МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Мӯрди саҳроӣ дар Канзи Шифо (Китоб)

Мӯрди саҳроӣ дар Канзи Шифо (Китоб)

Инро тоҷикон девмӯрд меноманд ва ба забони арабӣ райҳон-ул-қубур, яъне райҳони қабристон мегӯянд. Растании ин аз буттаи мӯрди бӯстонӣ, ки мо дар боло гуфтем, хурдтар ва баргаш каме сербар ва зардранги нӯгтез. Чӯбаш нисбатан сахттар; самараш кулӯла ва баъди расидан бағоят сурх мегардад, ки аз миёнаи баргаш бармеояд. Аз як бех шохҳои бисёр мерӯянд ва дар зимистон хазон намекунад.

Мурди сахрои

Хислатҳои шифобахши он. Хусусиятҳои умумиаш: таҳлилдиҳандаи варамҳо ва моддаҳои ғализ, бахудкашандаи моддаҳо ва қувватбахш аст.

    Агар инро бибӯянд, рутубати майнаро кашида дафъ мекунад ва худи майнаро қувват мебахшад. Ва агар инро бихӯранд, барои саръ (припадка) ва дарди сари балғамӣ дармон мешавад, рутубати мағзи сарро дафъ ва ин узвро қавӣ мегардонад.

    Самар ва баргашро бо шароб бихӯранд, меъда ва ҷигарро қувват мебахшад, исҳол ва зардпарвинро дафъ мекунад, шири беҷо аз пистон рехташавандаро манъ месозад.

   Агар инро кӯфта, дар сӯрохи пушт бардоранд, кирми меъдаро ихтироҷ мекунад.

    Барг ва самарашро бо шароб биёшоманд, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад ва чакмезакро, ки аз афзудани рутубат бошад, ба ибро меоварад.

    Табиб Ибни Талмиз инро барои аз кӯфт ё афтодан зарба хӯрдан (аз ҷумла чалақидани майна) муфид донистааст.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Турб

Турб дар Канзи Шифо (Китоб)

Турб ин сабзаи машҳур аст, ки зироат мекунанд.  Мизоҷи тухми ин гарм аст дар дараҷаи …