МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / ГУНОГУН / Нигина Амонқулова — суруд, ҳаёт ва расмҳо
nigina-amonkulova

Нигина Амонқулова — суруд, ҳаёт ва расмҳо

Нигина Амонқулова – ситораи эстрадаи тоҷик, ки сурудҳои халқӣ ва дигар сурудҳоро  дар жанри «ретро» ба иҷро мерасонад ва бо чеҳраи дилкаш ва либосҳои миллии хеш дили мухлисони зиёдеро ба даст овардааст. Бори аввал Ў дар фестивал-озмуни «Андалеб» иштирок намуд ва пас аз он маъруфияти хешро дар байни оммаи мардум соҳиб шудааст.

Шарҳи ҳол: Нигина 30-юми январи соли 1986 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Падараш ронанда буда, модараш аз рўи ихтисос муҳосиб аст ва дар оила панҷ фарзанд мебошанд. Бародари калониаш Хуршед ном дошта, соҳибкор мебошад. Бародари дуюмаш бошад – Хусрав коллеҷи мусиқиро хатм кардааст ва сарояндагӣ мекунад. Сеюм бародараш, Хайём усто ва додараш Ҳамидҷон ҳоло дар мактаб таҳсил менамояд.

Нигина мегўяд, ки бобокалонаш овози форам дошта, бо асбоби мусиқии халқӣ – рубоб суруд мехондааст. Ба ҳамаи он робитае, ки волидонаш, махсусан падараш нисбат ба мусиқӣ доштанд нигоҳ накарда, Нигина мехостааст, ки духтур шавад. Барои забти қуллаи муроди хеш ў ҳатто ба омўзишгоҳи тиббӣ дохил шудааст. Вале, баъд аз баромади бомуваффақонаи хеш дар маъракаи шабнишинии хатми мактаб қарори қатъӣ медиҳад, ки бояд самти фаолияташро ба ҷодаи мусиқӣ равона кунад.

Видео, клип, Музика, Суруд, MP3 аз Нигина Амонкулова

Ёри Мусофир (2016) >>>

Қадами навбатии сароянда дар ҷодаи санъат ин иштироку ў дар фестивали «Андалеб», ки Нигина дар ҳайати гурўҳи ансамбли шаҳри Панҷакент қарор дошт ва дар онҷо тўҳфаи асосиро ба даст овард. Суруди иҷрокардааш бошад — «Ранҷида нигорам омад», на танҳо дар зодгоҳи хеш, балки дар пойтахт низ хуб пазируфта шуд ва ба сарояндаи шўҳрати беандоза овард. Аз ҳамон вақт сар карда, фаолияти ў ҳамчун сарояндагӣ оғоз ёфт.

Оилаи Нигина Амонқулова: Охири соли 2007 Нигина бо Фирўз ном соҳибкор, писари аммааш хонадор мешаванд. Тобистони соли гузашта овозае, ки гўё Нигина Амонқулова аз шавҳараш ҷудо шудааст, дар баъзе васоити ахбори омма паҳн гардид, вале ягон воқеияте надошт, мегўяд худи сароянда. Айни ҳол, онҳо соҳиби як писараки 3-сола бо номи Азамат мебошанд. Сароянда меафзояд, ки оила барояш аз ҳама муҳим аст. Боз ў мехоҳад, ки дар оянда соҳиби як духтар низ шавад ва ҳатто номашро низ интихоб кардааст. Ў мегўяд, ки агар соҳиби духтар шавам, номи ғайриоддӣ – Зарафшон мениҳам, ба умеде, ки умраш мисли дарёи Зарафшон зебо, дароз ва беҳамто бошад.
 

Нигина дар бораи хеш мегўяд: «Боре, яке аз устодонам ба ман гуфт, ки вақтҳои пеш сурудҳои месароидаи ман дар байни оммаи мардум он қадаре, ки ҳозир маъмулу машҳур аст, набуданд.»

Нигина Амонқулова фортепиано навохтанро дўст медорад ва аз ин ҷиҳат дар Донишкадаи санъат, ки ў хатмкардаи ҳамин Донишкада мебошад, навохтани ин асбобро омўхтааст. Бояд таъкид кард, ки тарҳрезии ҳамаи либосҳои миллии хешро, ки дар саҳна бо онҳо мебарояд, худи Нигина мекунад ва баъдан дўзанда онҳоро тайёр мекунад.

Барои тайёр кардани сурудҳои нав ба Нигина Амонқулова композиторон Аслиддин Низомов, Орзу Исоев ва Даврон Раҳматзод ёрдам мерасонанд. Чӣ хеле, ки дар боло қайд кардам, Нигина Амонқулова барои боз ҳам баланд бардоштани малакаи хеш дар Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода таҳсил кардааст ва донишҳои азхудкардаи хешро барои таҳияи клипҳои нав истифода мебарад.

Дует Нигина и Дамирбек 2015                     Эй дилбар (2014г)

Скачат-гирифтан ва шунидан бепул !!!

Сузиши Шарар (2014) >>>                            Чархи фалак (2011) >>>>

  

Шабнами гулбодаи гулпуши ман             Мохтоби дар шабистони ман

 

Эй Сорбони ишк ними рах намон.        Шасту шастучор карди ба кошакот банда карди

  

Ёри мани баргард, чон батани баргард.    Ранҷида омад (дар лаби оби, маҳи)

 

Омад омадат гардам  >>>                               Мара аруси нагу,
 

Инчунин суруди:

Телефони Нигина Амонкулова (+992) 3723562* 

Назди admin

Инчунин хонед инро

mardi_kal

Барои чи муйи сар мерезад?

Муи сар аз якчанд сабабҳо мерезад, ки дар қатори онҳо ин ирсият (меърос), хӯроки номувофиқ …

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован.