МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Мӯрд дар Канзи Шифо

Мӯрд дар Канзи Шифо

Мӯрд — Ин буттаро ба арабӣ ос ва ба русӣ мирт меноманд. Навъҳои бӯстонӣ ва саҳроӣ низ дорад. Дарахти саҳроии он нисбат ба бӯстониаш кӯчактар ва интиҳояш ба бузургии буттаи анор мешавад. Барги бӯстониаш сабзтар, ғафстар ва он қадар дароз намешавад, хушбӯй аст, хазон намекунад. Таъмаш андак талх ва чун мозу забонро мегазад. Гулаш сафед ё сурхча ва хушбӯй мебошад.

Мурт

Самараш дар аввал сабз ва баъди расидан, яъне ҳангоми пухтан ба худ ранги сиёҳ мегирад, таъмаш андак ширин ва каме талхӣ низ дорад. Агар онро бихоянд, чун пӯсти анор сатҳи даруни даҳанро ба ҳам меоварад, яъне мазааш тунҷ аст, балки аз пӯсти анор ҳам қавитар ва ҳамчун ғизо камқувват аст. Тухмаш майдаи сафед ва ҳамвори суфта, дар баъзе самараш сето ва дар баъзе бисёр хуллас, аз се то даҳ дона тухм дорад, ки ин вобаста ба калон ё хурд будани самари он аст.

  Мизоҷаш мураккаб-ул-қувват, балки қисми хунукӣ дар мизоҷи он ғолибтар мебошад ва, инак, ҷузъи гармӣ дар он камтар аст. Сардии мизоҷи он то ба дараҷаи якум ва хушкаш дар дараҷаи дувум аст.

   Барг, гул, самар, тана ва решаи он нисбат ба якдигар дар хушкиву сардӣ фарқият доранд. Яъне дар тухм, барг ва решаи он сардӣ бештар аст ва қисми дигари он зидди инҳо мебошад. Аммо тухмаш думизоҷа мебошад, яъне ба ҳамаи мизоҷҳо форам аст, зарар намекунад. Таъмаш тунҷӣ, талхӣ ва ширинӣ, инчунин латофат низ дорад: бинобар ширинӣ доштанаш сурфаи гармро шифо мебахшад, аз ҷиҳати таъми тунҷӣ доштагиаш иҳолро мебандад ва бинобар талхӣ доштанаш пешоброн аст.

   Хислатҳои шифобахши он: ин бинобар хушбӯй буданаш рӯҳи одамиро мулоим, яъне ором мекунад; ба сабаби қуввати қабзияташ, яъне бинобар неруи нигоҳдорандагӣ ва латиф доштанаш дарунро мебандад – азбаски чунин аст, боиси пок, тоза, мустаҳкам, равшан, қавӣ гаштани рӯҳи  инсонӣ мегардад. Ба воситаи ин хислатҳояш ба дил низ қувват мебахшад, иллати дилтапак (дилбозӣ), дарди сар, чарх задании сар, сиёҳ задани чашм,  дарди гӯш ва омадани рим аз даруни он, дарди дандон, ҷӯшиши (пухтани) даҳан ва нотавонии забонро шифо мебахшад, чашмро қавӣ мекунад, варамҳоро пас мегардонад, захм ва ҷароҳатро сиҳат мебахшад.

   Агар инро бихӯранд ва гузошта банданд, хун қай кардан ва хунравиро аз ҳар аъзо, ки бошад, дафъ мекунад, арақкуниро манъ месозад, меъда ва рӯдаҳоро қувват мебахшад; пешобро меронад, варамҳоро таҳлил медиҳад, сангҳои гурдаро барҳам медиҳад, сангҳои гурда ва хиҷакро майда карда мерезонад, хуни ҳайзро манъ, ҳатто қатъ мекунад, сустии гурдаҳоро барҳам медиҳад, бавосирро шифо мебахшад ва устухони шикастаро бо ҳам пайваст мегардонад.

   Самари он қуввати тарёқӣ дорад, яъне таъсири заҳрҳоро мешиканад ва аз бадан онро дафъ мекунад, хусусан заҳри ғунда ва каждумро зиёдтар ва зудтар дафъ месозад.

    Барги тарашро кӯфта батанҳоӣ ё бо сирко сиришта ба пешонӣ гузошта бандан, хуни бинтро манъ мекунад; ва ба сар гузошта банданд, сабӯсаки сарро пок менамояд ва агар сар захм дошта бошад, хушк мекунад. Чун дар оби баргаш як миқдор гулоб ва камтар кофур дохил карда ва баъд латтаи зағирпоягиро дар он тар намуда, аз рӯ ба меъда бигузоранд, дарди сареро, ки сабабаш ғалабаи сафро, яъне зиёд шудани сафро дар меъда бошад, шифо мебахшад.

   Самари онро пухта, бо шароб хамир карда, ба сар гузошта банданд, дарди сареро, ки сабабаш ғалабаи балғам ва сафро бошад, дафъ мекунад.

    Баргашро кӯфта, бо равғани гули сурх ва зардии тухми мурғ сиришта, ба сар гузошта банданд, чарх  задани сар ва сиёҳ задани чашмро, ки аз зарба хӯрдан ва дар натиҷаи сахт афтодан содир шуда бошад, даво мешавад. Барги тарашро бибӯянд, майнаро қувват мебахшад ва намегузорад, ки бухорҳои зарарнок аз  поёни  бадан ба мағзи сар бароянд ва инчунин  намемонад, ки он бухорҳоро майна қабул кунад, низ иллатҳои чарх задани сар ва сиёҳ задании чашмро дафъ мекунад.

  Агар бо равғани он сарро чарб намоянд, варамҳои сар ва суботро, ки хоби сахт ва ба душворӣ бедоршаванда аст, ки аз расидани бухори поёни бадан ба мағзи сар бошад, шифо мебахшад.  Ин хислати он бинобар қуввати сардӣ доштанаш майнаро қавӣ мегардонад ва намегузорад, ки бухорҳои нав ба боло бароянд, балки онҳоро таҳлил медиҳад  ва пароканда мекунад.

Оби барги тарашро дар чашм чаконанд, дарди чашмро таскин медиҳад ва чашми аз косахонааш берунбаромадаро, ки дар тибби қадим ҳуҷуз-ул-айн меноманд, аз нав ба ҷояш мебарад.

  Хокистари ҳар як қисми онро чун сурма ба чашм кашанд, барои иллиатҳои нохунак, шилпуқӣ ва обравии чашм давои хубест ва дар ин бобат беҳтар аз тӯтиё мебошад, инчунин инро дар иллатҳои чашм ба ҷойи тӯтиё бо муваффақияти том истифода тавон кард.

   Оби барги онро дар гӯш чаконанд, дарҳол дардашро дур мекунад, гӯшро қавӣ ва омадани римро аз он дафъ мегардонад, бо ин восита захми даруни гӯшро ба ибро меоварад. Оби барги онро дар даҳан гардонанд, дарди  дандонҳоро, ки аз гармӣ бошад, таскин медиҳад, инчунин сустии милки дандон, нотавон гаштани забон ва пухтани даҳанро нафъ мебахшад.  Нӯшидани оби барг ва шарбати самари он низ бемориҳои мазкурро дармон мебошад.

   Баргашро бӯй кунанд, дилро қавӣ ва иллати дилттапак (дилбозӣ)-ро дафъ мекунад. Оби барги онро бимоланд ва самари расида ё шарбаташро бихӯранд, меъдаро қувват медиҳад, хусусан усораи онро, ки оби дар офтоб ғафсгардонидаи он мебошад, бо қивоми барги зуф бихӯранд, зудтар таъсир мебахшад.

   Хоҳ самар ё баргашро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, ҳама навъҳои ислоҳро, ки давомнок бошанд, қатъ мекунад. Агар тухмашро кӯфта бихӯранд, намегузорад, ки моддаҳои бегона ба меъда рехта шаванд.

   Баргашро кӯфта ба зери ноф гузошта банданд, исҳолҳои сафровӣ ва савдовиро дафъ мекунад.

   Чун 75 грамм оби барги онро бо равғани кунҷид бинӯшанд, балғамро башиддат аз бадан ба воситаи исҳол дафъ мекунад. Ин оби барги онро бо дар офтоб ғафс гардонида, яъне усораи барги онро бихӯранд, дарунро мебандад,  исҳолҳои кӯҳнаро манъ мекунад ва барои бавосир фоида дорад. Агар оби барг ва меваи онро бардавом бинӯшанд, бемориҳои мазкур инчунин иллати қай кардан ва иллати ташнашавиро, ки обхӯра меноманд, шифо мебахшад.

   Агар барг ва самари онро сӯхта, ба дудаш бидоранд, донаи бавосирро, ки сабаби тӯл кашидани ин беморӣ мебошад, меафтонад. Ва аз дуди он ҷонварони майдаи зарарнок мегурезанд, вале нагурезанд, мемиранд.

   Самарашро бихӯранд, сӯзиши пешоб (сӯзок), захми хичак, беҷо равон шудани ҳайзи занҳо ва бисёру бемаврид омадани рутубатро аз бачадони онҳо шифо мебахшад.

   Усораи самараш, яъне оби самарашро дар офтоб ғафс гардонида бихӯранд, пешоб ва ҳайзи бандшударо равон мекунад. Ва агар самари онро дар об ҷӯш дода, он обро бинӯшанд, беандоза равон шудани рутубатро аз бачадон ба ҳолати эътидолаш меоварад.

   Баргашро кӯфта, бар бавосир гузошта банданд, онро шифо мебахшад ва агар ба хоя гузошта банданд, варами онро мегардонад.

   Дар обе, ки барги он ҷӯшонида шуда бошад, то ноф даромада нишинанд, мақъад (кӯтан) ва бачадони беруномадаро ба ҷоҳои худашон мегардонад ва бисёр равон шудани рутубати  бачадонро ислоҳ мекунад. Агар оби барги онро ба мақъаде, ки берун баромада бошад, бимоланд, онро ба ҷояш мебарад ва дигар барнамеояд.

    Баргашро кӯфта гузошта банданд, варамҳои гармро мегардонад, решаи ҷамра (карбункул), ки реши мӯҳлик аст, обилаҳо, доначаҳои дар пӯст пайдогашта, захмҳо, милкаки нохун, инчунин захмҳоеро, ки дар кафи дасту поҳо бошанд, инчунин аз оташ сӯхтанӣ ҳамаашро шифо мебахшад.

    Самарашро пухта, бо шароб хамир карда гузошта банданд, решҳоеро, ки дар буҷулаки по ва дар зери поҳо пайдо мешаванд, дафъ мекунад, инчунин ба сӯтагии оташ ва обилааҳои он нафъ дорад.

    Самарашро дар об пухта, баъд онро бо шароб хамир карда гузошта банданд, нотавон гаштани пайвандҳои баданро ба ислоҳ меоварад. Баргашро кӯфта, ба ҷоҳои латхӯрдаи аъзо гузошта банданд, ба ибро меоварад ва инчунин ба пошнаи по, ки дард мекарда бошад, нафъ дорад.

    Наск, мозуи сабз, гули сурх ва шилми ақоқиёро кӯфта, бо оби барги мӯрд хамир  карда, ба аъзо ва асабҳое, ки сусту нотавон  гашта бошанд, гузошта банданд, ба ислоҳ меоварад, инчунин пиронро бағоят фоида дорад.

    Баргашро дар об ҷӯшонда, он обро ба пайвандҳое, ки дардманд бошанд, бирезанд, дарди  онҳоро дар бадан таскин медиҳад ва инчунин ба узве ҳам, ки устухонаш шикаста бошад, бирезанд, боиси зуд пайваст ва сиҳат шудани он мегардад. Агар бо ин об доғи сафеди пӯстро бишӯянд, сиҳат мебахшад.

   Чун барги хушки онро кӯфта бипошанд, аз пойафзор харошида шудани пошна ва аъзои шикастаро ба ислоҳ меоварад. Реша, барг ва самари он – ҳар якеро аз инҳо дар об ҷӯш дода бошанд, он об доруи қувватбахши мӯй аст, яъне намегузорад, ки мӯй бирезад, балки онро дароз ва сиёҳ мегардонад. Инчунин баргашро дар об ҷӯшонида, бо он об сарро бишӯянд, ҳамин хислатҳоро дорад.

   Тухмашро ос карда, дар ҳаммом ба ҳар ҷойи бадан, ки гузошта банданд, рутубатҳои бегонаро, ки баданро суст мегардонанд, аз пӯст дур мегардонад ва барои бадан қувват мебахшад.

   Тухмашро бо равғани гов ва равғани гӯсфанд ҷӯшонида, ба ҳар ҷойи бадан, ки бимоланд, арақ карданро манъ мекунад.

   Барги хушкашро кӯфта бипошанд, бӯйи бади зери бағал ва каши ронро дафъ мекунад ва агар сӯхтаи он ё хокистарашро бипошанд, доғҳои кунҷидакро аз пӯсти рӯ дур мекунад.

   Агар самари онро бо оби барги лаблабу бипазанду онро ба сар бимоланд, дона ва обилаҳои сабӯсакҳои сарро нест мегардонад. Чун онро кӯфта, бо оби боқило хамир карда, ба доғҳои кунҷидаки рухсора бимоланд, онхоро нест месозад.

    Инчунин самари он барои газидани каждум ва ғунда даво мешавад, ҳангоме ки ба миқдори то 10,5 грамми онро бо шароб биёшоманд.

    Агар дарахти мӯрдро ёфтан душвор гардад, ба ҷойи он барги тутро истеъмол намоянд, раво мебошад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Турб

Турб дар Канзи Шифо (Китоб)

Турб ин сабзаи машҳур аст, ки зироат мекунанд.  Мизоҷи тухми ин гарм аст дар дараҷаи …