МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Мӯй (Пашм) ва хусусияти фоидабахшии он
Муйи сар

Мӯй (Пашм) ва хусусияти фоидабахшии он

Ин аз пашм фарқ дорад. Пашм, ки ба арабӣ суф меноманд, назар ба мӯй маҳинтар ва печида мебошад. Баъзе ҷонварон ҳам мӯй доранд ва ҳам пашм, чунончӣ, бузи расмӣ дорад. Баъзе фақат пашм доранд, монанди: гӯсфанд ва барра. Вале инсон фақат мӯй дорад на дигар. Мурод аз мӯй гуфтан дар тиб фақат мӯйи инсон дар мадди назар дошта шудааст.

Мизоҷи мӯйи инсон сард ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: агар инро сӯхта бипошанд ё бо асал сиришта бимоланд, захм ва решҳоро дард наоварда хушк мекунад, барои решҳои хӯранда ва хушк кардани захмҳо даво мешавад; агар бипошанд, пухтани даҳан ва ҷӯшиши онро сиҳат месозад.

Сӯхтаи онро бо равғани зайтун ва об сиришта бимоланд, сӯхтагии оташро шифо мебахшад. Мӯйи сарро сӯхта, бо сирко соида бимоланд, озахҳоро хушк карда меафтонад ё таҳлил медиҳад, донача ва обилаҳоро дафъ мекунад, инчунин захми саги девона газидаро шифо мебахшад, бо шароб ё равғани зайтун соида ё бо об соида бимоланд, варами сарро мегардонадва ҷароҳати онро сиҳат месозад.

Агар сӯхтаи инро бо мурдорсанг (рими сурб, ё ки ба русӣ свинцовый шлак) бимоланд, қӯтур ва хориши чашмро шифо мебахшад ва чашмро хеле қавӣ мегардонад. Агар мӯйи одамиро носӯхта ос карда, бо асал даромехта бимоланд, ҷӯшиши (пухтани) даҳани кӯдаконро шифо мебахшад. Мӯйи сарро кӯфта бипошанд, баромадани мақъадро (кӯтанро) ба ҷояш мебарад ва дигар намебарояд.

Кӯфтаи онро бо равғани гули сурх даромехта, дар гӯш чаконанд, дарди онро таскин медиҳад. Мӯйи сарро сӯхта, дудашро дар бинӣ бикашанд, саръро (припадкаро), ки сабабаш афтодани гиреҳ дар майна бошад, шифо мебахшад; ҳамаи ҷонварони зарарнок аз дуди он мегурезанд. Агар онро занҳо аз таг бардоранд, рутубати равон ва бисёри бачадонро манъ ва хушк мекунад ва саръи занонро шифо мебахшад.

Мӯйи тифлонро пеш аз сахт шудан гирифта биёвезанд, барои иллати ниқрис, ки дард ва варами ангуштони дасту поҳо мебошад ва инчунин газидани каждум шифо мебахшад. Тариқи сӯхтани мӯйи сари одамӣ чунин аст. Мӯйро бо собун покиза шуста, шона карда, баъд хушк намуда, бо қайчӣ хуб реза карда, сонӣ дар рӯйи порчаи сафол ё табақи сафол ва ё дар рӯйи тунука ба оташ гузошта, бо дастае тагурӯ гардонанд, то ки қобили кӯфтан гардад.

Равғани мӯйро ба сар бимоланд, мӯй мерӯёнад ва инчунин ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш низ мӯйро мерӯёнад. Агар инро бимоланд, касонеро, ки аз хислати мардӣ маҳрум гашта бошанд, онро аз нав барқарор мекунад. Тариқи ҳосил кардани равғани мӯйи одамӣ чунин аст. Он мӯйро ҳар қадар, ки хоҳанд, бигиранд, бо собун покиза бишӯянд, хушк намоянду дар колба то гулӯгоҳаш пур кунанд ва дар он гулӯяш лиф ҷо намоянд. Ба колба гили бӯта бимоланд. Табақи оҳанӣ ё тунукаро аз миёнаҷояш сӯрох кунанд. Баъд даҳани он колбаро сарозер дар он сӯрохӣ гузоранд. Баъд бар боло ва атрофи он ангишт гузошта оташ зананд — аз ин ҳарорат равғани мӯй ҷудо шуда поён мечакад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Мухаллас

Мухаллас дар Канзи Шифо (Китоб)

Мухаллас (лотинӣ: Dianthus tetralepis), (русӣ: гвоздика четырёхгранная ) —  Ин гиёҳ аз як реша то 15-20 соқ бармеоварад, гиреҳдор, …