МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
Мозу

Мозу

Мозу (ба руссӣ — чернильный орешек) — Ин самари дарахти ҳиндист. Қувваташ то се сол боқӣ мемонад. Мизоҷаш дар дараҷаи якум сард ва дар дувум хушк аст. Вале баъзеҳо дар дараҷаи дувум сард ва дар севум хушк гуфтаанд. Хислатҳои шифобахши он: инро кӯфта, ба воситаи найча дар бинӣ пуф кунанд, хуни биниро манъ мекунад.

Агар мозуро маҳин ос карда чун сурма ба чашм кашанд, шилпуқӣ, обравӣ ва қӯтури чашмро шифо мебахшад. Кӯфтаи онро бо оби чилмангӯштак (семизут) дар гӯш чаконанд, хунравӣ ва рафтани римро аз даруни он бозмедорад.

Кӯфтаи онро ба дандон ва милки он бимоланд ва дар об ҷӯшонида, он обро бо сирко даромехта, дар даҳан гардонанд, дандон ва милки онро мустаҳкам мекунад, рӯтубатҳои мурдорро аз забон ва милки дандон мекашад, ҷӯшиши (пухтани) даҳанро шифо мебахшад, рӯтубати зарарноки узвҳои даруни даҳанро дафъ мегардонад. Сӯрохи дандони кирмхӯрдаро аз кӯфтаи ин пур кунанд, пӯсиши онро манъ мекунад.

Соидаи онро бо об биёшоманд, захмҳои гуногуни рӯдаҳоро ба ибро меоварад, исҳоли кӯҳнаро банд мекунад, беҷо равон шудани ҳайзро ислоҳ менамояд ва инчунин рутубати зиёдатӣ ва беҷоояндаи бачадонро хушк мегардонад. Агар мозуро бо таомҳо бардавом бихӯранд, низ ҳамин таъсирро дорад.

Мозуро дар об пухта, молида гузошта банданд, варамҳои мақъадро таҳлил медиҳад, мақъади (кӯтани) беруномадаро ба ҷояш мебарад ва бардамидани нофи тифлонро ба ислоҳ меоварад ва агар ба он сирко ҳамроҳ кунанд, таъсираш зудтар мерасад ва қавитар мегардад.

Мозуро соида, бо сирко сиришта бимоланд, шукуфаи пӯст ва сурхбодро, ки дар вақти ибтидо бошад, шифо мебахшад; ба ҷоҳои гирдак-гирдак муйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад, доғҳои кунҷидак ва доғи сафеди пӯстро дафъ мекунад.

Кӯфтаи мозуро ба гӯшти зоиди ҳар ҷо, ки бошад, бипошанд, онро лоғар сохта таҳлил медиҳад, вале агар сӯхтаи онро бипошанд, дар ин бобат боз ҳам хубтар аст. Инро кӯфта гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад ва реши давандаро аз давидан манъ мекунад, доначаҳои мӯрчагазак ва решҳои хӯрандаро шифо мебахшад.

Агар мозуро дар об ҷӯшонида, он обро бо сирко бинӯшанд, ҳам ҳамин таъсирро дорад. Кӯфтаи онро бо сирко хамир карда бимоланд, устухони шикастаро ба ҳам мечаспонад.

Мозуро дар об ҷӯшонида ё онро як шабонарӯз дар об тар карда, бо он об мӯйро бишӯянд, мӯйро сиёҳ мегардонад. Агар инро кӯфта бимоланд, арақро манъ мекунад ва бадбӯйии онро ба ислоҳ меоварад. Мозуро дар равғани зайтун бисӯзанду баъд фишурда аз он равғанро ҷудо карда, он равғанро бимоланд, барои сиёҳ кардани мӯй ранги некӯ мебошад.

Ба дарун истеъмол кардани мозу барои узвҳои дохили сина ва ҳалқ зарар дорад. Давои ин зиёнаш катиро ва шилми бодомҳоро хӯрдан аст, инчунин онро бо тухми мурғи нимпухта якҷо бихӯранд, зарараш ислоҳ меёбад. Микдори як бор хӯрдан аз мозу дар як рӯз 4,5 грамм аст.

Агар ёфтани мозу мушкил гардад, ба ҷойи ин ба вазни он пӯсти анор, самари балут (ҷуфти балут), самари газ ва ҳалилаи зардро истеъмол намоянд, раво мебошад. Тариқи сӯхтани мозу чунин аст, ки дар рӯйи ахгар бисӯзонанд ё зарфи сафолро дар оташ гузошта, дар рӯйи он бирён намоянду дар шароб ё дар сирко хунук кунанд. Барои банд кардани хун ва хушк гардонидани захмҳо, инчунин барои таҳлил додани варамҳо назар ба носӯхтаи он сӯхтааш таъсирноктар мебошад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Бемории простата

Табобати Аденома простата, дору барои бемории мардон!

Аденомаи простата ё худ онро гиперплазияи ғадуди простатаи безарар мебошад, ки яке аз маъмултарин бемориҳои …