МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / МУРҒИ ХОНАГӢ ДАР БАРҚАРОРКУНИИ САЛОМАТИИ ИНСОН
Мурги хонаги дар сурат - расм
Мурги хонаги дар сурат - расм

МУРҒИ ХОНАГӢ ДАР БАРҚАРОРКУНИИ САЛОМАТИИ ИНСОН

Мизоҷи мурғи ҷавони фарбеҳ дар дараҷаи якум гарм ва дар тарӣ мӯътадил, вале дар мурғчӯҷа тарӣ бисёртар аст. Ҳарорат, яъне гармии мизоҷи хурӯс нисбат ба мокиён камтар ва хушкии он зиёдтар аст, вале хурӯсчӯҷа дар мизоҷ мӯътадили моил ба тарӣ мебошад.

Хислатҳои шифобахши он: гӯшти инро муҳарро пухта бихӯранд, ғизоияташ бисёр, хӯроки сабуктар назар ба дигар мурғон ва хуни солим аз он пайдо мешавад; ақл ва маниро зиёда мегардонад; агар муҳарро пухта нашавад, зидди хислатҳои номбурдаро дорад.

Гӯшти хурӯси солхӯрдаро бо нахӯду лӯбиё пухта бихӯранд, моддаҳои ғафсро таҳлил медиҳад, дарунро мулоим мекунад, моддаи савдоро аз бадан хориҷ менамояд, барои иллати кулинҷ, ки варам ва дарди рӯдаҳои ғафс аст, шифо мебахшад. Беҳтараш он, ки хурӯси пирро кушта, дар об бисёр биҷӯшонанд, то он ки муҳарро гардад, баъд онро нимгарм бихӯранд, моддаҳои савдовиро ихроҷ мекунад.

Чӯҷамурғро шӯрбо карда бихӯранд, барои одамони заифбадан ва нимҷон, инчунин меъдаашон тафс дошта бошад ва ба табҳои сафровӣ мувофиқ аст; барои мӯътадил гардонидани миқдори моддаҳои нодаркор, мулоим кардани дарун, бо мудовамат бихӯранд, ғизои бисёр хуб мебошад. Қавле мавҷуд аст, ки гӯшти чӯҷаи мокиён моддаҳои нодаркори баданро ронда хориҷ мегардонад, вале гӯшти мурғи мокиён онҳоро нигоҳ медорад.

Хурӯси пирро бисёр давонида, хаста гардонида, кушта, чизҳои даруни шикамашро дур сохта, намак карда, аз гиёҳи шибит пур намуда, бо оби бисёр биҷӯшонанд, то он ки обаш ба миқдори даркорӣ бимонад. Баъд шаб дар зери осмон гузоранд, субҳ онро бихӯранд, моддаҳои нави даруни ҷигарро, ки ғафс гашта бошанд, бо исҳол дафъ мегардонад; барои табҳо, дарди шуш, ки кӯҳна шуда бошад, барои ларзак, дамкӯтаҳӣ, дарди буғумҳо, бардамидани меъда, беҳад нармии узвҳо ва қулинҷ даво мебошад ва заҳрҳои хӯрдашударо дафъ мегардонад. Баъзеҳо ҳангоми пухтани ин карами тоҷикӣ ё тухми маҳсар, ё шибит ва ё ҳар серо изофа менамоянд — ин қавитар аст дар бобати давои мазкура, инчунин барои дафъ кардани балғам пурзӯртар мебошад.

Гӯшти хурӯси ҷавон маниро зиёда ва соф мекунад, ранги рухсор ва овозро соф ва равшан мегардонад. Аз они хурӯсчӯҷа барои одамони камқуввати нав аз беморӣ хеста, инчунин барои бемориҳои гарммизоҷ мувофиқ аст дар бобати фарбеҳ кардани бадан, дур намудани лоғарӣ, соф кардани ранги рӯй ва овоз, зиёда гардонидани ҷавҳари майна, фаҳм ва манӣ, дафъ кардани хаёлҳои вайрон ва фикрҳои бад давои хуб мебошад. Агар инро бо равғани нав пухта бихӯранд, сурфаи хушкро шифо мебахшад. Гӯшти инро шӯрбо пухта, ҳар рӯз як порчаи онро то як ҳафта бо нонреза бихӯранд, зардии рухсораро, ки сабабаш маълум набошад, ислоҳ мекунад. Агар инро кабоб карда бихӯранд, одати гил, хок ва дигар чизҳои ради хӯрданро ислоҳ менамояд, барои меъдаи тармизоҷ мувофиқ аст.

Ҷигари мурғ серғизост, дерҳазм ва агар ҳазм ёбад, баданро фарбеҳ мекунад. Мизоҷи мағзи сараш дар гармӣ мӯътадил ва рутубати часпак дорад. Инро хом бо шароб бихӯранд, заҳри ҷонварон, хун қай кардан ва хуни биниро, ки аз пардаҳои майна меомада бошад, дафъ мекунад. Агар пухта бихӯранд, ҷавҳари майнаро зиед мегардонад, қуввати тафаккурро афзун месозад, зеҳнро тез ва овозро соф мекунад, вале агар инро бардавом бихӯранд, касро аҳмақ мегардонад.

Равғанашро бихӯранд, сахтиҳои баданро мулоим мекунад, моддаи савдоро ихроҷ менамояд. Ва агар инро нимгарм ба сар бимоланд, молихулиё (меланхолия)-ро шифо мебахшад; ширинча; кафидагӣ ва барои ҳамаи бемориҳои аз хушкӣ ба амаломада нафъи аҷиб дорад, хусусан се мартаба паси ҳам бимоланд, билкулл шифо мебахшад.

Мурғи мокиёнро камаш 12 рӯз бо тухми маҳсар парасторӣ намуда, баъд кушта, пухта бихӯранд, барои махави нав дору мешавад. Чун пардаи миёни сангдони хурӯсро хушк карда, соида бо шароб бихӯранд, дарди меъда ва сустӣ, яъне поён фуромадани меъда ва вайрон шудани феъли онро дафъ мекунад.

Хояи хурӯсро хушк карда, кӯфта, бо зардии тухми мурғи нимпухта бихӯранд, барои қавӣ гардонидани пушти камар (боҳ) бисёр пуртаъсир аст. Агар онро бо равғани савсан ё равғани савсани кӯҳӣ даромехта ба зери ноф, кунҷи рон гузошта банданд, олати мардиро серҳаракат мегардонад.

Хурӯсро дар фасли баҳор кушта, ҳама чизҳои дарунашро ба ғайр аз хояҳояш, бароваранд ва дар шиками он намак пур карда, дар соя хушк намоянд. Баъд ҳамаашро бикӯбанду дар шиша нигоҳ доранд, вақти ҳоҷат камеро аз ин талқон бо шири гови навдӯшида бихӯранд, боҳро хеле қавӣ мегардонад.

Хуни хурӯс ва мурғро биошоманд ва хушккардаи онро дар бинӣ бирезанд, хуни биниро қатъ мекунад. Хуни боли онро, ки нав сихпар гашта бошад, бичаконанд, гули чашмро дафъ мекунад. Устухони мурғи сиёҳро бо ҳамвазни он чӯби ток — ҳардуро якҷо сӯхта, ос карда бипошанд, ё бо муми занбӯри асал сиришта, аз таг бардоранд, аз нав бокира (дӯшиза) мегарданд — ин аз асрор аст.

Сурати МургСангро, ки дар даруни мурғ пайдо мешавад, кӯфта бихӯранд, сангҳои гурда ва хичакро (пешобдонро) майда карда мерезонад. Саргини мурғ тунд ва поккунанда аст. Агар аз он 4,5 граммашро бо шароб ва ё бо сирко бихӯранд, қулинҷро (колитро) дафъ мекунад, заҳри занбӯруғҳоро нобуд мегардонад. Агар тари онро гузошта банданд, доғи сафеди пӯст ва песро шифо мебахшад ва дигар доғҳои пӯстро пок мекунад. Саргини хурӯсро бо сирко хамир карда, гузошта банданд, барои саги девона газида нафъ дорад, хусусан саргини мурғеро, ки бо ғизоҳои сара парвариш карда бошанд, дар ин амал қавитар таъсир дорад.

Яке аз хусусиятҳои мурғ чунин аст, ки агар шиками онро чок карда, гармогарм ба мавзеъи газидаи ҷонварони заҳрнок ва мор бибанданд, ҳамаи ин заҳрҳоро ба худ мекашад, агар мурғ хунук шавад, дигарашро ҳамон тавр карда банданд. Агар ин тавр ба сари бемори сарсом (менингит) бибанданд, ҳушёр мешавад. Хосияти дигараш чунин аст, ки пардаи мақъади зиндаи онро тамоман канда партофта, худашро ба ҷойи моргазида бигузоранд, заҳрро ба худ мекашад ва мемирад. Пас мурғи дигарро ҳамон тавр ба ҷойи он бигузоранд ва ҳамчунин амал кунанд, то моргазида сиҳат ёбад. Гӯшти мурғро бо шир, ҷурғот, чакка, панир, дӯғ ва дигар маҳсулоти ширӣ бихӯранд, иллати қулинҷро пайдо мекунад ва агар бардавом бихӯранд, ба иллати ниқрис (подагра) ва инчунин ба бавосир гирифтор менамояд. Дар ин маврид давоҳои гарммизоҷ, шароб, оби ангури ҷӯшонидаро бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд. Агар ба одамони гарммизоҷ ин ҳодиса рӯй диҳад, сиканҷабин (сиркоасал) биёшоманд, кифоя аст.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Пиёзи Ансул

Пиёзи ансул

Пиёзи ансул (Анзур ба русс.) — Номи инро барғалат «анзур» мегӯянд, ки ҳатман таҳриф аст. Ин …