МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Маска (Равған)
Маска

Маска (Равған)

Беҳтарин ва сабуктарини онҳо маскаи гов аст, ки аз саршир гирифта бошанд. Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва тар аст. Агар кӯҳна шавад, гармтар мегардад, вале тариаш мекоҳад.

Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани маска дарунро мулоим мекунад, реш ва моддаҳои нодаркори ҷамъшударо мепазонад ва барои хориҷ шудан муҳайё месозад, баданро фарбеҳ мегардонад, гиреҳҳои дар узвҳо пайдо шударо мекушояд, дағалии ҳалҳ ва роҳи нафасро ислоҳ мекунад, сурфаи хушкро ба ибро меоварад; варамҳои дохилӣ ва беруниро мегардонад ва моддаҳои нодаркорро аз бадан берун меронад; агар инро бо асал бихӯранд, варами пардаҳои даруни сина ва варами шушро шифо мсбахшад, моддаҳои нодаркори даруни синаро мепазонад ва барои дафъ шудан муҳайё месозад, инак, дафъ мекунад. Агар маскаро ба шакар бихӯранд, баданро фарбеҳ мекунад ва агар дар муддати ин тавр хӯрдан ҳам бар бадан бимоланд, суръати фарбеҳшавиро меафзояд. Агар инро бо мағзи бодоми талх бихӯранд, моддаҳои зиёдатӣ ва нодаркорро аз даруни шуш дафъ мегардонад. Маскаро бо шарбати гули сурх биёшоманд, феъли давои мусҳилро (исҳоловарро) қатъ мекунад; бо зардии тухми мурғи нимпухта ҳамроҳ карда бихӯранд, сӯзиши ахлотро ислоҳ мекунад.

70 грамм маскаро бо 35 грамм шакар бихӯранд, душвории шошиданро ислоҳ мекунад. Маскаро бар бадан бимоланд, барои бадан ғизо мешавад ва ин гуна ғизо додани он ба воситаи ворид гаштан дар узвҳои ғизо нест, балки ба воситаи таъсир дар пӯсти бадан аст; молиданаш варамҳо ва варами баногӯш, каши рон ва даҳонро мепазонад; инчунин решҳоеро, ки бар бадан ва сари тифлон мебароянд, шифо мебахшад; барои заҳри мори афъӣ ва ҳазорпо тарёқ мебошад.

Агар маскаро гарм карда, ба милки дандони кӯдакон бимоланд, баромадани дандони онҳоро метезонад. Инчунин молидани маскаи нав шахшӯлӣ ва дағалии пӯсти баданро ислоҳ мекунад, бигузор он хоҳ нав ва хоҳ кӯҳна шуда бошад. Агар маскаро бо ҷадвор даромехта бимоланд, гиреҳҳои дар пардаҳои майна бударо мекушояд, асабҳоро мулоим мегардонад; барои ҷароҳати хичак, шукуфаи пӯст, ширинчаи хушк ва қӯтур даво мешавад, хусусан, ки аввалан баданро бо оби хунук бишӯянду баъд маскаро бимоланд ва баъд аз молидани маска бемор худро бояд дар кӯрпа ё ҷомаи пахтагин бипечонад, то ки арақ кунад, ҳамон рӯз аз иллатҳои мазкур наҷот меёбад.

Маскаи кӯҳнаро бо савринҷони кӯфтагӣ хамир карда гузошта банданд, донаи бавосирро ҷудо ва дафъ мекунад, яъне меафтонад — дар ин бобат маска чӣ қадар кӯҳнатар бошад, ҳамон қадар хубтар аст. Агар маскаи мазкурро яксаду як бор ё ҳеҷ набошад, чилуяк бор дар оби сард шуста бошанд, дар амали мазкур зудтар таъснр мекунад ва инчунин барои пок гардонидани захм аз рим, ба ҳам овардани даҳани он ва рӯёнидани гӯшти солим дар онҳо даво мебошад; низ бавосир ва сӯхтагии оташро шифо мебахшад.

Вале хӯрдани маскаи бисёр сари меъдаро суст мегардонад, иштиҳоро мебандад ва агар бисёр хӯранд, дарунро меронад. Дар ин ҳолат барои ислоҳи зарари он чизҳои дарунро манъкунанда, шакар, қанди сафед ва намак бояд бихӯранд. Миқдори як бор хӯрдан аз маскаи нав дар як рӯз то 100  грамм аст. Агар маска ёфт нашавад, ба ҷойи ин шири навдӯшидаро биҷӯшонанд, то панҷякаш бухор шуда равад, баъд биёшоманд, раво мебошад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Пойи зоғ

Пойи зоғ —  ин гиёҳро дар баъзе маҳалҳо панҷаи зоғам ҳам меноманд. Тухмашро ба забони …