Морчуба

Морчӯба

Морчӯба  — ин калимаи тоҷикист ва ба русӣ спаржа меноманд. Морчӯба растаниест, ки баргҳояш монанди сӯзани борик-борики бисёр мебошад, рангаш сабз аст, ки ба баргҳои сарсабил шабоҳат дорад. Гулаш сафед. Самараш ба андозаи самари сарсабил аст, ҳангоми норасӣ кабуди сабзтоб ва дар вақти расидан сурх мегардад. Ин боғӣ ва саҳроӣ низ мешавад. Гулфурӯшон аксар ба дастаҳои гул ҳамроҳ менамоянд.

Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дувум хушк аст ва хушкии саҳроии он зиёдтар мебошад. Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, торикии чашмро дафъ мекунад, зардоби дар гавҳараки чашм фуромадаро дар давраи аввал бошад, дафъ месозад; дарди узвҳои даруни сина ва шуш, дарди паҳлӯ ва истисқоро шифо мебахшад.

Агар инро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад. Инро бихӯранд, гиреҳи ҷигар, сипурз ва гурдаро мекушояд, дарун ва ҷигарро мулоим мекунад, бодҳои гуногун ва қулинҷ (колит)-ро таҳлил медиҳад, ҳамчун ғизо пурқувват аст, ҳазмкунандаи таом мебошад, бӯйи пешоб ва арақи баданро дигар мегардонад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, гурдаро аз моддаҳои бегона пок месозад ва пешобро меронад.

Инро пухта бихӯранд, дарунро мулоим мекунад, балғами ба меъда часпидаро бо қай берун меоварад, дарди рӯдаҳоро дафъ мекунад, боҳро ба ҳаракат меоварад, пешобро равон мекунад ва агар бо шароб биёшоманд, чакмезакро шифо мебахшад.

Инро ба дили наҳор бихӯранд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, инчунин иллатҳои гурда ва хичакро барҳам медиҳад. Пухтаи онро бо шароб бихӯранд, газидани ғундаро дармон мешавад.

Вале агар инро аз ҳад зиёд бихӯранд, ба сар зарар мекунад — давои ин зиёнаш асал хӯрдан аст. Инро бардавом бихӯранд, ба дарди пайвандҳо гирифтор мекунад, таомро дар меъда вайрон месозад ва дилро беҳузур (беҷо) мекунад. Давояш: агар ба одамони сардмизоҷ зиён расонад, асал хӯрдан аст, вале барои гарммизоҷон худи морчӯбаро дар сирко ҷӯшонида хӯрдан аст.

Морчуба

Морчӯбаро дар шир пухта бихӯранд ва инчунин танҳо бо гӯшт пухта тановул намоянд, боҳро қувват мебахшад ва ин тавр истеъмолаш, назар ба он ки танҳо худашро пухта мехӯрда бошанд, беҳтар таъсир дорад.

Тариқи расмшудаи истеъмоли он чунин аст, ки аввал инро дар об ҷӯшонида, он обро рехта мепартоянду баъд бо тухми мурғ пухта мехӯранд. Зеро оби ҷӯши аввалаш дилро беҳузур мекунад. Инчунин ошомидани сиканҷабин ислоҳкунандаи зарари он аст барои одамони гарммизоҷ, вале барои одамони сардмизоҷ ва кӯҳансолон давои ислоҳбахш ҳоҷат нест.

Миқдори як бор хӯрдан аз морчӯба дар як рӯз то 10,5 грамм аст. Гуфтаанд, ки морчӯба кушандаи саг аст. Тухмашро бихӯранд, гиреҳи сипурзро мекушояд. Агар инро бо асал ва равғани баласон бихӯранд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад. Занони Миср тухми инро маҳин кӯфта, ба тухми мурғи нимпухта пошида. нимгарм мехӯранд, ба гумони он ки баданро фарбеҳ мекарда бошад.

Агар тухми инро занҳо аз таг бардоранд, ҳайзи бандгаштаро равон мекунад ва дар ин амал аз худи растаниаш қавитар мебошад. Миқдори як бор хӯрдан аз тухми он дар як рӯз то 9 грамм аст. Ба ҷойи ин ҳанзал (тарбузи абуҷаҳл) бихӯранд, раво мебошад. Вале ба дарун истеъмол кардани тухми ин ба майна зарар дорад — давояш сиканҷабин ошомидан аст.

Решаашро бихоянд, дарди дандонро таскин медиҳад. Решаи хушкашро ос карда, ба дандон гузоранд, дарди дандони напӯсидаро таскин медиҳад, вале худаш дандонро мепӯсонад. Решаи хушкашро ба гардан овезанд, дарди дандонро таскин медиҳад ва боиси бе ҳеҷ гуна дард кандани он мегардад, агар ин тавр мурод бошад.

Решаашро дар об ҷӯшонида, он обро бо сирко даромехта, дар даҳан гардонанд, инчунин оберо, ки тухми он низ ҷӯшонида шуда бошад, ҳамин тавр кунанд, хосияти боло зикрёфтаро дорад. Ва решаашро дар об ҷӯшонида, он обро батанҳой ё бо асал биёшоманд ва ё бо тухми харбуза бихӯранд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, иллатҳои хичакро шифо мебахшад, дарди гурда ва роҳи пешобро, ки аз гиреҳ ба амал омада бошад, дафъ мекунад.

Дар китоби «Филоҳа» қайд ёфтааст, ки чун шохи гусфандро дар замин гӯр кунанду батакрор об диҳанд, морчӯба мерӯяд — ин озмуда шудааст.

Назди admin

Инчунин хонед инро

siresh-daraxt

Сиреши саҳроӣ чист ва барои чи лозим?

Сиреши саҳроӣ —   Ин гиёҳ монанди сиреши кӯҳӣ, вале баргаш аз барги он хурдтар, пояаш …