МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Ҷаҳон / Варзиш / Нигора Холова

Нигора Холова

Нигора Холова – сарояндаи навҷавони тоҷик, санаи 25-уми декабри соли 1989 дар оилаи ҳунарманд (санъаткор – ҳофиз) муҳтарам Исматулло Холов дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд ва ба воя расидааст.  Нигора Холова дар бахши сурудхонии ПОП таронаҳо мутахассис аст.

Сурати - расми Нигора
Сурати — расми Нигора

Тарҷумаи ҳол (автобиография): Ба шуҳратманд шудани Нигора Холова падараш саҳми зиёде дорад. Нигора аз хурдӣ ба таронахонӣ шуғл дошт ва аз ӯҳдаи сарояндагӣ мувафақият мебаромад. Аёни ҷавониашро дар ноҳияи Рӯдакӣ гузаронида мактаби миёнаи №1 ҳамин ноҳияро ки  ба номи А. С. Пушкин аст, соли ду ҳазору панҷ таҳсилашро хотима додааст.

Аввалин сурде ки Нигора Холова дар саҳна хондааст бо номи «Гӯям ё нагӯям» буд, ки он солҳо Нигорахон ҳамагӣ 11 сола буд. Бо ин таронааш хело худро ба мардуми тоҷик муарифӣ карда тавонист ва соҳиби мухлиси зиёд шуд. Аз ҷавониаш дар озмунҳои «Суруди сол» 2009, 2010, 2011 ва 2012 иштирок карда ҷоизаҳои шоёнро соҳиб гаштааст.

Бо сабаби аз аёни кӯдакӣ ба бемории қалб (дил) гирифтор буданаш бо ёрии молиявии бевоситаи Президенти Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон, ин сарояндаи ҷавон шифо ёфт. Ҳоло Нигора Холова оиладор ба писари холааш (Шаҳбоз) мебошад ва соҳиби духтарча ки санаи 12-уми феврали соли 2016-ум бо номи Амира таваллуд кардааст.

nigora_kholov-07Нигора Холова бо фаромни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Хизмати шоиста» мушарраф гардонида шудааст ва маҳз роҳбари кишвар ӯро хуб медонаду бо ӯ якчанд вохуриҳо гузаронидааст.

Тӯйи арусии Нигора Холова, сарояндаи маъруфи эстрадаи тоҷик дар меҳмонхонаи “Ҳайат Реҷенсӣ” дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе санам 27-уми июни соли 2014 баргузор шуд. Дар туйи Холова Нигра ва Шаҳбоз (ҳамсараш – шӯяш) қариб ҳамаи сарояндаҳои маъруфи эстрадаи тоҷик, аз ҷумла Садриддини Наҷмиддин, Шабнами Сурайё, Нобовар Чаноров, Бахтиёр Иброҳимов, Баҳром Ғафурӣ ва дигарон ширкат доштанд.

Сурат ва расмҳои туйи Нигора Холова

nigora_kholov-03

Ровиёни тӯй Мунира Ҳакимова ва Суруш Холов (бародараш), буданд. Ба тӯйи Нигора ҳамчунин Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Шерхон Салимзодаи Одина шахсан ҳозир шуда, ба навхонадорон гулдастаи калонеро тақдим кард.

Шавҳари Нигора Холова Шаҳбоз ки  писари Зиёратшо Саъдулло  — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон аст, ки ба арӯс писари холааш мешавад.

ВИДЕО:

Овоза: Дар байни мардум соли 2015 гӯё Нигора мурда – вафот (марг) карда бошад гуфта сару садоҳои кӯчак зиёд шуда буданд вале ин асос надошт чунки Нигора зинда аст ва сабаби муваққатан дар саҳна набуданаш ин бар асоси таваллуд ва нигоҳубини фарзандаш буд. Ҷанозаву дигар ҳама гапо дуруғанд!!

Назди alaa

Инчунин хонед инро

mui_sar-2014

Ороиши муй

Орову торо додани муй барои одамизод ҳусни зебо мебахшаду касро ҷолибтар ва ба чашми дигарон …