МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / ГУНОГУН / МОР ЧИ ХУСУСИЯТИ ТИББӢ ДОРАД?
Мор (кобра)
Мор (кобра)

МОР ЧИ ХУСУСИЯТИ ТИББӢ ДОРАД?

Қисмҳои ин гуногуни мор ҳаст: кофчак, сиёҳ, зард ва ғайра. Мизоҷаш дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст бо қуввати хушккунандагӣ. Хислатҳои шифобахши он: равғанашро ба чашм моланд, фуромадани оби зарарнокро аз гавҳараки чашм манъ мекунад.

Пӯсташро дар шароб ҷӯшонида, он шаробро нимгарм дар гӯш чаконанд, дарди онро шифо мебахшад. Инро дар сирко ҷӯшонида, он сиркоро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад.

Чун мори сиёҳи хонагиро дар кӯзаи нав андохта, дар оташи ҳаммом гузоранд ё дар оташи танӯр бимонанд, то ки мор бисӯзад, баъд бароварда соида, бо асал соида ба чашм кашанд, чашмро бағоят қавӣ мегардонад. Инро бо равғани зайтун сиришта бар ханозер (хукгардан) бимоланд, онро таҳлил медиҳад; бо сирко хамир карда, ба чоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш бимоланд, мӯй мерӯёнад ва ба носур бимоланд, хушк мекунад.

Пӯсти морро сӯхта, бо равғани зағир даромехта, чанд рӯз ҳамон тавр бимонанду баъд ба носурҳои кӯҳна бимоланд, хеле хуб таъсир мекунад.

Чун дум ва заҳраи онро дар равған андохта, то муҳарро шудан бичӯшонанд, баъд онро ба махав ва озах бимоланд, онҳоро дур мекунад. Дандони морро дар зинда буданаш канда, бо ришта дар латтае баста, ба гардан овезанд ва ё муттасил дили онро биёвезанд, таби дурӯздармиёнро шифо мебахшад.

Пӯсти онро, ки ҳар сол як бор мепартояд, ба рони занони ҳомила бибанданд, зоидани онҳо осон мегардад. Агар инро сӯзонида, занҳои ҳомила худро ба дудаш бидоранд, бачаи онҳоро аз шикам меафтонад; касони гирифтори бавосир мақъади худро ба ин дуд бидоранд, донаи бавосирро хушк мекунад.

Тухми морро бо сирко ва танакор бисоянду ба доғи пес бимоланд, песро дафъ мекунад. Табиби қадими юнонӣ Мақротис гуфтааст, ки чун шиками мор аз сар то думаш чок карда, чизҳои даруни шикамашро гирифта дур сохта, ба ҷойи онҳо шоҳитараи хушкро, ки дар об тар карда, нам гиронда бошанд, пур кунанду баъд ҷойи чокро дӯхта, дар оташ гузоранд, то ки бипазад. Сонӣ шоҳитараро бароварда, ба доғи пес гузошта банданду баъд аз як шабонарӯз бикушоянд, тамоман сиҳат мегардонад.

Мизоҷи пӯсти мор дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст, ба қавли баъзеҳо дар севум хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: 3,5 грамм пӯсти морро реза карда, бо 7 грамм орди ҷав хамир сохта, монанди нони кӯмоч дар зери сангрезаҳои тафсони оташ пухта бихӯранд, бавосири зоҳирӣ ва ботиниро дафь мекунад.

Агар ҳар рӯз то се рӯз 3,5 грамми онро бо се адад хурмо бихӯранд, аввалан баромадани озахҳоро манъ мекунад ва агар баромада бошад, хушк карда мерезонад. 3,5 грамм пӯсти морро бо зок, ки сӯхта хокистар гардонида бошанд, бихӯранд, санги хичакро майда карда мерезонад.

Пӯсти морро дар сирко ҷӯшонида, он сиркоро дар даҳан гардонанд, дарди дандон ва дарди милки дандонро дафъ мекунад ва захмҳои милкро шифо мебахшад.  Равғани зайтунеро, ки дар он пӯсти мор ҷӯшонида шуда бошад ё муддате ҳамон тавр дар офтоб гузошта шуда бошад, дар гӯш чаконанд, дарди онро таскин медиҳад ва моддаи аз даруни он равонро хушк мекунад. Ин равғанро дар чашм чаконанд, қӯтури чашм, обравӣ, суст ва нотавон шудани пилкҳо, рехтани мижаҳо ва шилпуқиро дафъ мекунад, чашмро тез ва қавӣ мегардонад. Агар инро дар мақъад бичаконанд, кафидани онро сиҳат мекунад.

Пӯсти морро дар шароб ҷӯшонида, он шаробро дар гӯш чаконанд, дарди гӯшро таскин медиҳад ва агар ин шаробро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро сокин мекунад.  Пӯсти морро бо барги кавар дар об ҷӯшонида ва мумравғанеро, ки аз равғани зайтун ва муми занбӯри асал тайёр намуда, дар ҳамин об ҳал карда, ин таркибро дар даҳан бигардонанд, барои дард ва кафидани лаб ва мақъад дору мешавад.

Пӯсти морро сӯхта, бо навшодир даромехта гузошта банданд, доғи сафеди пӯст ва песро дафъ мекунад ва дигар доғҳоро низ аз пӯст дур месозад.  Сӯхтаи пӯсти морро бо равғани зайтун ё бо шароб даромехта бимоланд, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад.

Агар онрю бисӯзанд, аз дуд ва бӯяш ҷонварони зарарнок мегурезанд. Ин дудашро занҳои ҳомила ба зери шикам ва миёни поҳои худ бигиранд, бачаи онҳо ва ҳамроҳаки (ёраки) тифли онҳоро ҳамон дам аз шикам меафтонад; агар ин дудро ба решҳои тар бирасонанд, онҳоро хушк мекунад.  Пӯсти морро занҳо ҳангоми зоидан ба рони худ банданд, таваллудро осон мекунад.

Пӯсти морро ба танҳоӣ бихӯранд, чашмро торик месозад ва монанди мор пӯст мепартоёнад. Дар ин ҳолат кашниз бояд бихӯранд, ки ин зарар ислоҳ ёбад. Миқдори як бор хӯрдан аз пӯсти мор дар як рӯз то 3, 5 грамм аст.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Обшорон Аквапрки Душанбе

Шахри Душанбе дар сурату расм