МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / МУНОСИБАТҲОИ ИҚТИСОДИИ БАЙНИ ОСИЁИ МИЁНА ВА РОССИЯ

МУНОСИБАТҲОИ ИҚТИСОДИИ БАЙНИ ОСИЁИ МИЁНА ВА РОССИЯ

Соли 1781 мутарҷим М. Бекчурин ба сифати сафири ҳукумати Россияи подшоҳӣ ба Бухоро фиристода шуд. Вазифаи асосии сафорат муайян кардани  имконоти инкишофи тиҷорати Россияву Бухоро ва ба воситаи Россия кашондани молҳои Бухоро, инчунин ҳалли масъалаҳои сиёсӣ буд.[1] Дар навбати худ бухороиҳо илтимос мекарданд, ки барои озодона тиҷорат кардан дар тамоми хоки Россия ба онҳо иҷозат диҳанд. Умуман, чи навъе ки Е.В.Бунаков хотирнишон мекунад, аз даҳсолаҳои охири асри ХVIII Осиёи Миёна аввалин бор дар сиёсати хориҷии ҳукумати Россия мавқеи ҷиддии мустақилро ишғол менамояд, зимнан мақсаду мароми тиҷорат дар ин ҷо қариб дар навбати аввал гузошта мешуд.140а Аз соли 1796 содироти молҳо аз аморати Бухоро ба Россия аз 379 то 485 ҳазор сӯм, воридот аз 341 то 421 ҳазор сӯм афзоиш ёфт. Вале дар соли 1801 содироти молҳои Бухоро ба Россия ба маблағи 732 ҳазор сӯм расид, дар айни замон қисмати асосии онро (беш аз 545 ҳазор сӯм) маснуоти нахӣ ва пахта, сипас қисмати дигарро (102 ҳазор сӯм) чарм ва бақияи онро пӯсти қарокӯлӣ, решаи ревоҷ ва соири колаҳо ташкил мекарданд.

Ба ин тариқа, дар таркиби молҳои содироти Осиёи Миёна нахи пахта, газворҳои нахӣ ва  худи пахта мавқеи бартариро дошт ва зимнан 90% ин гурӯҳи колоро ресмон ташкил медод. Дар ин бобат мушоҳидаи полковник Струков хеле ҷолиби диққат аст, ки соли 1810 дар хусуси тиҷорати Россияву Осиёи Миёна навишта буд: «Россия, ки дар истеҳсолоти худ нахи пахта надорад, инчунин зарурати муҳимро ба миқдори зиёде ҳам дар ҳолати пахтаи табиӣ ва ҳам се навъи ришта аз Осиё дарёфт менамояд. Илова бар истифодаи басо муфид дар чароғон онро дар фабрикаҳои рус барои таҳияи матоъҳои гуногуннавъ ба кор мебаранд. Баробари ин, ҳар навъ газворҳои аз Осиё воридшавандаро ҳар ду ҷинси мардуми омӣ бо дилхушии тамом истифода мекунанд, зеро вай нарм ва бадошт аст ва аз ин рӯ, матои зағирпоягиро, ки давлат барои (таъмини) армия ба вай эҳтиёҷи бағоят бузурге дорад, аксаран бо он иваз мекунанд»[2].

0_125db7_361a4467_orig

Соли 1801 аз Бухоро ба Россия ба маблағи 732 ҳазор сӯм мол содир гардида, моли аз Россия ба Бухоро воридшуда аз ин маблағ якуним баробар камтар буд. Муҳимтарин қисмати молҳои воридотиро червонҳои тилло (40%), моҳут ва дигар матоъҳо (21%), қаламфур, қирмиз, мӯина ва амсоли инҳо ташкил медоданд.

Дар соли 1813 гумоштаи Британия Мириззатулло маҷбур шуд эътироф намояд: «Тиҷорат бо Россия барои Бухоро тиҷорати асосист». ҳар сол аз Россия як корвони иборат аз 4–5 ҳазор шутур меомад ва ҳамин қадар як корвон ба Россия мерафт[3].

Дар нимаи аввали асри ХIХ таназзули хоҷагии феодалии крепостноӣ шиддат ёфта, муносибатҳои капиталистӣ вусъат пайдо мекунанд. Коргоҳҳои хурди косибӣ беш аз пеш ҷои худро ба мануфактураҳои капиталистӣ ва сипас ба истеҳсолоти фабрикии сармоядорон медиҳанд. Аз соли 1804 то соли 1860 миқдори корхонаҳои саноатӣ аз 2402 ба 15. 338 расида, миқдори коргарон мутобиқан аз 95,2 ҳазор то 565,1 ҳазор кас афзуд. Махсусан саноати бофандагӣ, ки дар нимаи дувуми солҳои 20-ум ва нимаи аввали солҳои сивуми асри ХIХ тақрибан 70% саноати маснуот барорандаи русро ташкил мекард, хеле тараққӣ намуд. Фақат дар зарфи 7 сол аз соли 1825 то соли 1832 адади дастгоҳи бофандагӣ ду мартаба зиёд шуд.

Албатта, мо барои тафсил додани инкишофи иқтисодиёти Россия имкон надорем ва ба ин ҳоҷат ҳам нест, зеро ин масъала дар тадқиқоти зиёде мавриди баррасӣ қарор гирифтааст[4]. Мо ин ҷо фақат дар баъзе ҷиҳатҳои асосии он таваққуф менамоем. Саноати ба тараққӣ рӯниҳодаи Россия ба бозор эҳтиёҷ дошт. Инро бисёр арбобони онвақта ба хубӣ дарк менамуданд. Дар соли 1835 Г.Неболсин ин иддаоро хеле возеҳу равшан баён карда буд: «Аз он вақте ки фурӯши молҳои мануфактурии мо дар байни мардумони Осиёи Миёна ба равнақ даромад, ин тиҷорат барои саноати дохилии мо аҳамияти махсус пайдо намуд…»[5]. Чунон ки В.И.Ленин хотирнишон кардааст: «…капитализм бе пайваста васеъ кардани доираи ҳукмронии худ, бе колонизатсияи мамлакатҳои нав… зиндагӣ ва тараққӣ карда наметавонад». Ва боз: «Барои фабрикантҳо бозор фавран даркор аст ва агар қафомондагии тарафҳои дигари хоҷагии халқ бозорро дар райони кӯҳна тангтар мекарда бошад, дар ин сурат онҳо бозорро дар райони дигар ё дар мамлакатҳои дигар… ҷустуҷӯ хоҳанд кард»[6].

Маҳз ҳамин ва инчунин зарурати ба даст овардани маводи хоми Осиё сабабгори асосии вусъат ёфтани ҳаҷми робитаҳои иқтисодии Россия бо Осиёи Миёна буд. Ба ин ваҷҳ маҳдудиятҳои аз Россия ба кишварҳои Осиё содир кардани тилло, филизоти сиёҳ ва ранга, маснуоти филизӣ (ба истиснои аслиҳа) ва ғалла аз байн бардошта шуданд. Ба тоҷирони ҳар се дараҷа барои савдо кардан бо Осиёи Миёна ва ба шахсони ҳар зумра барои доду гирифти мубодилагӣ иҷозат дода шуд. Ин ва дигар тадбирҳо ба равнақи тиҷорат шароити мусоид фароҳам оварданд. Колоҳои Россия ҳатто ба Афғонистон, Қошғар ва соири ноҳияҳои машриқзамин низ роҳ ёфтанд [7]. Аммо аз хатар эмин набудани роҳҳои корвонгард ба тараққии тиҷорат монеаи сахте гардида буд. Аксар вақт корвони тоҷирон, хусусан онҳое, ки аз Россия роҳӣ мешуданд, ба ҳамла ва ғорати роҳзанон дучор мегардид [8]. Корвонҳоро ҳамроҳӣ кардани дастаи муҳофиз ҳам кӯмак расонида наметавонист. Масалан, корвони пуршумору пурбори тоҷироне, ки солҳои 1824– 1825 ба Бухоро ҳаракат мекард, бо вуҷуди муҳофизаи дастаи мусаллаҳ аз тарафи роҳзанон талаву тороҷ карда шуд [9].

Аз маводи хоми Осиёи Миёна махсусан пахта аҳамияти калоне пайдо карда буд. Саноати бофандагии Россия миқдори торафт бештари онро талаб менамуд. Ин аст, ки кашондани пахта муттасил меафзояд.[10] Дар оғози асри ХIХ аз Осиёи Миёна ҳар сол қариб ҳазор пуд пахта ба Россия кашонда шуд, миқдори он дар соли 1818 ба беш аз 10 ҳазор пуд, дар соли 1836 ба 38,5 ҳазор пуд ва дар соли 1858 ба зиёда аз 180 ҳазор пуд расид, яъне дар давоми ним аср 18 баробар афзоиш ёфт.

Дар навбати худ Осиёи Миёна ҳам аз тиҷорат бо Россия хеле манфиатдор буд. Бисёр маҳсулоти муҳим, аз қабили чӯян, оҳан, мис, маснуоти филизӣ, маҳз аз Россия ворид мегардид. Аз тангаи кисаи шаҳриён сар карда, то тӯп — ҳама аз филизоти рус сохта мешуд.

П.И.Неболсин навишта буд: «Мо ба Осиёи Миёна чунин молҳоро мефиристем, ки дар тамоми Тӯрон чизҳои аз ҳама зарурӣ ва мавриди масрафи умуми аҳолӣ маҳсуб меёбанд. Тилло, нуқра, мис, чӯян, оҳан, ҳар гуна маснуоти филизӣ, пӯст, ранг, шакар, моҳут, чит ва матоъҳои гуногуни пахтагӣ ва абрешимӣ ба он ҷо аз мо мераванд. Осиёи Миёна филизот, чарм, моҳут ва чит барин молҳои моро муҳол аст, ки бо ҳамии нарх аз ягон кишвари дигар гирифта тавонад»[11].

Мувофиқи мадракҳои овардаи ҳамин муаллиф фақат дар зарфи даҳсолаи 1840–1850 танҳо бо роҳи Оренбург аз Россия ба давлатҳои хонии Осиёи Миёна тақрибан 40 ҳазор пуд мис, беш аз 400 ҳазор пуд оҳан, 75 ҳазор пуд чӯян, 25 ҳазор пуд фӯлод, ба миқдори зиёде сиккаҳои тилло ва нуқра кашонда шуданд. Бояд гуфт, ки ин миқдор аз истихроҷи филизоти маҳаллӣ бештар буд. Барои оммаи васеи аҳолии Осиёи Миёна, махсусан, ворид намудани матоъ аҳамияти калон дошт, аз ин рӯ, вай дар байни молҳои ба ин кишвар содиркунандаи Россия ҷои аввалро ишғол менамуд. Умуман, тиҷорати Осиёи Миёнаву Россия, сарфи назар аз баъзе лаҳзаҳои ба мамониат дучор шудан ва ҳатто пас рафтан, беш аз пеш ривоҷ мегирифт.

Дар натиҷаи тавсеаталабии тиҷоратии Англия ва душвориҳое, ки солҳои сивум ва чилум дар соҳаи савдо ба миён омаданд, содироти Россия ба давлати хонӣ хеле паст фаромада, нисбат ба воридот якуним-ду баробар кам гардид. Вале аз охири солҳои 50-ум ва 60-ум тиҷорати Россияву Осиёи Миёна дубора ҷон гирифта, босуръат пеш рафт. Ба сабаби сар задани ҷангҳои дохилӣ дар Америка аз он ҷо ба Россия ворид намудани пахта ниҳоятдараҷа кам шуд ва ин, дар навбати худ, нархи пахтаро дар Россия хеле боло баровард. Дар бораи вусъати онвақтаи муносибатҳои тиҷоратии Россия ва Осиёи Миёна чунин далел гувоҳӣ медиҳад, ки дар Осиёи Миёна маҳз дар ҳамон вақт масоҳати киштзори пахта чандин баробар афзоиш меёбад. Пас аз як соли оғози ҷанги дохилии Америка, яъне соли 1862 аз Осиёи Миёна кашондани пахта қариб се баробар зиёд мешавад.

Чунон ки дар боло таъкид ёфт, ба инкишофи тиҷорати Россияву Осиёи Миёна ҳар ду тараф ҳам манфиатдор буданд. Вале аз он набояд сарфи назар кард, ки дар тиҷорати хориҷии Россия ҳиссаи воридоти Осиёи Миёна ҳатто дар давраи авҷи худ низ фақат 2–3 фоизи ҳаҷми умумии содироти давлати Русро ташкил менамуд, дар сурате, ки қисми асосии молҳои содиротии Осиёи Миёна ба Россия фиристода мешуд. Ин ҳолатро дар воридоти Осиёи Миёна ҳам метавон мушоҳида кард. Қисми зиёди молҳои воридотӣ аз Россия меомад. Давлатҳои Осиёи Миёна хеле пештар аз ҳамроҳ шудан ба Россия таҳти нуфузи иқтисодии давлати Рус қарор гирифта буданд[12].

Манфиатдории ҳам Россия ва ҳам давлатҳои хонии Осиёи Миёнаро нисбат ба инкишофи муносибатҳои тарафайн омилҳо, на ин ки омилҳои сиёсӣ, дар саъю кӯшишҳои аз нимаи дувуми асри ХIХ ба зуҳур омадаи ҳукумати подшоҳӣ дар бобати тамоман ба зери назорати худ даровардани Осиёи Миёна ва ба ин васила аз истилои Англия – хатарноктарин ҳарифи империяи Россия эмин нигоҳ доштани он роли хеле муҳим бозиданд. Инро бояд махсус таъкид кард, зеро баъзе муаллифон[13] ҳангоми таҳқиқи ангезаҳои асосии амалиёти Петербург дар Шарқ ба ҷиҳатҳои иқтисодӣ аҳамияти лозимӣ намедиҳанд.

Муносибатҳои самарабахши тиҷоратии аморати Бухоро, давлати хонии Хева ва Хӯқанд аз як тараф ва Россия, аз тарафи дигар, дар заминаи фаъолияти ҷиддии дипломатии ин кишварҳо беш аз пеш равнақ меёфтанд. Дар зарфи тамоми нимаи аввали асри ХIХ онҳо сафорат ва намояндагиҳои худро мубодила карда, ба ҳалли масъалаҳои аз назари ин ва ё он давлат хеле муҳим муваффақ мегардиданд. Яке аз ҳамин қабил масъалаҳо ҳамоно мубодилаи мол ва тамоми муаммоҳои ба он алоқаманд ба шумор мерафт.

Сафироне, ки аз Осиёи Миёна ба Россия фиристода мешуданд (алалхусус сафирони аморати Бухоро), кӯшиш мекарданд боҷҳои ба молҳои ҳамватанонашон андохташударо кам кунанд, барои ба Осиёи Миёна содир кардани маснуоти мамнӯъ, тилло ва танга (ки ҳар вақт кашондани онҳо манъ мешуд) иҷозат гиранд, онҳо баъзан илтимос менамуданд, ки барои тоҷирони ин ва ё он давлати хонӣ дар ярмаркаҳои  Россия ҷой диҳанд ва боисрор дархост мекарданд, ки барои дар шаҳрҳои гуногуни империяи Россия, на ин ки фақат дар маҳалли махсус таъиншуда, хариду фурӯш кардани тоҷирони Осиёи Миёна имкон дода шавад.

ҳукумати подшоҳӣ, дар навбати худ, ба вусъати робитаҳои иқтисодӣ ва беҳтар шудани шароити тиҷорати савдогарони рус ҳавасманд буд ва чунин меангошт, ки ба ин васила нуфузи сиёсии худро дар Осиёи Миёна метавонад ба осонӣ паҳн ва устувор намояд. Вай дар назди сафирони худ, ки ба давлатҳои хонӣ раҳсипор мешуданд, вазифаи тадқиқи ин давлатҳо ва озод кардани раияҳои дар ин сарзамин мисли ғуломон зиндагикунандаи Россияро низ мегузошт.

Мавқеи душманонаи давлати хонии Хева муддати чандин соли нимаи аввали асри ХIХ Петербургро ба ташвиш меандохт. Вай ба мақсади таҳти назорати худ қарор додани тиҷорати Россияву Осиёи Миёна аз мавқеи ҷуғрофии худ истифода бурданӣ мешуд. Хони Хева ба роҳи корвон дастаҳои мусаллаҳ фиристода, аз тоҷирон баноҳақ боҷ меситонд ва дар сурати эътироз карданашон онҳоро ғорат менамуд; аксар вақт баъди қонеъ кардани талаби ин дастаҳо низ корвон аз тороҷ эмин намемонд. Ғайр аз ин, Хева ба бисёр қавму қабилаҳои қазоқ, ки кайҳо тобеияти Россияро қабул карда буданд, даъвои ҳукмронӣ дошт.

Қисса кӯтоҳ, мавзӯи гуфтушунидҳои дипломатӣ хеле бисёр буд. Илова бар ин, ҳар гоҳ ҳукмронони давлатҳои хонӣ барои кофтукови сарватҳои зеризаминӣ аз ҳукумати подшоҳӣ фиристодани инженерон ва техникҳои маъданшиносро хоҳиш менамуданд. ҳамин тариқа, дар охири асри ХVIII амалдори соҳаи маъдан Т.Бурнашев ҳамроҳи А.Безносиков ба Бухоро омад. Д.Телятников бо ҳамон А.Безносиков ва баъдтар Т.Бурнашев ва М.Поспелов ба Тошканд, ки чанд вақт мустақил гардида буд, сафар карданд. Дар вақти сафари охирон кофтуковҳои геологӣ (табиӣ, дар шароити онвақта як дараҷа сатҳӣ) анҷом дода, ба ҳокими Тошканд Юнусхоҷа роҷеъ ба он манбаъҳои табиӣ, ки ӯ умедворӣ дошт, баъзе мадракҳо пешниҳод карда шуд [14].

Дар навбати худ, сафирони Бухоро – девонбегӣ Азимҷон Мӯъминҷонов (солҳои 1815 ва 1819) ва қӯрчибошӣ Мирзо Муҳаммадюсуф (соли 1816) ба Петербург рафтанд. Миссияи дипломатии А.Ф.Негри (солҳои 1820–1821), ки ба ҳайъати он табиатшинос Э.Эверсман, капитани штаби генералӣ Е.Мейендорф ва дигарон дохил буданд, ба аморат ташрифи ҷавобӣ овард. ҳарчанд бастани ягон хел шартномаи танзимкунандаи муносибатҳои Россияву Бухоро (ки ба он ҳамеша ҳукумати подшоҳӣ саъй мекард), муяссар нагардид, сафари А.Негри ба аморат дар инкишофи муносибатҳои байни империяи Россияву Бухоро ва дар бобати бо ҳам шиносо шудани ин ду давлат ба эътибори як марҳалаи наве аҳамият пайдо намуд.

Мубодилаи намояндагони мухталиф дар байни Россия ва давлати хонии Хӯқанд низ дорои чунин аҳамият буд. Аз он чӣ, ки дар таърихи ҳарду давлат нақше гузоштааст, пеш аз ҳама, ба водии Фарғона сафар кардани Ф.Назаров (солҳои 1813–1814) ва Н. Потанинро (солҳои 1829–1830), ки илмро бо маълумоти роҷеъ ба маҳалли номашҳур ғанӣ гардонидаанд, бояд хотирнишон намуд. Дар солҳои 1823–1829 сафирони хони Хӯқанд Муҳаммадалихон – Турсунхоҷа Найзаҳоҷинов ва Хоҷӣ Мирқурбон Мамадқосимов аввал ба Омск ва сипас ба Петербург фиристода шуданд.

[1] Ниг.: Бекчурин М., 1916.

140а Бунаков Е.В., 1941, с. 6–8.

[2] Рожкова М.К., 1949, с. 41.

[3] Соколов Ю.А., 1957, с. 198 (ҳамон ҷо ва с. 208 номбари молҳо).

[4] Хромов А., 1946; 1950; Лященко П.И., 1947; Пажитнов К.А., 1958; Халфин Н.А., 1960, 1974; Очеркҳо…, 1969 ва бисёр диг.

[5] Неболсин Г.П., 1835, II, с. 176.

[6] Ленин В.И. Асарҳо, ҷ. 3, с. 616, 613–614.

[7] Бобохоҷаев М.А., 1965.

[8] Ниг.: Масалан, тасвири uорати корвони соли 1803 – Гавердовский Г., 1823.

[9] Ниг.: Рожкова М.К., 1949, с. 46–48; Кайдалов Е., 1828; Халфин Н.А.,1974, с. 176-198.

[10] Дар дастуроте, ки ба мутарҷим П.И.Демезон дар соли 1833 ҳангоми бо миссияи дипломатӣ ба Бухоро сафар карданаш дода шуда буд, аз ҷумла фаҳмидани он ки «оё имкони зиёд кардани» истеҳсоли пахта ҳаст ё не ва агар бошад, то чӣ андоза» тавсия мешуд (Чабров Г.Н., 1957, с. III).

[11] Небольсин П.И., 1865, с. 22-23.

[12] Маълумоти солиёнаи нисбатан муфассал доир ба тиҷорати Россияву Осиёи Миёна дар нашрияи Вазорати молия, ки ҳар сол бо унвони «Тиҷорати хориҷии давлатӣ дар навъҳои гуногуни он» мебаромад, оварда шудааст. {амчунин бисёр таълифоти пурарзиш низ мавҷуданд: Мейендорф Е.Ф., 1826 (нашри франсавӣ, нашри русӣ–1975); Небольсин П.И., 1835; Ханыков П.И., 1843; 1851; Семёнов А., 1859, Небольсин П.И., 1856, Кушева Е.Н., 1934; Бунаков Е.В., 1941; Рожкова М.К., 1949, 1963, Муҳаммадҷонов А.Р., Неъматов Т., 1957, Аминов А.М., 1959; Михалева Г.А., 1965; Халфин Н.А., 1965, 1974 ва u.

[13] Ниг.: масалан, Рожкова М.К., 1963; {идоятов Г.А., 1969.

[14] Доир ба нашри маълумоти ҳангоми ин сафар ҷамъшуда ниг.: «Сибирский Вестник», r. 4, 1818, с. 111–180, инчунин «Вестник Русского географического общества за 1851», r. 1, СПб, 1851, VI, с. 1–44.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …