АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / МЕЗОЛИТ ВА НЕОЛИТ

МЕЗОЛИТ ВА НЕОЛИТ

Замони мезолит ва неолитро одатан ба 10–15 ҳазор сол тахмин мекунанд. Лекин давоми ин давраи ҳаёти инсонӣ дар ҳар маҳал ҳар хел будааст. Дар асоси маълумот ва мадракҳои мавҷудаи археологӣ ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки аҳолии Осиёи Миёна дар ин давра хеле сершумор гардида, дар шароити сохти қабилавии модаршоҳӣ зиндагонӣ мекардаанд. Дар ин давра олоти истеҳсолот нисбатан мукаммал ва беҳтар мегардад. Усулҳои нави асбобу олотсозӣ: сайқал додан, парма ва арра кардан, ки дар гузашта аз онҳо ҳеҷ асаре набуд, ба таври васеъ паҳн мешаванд. Соҳаҳои нави хоҷагӣ, аз қабили кулолӣ, зироат ва чорводорӣ низ ба вуҷуд меоянд. Мувофиқи шароити табиӣ дар ноҳияҳои гуногуни Осиёи Миёна маконҳои шикорчиёни моҳигир, шикорчиёни чорводор ё худ барзгарони ибтидоӣ пайдо мешаванд.

Осори мезолит

mezolitОсори давраи мезолит хусусан дар маҳалҳои соҳили Каспӣ ба таври муфассал тадқиқ шудааст. Намунаи барҷастаи он бозёфти диққатангези А.П.Окладников — ғори Ҷабал мебошад. Маълумот ва мадракҳои аз ин ҷо бадастомада дар солҳои охир ба тавассути кашфи боз як махзани ёдгориҳои қадима – ғори Замзамчашма афзунтар гардид. Дар табақаҳои пуршумори маскуни ин ғорҳо ва дигар ёдгориҳои наздики Каспӣ даҳҳо ва садҳо асбобу абзори хурди сангичахмоқӣ боқӣ мондааст, ки аз байни онҳо, алалхусус, олоти шакли ҳандасӣ: қитъаи доира (сегмент), секунҷа, шакли мунҳариф (трапетсия) ҷолиби диққат аст. Маълумот ва мадракҳои археологӣ шаҳодат медиҳанд, ки дар давраи мезолит ва оғози неолит дар баробари шикори ҳайвонот сайди моҳӣ ва ғизоғундорӣ ривоҷ меёбад. Ёдгориҳои соҳили Каспӣ бо хосияти худ ба маданияти ҳамонвақтаи Осиёи Пеш қаробат доранд[1].

ҳангоми ковиши бошишгоҳи Тутқавул дар маҳалли сохтмони ГЭС-и Норак осори нодири мезолит ба даст омад. Дар ин ҷо дар қатори олоти маъмули мезолити Осиёи Пеш (кордҳои сангии якдама, сегментҳо ва ғ.) олоти дағал-таре низ ёфт шуд, ки онҳо мезолити ҳазораҳои ХIII–VII то милоди Тутқавулро бо маданияти давраҳои сонитари ҳисор марбут месозанд. Осори Дараи Шӯр ҳам маконан ва ҳам тавсифан ба маданияти номбурда наздик аст. Ин осор дар 20 км шарқтари Тутқавул воқеъ мебошад.

Дар бошишгоҳи Обикиик, ки дар ҷои аз қаторкӯҳи Рангинтоғ баромадани роҳи Душанбе – Қӯрғонтеппа ҷой гирифтааст, як силсила олоти аҷоиби мезолит ёфт шуд.

Аммо осори дар Помир кашфшуда аз ин ёдгориҳо ба куллӣ фарқ мекунад. Дар ин ҷо, дар шароити фавқулоддаи кӯҳистон, дар иртифои мутлақи аз 3,5 ҳазор то 4,2 ҳазор метр аз сатҳи баҳр, баландтарин дар ҷаҳон қароргоҳи одамоне ёфт шуд, ки 95 ҳазор сол пеш зиндагӣ ба сар бурдаанд (ин сана ба воситаи таҳқиқи физикии ангишти оташдони қароргоҳи Ошхона муайян гардидааст)[2].

Ин хосиятан маданияти дигарест, ки аз мезолити  ғарбӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Дар он асосан асбобу олоти дурушт, мисли белчаҳои аз санги қайроқ сохташуда, ба назар мерасанд, яъне дар ин ҷо бештар техникаи давраи палеолит ҳукмфармо буда, аз олатҳои ҳандасӣ асаре ҳам дида намешавад. Он аслан қароргоҳи шикорчиён будааст, ки дар фасли тобистон ба ин маҳалли аз сайд фаровон кӯчида меомадаанд. Дар қароргоҳи Ошхона чор табақаи маскун кашф гардид, беш аз 10 ҳазор олат ҷамъ карда шуд[3].

Осори неолит

Тахминан 9–7 ҳазор сол қабл аз ин асри нави санг оғоз ёфтааст.

Дар Осиёи Миёна се умумияти мадании таърихиро, ки аз якдигар бо шароити зиндагӣ ва осори худ фарқ мекунанд, метавон аёнан мушоҳида намуд. Дар ҳамин марҳила дар ҳаёти ҷамъияти инсонӣ тағйироти таърихӣ рӯй медиҳад. Инсоният аз масраф ва захираи неъмат ба тавлид ва истеҳсоли он қадам мегузорад – ҷои шикор ва ғизоғундориро зироат ва чорводорӣ ишғол менамояд. Ин дигаргуниро гоҳо «инқилоби неолит» меноманд. Албатта, воқеан ин тавр нест, балки ин ном фақат шартист.

Дар тӯли доманаи Копетдоғ он вақтҳо масканҳои аҳли маданияти Ҷайтун – қабилаҳое, ки аз тамоми қавму тоифаҳои сокини Иттифоқи Советӣ пештар ба зироат шурӯъ намудаанд, воқеъ гардида буданд. Онҳо дар деҳкадаҳои қабилавӣ, дар хонаҳои кулӯхӣ зиндагонӣ мекарданд. Чорводорӣ низ аз машғулиятҳои асосии онҳо ба шумор мерафт. Асбобу олоти деҳқонии онвақта аксаран аз досҳои содаи сангичахмоқӣ иборат буданд, ки онҳо 36,5 фоизи олатҳои тадқиқшударо ташкил менамоянд. Аз навъҳои зироат бештар гандум ва ҷав кошта мешуд. Дар қатори аслиҳаву абзори сангичахмоқӣ пораҳои зарфи гилӣ ҳам пайдо гардиданд, ки аз мавҷудияти кулолӣ дар он замон гувоҳӣ медиҳанд. Зарфҳо дастӣ сохта, баъзан бо хатҳои ислимӣ ва нақшунигори тӯросо оро дода мешуданд. Ин ҳоло қадимтарин намунаи осори кулолии Осиёи Миёна мебошад.

Ба санъати сафолиёти Ҷайтун хеле фаровон будани асбобҳои майдаи сангӣ хос аст. Дар ин ҷо пайкони тир ё найза мутлақо дучор нашуд. Аз афти кор, асбоби меҳнат ва ҷанг аз сангҳои майда сохта шуда, баъд васл карда мешуд[4].

Дар ҳамон давраҳо барои сафолпазӣ кӯраву хумдонҳои махсус вуҷуд доштанд, гарчанде худи асбобҳои сафолӣ кам истеҳсол мешуд.

Дар яке аз бошишгоҳҳои маданияти Ҷайтун – дар Чӯпонтеппа қабрҳое ёфт шуданд, ки хусусияти ба худ хос доранд ва ин хусусият дар давраҳои сонӣ ҳам ба назар мерасад ва он иборат аз ҳамин аст, ки қабр дар худи бошишгоҳ дар рӯи ҳавлӣ ё дар дохили хонаҳо канда мешуд. Дар байни бошишгоҳҳои ин маданият Пассочиқтеппа мақоми махсус дорад ва маҳз дар ҳамин ҷо биное ёфт шуд, ки, аз афти кор, бинои ҷамъиятӣ мебошад. Дар яке аз деворҳои ин бино бо ранги сиёҳу сурх сурати даррандагону чаррандагон ва нақши аҷоиб кашида шудааст[5]. Ин сурат яке аз қадимтарин суратҳои рӯидеворӣ дар СССР мебошад.

Дар давраи неолит сокинони соҳилҳои камбориши ҷануби Туркманистон барои обёрӣ зоҳиран фақат дамиши обро истифода мебурданд. Барои ин махсус ҷӯйҳо меканданд ва палҳо месохтанд. Дар айни ҳол дар маҷрои мобайнии дарёву дарёчаҳо воқеъ будани баъзе бошишгоҳҳо шояд далели он бошад, ки оби он дарёву дарёчаҳо барои обёрии заминҳои лаби дарё истифода бурда мешуд. Чорводорӣ хеле равнақ ёфта бошад ҳам, ба туфайли шикор низ хеле гӯшт (дар Ҷайтун қариб 25%) ба даст оварда мешуд, ғайр аз ин пӯсту устухони чорво низ дар рӯзгор ба кор мерафт[6].

Дар макони ин маданият – Ҷайтун низ чандин муҷассамачаҳои гилии ҳайвонот ва одамонро ёфтаанд. Ин муҷассамаҳо, ба ақидаи В.М.Массон, маъбадҳои қабилавӣ мебошад[7]. Замон ва таърихи мавҷудияти ёдгориҳои асосии маданияти Ҷайтун ҳазораи VI пеш аз милод аст.

Қабилаҳое, ки ба умумияти дигар тааллуқ доштанд, дар дашту ҷулгаҳои Осиёи Миёна, хусусан дар воҳаи Бухоро ва канораҳои баҳри Арал ҳаёт ба сар мебурданд. Ёдгориҳои аз онҳо боқимондаро бо номи «маданияти Калтаманор» ёд мекунанд. Вай асосан маданияти шикорчиён ва моҳидорон буда, бо ҳамин ҷиҳат аз маданияти пеш аз ин зикршуда тафовут дорад. Калтаманориҳо, зоҳиран, дар марҳалаҳои охири тараққиёти худ ба ром кардани ҳайвонот ва аз худ кардани зироати ибтидоӣ шурӯъ намудаанд. Санаи маъмули мавҷудияти ин умумияти қабилавӣ ҳазораи IV–III пеш аз милод аст.

ҳамин тариқ, дар он замон инкишофи номавзуни маданиятҳои асри санг ба амал меояд. ҳафриёти Ҷонбозқалъаи 4, ки аз он ҷо боқимондаҳои манзили калони гирдашакли аз чӯбу қамиш сохташудаи ба ҷамоаи қабилавии иборат аз 100 нафар ва бештар аз он тааллуқдошта пайдо гардид, ҳаёти қабилаҳои калтаманорро хеле барҷаста тасвир менамояд. ҳамин навъ манзили боз ҳам калонтар дар қароргоҳи Ковати 7 ёфт шуд.

Хусусияти маданияти Калтаманор аз олатҳои хурди сангичахмоқӣ ва инкишофи техникаи васла зоҳир мегардад. Санги чахмоқ аз кӯҳи Султонуиздоғ ба даст оварда мешуд. Дар ин ҷо кони санг ва устохонаи сохту пардохти олоти сангичахмоқӣ (Бурлӣ 3), ки ба давраи Калтаманор тааллуқ доштааст, пайдо гардид. ҳамчунин аз масканҳои қадима бисёр асбобҳои сафолӣ, аз ҷумла сафолҳои нақшунигорин ёфт шуданд[8].

Дар кӯҳистон ва маҳалҳои назди кӯҳсори Осиёи Миёна умумияти қабилавии севум – маданияти ҳисор макон ёфта буд. Ин воқеа ҳам «неолити кӯҳистон» аст, яъне давраест, ки бо шароити махсуси зиндагонии одамони даранишин тавсиф меёбад. Нахустин муҳаққиқи маданияти ҳисор А.П.Окладников ҷиҳатҳои ниҳоят фарқкунандаи олатҳои сангии ин маданиятро, ки қисми асосии онҳоро асбобу абзори қайроқсангӣ ташкил додаанд, хотирнишон намуда буд. Бозёфти чунин асбобу олот дар Осиёи Миёна мебошад. Хусусияти дигари ин маданият иборат аз он аст, ки дар байни ёдгориҳои он аз асбобҳои сафолӣ ҳеҷ як асаре дида намешавад. Ба ақидаи А.П.Окладников, аҳли маданияти ҳисор аввалин барзгарони вилоятҳои кӯҳистон буда, дар баробари зироат ва чорводорӣ шикор ҳам дар ҳаёти онҳо мавқеи худро нигоҳ медоштааст. Бозёфтҳои Тутқавул (соҳили чапи дарёи Вахш дар наздикии Норак), ки он ҷо дар масоҳати калоне макони бисёртабақа ва пуросори онвақта тадқиқ мешавад, таърихи пайдоиш ва ҷараёни инкишофи маданияти ҳисорро равшантар хоҳад намуд.

Дар Тутқавул чор табақаи маскун (ду табақаи маданияти мезолити ҳазораи Х–VIII пеш аз милод ва ду табақаи мутааллиқ ба худи маданияти ҳисор) кашф гардид. Дар табақаҳои маданияти ҳисор боқимондаҳои оташдони нимдоираи аз санг чидашуда, иичунин «хоначаҳо»-и махсуси аз девораҳои чандқабатаи сангӣ биноёфта пайдо шуданд. Ин гуна суфачаҳо, ки зоҳиран ҳамчун бунёди манзилҳои сабукбори чӯбӣ хизмат мекардаанд, дар ҳафриётҳои Шарқи Наздик низ дарёб гардиданд»[9].

Дар байни бештар аз 40 ҳазор маснуоти асри санг, ки аз ҳафриёти Тутқавул ба даст омадааст, табарҳои хуби суфта, кордҳои тез, абзорҳои дастии хонагӣ: дарафш, парма, белча ва бисёр олатҳои сохту пардохти чӯб мавҷуданд. Аслиҳаи асосии шикорӣ аз найза ва синон иборат буд, ки ба дастаҳои чӯбӣ ё устухонӣ теғ нишонда, бо мум ва ширеш маҳкам мекарданд. Қисмати асосии ёдгориҳои маданияти ҳисорро олатҳои калони санги қайроқӣ ташкил менамоянд. Асбобу олоти устухонӣ хеле кам ба назар мерасад. Аз ҳафриёти ин ноҳия устухонҳо – аввалин осори антропологии аҳли маданияти ҳисор низ ёфт шуданд.

Мувофиқи усули радиокарбӣ муайян карданд, ки табақаи болоии маскуни ҳисор 5150±140 сол пеш аз милод вуҷуд доштааст.

Муқаррар кардани асосҳои иқтисодии марҳалаи тутқавулии маданияти ҳисор ниҳоятдараҷа душвор аст. Вале аз мадракҳои археологӣ чунин бармеояд, ки он маскани шикорчиён ва ғундорандагони неъматҳои табиӣ набуда, балки одамони навакак ба шаклҳои истеҳсолкунандаи хоҷагӣ қадамгузошта мебошанд. Иқтисодиёти сокинони қадимаи Тутқавул бештар ба марҳалаи «пайдоиши зироат ва чорводорӣ» наздик аст. Як қатор нишона ва аломатҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки чорводорӣ мавқеи асосӣ доштааст. Дар байни устухонҳои миқдоран ками ҳайвонот, ки аз табақаҳои маскунӣ берун оварда шудаанд, устухони буз ва гӯсфанди хонагӣ ба назар мерасанд.

ҳоло дар дасти мо баъзе далелҳое мавҷуданд, ки барои муайян кардани ҳудуди интишори маданияти ҳисор имкон медиҳанд. Ин навъ ёдгориҳо асосан воҳаҳои сарзамини имрӯзаи Тоҷикистонро фаро гирифтаанд. Ёдгориҳои мушобеҳи ин, ки дар дигар ноҳияҳои кӯҳистони Осиёи Миёна, аз ҷумла дар шимоли Тоҷикистон, Фарғона ва соҳилҳои Иссиқкӯл дучор меоянд, мутаассифона, то ҳол дуруст омӯхта нашудаанд.

Таърихи мавҷудияти маданияти ҳисор ва санаҳои асосии осори он низ муайян карда шуд. Маълум гардид, ки ин маданият на камтар аз се ҳазор сол (ҳазораҳои VI–III пеш аз милод) давом кардааст. Ёдгориҳои давраи аввали ин маданият дар Тутқавул, давраи миёна дар Кӯи Бӯлёни Данғара ва ниҳоят давраи охири он дар Теппаи Ғозиёни ҳисор маҳфуз мондаанд[10].

Масъалаи гузаштан аз маданияти ҳисор ба фулуз ҳанӯз ба дараҷаи кофӣ тадқиқ нагардидааст.

[1] Окладников А.П., 1966 а.

[2] Бутомо С.В. ва диг., 1964.

[3] Ранов В.А., 1962 б.

[4] Массон В.М., 1971, саҳ 27

[5] Дар ҳамон ҷо, с.51.

[6] Дар ҳамон ҷо, с. 81–89.

[7] Массон В.М., 1966 б, с. 88.

[8] Толстов С.П., 1948 а. с. 59–66; Виноградов А.В., 1968; Коробкова Г.Ф., 1969.

[9] Ӣraidwood R.J. 1967, р. 106-107.

[10] Коробкова Г. Ф., Ранов В. А., 1968.

Назди admin

Инчунин хонед инро

saforiyon

ШӮРИШИ САНҶАР

Шӯриши Санҷар. Истилои давлати қарохонӣ аз тарафи Муҳаммади Хоразмшоҳ Чунон ки қайд карда шуд, ҳанӯз …