МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / ГУНОГУН / НАСРИ РИВОЯТӢ

НАСРИ РИВОЯТӢ

Наср каломи ғайриманзум буда, як навъи асари адабӣ ба шумор меравад. Ин навъи асари адабии бе вазну қофия аз ҷониби шахсони таълимгирифта ва соҳиби завқу дониш гуфта мешавад. Шахсе, ки худ асари насрӣ меофарад, нависанда ва эҷодкор аст. Ҳамин гуна якҷоя бо қаламкашони асарҳои манзум ва саҳнавӣ ганҷинаи бузурги маънавӣ ва донишро ба вуҷуд меоранд, ки адабиёти бадеӣ мешавад.

Наср

Дар байни мардум нақл, қисса, афсона, латифа, тарона ва ғайра аз замонҳои қадим мавҷуданд, ки онҳоро шахсони соҳибзавқ, яъне ровиёну ноқилон гуфтаанд ва боз дар тўли асрҳо бо сухану фикру хоҳиши мардум сайқал ёфтаанд. Ин хазинаи бузурги маданиро эҷодиёти шифоҳии (даҳонии) мардум (фолклор) меноманд. Адабиёти бадеӣ дар асоси фолклор ба вуҷуд омадааст ва ҳамеша аз сухану тавсифҳои он истифода менамояд.

Қадимтарин осори назмие, ки ба забони порсии дарӣ ба вуҷуд омада буд, ба асри VIII тааллуқ дорад. Дар ин давра дар корнамоиҳои ҳокимону паҳлавонони афсонавӣ ва воқеаҳои таърихию саргузаштии ниёгони қавмҳои эрони нажод шоҳномаҳо ва достонҳои қаҳрамонӣ таълиф шуда буданд. Беҳтарин намунаи насри порсии дарӣ, ки аз асри X торўзгори мо мондааст, муқаддимаи «Шоҳномаи Абўмансурист», ки соли 958 бо супориши сипаҳсолори Хуросон Абў-мансур Муҳаммад Абдурраззоқ мураттаб гардида буд. Яке аз навъҳои адабиёти шифоҳӣ насри ривоятӣ мебошад, ки китобҳои «Доробнома», «Ҳазору як шаб», «Калила ва Димна», «Синдбоднома», «Тўтинома» ва ғайра аз ҷумлаи онҳоянд. Хусусияти ин навъи наср дар он аст, ки мусаннифони он барои ба як тарзи мураттаб ба хонанда пешниҳод намудани маҷмўи ҳикоятҳо ягон ривоят ё ҳикоятеро интихоб карда, ҳикоятҳои дигарро бо ягон восита ба ҳикояти васила мепайванданд.

Ҳадафи асосӣ дар ин маврид ҳамон ҳикоятҳои дохилӣ буда, ҳикояти васила чун воситаи ёрирасон хизмат мекунад. Ҳар як асари ривоятӣ вазифаи муайяни ғоявиро адо менамуд. Мусаннифону ровиёни ин гуна асарҳо мекўшанд, ки ба воситаи ҳикоятҳои овардаашон беҳтарин хислатҳои инсониро тарғиб намуда, рафтору кирдори одамони зиштро фош кунанд. Дар бештари асарҳои ривоятӣ сухан аз рафтору кирдор ва амалиёти подшоҳону вазирон меравад.

Мазмуни баъзе ҳикоятҳои асарҳои ривоятӣ ба он далолат мекунад, ки шоҳон қудрату тавоноии давлатро дар адлу инсоф донанд, ба қадри ходимони илму маърифат бирасанд, шахсони оқилу доно ва поксириштро ба мансабҳои давлатӣ ҷалб намоянд, дар ҳалли муҳимтарин корҳои давлатӣ бо аҳли илму маърифат машварат кунанд, дар атрофи худ мардуми бахилу кўтоҳандешро роҳ надиҳанд ва ғайра. Ҳикоятҳои «Разми Бўрондухт бо Искандар», «Хиёнати аъробӣ» ва «Калимоти кохи Афредун», ки аз асарҳои «Доробнома»,«Ҳазору як шаб» ва «Синдбоднома» оварда мешаванд, намунаи беҳтарини насри ривоятианд.

Назди admin

Инчунин хонед инро

dili-odam

Кори дил

Хосияти автоматикии дил. Дил дар ҳолати нисбатан ором дар як шабонарўз тахминан 100000 маротиба кашиш …