МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
Нахуд

НАХӮД

Нахуд — ин растанӣ навъҳои ҳам бӯстонӣ дорад ва ҳам саҳроӣ. Нахӯд ба ҳама маълум аст. Мизоҷи бӯстониаш, яъне зироатиаш дар дараҷаи якум гарм ва хушк;; мизоҷи саҳроияш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Мизоҷи сабзи тару тозааш дар дараҷаи якум тар аст. Қувваташ то се сол боқӣ мемонад. Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, дар шикам бод пайдо мекунад.

Агар нахӯди саҳроиро бихӯранд, дарунро пок мегардонад; гиреҳҳои ҷигар, сипурз ва гурдаро мекушояд. Нахӯди даштиро кӯфта гузошта банданд, қӯтури решгаштаро пок мекунад, шукуфаи пӯстро шифо мебахшад, варамҳои хояҳо ва баногӯшро мулоим мегардонад; кӯфтаашро бо асал хамир карда гузошта банданд, барои ҷароҳат ва захми саратон нафъ дорад.

Нахӯди бӯстониро бихӯранд, дарунро мулоим мегардонад, ҳарорати табиии баданро устувор медорад, барои шуш ва пушт мувофиқ ва некӯ аст, дар бадан хуни солим пайдо мекунад, ҳамчун ғизо пурқувват мебошад, баданро фарбеҳ месозад, иштиҳоро нигоҳ медорад. Ғизоияти он барои шуш зиёда аз донҳои дигар аст. Агар инро бо шири навҷӯшида бихӯранд, гирифтагии овозро, ки аз хушкӣ бошад ва агар таб намегирифта бошад, ислоҳ мекунад, вале агар гирифтагии овоз бо таб бошад, ба ҷойи шир бо об биҷӯшанд.

Чун нахӯдро як шаб дар сирко тар карда, пагоҳӣ ба дили наҳор бихӯранду ҳамон рӯз чизе дигар тановул накунанд, барои куштани кирми меъда давои бисёр хуб мешавад.

Нахӯдро дар об пухта, дар он об намак андохта бинӯшанд, моддаҳои часпакро титу пароканда менамояд ва бинобар шӯр будани таъмаш гиреҳҳои баданро мекушояд, бинобар гарм будани мизоҷаш пешобро меронад, инчунин барои дарди узвқои даруни сина ва захми шуш фоида дорад. Нахӯдро як шабонарӯз дар об тар карда баъд бихӯранд ва аз болояш ҳамон оби таридро бо андак асал тановул намоянд, барои он одамон, ки аз шаҳвати ҷимоъ маҳрум гашта бошанд, он қуввати ононро барқарор мекунад. Агар нахӯдро дар мобайни таом бихӯранд, барои ҳазм шудани он ёрӣ медиҳад. Чун аз нахӯд ҳариса (ҳалим) тартиб дода, онро бо сирко бинӯшанд ва дар обе, ки нахӯд ҷӯшонида шуда бошад, то ноф даромада нишинанд, барои ислоҳи бемориҳои мақъад, пок намудани бачадон, ихроҷ кардани кирмҳои шикам, инчунин кирми рӯдаи рост беҳтарин давое мебошад.

Нахӯдро бирён карда, гармогарм бихӯранд, барои бавосири хунӣ давои аҷибест. Нахӯди сабзи тозаро як шабонарӯз дар об тар карда, он обро бинӯшанд, варами милки дандонро дафъ мекунад ва дарди дандонро таскин медиҳад.

Мизоҷи равғани нахӯд дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст. Агар инро хоҳ бихӯранд, хоҳ бимоланд, таъсираш то ҷоҳои дур ва чуқурии бадан мерасад. Инро бихӯранд, мӯйро мустаҳкам месозад, пушти камарро (боҳро) қувват мебахшад, дарди дандон ва милки онро таскин медиҳад; дардҳоеро, ки сабабашон сардӣ ё аз афзудани моддаҳои сард ба амал омада бошанд, инчунин иллати махавро шифо мебахшад; ранги рӯй ва овозро соф мегардонад. Ва агар инро бимоланд, боҳро қувват мебахшад, доғи кунҷидакро дафъ мекунад.

Тайёр кардани равғани нахӯд ин тавр аст. Нахӯдро нимкӯфта, дар даруни колба то гулӯгоҳаш пур мекунанд. Ба колба аз рӯ гили бӯта мемоланд. Як табақи фулуззиро мегиранду аз миёнаҷояш барои гардани колбаро даровардан сӯрох мекушоянд. Баъд даруни гулӯи колбаро лиф ҷо карда, сарозер ба сӯрохи табақ ҷо карда, ба атроф ва болои колба ангишт гузошта, оташ медиҳанд. Табақро дар болои ду хишт мегузоранду ба зери даҳани колба зарферо мегузоранд. Аз тафси оташ аз нахӯди мазкур равған ҷудо шуда, аз лиф гузашта софшавон ба зарфи зерин мечакад.

Нахӯди сиёҳро пухта бихӯранд, бачаи занҳои ҳомиладорро аз шикам меафтонад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, моддаҳои нодаркори зарарнокро аз бадан хориҷ мекунад; ва инак, дар ҳама ҷиҳат аз нахӯди сафед пурзӯртар аст; барои иллати истисқо ва зардпарвин, ки аз гиреҳҳои баамаломада ҳодис шуда бошад; шифо мебахшад; гиреҳи ҷигарро мекушояд, бодҳои дарунро таҳлил медиҳад, барои иллати махав дору мешавад.

Ҳар як навъи нахӯдро кӯфта, бо об атолавор сиришта бимоланд, дарди сарро шифо мебахшад, зардии рухсораро мебарад; сабӯсаки сар ва ширинча, доғи кунҷидак, хориши аъзо, карахтии узвҳо ва бемориҳои буғумҳоро дафъ мекунад, мӯйро қувват медиҳад. Хӯрдани нахӯд ба захми хичак зарар дорад — дар ин ҳолат  камтар кӯкнор бихӯранд, зиёнаш ислоҳ меёбад; дар шикам бод пайдо мекунад ва шикамро дам менамояд — дар ин маврид зира, шибит, гулқанд — якеро аз инҳо бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд. Инчунин ба одамони гарммизоҷ зиён мекунад — дар ин маврид сиканҷабин ё кӯкнор бихӯранд, ба зарар ислоҳ мебахшанд. Инро бояд таъкид кунем, ки аз болои нахӯд оби хунук нӯшидан бисёр зарарнок аст.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Бемории простата

Табобати Аденома простата, дору барои бемории мардон!

Аденомаи простата ё худ онро гиперплазияи ғадуди простатаи безарар мебошад, ки яке аз маъмултарин бемориҳои …