МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
Марворид

МАРВОРИД

Ин гавҳари машҳур аст, ки аз шиками навъе аз садаф бармеоваранд. Марворид дар ҳаҷм гуногун аст: майдаи он аз тухми кӯкнор резатар ва калони он то миқдори тухми гунчишк ва банудрат ба андозаи тухми кабӯтар низ ёфт мешавад ва то алҳол ба вазни то 14 граммаш мавҷуд ва маълум мебошад. Гуфтаанд: беҳтарини он сафеди обдори софи ялаққосии кулӯлаи ғалтони баҳрайнӣ, ҳурмузӣ ва уммонии он аст. Баъд аз он суроҳӣ (шишарангӣ), ки бо сифатҳои номбурда аст; ва шаклҳои дигари обдори сафеди ялаққосии он аз он пасттар аст; зард ва сиёҳи беоб ва бисёр резаи он бекора мебошад. Дар баҳри ҷазираи Сейлон ва ҷазираҳои дигари монанди Биразил аз арзи ҷадид (нав кашфшуда)-и арзи ҷанубӣ, ки на саро ба наздикӣ ба даст овардаанд ва ғайри он ҷо низ ба ҳам мерасад.

Дар Муршидобод ва Ҳавзаи Об ва дигар баҳрҳо низ марворид ба ҳам мерасад, лекин бисёр резаи зардранги носара аст. Аҳёнан донаҳои бузург ба андозаи нахӯд ва ниҳоят то 1,4 грамм дар вазн ва моил ба сурхӣ бармеояд. Он дар ҳақиқат мобайни ҳайвон, растанӣ ва санг аст. Сангията он бар ҳама ғолиб монанди подзаҳри ҳайвонӣ ва садафи он ҳайвонот аст, ки дар зери баҳр зиндагӣ ба сар мебарад, монанди растанӣ реша дорад ва сиёҳранг, ки дар байни сангҳо ва сангрезаҳои қаъри баҳр банд менамоянд ва батадриҷ калон мешавад.

Ҳангоми гуруснагӣ даҳан, яъне ду садафи худро мекушояд; моҳиёни реза, кирмҳо ва чизҳои шилмаки зери баҳрро, ки он чӣ дар даруни он меоянд, ғизои худ месозад. Ҳарчанд ин махлуқ бузургтар гардад, решаи он қавитар ва садафаш калонтар, сафед ва ялаққосӣ мегардад. Марворид дар миёни он қариб ба дили он пайдо мешавад. Ва мегӯянд, ки вай то ҳадди муайян калон мегардад ва агар ғаввосон он марворидро аз даруни он барнаоваранд, бо мурури вақт боз гудохта шуда, барҳам мехӯрад. Дар ҷойҳое, ки зери дарё аз хоки соф иборат бошад, марвориди хуб ба камол мерасад ва ҳарчанд санглохтар бошад, беҳтар мешавад.

Он чӣ ривоят аст, ки гӯё вақти боридани борони найсон садаф рӯйи об омада, даҳани худро мекушояд ва қатраи борон дар он бичакад, аз он марворид ҳосил мешавад — тамоман беасос аст. Мизоҷи марворид дар охири дараҷаи дувум сард ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: хусусиятҳои умумии он: фараҳбахшанда, рақиқкунанда (суюқ), қувватбахши узвҳои ботин, афзункунандаи қувватҳои нафсонӣ, ки манбааш майна аст; қуввати ҳайвонӣ, ки манбааш дил аст ва қуввати табиӣ, ки манбааш ҷигар аст, инчунин, қувватбахш ба рӯҳҳои бадан, ки манбаъи инҳо низ ҳар се узвҳои номбаршуда мебошанд. Марворид дар хислати фараҳбахшӣ қавитар аз тилло аст ва ба тамоми узв ва қисмҳои бадан нуфузкунанда мебошад.

Агар соидаи инро бихӯранд, хун қай кардан ва ҳар гуна хунравиҳоро манъ мекунад; васвос, девонагиҳои гуногун, бадбӯии даҳан, дамкӯтаҳӣ, ҳамаи навъҳои дилтапак (дилбозӣ), хавф, ҳузн ва тарс аз бисёр гаштани моддаи савдо дар майна, бемориҳои дил, сустии меъдаи гарммизоҷон, инчунин, сустии ҷигар ва гурдаро дафъ мекунад; гиреҳҳоро дар узвҳои бадан мекушояд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад; зардпарвин ва сӯзиши пешоб (сӯзок)-ро дафъ менамояд; исҳоли хунин ва сафровиро банд мекунад, инчунин, хуни бавосир ва ҳайзро ҳам манъ месозад.

Оберо, ки дар он марворид ҳал карда шуда бошад, дар бинӣ бирезанд, дарди сарро, ки аз рехтани мижгонҳои чашм ба амал омада бошад, дар мартабаи аввали нӯшидан шифо мебахшад. Марворидро маҳин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, дарди чашм, шилпуқӣ, торикии чашм, гули чашм, пардан дудмонанди ба чашм афтода, тирагӣ ва захми онро шифо мебахшад.

Маҳлули марворидро ба чашм бимоланд, гули чашмро дафъ мекунад, ба чашм қувват мебахшад, сиҳати чашмро нигоҳ медорад. Агар инро ба дандонҳо бимоланд, милки дандонро қавӣ мегардонад ва дандонро аз чирк пок мосозад. Маҳлули марворидро занҳо аз таг бардоранд, ҳомила шуданро манъ мекунад. Марвориди ғайримаҳлулро бимоланд, доғҳон кунҷидак, доғи сафеди пӯст, доғи махав ва ғайраро пок мекунад. Вале маҳлули онро бимоланд, песро дафъ месозад — ин ба қавли Арасту аст.

Кӯфтаи онро бипошанд, аз узвҳои берунӣ хун равон бошад, қатъ мегардонад; ба захмҳо бипошанд, онҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад. Инро бихӯранд ва бимоланд, заҳрҳои хӯрдашуда ва аз газидани мору каждум бошанд, дафъ мекунад. Марворидро ба худ биёвезанд, дилро қувват мебахшад. Дар даҳан нигоҳ доштани он барои махав фоида дорад, ғам ва сустии дилро барҳам медиҳад. Истеьмоли марворид ба дарун ба қавле барои хичак зарарнок аст, давои ин марҷон хӯрдан аст. Миқдори як бор хӯрдан аз марворид дар як рӯз то 2,25 грамм аст. Ба ҷойи ин садафи сафедро истеъмол намоянд, равост.

Огоҳ намоем, ки марворид аз расидани равған, бӯйи бад, чирк ва дуд бадранг ва бекора мегардад. Шустани он дар обе, ки биринҷ пухта бошанд, нимгарм ё оби биринҷ тар карда шударо бимоланд, онро соф мекунад. Ва ё агар ранг ва хислати марворид вайрон шуда бошад, ба кабӯтар ва мурғ бихӯронанду баъди каме фурсат онро кушта, аз шикамаш берун оваранд, низ соф мегардад. Тариқи ҳал (маҳлул) кардани марворид чунин аст. Инро соида, дар шиша андохта, аз болояш то пурра пӯшонидан оби турунҷ бирезанд, даҳани шишаро маҳкам намуда, дар зарфе, ки дар он сирко бошад, муаллақ биёвезанд, баъд он зарфро дар саргини асп то 14 рӯз гӯр кунанд, инак ҳал хоҳад шуд. Баъзе мутахассисон гуфтаанд, ки бар болои сирко овехтан шарт нест, балки худи ҳамин дар саргин гӯр кардан кифоя мебошад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Бемории простата

Табобати Аденома простата, дору барои бемории мардон!

Аденомаи простата ё худ онро гиперплазияи ғадуди простатаи безарар мебошад, ки яке аз маъмултарин бемориҳои …