар донистааст.

Мегӯянд, ки чун бар тухми мармарак андак-андак об рехта, бо ангушт бимоланд ва луоби онро бо каме равғани ёсамин даромехта, се рӯз пай дар ҳам ба дили наҳор бихӯранд, шарои (аллергияи) савдовиро батамом дафъ мекунад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Пойи зоғ

Пойи зоғ —  ин гиёҳро дар баъзе маҳалҳо панҷаи зоғам ҳам меноманд. Тухмашро ба забони …