АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / МУОМИЛОТИ ПУЛ АСРИ ХII

МУОМИЛОТИ ПУЛ АСРИ ХII

Тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, беш аз пеш ҷудо шудани касбу ҳунар аз хоҷагии қишлоқ, инкишофи минбаъдаи истеҳсолоти молӣ, алоқаи наздик бо қабилаҳои бодиянишин боиси ривоҷи доду гирифт дар дохили давлатҳои Осиёи Миёна ва бо кишварҳои ҳамҷавор гардид. Дар ин хусус чи мадракҳои бостоншиносӣ (хусусан, дар қисмати Хитой ва Эрон) ва чи манбаъҳои хаттӣ гувоҳӣ медиҳанд.

Мадракҳои фаровони сиккашиносӣ аз мавҷудияти мубодилаи пулӣ далолат мекунанд. Аз асри ХI то ибтидои асри ХIII дар сарзамини Осиёи Миёна сиккаҳои зарби давлатчаҳои гуногун (вобаста ба дохил шудани онҳо ба ҳайъати ноҳия ва вилоятҳои ҷудогонаи Осиёи Миёна) роиҷ буданд. Сиккаҳои ғазнавӣ ва салҷуқӣ одатан дар ноҳияҳои ҷанубии Осиёи Миёна: аввалӣ дар Тоҷикистон, дувумӣ дар Туркманистони ҷанубӣ бештар дучор меоянд. Аксаран дар ҳудуди Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистони шимолӣ сиккаҳои қарохонӣ вомехӯранд. Сиккаҳои хоразмшоҳии Муҳаммад ибни Текишро дар саросари Осиёи Миёна пайдо кардан мумкин аст.

Муомилоти пулии онвақтаро[1] метавон бо ду хусусияти асосии он тавсиф намуд: яке ин аст, ки аҳамияти пули тилло дар ин давра нисбат ба замони гузашта хеле меафзояд. Дуруст аст, ки ин пулро мисли пештара бо баркаш қабул мекунанд. Вале роли он ҳамчун воситаи муомилот афзунтар мегардад. Пули тилло дар аксари шаҳрҳои Осиёи Миёна бароварда мешавад ва он ба бозор роҳ меёбад, ки пеш ин тавр набуд. Дигар хусусияти сиккаҳои онвақтаи Осиёи Миёна бо ҳодисае, ки «бӯҳрони пули нуқра» ном гирифтааст, алоқаманд мебошад. Аз асри ХI дар давлатҳои шарқ иёри пули нуқра ба поин рӯ мениҳад ва дар баъзе мавридҳо вазни он кам мешавад. Дирҳамҳои камиёр дигар ба Аврупои шарқӣ бароварда намешаванд. ҳудуди гардиши онҳо танг шуда, ҳамчун пули камарзиш фақат дар дохили давлате, ки онҳоро баровардааст, гардиш мекунанд.

Ҷараёни таназзули пули нуқра дар ҳар давлат ба таври гуногун сурат мегирифт. Масалан, дар давлати Ғазнавиён ин ҳолат нисбатан сусттар ба амал меомад. Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва писари ӯ — Масъуд аз ҳиндустон чунон сарвате ба ғорат бурда буданд, ки чанд муддат қурби пули нуқраро нигоҳ дошта тавонист.

uli_somoniyonДар сиккаи онҳо 70–76% нуқраи холис мавҷуд буда, дирҳамҳои пуриёре, ки 95% нуқра доштанд, ҳанӯз роиҷ буданд. Аммо дар худи ҳамин вақт дирҳамҳои қарохонии зарби навоҳии ҷануби Осиёи Миёна ҳамагӣ дорои қариб 20% нуқра буданд.

Дар Фарғонаи миёнаҳои асри ХI, ки таҳти нуфузи Қарохониёни шарқӣ воқеъ гардида буд, дирҳамҳои тамоман бенуқра бароварда мешуданд. Ин қабил дирҳамҳо аз омезиши мис ва сурб сохта шуда, ҳатто аз муомилоти ададӣ маҳрум буданд. Дуруст аст, ки баъдтар сардори давлати Қарохониёни ғарбӣ — Иброҳими Тамғоҷхон Фарғонаро забт намуда, пулҳое баровард, ки дар таркиби худ ба ҳисоби миёна 20% нуқра доштанд. Вале ин ҳам дер давом накард. Дар асри ХII Қарохониён дирҳамҳои мисии бо варақаҳои тунуки нуқра рӯкашшударо бароварданд. Илова бар ин, дар Осиёи Миёна дирҳамҳои мисии аз давраи гузашта меросмонда низ мавҷудияти худро дар муомила давом медоданд. Ҳамаи ин сиккаҳо дар доираи гардиши пули нуқра амал намуда, зоҳиран дар тиҷорат пули нуқраи ҳақиқиро иваз мекарданд. Бинобар ии қувваи харид ва нархи муқаррарии онҳо аз арзишашон болотар буд.

Баъзе муҳаққиқон қадре пештар аз ин ба Аврупо гузаштани нуқра ва кам-ёб шудани ин фулузи гаронбаҳоро сабабгори бӯҳрони пули нуқра донистаанд. Ин, албатта, омили хеле муҳим аст, вале ба сари худ боиси шикасти пул шуда наметавонад. Дар дигар давраҳо ҳам, дар сурати мавҷуд будани чунин захираи нуқра сиккаҳои пуриёр мебароварданд, фақат муносибати онҳо бо тилло ва қурби онҳо тағйир меёфт. Дар ин маврид маҳз тараққиёти пуравҷи шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ чунон миқдори пул, яъне воситаи муомилотро талаб намуд, ки онро ба василаи зарби сиккаҳои комилиёр қонеъ кардан аз имкон берун буд. Талаботи афзудаи бозор, аз як тараф, ҳаракати тиллоро зиёдтар намояд, аз тарафи дигар, ба баровардани пулҳои камиёр водор мекард. Ба ҳар васила бештар пул баровардан лозим буд.

Аз ин тавсифи хоҷагии пулии асрҳои ХI–ХII ва ибтидои асри ХIII муносибатҳои хеле боравнақи молию пулии онвақта равшан мегардад. Агар дар ин маврид ба муносибатҳои молию пулӣ кашида шудани гӯшаҳои дурдаст, аз он ҷумла, навоҳии кӯҳистон ба назар гирифта шавад, дар таърихи инкишофи муносибатҳои молию пулии Осиёи Миёнаи асримиёнагӣ то чи андоза мавқеи хоса доштани давраи таҳқиқ кардаистодаи мо аён мегардад.

[1]Давидович Е. А., 1960 а, с. 92–117.

Назди admin

Инчунин хонед инро

saforiyon

ШӮРИШИ САНҶАР

Шӯриши Санҷар. Истилои давлати қарохонӣ аз тарафи Муҳаммади Хоразмшоҳ Чунон ки қайд карда шуд, ҳанӯз …