МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / МУҚОБИЛИИ ҚӮШУНҲО ДАР ОСИЁИ МИЁНА
bosmachiho-2

МУҚОБИЛИИ ҚӮШУНҲО ДАР ОСИЁИ МИЁНА

Дар соли 1864 ҳуҷуми қатъии кӯшунҳои подшоҳӣ ба Осиёи Миёна сар шуд. Дар моҳи сентябри соли 1864 Чимкент забт гардид. Сипас қӯшуни подшоҳӣ ба тарафи Тошканд ҳаракат кард. Дар охири моҳи апрели соли 1865 баъд аз тӯппаррониҳои шиддатнок қӯшуни подшоҳӣ ба ишғол намудани қалъаи Ниёзбек муваффақ гардид. Ин қалъа дар соҳили дарёи Чирчиқ бино ёфта, барои мудофиаи Тошканд роли калоне мебозид, илова бар ин, саргаҳи оби дохили шаҳр низ дар наздикии ҳамин қалъа воқеъ шуда буд. Дар натиҷаи ҳамлаи сахт ва ҷангҳои шадиди кӯчагӣ 15 июни соли 1865 яке аз калонтарин шаҳрҳои Осиёи Миёна суқут кард. Вале расман ба Россия ҳамроҳ кардани Тошканд бо мулоҳизаҳои дипломатӣ то тирамоҳи соли 1866 мавқуф гузошта шуд.

Ҷангҳои дохилии хонияи Хӯқанд ва ҳамчунин муносибатҳои душманонаи байни Хӯқанду Бухоро ба амалиёти муваффақиятомези қӯшунҳои подшоҳӣ шароити мусоид фароҳам оварданд. Дар баробари рақобати Бухорову Хӯқанд, ки аксар вақт боиси сар задани задухӯрдҳои мусаллаҳонаи байни онҳо мегардид, аморати Бухоро ва хонияи Хева низ дар давоми ин солҳо бо ҳам муборизаҳои тундутезе мебурданд. Ин ҳама ҷангу низоъҳои байнихудии давлатҳо ба вазъи сиёсӣ ва иқтисодиёти   онҳо   таъсири   ҳалокатбор   мерасониданд.

Дар миёнаҳои соли 1865 амир Музаффар ба водии Фарғона лашкар кашид. Қӯшуни Хӯқанд, ки дар муҳорибаҳои шадид ва тӯлонӣ бо дастаҳои ҳукумати подшоҳӣ хеле заиф гардида буд, ба ҳуҷуми лашкари Бухоро муқовамат карда натавонист. Ин буд, ки амир Музаффар Хӯқандро нисбатан ба осонӣ забт намуда, ҳукмрони собиқи Хӯқанд-Худоёрхони ҳарис ва золими аз тарафи халқи шӯришгар рондашударо дубора ба тахти хонӣ нишонд.

Muzaffar-amir
Сурати Амир Музаффар

Амир Музаффар аз ин барори кор рӯҳбаланд гардида, ба Тошканд ҳайъати сафорат фиристод ва  аз ҳукуматдорони рус талаб кард, ки фавран шаҳрро тарк намоянд. Дар фосилаҳои музокироти дипломатӣ ҳар гоҳ задухӯрди қӯшуни   подшоҳӣ   ва   сарбозони амир низ ба амал меомад. Губернатори ҳарбии Туркистон М.Г.Черняев дар моҳҳои январу феврали соли 1866 қалъаи Ҷиззахро фатҳ карданӣ шуда, чанд дафъа ба он ҳамла овард, вале ба мақсад расида натавонист. Ин амалиёти бесамар ва «ташаббуси» беҳуда фақат чунин натиҷае дод, ки М.Г.Черняев аз вазифа дур карда шуда, ба ҷои ӯ Д.И.Романовский таъин гардид. 8  маи  соли  1866 губернатори ҳарбии  нав дар  муҳорибаи Эрҷар, дар роҳи Ҷиззах ва Хуҷанд қӯшуни амирро торумор намуд. Қайд кардан ҷолиб аст, ки Д.И.Романовский пас аз шикасти қӯшуни Бухоро ба сӯи ин давлат ҳаракат накарда, ишғоли Хуҷанд (24 маи соли 1866), қалъаи Нов ва истеҳкоми Ӯротеппаро (12 октябри соли 1866) афзалтар донист. Ин қарор, зоҳиран аз он сабаб қабул карда шуд, ки ин маҳалҳо аҳамияти калони стратегии ҳарбӣ дошта, дар саргаҳи роҳи водии Фарғона воқеъ гардида буданд. Хуҷанд, Ӯротеппа ва Нов аввалин шаҳрҳои асосан тоҷикнишин мебошанд, ки ба ҳайъати Россия дохил шудаанд.

Д.И.Романовский ба ин васила паҳлуи чапи худро мустаҳкам намуда, тамоми қувваҳои худро ба муқобили душмани асосӣ–амир Музаффар равона сохт. Амири Бухоро бошад, ба ҷанги зидди қӯшунҳои муназзами империяи Россия омодагии дурусте надошт. Адиби маорифпарвари тоҷик Аҳмади Дониш( 1828–1897) тадорукоти муҳорибаи Ҷиззахро чунин ба қалам овардааст: «…аскаре зиёда аз ҳадду ҳаср бад-ин насақ ҷамъ шуда, баъзе ба шавқ, баъзе ба карҳ аз ҳар табақа мардум ба нияти ғазо мерафтанд, баъзе даҳрӯза, баъзе якмоҳа. Ҷаноби амир низ чун ин ҷамъиятро мулоҳаза намуд, ба худ ҷазм кард, ки ба ҳамин юруш то Фетербурх – пойтахти импротур фатҳ хоҳад шуд; чу медид, ки тӯлу арзи қӯшун қариб ба ду фарсах меравад ва намедонист, ки:

Пароканда лашкар наёяд ба кор,

Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.

Ба сатват ва шукӯҳи тамом ба ҳар ним фарсах роҳ нузул карда, ду шабу ду рӯз иқомат намуда, овози кӯсу ной ва нафир ба курраи асир расонида, Фаридун ва Афросиёбро аз ҷумлаи ҳавошии   ҳашам   мешумурд.

Дар муддати ду моҳ камобеш ба лаби дарёи Сир рафта, дар соҳате мусаммо ба Сассиқкӯл нузул фармуд. Ғозиёни муаскари ҳумоюн пеш аз он ки ба манзил фуруд оянд, аз ғазва пушаймон гашта, дар тараддуди гурез ва махлас афтоданд; чи асбоби нуқсонотро дар арзи роҳ ба сомон расонида, корашон ба талабу суол   оид   гардида   буд»[1].

Тасвири минбаъдаи ин воқеа боз ҳам рангинтар аст: «Ва аз ҷое, ки амир нузул фармуда, саропардаи иҷлол афрошта дошт, то маъракаи қитол ним фарсах камобеш буд, ки овози нақораи аскария мерасид. Амир дар сояи шомиёна ба лаъби шатранҷ машғул буд, ҷамоае аз қавволон қавлу ғазал мегуфтанд, худи амир усули нақораро ба фахзи худ нигоҳ дошта. Онан фа онан (дам ба дам) пешхидматонро мефармуд, ки ба амири тӯбхона Салимбӣ ва амири аскар Шералӣ-иноқ таъин кунанд, ки хазинаи Русия ба  дасти нӯкария афтода талаф нашавад ва бисёр мардуми Русияро нокушта зинда оранд, ки дар зумраи сарбозони мо истода хидмат кунанд ва низомро ҷорӣ доранд.

Ва дар ҳошияи лашкар Яҳёхоҷаи туркмон, ки мансаби охундӣ дошт, бо ҳама сафоҳат фашши аммома аз ақиби сар андохта, сафҳаи басити ариз ба даст бардошта, фазоили ҷиҳод ба ҳалқ талқин мекард, ки «ҷиҳод кунед, пойдор истед!» Ба ҳамон юруш Русия омада тӯпҳоро соҳибӣ кард ва ду-се сочма тӯбча ба сӯи ғозиён ҳадя фиристод. ҳама мунтазири фирор буданд. Якбора фирор бар қарор ихтиёр карданд. Аввал касе, ки бигрехт ва аммома аз сару сафҳа аз даст бияндохт, Яҳёхоҷаи охунд буд.

Он гоҳ хабар оварданд ба ҷаноби амир, ки лашкар бевафоӣ карданд ва пушт доданд. Амир низ саросема ба болои асби қантарӣ ва зини холӣ нишаста, фурсат наёфт, ки аммома ба сар кунад ё ҷома бипӯшад – ҳамчунон аз сари шатранҷ бархоста болои зин барнишаст ва  асб  меронд»[2].

18-октябри соли 1866 қӯшуни подшоҳӣ пас аз муҳосараи чандинвақта қалъаи Ҷиззахро тасарруф кард ва мавқеи худро дар хоки аморати Бухоро устувор гардонида, ба дувумин шаҳри бузурги  он –Самарқанди  бостонӣ таҳдид  намуд.

[1] Аҳмади Дониш, 1959, с. 39–40.

[2] Аҳмади Дониш, 1959, с. 40–41.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …